Главная > Uncategorized > Духтури дандон- ҷарроҳии дилу гурда мекунад?

Духтури дандон- ҷарроҳии дилу гурда мекунад?

ё чаро кормандони собиқадори соҳаи тибби Тоҷикистон дар дохил кор намекунанд ва ба кишварҳои хориҷ мераванд?

Дар Тоҷикистон норасоии мутахассисони соҳаи тиб мушоҳида мешавад. Ҳолатҳои пизишкони дандон ба ҷарроҳӣ машғул шуданашон дар баъзе навоҳӣ нигаронкунанда ба назар мерасад.

Камбуди мутахассисон дар бештари соҳаҳои тиб, аз ҷумла, дар бахши бемории сил ба назар мерасад. Тавре Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба бемории сил мегӯяд, бо вуҷуди курсҳои такмили ихтисос ташкил кардан аз ҷониби масъулини вазорат, духтурони ҷавон ба соҳаи силшиносӣ камтар ҷалб мешаванд. Ҳоло дар соҳаи сил ба ҷойи 700 нафар 202 мутахассис фаъолият мекунад. Як омил музди ночиз бошад, сабаби дигар ҳароси духтурон аст, ки намехоҳанд дар байни беморони сил гашта, худро гирифтори сил кунанд.
Дар ҳамин ҳол мушкилоти таъмини пизишкон дар кишварро Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ вобаста ба заминаҳои гуногун, аз ҷумла, заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медонад. Ба гуфти ӯ барои таъмини шароити моддӣ имрӯз мутахассисони собиқадори тиб дар кишварҳои Русия, Афғонистон ва Яман кор карда истодаанд, аммо дар дохил пизишкон намерасанд. Муовини вазири тандурустӣ таъмини мутахассисонро дар шаҳрҳо мусбат арзёбӣ карда, танҳо аз мураккаб будани вазъият дар баъзе навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба қавли вай дар айни ҳол ба 10 ҳазор аҳолии дунё 13 пизишк рост меояд. Аммо дар ҳар қитъаи олам ҳолати тафовуткунанда ба назар мерасад. Дар Аврупо ба 10 ҳазор аҳолӣ 32 пизишк, вале дар Африқо танҳо 2 табиб рост меояд. Дар Тоҷикистон бошад, 19 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Тавре муовини вазири тандурустӣ иброз дошт, дар ноҳияҳои наздик ба маркази вилояти Суғд таъминот хуб аст, танҳо дар Масчоҳи кӯҳӣ ва ноҳияи Айнӣ камбуди мутахассис эҳсос мешавад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон низ вазъият мураккабтар будааст.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Убайдулло Қурбонов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 19 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ рост меояд, ки ин кам аст. Меъёри ҷаҳонии тақсимоти пизишконро аз 25 то 30 адад ба 10 ҳазор аҳолӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар шаҳри Душанбе 70 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ, дар Хуҷанд 80, Қӯрғонтеппа 50 ва дар Хоруғ 74 табиб ба ин миқдор аҳолӣ рост меояд. Вале тақсимот дар ноҳияҳо фарқкунанда аст. Масалан, дар ноҳияи Носири Хисрав 2 табиб ба 10 ҳазор аҳолӣ, дар Балҷувон 4 ва дар Шуғнон 5 духтур ба ин миқдор рост меояд. ӯ мегӯяд, ки ин мушкили бениҳоят ҷиддист, аммо табибон хоҳиши дар ноҳияҳо кор карданро надоранд. Зеро дар марказ аз як ҷониб барои такмили ихтисос, фаъолияти илмӣ бурдану таҷрибаи зиёд пайдо намудан имконият бештар бошад, аз сӯи дигар дар шаҳр нисбати навоҳӣ маблағ пайдо кардан ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ осонтар аст. Барои ба меъёри ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таъмини мутахассисон бояд имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор духтури дигар дошта бошем. Солона 800-900 нафар ДДТТ-ро хатм мекунанд, ки бо чунин суръат наметавон ҷойҳои холиро пур кард, мегӯяд ӯ.
Як падидаи дигар ин муҳоҷир шудани табибон ба дигар кишварҳост, ки ба гуфтаи ректори ДДТТ аз як тараф боиси ифтихор аст, ки табибони тоҷикро дар дигар кишварҳо эътироф мекунанд, аз ҷониби дигар маоши расмии кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон хеле паст аст. Дар Афғонистони ҷангзада баъди ин қадар ҳодисаҳо як табиб зиёда аз 400 доллар дар як моҳ маош мегирад.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи ҳисоботи Кумитаи омори собиқ, дар соли 2009 маоши кормандони соҳаи тиб ба ҳисоби миёна ҳудуди 250 сомониро ташкил медод.
Убайдулло Қурбонов мегӯяд, болои ин масъала бояд кор кунем, ки бо кадом роҳ табибони худро дар дохили кишвар нигоҳ дорем. ӯ пешниҳод дорад, ки барои ҷалби духтурон ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмурияти навоҳӣ, мақомоти маҳаллӣ бояд шароити хуб фароҳам оранд, маоши бештар аз шаҳрро муқаррар кунанд, ки табибон барои кор кардан дар маҳалҳо алоқамандӣ пайдо намоянд.
Дар мавзӯи баланд бардоштани маоши табибон шарҳи масъулин вазъияти имрӯзаи иқтисодии кишварро ба инобат гирифтан аст. Вале то кай муаллиму духтур ба беҳ шудани вазъи иқтисодӣ интизор менишинад? Онҳо ҳам зиндагӣ доранд ва маҷбур ба Афғонистону Яман ё кишвари дигар муҳоҷири меҳнатӣ шуда ба кор мераванд.

Некрӯзи АБДУСАЛИМ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: