Главная > Uncategorized > «Водии марг»-у қиссаи хари Афандӣ

«Водии марг»-у қиссаи хари Афандӣ

Тазоҳурот дар мавзӯи хароб кардани муҳити экологии ӯзбекистон аз ҷониби корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар ноҳияи Бекободи ин кишвар заводи металлургия-Алмалик қарор дорад ва партовгоҳаш дар сарҳади қисмати шимоли Тоҷикистон аст. Аз муҳити зист танҳо ӯзбекистон эҳсоси хатар мекунад? Ин ҳолат қиссаи афандиро мемонад, ки харҳои ба ҳезумбурдаашро мешуморад, вале харе, ки дар болояш савор шудааст, ҳисоб намекунад.

Восеъ «водии марг» нест!

Дар нишасти матбуотие, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ 14 апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, масъалаи нуқтаи доғ будани ноҳияи Восеъ боз мавриди пурсишу посух қарор гирифт. Мувофиқи маълумоти журналистон омилҳои хурӯҷи бемории сил дар ноҳияи Восеъро гурӯҳе аз коршиносони хориҷӣ вобаста ба яроқҳои реактивие медонистаанд, ки дар замони Шӯравӣ дар ин минтақа мавриди озмоиш қарор гирифтааст. Аммо ба гуфтаи Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ омили хурӯҷи беморӣ дар Восеъ ва навоҳии гирду атрофии он вобаста ба шароити иқтисодист. Вақте мардум дар замини назди ҳаволӣ кор намекунанд, маҳсулоти серғизо истеъмол наменамоянд, танҳо умед ба кӯмаки созмонҳои кӯмакрасон ва давлат мебанданду барои солимии худ кӯшиш намекунанд, микробактерияи сил дар вуҷуди камқуввати онҳо фаъол мегардад ва гирифтори сил мегардонад, мегӯяд ӯ. Ба андешаи муовини вазири тандурустӣ омили хурӯҷи беморӣ дар ин минтақа на яроқи реактивӣ ё чизи дигар,балки шароити ногувори иқтисодиву иҷтимоист, ки барангезандаи сил тариқи қатраӣ-ҳавоӣ аз яке ба дигаре сироят мешавад. Ба суоли журналистон, ки чаро ноҳияи Восеъ бештар аз ҳама ба нуқтаи доғ табдил ёфтааст, Соҳибназар Раҳмонов чунин посух гуфт: «Мо нуқтаҳои аз Восеъ доғтар дорем. Мардум барои чӣ Восеъро мавзеи хатарнок ҳисобида, изҳори нигаронӣ мекунанд? Зеро вақте журналистон менависанд, ки «Восеъ водии марг аст», мардум ба навиштаи онҳо бовар мекунанд, Агар ҳар инсон аз сатҳи оила то давлат ин гуна муносибатро нисбати бемории сил дар ноҳияи мазкур тағйир надиҳем, мафкураи мардумро тағйир надиҳем, вазъият чунин мемонад».

Гиребони худро бӯй кунанд

Соҳибназар Раҳмонов бар ин назар аст, ки ҳангоми навиштани матлаб дар бораи сил паҳлӯҳои сиёсии масъала низ мадди назар бояд бошанд. ӯ мегӯяд: «Мо вақте давраи ҳаштум барои дастгирӣ оид ба бемории сил ба донорҳо дархост пешниҳод кардем, ягона кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфтем, ки барои ба сомон расонидани ҳадафҳои ниҳоӣ дастовард доштем ва барои фаъолияти минбаъда маблағ талаб кардем, давлатҳои ҳамсоя инро хуш надоштанд».
Ба андешаи ӯ ҳар як матлаби нашршуда дар бораи сил тарҷума ва ба хориҷ аз кишвар паҳн мегардад. Вақте вазъи беморони сил дар дохили Тоҷикистон ногувор арзёбӣ мешавад, давлатҳо ва созмонҳои донор аз додани маблағ худдорӣ менамоянд. Зеро онҳо гумон мекунанд, ки дар Тоҷикистон мубориза бар зидди бемории сил идома дода намешавад. Вале дар айни ҳол авҷи минбаъдаи сил дар ҷумҳурӣ боздошт карда шуда, фавт ду маротиб поён омадааст, иброз кард ӯ.
Вай гуфт, ки журналистони кишварҳои дигар акси қабристони Восеъро гирифта ба дунё паҳн карданд, то донорҳо ба Тоҷикистон дигар маблағ надиҳанд. Ҳадафи муаллифи хориҷӣ маълум аст, аммо вақте муаллифи тоҷикистонӣ нисбати бемории сил дар ноҳияи Восеъ ва дигар мавзӯҳо матлаб менависаду ба хориҷиён фактро дастрас мекунад, «аз мост, ки бар мост», яъне бо дасти худи мо ба дунё паҳн мегардад.
Чаро мо ба дигарон «дастаки ахборӣ» омода мекунем? Аз як ноҳияи Восеъ минтақаи доғ месозем, таваҷҷӯҳи дигаронро ба он ҷалб мекунем ва баъдан дар баробари эътирозҳои эшон сокит мемонем. Оё дигарон «моҳи беайб»-анд? Дар кишварҳои дигар бемори сил нест?
Соҳибназар Раҳмонов қайд кард, ки соли 2007 дар Намангон 150 нафар гирифтори бемории вируси норасоии масунияти бадан гардидаанд. Танҳо моҳи марти соли 2010 мардум ин чизро фаҳмид. Дувоздаҳ нафар корманди соҳаи тибро аз 5 то 8 сол зиндонӣ карданд. Боз аз Намангон ба мо муроҷиат мекунанд, ки муҳити зисти моро заводи алюминийи тоҷик хароб кард. Аввал гиребони худашонро бӯй кунанд, изҳор кард ӯ.
Тазоҳурот дар мавзӯи хароб кардани муҳити экологии ӯзбекистон аз ҷониби корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар ноҳияи Бекободи ин кишвар заводи металлургия-Алмалик қарор дорад ва партовгоҳаш дар сарҳади қисмати шимоли Тоҷикистон аст. Аз муҳити зист танҳо ӯзбекистон эҳсоси хатар мекунад? Ин ҳолат қиссаи афандиро мемонад, ки харҳои ба ҳезумбурдаашро мешуморад, вале харе, ки дар болояш савор шудааст, ҳисоб намекунад.

Муборизаи дастаҷамъона

Санаи 18-19 моҳи марти соли 2010 аз ҷониби сарвари мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон асри 21», Сафо Сафаров бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва дигар созмонҳои кӯмакрасон семинар оид ба бемории сил гузаронида шуд, ки дар он журналистони радио, телевизион ва матбуот ширкат варзиданд. Дар ин семинар мутахассисони силшинос ширкат доштанд, ки дар бораи бемории сил тамоми маълумоти заруриро ба журналистон омӯзониданд. Ба гуфтаи масъулини силшиноси Вазорати тандурустӣ дар кулли кишвар бемории сил идорашаванда аст ва дастовардҳои назаррас нисбати ин беморӣ вуҷуд дорад.
Лекин як нукта тааҷҷубовар аст, ки вақте шумораи беморон кам мешавад, натиҷа хуб аст, зеро сатҳи афзоиши беморӣ кам гаштааст. Замоне теъдоди сироятёфтагони сил зиёд мешавад, боз натиҷа мусбист, зеро дар ин самт бештар кор карда истодаанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки пас дар кадом ҳолат натиҷа манфӣ хоҳад буд?
Ба гуфтаи мутахассисон бо вуҷуди анҷом додани корҳои зиёд аз байн бурдани бемории сил танҳо бо фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ғайриимкон аст. Зеро агар ҳамаи қишрҳои аҳолӣ сафарбар карда нашаванд, кормандони Вазорати тандурустӣ дар танҳоӣ силро аз байн бурда наметавонанд.

Барои маълумот

Бемории сил ирсӣ набуда, тариқи қатраӣ-ҳавоӣ мегузарад. Барангезандаи беморӣ микробактерияи сил, чӯбчамикроби «Кох» аст, ки он аз ҷониби олими немис Роберт Кох кашф шудааст. Сил се намуд аст. Якум, силе, ки бори аввал ёфт мешавад, пурра табобатшаванда аст. Дуввум, намуди мутобиқгаштаи сил, ки табобати 50 нафарро кормандони соҳаи тандурустӣ бори аввал соли гузашта дар шаҳраки Шифо оғоз кардаанд. Соли 2010 дар назар аст, ки бо дастгирии шарикони кӯмакрасон 400 нафари дигари ин намуди сил ба табобат фаро гирифта шаванд. Саввум, намуди васеи мутобиқгаштаи сил. Он намуде, ки солҳои тӯлонӣ бемор табобати нодуруст гирифтааст, тавсияҳои пизишконро иҷро накардааст. Вай умрбод манбаи сироят мемонад. Ин гурӯҳи беморон хеле каманд ва ба гуфти масъулини Вазорати тандурустӣ дар ин самт дар барномаи нави миллие, ки онҳо таҳия кардаанд, барои беморони намуди мазкур ёрии таскиндиҳанда пешбинӣ шудааст. Дар ин сурат ду намуди роҳи ҳалли масъала ҳаст. Яке агар аъзои оила ба зиммаи худ гиранд, ки барои ин шаҳрванд хонаи алоҳида ташкил карда метавонанд ва нафарони аҳли оила дигар ба назди ӯ даромада наметавонанд. Яъне, шартномаи сетарафа байни корманди соҳаи тиб, шаҳрванду аҳли оила ва хадамоти беҳдоштие, ки назорат мекунад, баста мешавад. Агар ба ин шартҳо розӣ шаванд, он бемор дар хонааш меистад ва табобати таскиндиҳандаро мегирад. Агар шароит муҳайё карда натавонанд, ба хотири манбаи сироят боқӣ намондани бемор онро дар муассисаҳои махсусгардонидашуда нигаҳдорӣ мекунанд. На кам аз 4 намуди доруи асосии зиддисилӣ мавҷуд аст, ки бо он метавон беморро табобат кард. Доруҳои асосӣ ба таври ройгон дода мешаванд. Табобати бемори сил дар ду давра, на камтар аз 6-8 моҳ бетанаффус гузаронида мешавад. Давраи аввал барои хотима додани микробхориҷкунӣ ва давраи дуввум баҳри нигоҳ доштани натиҷаи ба даст омада мебошад. Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизатии бадан микробактерияҳо фаъол гашта, беморӣ авҷ мегирад. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбати беморӣ аз шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, нашъамандӣ, майхорагӣ, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва сирояти ВИЧ мебошад. Нишонаҳои бемории сил; бемадорӣ, камшавии иштиҳо, камшавии вазн, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона, дарди қафаси сина мебошад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: