Главная > Uncategorized > Шиносномаи чипдор

Шиносномаи чипдор

Ҳафтаи гузашта Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» дар ҷаласаи Кумита оид ба иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов иброз дошт, ки зарурати ворид намудани илова ба қонуни мазкур, додани имтиёзҳои андозӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии маълумотҳо, чоп намудани бланкҳо ва шиносномаҳои биометрист. Дар ҳоле, ки бисёре аз мардум то ҳол худи мафҳуми «шиносномаи биометрӣ»-ро дарк накардаанд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назрӣ иброз медорад, ки шиносномаҳои биометрӣ дорои чипанд ва ҳар маълумоте, ки ба соҳиби шиноснома дахл дорад, ба чип ворид карда мешавад. Ин маълумотҳо аз назари бинанда пинҳонанд. Танҳо дар ҳолатҳои даркорӣ онро хонда мешавад. Дараҷаи ҳифзи чипҳо бисёр калон аст ва имкони ба миён омадани тақаллуб нест. Ба ҳамин хотир, кулли кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама кишварҳои Аврупо аз аввали ҳамин сол сар карда, пурра ба шиносномаҳои биометрӣ гузаштанд. Боз ба хотири таъмини амният дар воситаҳои нақлиёту ҳавопаймоҳо. Ин талабот албатта ба Тоҷикистон ҳам тааллуқ дорад. Зеро мо ҳам аъзои созмони авиатсияи гражданӣ ҳастем ва шаҳрвандони мо аз ин пас барои ба хориҷа рафтан шиносномаҳои биометрӣ мегиранд». Дар мавриди ин суоламон, ки оё гирифтани шиносномаи биометрӣ ҳатмист, мавсуф иброз дошт: «Шаҳрвандоне, ки ба кишварҳои аз шиносномаҳои биометрӣ истифодабаранда сафар кардан мехоҳанд, бояд ҳатман онро гиранд. Аммо барои рафтан ба як қисм кишварҳои ИДМ, ки дар онҳо алҳол талаботи қатъӣ нисбати доштани чунин шиноснома мавҷуд нест, шиносномаҳое, ки пештар додаем, ба кор меравад».
Бояд зикр намуд, ки шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи феврал инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Арзиши он барои шаҳрвандони то 16-сола 25 доллар, шиносномаи умумишаҳрвандии биометрии хориҷӣ — 75 доллар, хизматӣ — 100 доллар ва шиносномаи хориҷии биометрӣ барои дипломатҳо 125 доллар муқаррар шудааст. Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки бо чунин маблағ агар ягон-ягон мансабдор соҳиби шиноснома нашаванд, мардуми оддӣ наметавонанд аз он бархӯрдор бошанд. Аз ҷумла, коршиноси масоили сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд: «Воқеан чунин ба назар мерасад, ки бо назардошти аз кор мондани корхонаҳо ва инчунин маҳсулоти ба рақобат тобнаоваранда ҳукумат бо ҳар баҳона ё андозҳоро баланд мекунад, ё боҷу хироҷи наверо ба вуҷуд меорад. Бинед, роҳро пулакӣ мекунанд. Ахиран, лозим донистанд шиносномаи навро ҷорӣ кунанд. Вақте солҳои аввали истиқлолият масъалаи ҷорӣ кардани шиносномаи нав ба миён омад, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Точикистон ки бо сиёсат машғул ҳастанд ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, пешниҳод шуда буд, то як шиносномае ба вуҷуд оваранд, ки ҳам дар хориҷи кишвар хизмат кунад, ҳам дар дохили кишвар. Ин кор боиси камтар шудани хароҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам зиёдтар гардидани аҳамияти шиноснома буд. Вале дар стандартикунонии ин амал чун ҳамешагӣ андешаҳои мардумро нодида гирифтанд ва лозим омад, ки ду маротиба шиносномаи умумии шаҳрвандиро аз нав тақсим кунанд. Акнун лозим донистанд, ки шиносномаи навро бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ҷорӣ кунанд. Вале арзиши шиноснома воқеан хеле гарон аст. Гузашта аз ин, ман фикр мекунам, ки ин боиси боз ҳам зиёдтар шудани ришваситонӣ аз ҷониби масъулини соҳаи марбутаи давлатии Тоҷикистон мегардад. Зеро, ё талотум зиёд мешавад, ё бо ҳар баҳона камтар будани шумораи шиносномаро асос меоранду хоҳ шӯъбаҳои марбутаи Вазорати корҳои дохилӣ бошад, хоҳ Вазорати корҳои хориҷӣ, бо дарназардошти манфиатҳои худ нархро боло бардошта, фоидаи ғайриқонунӣ ба даст меоранд. Ва албатта, ин боиси зиёдтар гаштани норозигию ташвиши мардум мешавад».
Коршиноси дигари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло бошад, сабаби ҷорӣ кардани шиносномаҳои биометриро дар муносибатҳои рӯзафзуни Тоҷикистон бо олами беруна медонад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ки кишварҳои Ғарб гирифтори дарди амният ҳастанду мехоҳанд дар бораи шахси ба мамлакаташон воридшуда маълумоти бештаре дошта бошанд, такя кардан ба шиносномаи биометрӣ хуб ва ба манфиати кор аст.
Аз гуфтаи коршиносон ба чунин хулоса расидан мумкин аст, шиносномаи биометрӣ метавонад мушкилоти эҳтимолии муносибати байни давлатҳоро бартараф созад. Аммо саволи асосӣ боз чунин боқӣ мемонад, ки «Оё ҳама метавонанд онро ба даст оранд?».

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: