Главная > Uncategorized > Ғарибӣ, эҳ ғарибӣ…

Ғарибӣ, эҳ ғарибӣ…

Ёмба дар русия

Вақте ки ба Русия омадам, аз шиносу ношинос мешунидам, ки «ҳоло ёмба» дорем мегуфтанд, ҳайрон мешудам, ки ёмбааш чӣ бошад. Аммо баъди мушоҳидаҳои шахсӣ ба хулосае омадам, ки ёмбааш ин аз бекорӣ то коре ёфт шудан дар хонаи иҷора дароз кашида хобидан будааст. Бахусус дар моҳҳои зимистон тамоми муҳоҷирон «ёмба» доштанд.

Скинхэдҳо дар ҷангал

Бегиҷон бо ҳамроҳии дигар муҳоҷирони узбеку тоҷик дар як сохтмони девонахона ба кор оғоз намуданд. Ҷойи хобашону корашон аз шаҳри Санкт-Петербург хеле дур аст. Ҳар ҳафта онҳо дунафарӣ бо навбат пул ҷамъ карда рафта аз мағозаи наздиктарини вилоят харид мекарданд. Ин дафъа навбати Бегиҷону Файзулло буд. Роҳи онҳо аз бешаи хилват мегузашт. Аз ноҳия харид карданду бо халтаҳои пури озуқа ба ҷойи корашон баргаштанӣ шуданд. Миёни ҷангал ногаҳон аз ҳаво пайдо шудагӣ барин се нафар ҷавонмардони сарашон бо теғ тарошидагӣ ва бо занҷиру арматура пайдо шуданд. Яке омаду аз Бегиҷон сигор пурсид. Бегиҷон ниму нимкола русӣ гуфт, ки сигор намекашад. Аммо забонаш ба комаш начаспида як мушти обдор ба даҳонаш хӯрд. Боз се нафари дигар ҳамин хел сарашон теғ тарошидагӣ аз байни ҷангал баромаданд. Файзулло аз тарс дар ҷояш ба замин нишаст. Онҳо бе ягон гап бо арматура ба китфи Файзулло заданд. Бегиҷон бар зидди онҳо баромаданӣ шуда, арматури якеро гирифту сӯяшон бо тамоми қувваташ давид. Аммо зӯраш нарасид. Паҳлавониву орденҳои дар Ватан гирифтааш ин ҷо кор наомад. Онҳо номардона ҳардуро зери шаттаву шаллоқ гирифтанд. Ҳамин вақт аз он тарафи бешаи пуранбӯҳ ду нафар марду як мӯйсафеди миллаташон рус раҳгузар фитоданд. Бо омадани онҳо ин ноҷавонмардон роҳи гурезро пеш гирифтанд. Вақте ки Бегиҷону Файзулло ба хуш омаданд, худро дар беморхона диданд.

«Мы против нерусских»

Саркору Ҷамшед аз кор ба хона бармегаштанд. Дар метрои Уделская ногаҳон ба дохили метро зиёда аз 10 нафар ҷавонони ниқобдор даромаданд. Вақте ки дарҳои метро баста гардиду он ба ҳаракат даромад, ин ниқобпӯшон дастҳояшонро боло бардошта, дод заданд: «мы против нерусских» Ҳарчанд саркору Ҷамшед худашонро ба нодонӣ зада, сарашонро хам карда нишаста бошанд ҳам онҳоро ин ниқобпӯшон зуд пайхас карданд. Ба наздашон омада, аз ҷояшон бо зӯрӣ бархезонданд. Ҷамшед аллакай калима бармегардонд, аз зиндагӣ умедашро канда буд. Ҳамин вақт зани руси паҳлӯи онҳо нишаста аз ҷояш бархесту пеши роҳи онҳоро гирифта бо каҳр ниқобҳояшонро якта якта гирифту дод зад:
-Ҳа номардҳо, чӣ бо ин бечораҳо зӯрӣ мекунед?! Айба намедонед?! Равед, кор кунед, ба Русия хидмат намоед, на муҳоҷирони бегуноҳро тарсонед, ҳайвонҳо.
Онҳо ин холати занро дида, дигар чизе нагуфтанду дар истгоҳи навбатӣ фаромада рафтанд.

Зоғҳо раҳбар ….

Дар шаҳри Санкт-Петербург бештари қаҳвахонаву тарабхонаҳо дар дасти мардуми муҳоҷиршудаи озорбойҷониҳо мебошад. Онҳо соҳиби сарвату давлат шаҳрвандӣ бештар ҳастанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки таҳти дасти онҳо муҳоҷирони узбеку тоҷик зиёд кор мекунанд. Як духтараки тоҷик бо номи Замира нақл кард, ки ӯ тӯли 5 рӯз дар қаҳвахонаи «шаб ва рӯз»-и озорбойҷониҳо ба ҳайси фаррош кор карда, дар охир бе ҳаққи хидматаш ронда шудааст.
-Ин зоғҳо мо тоҷикону узбекҳоро ҳадди як мӯрча одам ҳисоб намекунанд. Ҳол он ки, онҳо ҳам мисли мо муҳоҷир ҳастанд. Аз соати 14-и рӯз то 2- шаб ҳам фаррошӣ мекардаму ҳам салатҳои фармоишӣ тайёр мекардам. Шартнома ин буд, ки бояд ҳар рӯз 600 рубли руссӣ мегирифтам. Аммо ӯ дар охири ҳафта гуфт, ки корам писандашон наомадаасту пуламро баъдтар мегирам. Инак ду моҳ мешавад, ки ҳаррӯз ман барои пулам як бор наздашон меравам. Бо мардуми таҳҷойии русӣ инҷо кор кардан хубтар. Онҳо бовиҷдонанд.

Кидат разбор надорад.

Дар шаҳри Питер бештар аз миёни тоҷикони зирак миёнаравҳо ба қавле далолҳо пули хуб меёбанд. Онҳо бо прорабҳои рус ошноӣ пайдо карда, муҳоҷирони бекормонда ва нав аз Ватан омадаро ҷамъ намуда, бригадаи корӣ ташкил менамоянд. Моҳҳо онҳоро кор фармонда гоҳ- гоҳ дар ин байн аванс( ба микдори 3000 рубл) медиҳанду бо ҳамин кор анҷом меёбад. Вале соле мегузараду гӯё прораб пулро намедиҳад. Ана баъд ҷангу муноқишаҳо байни ҳамватанон сар мешавад. Ҳатто ба ҷинояти вазнин-одамкушӣ омада мерасад. Аммо боз кидатҳо зиёд шуда, истодаасту кам не. Як нафар тоҷик, ки бо лақаби «муаллим» машҳур аст, аз чор бригадаи сохтмонӣ , ки пурра коргаронаш тоҷиконанд, пули калон рӯёнда гурехта ба дигар шаҳри Русия меравад. Боз ҳамватан ҳамватанеро «кидат» кардааст.

Дуздии «узбекҳо»

Баъзе ҷавонони авбоше ҳастанд, ки аз бекориву танбалӣ даст ба дуздӣ мезананд. Н. К ва Ш.С аз Тоҷикистон бо ҳамроҳии муҳоҷирони арманӣ ҳар моҳ дар таърихи 15-ум ба хобгоҳҳои коргарони ҳамватанону узбекҳо рафта бо зӯрӣ аз онҳо моҳонаи кориашонро гирифта, мегурезанд. Аз ҳамин ҳисоб то ба дасти ҳомиёни қонун фитодан зиндагӣ мекарданд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН,
шаҳри Санкт-петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: