Главная > Uncategorized > Меҳанам куҷост?

Меҳанам куҷост?

Дар бозоре будам ва миёни мардум. Марди дарвеш ва девонахӯеро дидам, ки ҷавононро насиҳат мекарду мегуфт:
— Меҳан на ин аст ки мегӯед ва меҳр на он аст, ки меҷӯед…
Ба худ гуфтам: Ин марди бенавои фазилатфурӯш, ки худро намешиносад, чӣ тавр метавонад дар бораи меҳан ва меҳри Ватан ҷавононро насиҳат кунад?
Бидуни ин ки ба гуфтаҳояш тааммуле дошта бошам, наздик шудам ва гуфтам:
— Ту, эй марди бехабар чиҳо мегӯйӣ? Ту ки меҳан надорӣ, чаро аз меҳри ватан ҳарф мезанӣ? Манам, ки меҳан дорам ва меҳанам ин ҷост, ки хуни нофам ба хоки он аъҷин аст. Меҳанам ҳамин ҷост, ки меҳреро дар сириштам дода, ки бо шир даромада ва бо ҷонам берун хоҳад рафт! Меҳанам ин ҷост, ки дил канданам аз мисдоқи ҳадиси «Ҳубб ул-ватан мин ал-имон» душвор аст. Меҳанам ин ҷост, ки гоми нахуст дар раҳи худшиносӣ бардоштам. Меҳанам ҳамин ҷост, ки маро сохт. Боргоҳе, ки дар он умеду орзуҳоям бароварда мешаванд, меҳани ман аст!
Марди девонасифат рӯйи ман нигаристу табассуме кард ва бо оромиши хосе гуфт:
— Чӣ гуфторат хуш асту чӣ андешаҳоят бонамак! Аммо бигӯй, ки оё меҳанат ҳамин аст ки ту мегӯйӣ ё ҳамон ки тасаввур мекунӣ?
Фикр кардам. Аҷаб девонаест ҳарфҳои берабте мезанад ва дар баробараш бо ғурур гуфтам:
— Ман ки мисли ту девона нестам, ки ҳар чӣ ба сарам зад, ба забон биёварам. Меҳанам ҳамин аст, ки мегӯям ва ҳамон аст, ки буд ва ҳамон аст, ки хоҳад монд.
Гуфт:
— На, азизам! Дар ироаи пиндору гуфторат шитоб макун! Он чӣ пир дар хишт мебинад, ҷавон дар ойина намебинад. Ту, эй ҷавон, аз асолат ва воқеият огаҳ наӣ! Мебинам, ки чашмонат масти диданиҳо ва ақлат ғарқи мастиҳост. Оре, меҳанат ҷоест, асилонаш ҳамеша асолат мепарварида ва ки хокаш дар гузаштаи дур бегонагонро намешинохта, вале акнун, нигаҳ кун, ҷое шуда, ки оқилонаш ниёзмандони хешро раҳо карда ба бегонагон хидмат мекунанд. Меҳанат ҳам рӯзгоре қонуни маърифат буда, аммо акнун маконест, ки фақри маънавият сокин шуда ва худкомагӣ ҳоким аст. Чаро намехоҳӣ ин воқеиятҳоро бибинӣ ва бипазирӣ? Пас ту меҳанатро дӯст надорӣ ва муҳаббатат ҳам як эҳсоси хому ноогоҳонаест!
Ба худ гуфтам:
Аҷаб! ӯро девона пиндоштам, вале ӯ чизҳоеро бароям ошкор кард, ки ҳаргиз фикрашро надоштам. Кош гуфтаҳояш хато мебуд! Аммо эҳсоси ғурурам боз ҳам намегузошт, ки зуд таслим бишавам ва гуфтаҳояшро бидуни посух монам. Аз ин рӯ гуфтам:
— На! Меҳанам конуни тамаддун ва афкору андешаи башарӣ буд ва донишмандонаш ифтихори ақвоми милал. Падарони ин марзу бум муаллимони фазлу одоб буданд. Ва ман, ки фарзанди эшонам, аз имрӯзи худ ифтихор бояд кунам ва таърих ҳам ин имконро бароям додааст. Пас, чаро истифода накунам?
Дарвеш хандиду гуфт:
— Оре, медонам. Меҳанат сарзаминест, ки нухбагонаш аз таърихи падаронашон мегӯянд ва равшанфикронаш дар баробари ҷавомеи миллатҳо меболанд. Аммо оё намебинӣ, ки наслҳо ҳаргиз аз таърихи гузаштагонашон ибрат намегиранд? Рӯшанфикрони имрӯз иштибоҳ ва хатоҳоро то сарҳади хиёнат такрор мекунанд. Бузургони имрӯз ҳам аслро раҳо мекунанду думболи фаръ мегарданд. Ҳамагон медонанд, ки меҳанат диёри миллатпарвару сарнавиштсозе буд, аммо акнун миллати ин хоку бум огоҳ бар ҳолу ояндааш ва масъули сарнавишти хеш нест! Оё ҳамин тавр нест?
Магар намебинӣ, ки хирадмандон ҳам дар пайи шикастани хешанд? Мутафаккиринаш ағлаб ниқоб бар чеҳра кашидаанд ва хидматгузори қудратҳо шуда ва боре ҳам дар бораи нирӯи андешаашон намеандешанд! Ту боз ҳам умед бар андешаи солим ва созандаи онон мебандӣ? Аҷаб, чӣ бачаи ба ҳолу бепарвойӣ!
Аз ин суханони ахири дарвеш нороҳат шудам. Ба худ гуфтам ин мард чӣ ҳаққе дорад, ки нухбагони ҷомеаи моро таҳқир мекунад? Дар ин фикр будам, ки гуфт:
— На! Ман таҳқир намекунам. Ман фақат ниҳонҳоро ошкор мекунам ва воқеиятҳоро мегӯям. Албатта, ки ҳақ надорам, ки касеро биранҷонам. Аммо эй писари хубу андешаманд! Агар ту воқеан меҳанатро дӯст дорӣ, ба ҳол ва ояндаи меҳанат на бо чашми сар, балки бо чашми ақл назар кун!
Магар намебинӣ, ки меҳанат саҳрое шуда, ки дар қалби навмедон орзуҳо ва рӯъёҳои кӯтаҳумр гул мекунанд, вале ҳосили заҳматашон машаққату сахтӣ, бекорӣ ё қаҳтиву тангност! Меҳанат ҳам акнун ғамкадаест, ки дар он рифоҳу осоиш аз фарду хонаводаи ниёзман рахт бар бастааст ва хушбинтарин фарзандонаш ҳам маҷбур шудаанд то тарки хонумонашон кунанд. Ту, ки дар домони нарми ватан ва дар оғӯши гарми волидонат қарор дорӣ, чӣ донӣ ҳоли ғарибони ин марзро? Бояд гирист, ки шарбати ғурбат ҳам нӯшобаи ҷони ғарибони ин хок шудааст! Ё имрӯз ба хотири дирӯз зиндагӣ мекунӣ? Дирӯзе, ки барои имрӯз раҳнамун набошад, пас аз ёдӣ он чӣ суд?
Мебинам, ки ту боз ҳам воқеиятро намепазирӣ. Шояд ҳам мисли дигарон ҳақ дошта бошӣ. Аммо аз ин ки меҳанат дар гузашта боргоҳи дониш буд, фахр накун! Ин фахр маҳсули аъмол ва моли падарон аст, на аз они ту. Агар бихоҳӣ ватан дошта бошӣ, пас ту ва наслҳои ҳамсонат бояд боргоҳи маърифати ҷадиде бисозед!
Оре, огоҳам ва медонам, ки меҳанат рӯзгоре ибодатгоҳи Хирад буд, вале акнун обидонаш ҳам ба розҳои зеботарин шохаи вуҷудашон, ки ҳамоно ақли солиму тавонманд аст, гӯш фаро намедиҳанд! Оқилонаш ҳам беақл шудаанд ва ҳамон ақли покизаро, ки он паёмбари дарунист, дар чаҳордевори орзуву хавасҳои худ салб кардаанд! Магар ин чашмаи фаҷоеъ нест, ки сар бизанад?

ЛУҚМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: