Главная > Uncategorized > Маҳбуси Гуантанамо ба Тоҷикистон меояд?

Маҳбуси Гуантанамо ба Тоҷикистон меояд?

Дар зиндони Гуантанамои ИМА 11 нафар аз маҳбусони тоҷик дар қатори дигар давлатҳои хориҷӣ буданд, ки пас аз ба сари ҳокимияти омадани Борак Обама зиндониён озод гардида, ба ватанҳояшон интиқол дода шудаанд. Аз байни 11 тан маҳбуси тоҷик танҳо як нафарашон, ки хабаргузориҳои хориҷӣ Умар Абдуллоев навиштаанд аз мақомоти Амрико бо ҷиддият талаб кардааст, ки ҳафт сол пас ӯро ба Тоҷикистон фиристанд. Дар хабаргузории хориҷӣ навишта шудааст, ки Умар Абдуллоев дар синни 13- солагиаш ҳангоме ки вазъият дар Тоҷикистон ноором буд аз тарси таъқиб бо аҳли оилааш ба Ҷумҳурии Афғонистон фирор кардааст. Ду сол дар урдугоҳи Имом Собит, дар наздикии шаҳри Қундуз умр ба сар бурда, ба Покистон меравад. Бархе аз сарчашмаҳо таърихи боздошти ин ҷавони тоҷикро 11- ум сентябри соли 2001 бархеи дигар 25-уми ноябри соли 2001 медонанд.Умар Абдуллоев дар Покистон боздошт гардида, ба зиндони Гуантанамои ИМА фиристода шудааст.
Чанде қабл Шамъигул Нуруллоева, ки 63 сол дошта, сокини ноҳияи Панҷ аст ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст, то дар бораи фарзанди ӯ, ки дар расонаҳои хабарӣ бо номи Умар Абдуллоев мақолаву хабарҳои нашр гардидааст маълумот диҳанд.Модар номи фарзандашро на Умар Абдуллоев, балки Муҳаммадӣ Давлатов мегӯяд. Ин дар ҳолест, то ҳол дар ягон ҳуҷҷат доир ба зиндониёни кишварамон дар Гуантанамо аз Муҳаммадӣ Давлатов ном набурдаанд. Собиқ зиндониёни Гуантанамо гуфтанд, ки бо Умар Абдуллоев ҳамсӯҳбат гардидаанд. Вале то кунун боре онҳо аз Муҳаммадӣ Давлатов ёдовар нашуданд. Зайнулобиддин Меъроҷов зиндонии Гуантанамо гуфта будааст, ки: «Ман ӯро як шаб ба мӯҳлати 45 дақиқа дида будам». Айни ҳол Меъроҷов дар ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ дорад ва ҳафт сол дар зиндони Гуантанамо будааст. ӯро дар байни зиндониён бо номи Ҷумъаҷони Намангонӣ мешинохтаанд.Тавре аз далелҳои овардаи Шамъигул Нуруллоева бармеояд, шояд исми ин зиндонии тоҷик Умар Абдуллоев неву Муҳаммадӣ Давлатов бошад? Сарчашмаҳо навишта буданд, Умар Абдуллоев дар шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Агар ин маҳбуси тоҷик воқеан дар шаҳраки Шарора ба дунё омада бошад, пас чаро то ҳол наздикони ӯ ба ҷое муроҷиат накардаанд? Тавре дар боло зикр кардем, Шамъигул Нуруллоева мегӯяд, ки соли 1978 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Модари охирин зиндонии тоҷик дар маҳбаси Гуантанамо изҳор кардааст, ки сурати ӯро аз мӯйи сар ва абрӯву чеҳрааш шинохтам.
Дар мавриди муроҷиати модари ин ҷавони тоҷик Вазорати умури дохилии кишвар дар ҷустуҷӯ буда, то ҳол дар мавриди он, ки номи зиндонии номбурда Умар Абдуллоев аст, ё Муҳаммадӣ Давлатов, таҳқиқ карда, доир ба ин масъала маълумоти заруриро пешкаш накадаанд. Бояд зикр кард, ки собиқ маҳбуси зиндонии Гуантанамо Меъроҷов дар бораи зиндониёни тоҷик ёдовар шуда, номи «Меҳрубон аз ноҳияи Панҷ Абдулкарим аз Душанбе,Юсуф Собит ва Ҳайдар аз Исфара, Мазҳариддин, Муҳибулло ва Абдулғаффор аз Қубодиён Умар аз деҳаи «Шарора»-и ноҳияи Ҳисор гирифтааст.
Саволе ба миён меояд, ки агар номи Умар Абдуллоев, ки бештар бо унвони охирин маҳбуси тоҷик дар матбуоти даврӣ ба табъ расид, дар асл Муҳаммадӣ Давлатов бошад, пас чаро ӯ талоши ватану модар намекунад ва аз мақомоти дахлдор тақозо кардааст, ки ба Тоҷикистон ирсол накунанд?
Шамъигул Нуруллоева борҳо барои ҷустуҷӯйи ҷигарбандаш тавассути Воситаҳои ахбори оммавии дохилию хориҷӣ муроҷиат кардааст. Ҳатто ҷаҳду талош карда, то ба Русия рафтааст. Шамъигул Нуруллоева гуфтааст, ки 18 сол боз дар фироқи фарзанд гашта, ба бемории қанд мубтало гардидааст.Бо баланд шудани фишори хун азият мекашад.
Бояд ёдовар шуд, ки се маҳбуси точик моҳи феврали соли 2007 пас аз чанд соли зиндон озод гардида, ба Тоҷикистон омада буданд. Худи ҳамон сол Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муқид Воҳидов ва Рухниддин Шариповро бо айби убури марз ва иштирок дар набардҳо ба унвони зархарид дар Афғонистон ба мӯҳлати 17 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд. Ҳомии ҳуқуқии Умар Абдуллоев Метю Оҳара ба рӯзномаи «Miami Herald» ба ин маънӣ гуфтааст, ки гӯё намояндагони амнияти Тоҷикистон бо Умар Абдуллоев ҳамсӯҳбат гардида, хостори ҳамкорӣ намудаанд ва гӯё талаб кардаанд, ки баъд аз маҳбас баромаданаш бояд ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ баргашта, вазифаи ҷосусиро ба дӯш гирад. Ҳамчунин дар хусуси барнагаштани Умар Абдуллоев дар расонаҳои иттилоотии Амрико нашр кардааст, ки гӯё Абдуллоев пас аз марги падараш ӯ орзуи ба Тоҷикистон баргаштанро аз сар дур кардааст.
Ба гуфтаи ин зани 63 сола бошад падари Муҳаммадӣ Давлатов , Фатҳуддин Давлатов буда, ба шуғли ронандагӣ машғул буда айни замон дар қайди ҳаёт аст ва бо ҳамин роҳ зиндагиашонро пеш мебарад. Агар охирин зиндонии тоҷик дар маҳбуси Гуантанамо Умар Абдуллоев неву Муҳаммадӣ Давлатов бошад, пас падару модари ӯ ин зиндониро ба Тоҷикистон баргардонида метавониста бошанд?

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Апрель 25, 2010 в 8:15 пп

    Дорогие друзья,у меня есть хобби,и собират газеты.Я буду счастлив,если бы вы выслать мне по едном екземпляре таджикских газеты.спасибо. адрес;Йордан Кирилов 14 Цар освободител 2050 Ихтиман България

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: