Главная > Uncategorized > ТАЛОҚ ТАНҲО РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!

ТАЛОҚ ТАНҲО РОҲИ ҲАЛ НЕСТ!

Яке аз муҳимтарин мушкилоте, ки ҷомеаи мо имрӯз бо он дасту панҷа нарм мекунанд, издивоҷ ва талоқҳои зудамали ҷавонон аст, ки бо сабабҳои гуногун ба монанди мушкилоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва эҳсосотро болотар аз ақл донистан ва … анҷом мепазирад. Дар замони Шӯравӣ издивоҷ бо шиносоии комили тарафайн ва маслиҳату машварати волидайн ва таҳқиқу баррасии ду тараф анҷом мегирифт, ҳатто наздикони арӯсу домод ҳадди аксари талоши худро анҷом медоданд то бузургтарин ихтилоф ва нофаҳмиҳоро бо роҳи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намоянд ва аз якравию худбузургбиниҳо сарфи назар намуда, хатоҳо ва иштибоҳоти ҳамдигарро афв менамуданд ва то андозае сафову самимият байни мардум вуҷуд дошт, бинобар ин шумораи талоқу ҷудошавиҳо хеле кам ба назар мерасид.
Имрӯз, ҷавонон бидуни машварат бо падару модар ва бе таҳқиқу тафаҳҳуси тарафайн ва бо як шиносоии зоҳирӣ ва эҳсосотӣ мехоҳанд оила барпо намоянд. Имрӯз, эҳсос болотар аз ақл ва зоҳир болотар аз ботин қарор гирифтааст, дар ҳоле ки паёмбари ислом фармуд: «Бипарҳезед аз сабзаву гулу раёҳине, ки болои мазбала (партовгоҳ) рӯйидааст», дар ҷавоби шарҳи он фармуд: «занҳои хушсурату бадсират». Вақте ки дар амри издивоҷ, ки муҳимтарин чиз барои ҳаёти инсон аст, саҳландешӣ ва сабукфикрӣ шуда эҳсосот ва хоҳишоти нафсонӣ болотар аз тасмимоти ақлонӣ қарор мегирад, тасаввури ояндаи равшан мушкил буда, бо андаке мушкилот ва камтарин нофаҳмии тарафайн кор ба талоқ ва ҷудоӣ анҷом ёфта зан нимароҳ ва фарзандон овора ва сарсону саргардону бетарбия мемонанд. Бештари волидайн низ нисбат ба сарнавишти фарзандон муқассиранд. Онҳо бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки ҷавонони имрӯза аз собиқ тафовути зиёд доранд, машварат ва раҳнамоии ин ҷавонон бояд мутобиқ бо муҳите, ки қарор доранд бошад ва илло пазируфта нахоҳад шуд ё ба сохте мепазиранд, ки он ҳам ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ин воқеиятест, ки ҷуз қабули он роҳи дигаре вуҷуд надорад. Ин воқеият аз чорчӯбаи дини мубини ислом берун нест, чун низоми ислом аз пешрафтатарин низомҳои дунёст, ки бо тамоми муҳит чорчӯбаи худро муайян намуда мардумро роҳнамоӣ мекунад.
Пас мушкилот ҷиддист ва роҳи ҳал мехоҳад, роҳи ҳалҳое низ вуҷуд доранд, ки танҳо баёни он кофӣ нест, бояд ба он амал шавад, роҳи ҳалҳои зайл дар китобҳо ва аз ҷониби мутахассисони илми равоншиносӣ пешниҳод шудааст:
— Ба кор гирифтани ақл ва дур будан аз эҳсосот ва ҳавасҳои зудгузар.
— Дурандешӣ ва бо фикру тааммул ва оянданигарӣ издивоҷ кардан.
— Таҳлил ва баррасии хонаводаи арӯсшаванда ё шавҳаршаванда, ки оё васлати бо онҳо ба нафъи тарафайн аст ё ба зарар.
— Сатҳи зиндагӣ низ дар издивоҷ таъсири худро мерасонад, бинобар ин беҳтар он аст, ки бо хонаводаи ҳамсатҳи худ васлат намоед.
— Омӯхтани рӯҳияи якдигар, баъзан тамоми шароити издивоҷ риоя шуда, аммо ноошно аз рӯҳияи ҳамдигар мушкилоти зиёде ба миён хоҳад овард.
— Тарафайн бояд одобу ахлоқи худ ва хонаводаи худро аз ҳамдигар пинҳон накунанд, то дар сурати мушкилот баҳонае ба дасти якдигар надиҳанд.
Дар сурати риоя нашудани ин шароит мушкилоти зиёде аз ду тараф ба вуҷуд хоҳад омад, ки баъзан ба ҷудоӣ ва талоқ меанҷомад ва гоҳо бо гузашту таҳаммулпазирии тарафайн ва гоҳо бо ҷангу хархаша ва вайрон намудани аъсоби ҳамдигар бори зиндагиро бо мушкилӣ ҳамл менамоянд. Бо риоя шудани ин шароит зиндагии ширин ва бо меҳру муҳаббат ва эҳтироми байни якдигар ва бо фарзандони солиму солеҳ ҳаёт ба сар хоҳанд бурд, чун хушбахтӣ ва ҳаёти ширин низ чорчӯбае дорад, ки берун нашудан аз он ҳатмист
Ҷавонон бояд қабл аз издивоҷ фикр намуда, аз ақл ва тавсияи бузургон истифода намоянд ва гумон мекунанд, ки дар сурати хато намудан ва ё афтодани дар гирдоби сахти зиндагӣ бо талоқ ва издивоҷи муҷаррад худро раҳо хоҳанд намуд, чун шахсеро бидуни далел нимароҳ гузоштан баробар бо нимароҳ қарор гирифтани аз ҷониби Худост ва бо таҷриба собит шуда шоҳиди садҳо намунаи он будаед. Пас қабл аз издивоҷ ақлро ҳоким қарор дода аз Худованд талаби ҳамсари шоиста намо, Худованд ҳеҷ гоҳ бандагонашро ноумед нахоҳад кард.

Саъдуллоҳ ҲАИТОВ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: