Главная > Uncategorized > «Приказано судит»!!! ва ё рӯзи сиёҳ

«Приказано судит»!!! ва ё рӯзи сиёҳ

3-юми май — Рӯзи озодии матбуот

Ҳар гоҳ, ки сухан сари озодии баён ва ё озодии матбуот меравад, маро суоле гиребонгир мешавад: «Магар мо озодона сухан гуфта метавонем, озодона андешаю аз ҳуқуқҳоямон дифоъ карда метавонем? Ва ё дар мо озодии мутлақи матбуот вуҷуд дорад?». Аз нашрияи мо сар карда, кулли нашрияҳо бонг мезананд, ки матбуоти озодем. Намедонам матбуоти озодро кӣ ва бо кадом тарз мефаҳмад. Эҳтимол мо озодона ба якдигар салом карда тавонем, афсонаҳои «Самаки айёр»-у қиссаҳои «Ҳазору як шаб»-ро гӯему нависем. Вале вақте дарди каси дигарро не, дарди худро мегӯем, аз матбуоти ба гуфте «озод» истифода мекунем, самарааш ниҳоят сангин мешавад. Ҳарчанд дар ин мавзӯъ далелҳо зиёданд, яктои онро чун «мушт намунаи хирвор» пешкаш менамоем, ки озодгӯию матбуоти озод ба шаҳрванд чӣ бало овард…

… Қазияи Насим Шукуров чанд сол аст, ки яке аз мавзӯҳои асосии гуфтугузори сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов гардидаст. Ҳама асоси ин қазияро вобаста ба баҳси ҶСП «Кварс» медонанд, ки солҳо Н. Шукуров директори он буду аз рӯйи тахминҳо айни замон ин корхона наздики 2 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Вале онро мехостанду ҷаҳд доранд бо арзиши ниҳоят ночиз — наздики 37 ҳазор сомонӣ хусусӣ гардонанд.
Панҷ сол пеш Н. Шукуровро чун яке аз фаъолони ноҳия мешинохтанд. Вале дар давраи интихоботи маҷлиси вакилони даъвати гузашта (соли 2005) ӯро ба ҳабс мегиранд. Сабаби асосии ба ҳабс гирифтан номзадиашро ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешниҳод намудану ба Суди ноҳия баҳри рафъи ҳуқуқвайронкунӣ муроҷиат кардан ва мунозира бо раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулову баъди он кунҷи зиндон. Пас аз адои ҷазо озод шуда, бори дуюм зиндонӣ мешавад. Маротибаи аввал собиқ директори ҶСП «Кварс» Н. Шукуров бо моддаи 237 (авбошӣ) қисми 2, бандҳои «б», «в»-и КҶ ҶТ дар ҳайати раисикунанда, раиси суди ҳамонвақтаи ноҳияи Мастчоҳ Т. Б. Бобоев ба мӯҳлати 1 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуду ҷабрдида раиси Суди ҳамонвақтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Муҳаммадиев буду аксари шоҳидон кормандони идораи суд. Бори дуюм бо моддаҳои 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) қисми 4, бандҳои «А», «В», моддаи 237, қисми 2, банди «б» КҶ ҶТ дар ҳайати раисикунанда раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Х. Сангинов ба мӯҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Ин дафъа ҷабрдидаи асосӣ директори ҶСП «Кварс» Ҳаким Собиров ва нафароне, ки хилофи талаботи қонун замин гирифта буданд. Ҳаким Собиров пас аз гузаштани наздики 15 моҳ мушти «зада»-и Н. Шукуров ба ёдаш мерасаду арз мекунад.
Инак, маротибаи сеюм Насим Шукуров дар содир намудани гуноҳи дар моддаи 135 (тӯҳмат), қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда, таҳти раисии раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Х. Сангинов боз 3 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Бори сеюм зиндонӣ гардидани Н. Шукуров ба матбуот алоқамандӣ дорад. Бале, ба он матбуоте, ки мо мушт ба сандуқи сина зада, барои тасаллии дил онро «озод» меномем…
Соли 2008 Н. Шукуров ба Маркази тадқиқоти журналистӣ муроҷиат намуду пас аз омӯзиш дар ҳафтаномаи «Фараж» мақолае бо номи «Бозии «буз»-у хандаи «хар» ба табъ расид. Маводи тадқиқотӣ дар асоси санадҳо, маълумотномаю ҳалнома ва ҳукмҳо омода шуда буд. Пас аз нашри мақола ва аризаи Н. Шукуров раёсати вилоятии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд нисбат ба директори «Кварс» Ҳаким Собиров парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад. Пас аз тафтишот муфаттиши ин мақомот бинобар аз кардааш пушаймон будани директори ҶСП «Кварс» Ҳаким Собиров, парвандаро қатъ намуд. Албатта, Ҳаким Собиров ба гуноҳаш иқрору пас пушаймон шудагист, ки муфаттиш чунин қарор қабул кардааст. Вале пас аз омӯзиш дар Прокуратураи вилояти Суғд «дар амали Ҳаким Собиров таркиби ҷиноят нест» гӯён, парвандаро қатъ мекунанд.
Дар ҳамин давра ва пас аз он якчанд маротиба рӯзноманигорону худи Н. Шукуров аз хусуси хилофи талаботи қонун аз кор сабукдӯш намудани Н. Шукуров, ғайриқонунӣ тақсим намудани замини ҶСП «Кварс», аз як шакл ба дигар шакл гузарондани корхона, санадҳои сохтаю қалбакӣ ва ғайра дар ҳафтаномаҳои «Азию плюс», «Фараж» ва «Пайкон» маводҳо ба табъ расонданд.
Дар давоми ин солҳо, ки мавзӯи баҳси ҶСП «Кварс» дар расонаҳо нашр шуд, ягон маротиба тарафи дигар вокунише зоҳир намекунад. Яку якбора ариза аз номи чанд нафар корманди ҶММ «Поверфил» ба унвони Прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов дохил мешаваду пас аз чанде навиштаҳои ин ариза, айнан бо ҳамон хатогиҳои имлоиву услубӣ, шояд аз як компютор рӯйбардор мекунанд, дар таъиноти судяи ҳамонвақтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Аминов сабт мегардад.
Санаи 12-юми июни соли 2009 дар асоси аризаи даъвогии чанд нафар, ки як мазмуну як хел аст, Н. Шукуровро ба суд даъват намуда, баёнот мегиранд. Н. Шукуров хабардор мешавад, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба шаҳри Душанбе барои арз намудан меравад. Аз Дастгоҳи раиси ҷумҳур сар карда, ба ҳамаи мақомоти қудратӣ арз намуда, аз ҷумла таъкид мекунад: «Мехоҳанд маротибаи сеюм маро хилофи қонун, бе ягон гуноҳ ба ҳабс кашанд. Ҳадафи асосии онҳо гирифтани корхона мебошад». Вале касе ба додаш намерасад. Аризаҳои ӯро чун тӯб аз ин тараф ба сӯи дигар мепартоянд. Адвокаташ маълум мекунад, ки дар асоси таъиноти судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Амонов нисбат ба Н. Шукуров бо аломатҳои моддаи 135, қисми 3 (тӯҳмат) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Нусхаи таъинотро (дар асл тибқи талаботи қонун мебоист судя қарор қабул мекард,- муаллиф) баъди аризаҳои зиёд ба мақомоти болоии судӣ, пас аз гузаштани 43 рӯз гирифта, аз болои он ба зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ариза менависад. Аризаи ӯро дар зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор надода, барои баррасӣ ба ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мефиристанд. Аз болои ин амал Н. Шукуров ба тариқи назоратӣ ба раиси Суди вилояти Суғд Н. Мансуров ариза менависад. Ин дафъа ҳам аризаи ӯро мавриди баррасӣ қарор надода, ба Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов мефиристанд.
Насим Шукуров аз болои ҳамаи ин бедодӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза менависад. Вақте аз болои ин амалҳо Н. Шукуров ба Суди Олӣ муроҷиат менамуд, баррасии парвандаи ӯ дар Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дошт. Посух медиҳанд, ки бинобар сабаби риоя накардани тобеияти судӣ ариза бе баррасӣ мононда шуд. Шаҳрванд «бед» мегуфту дар Суди Олӣ «тут» мефаҳмиданд. Н. Шукуров аз сабаби он ки аризаи назоратии ӯро дар Суди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор надода, ба ҳамон суде, ки санади судиро қабул намуда буд, мефиристанд, арз карда буд. Шаҳрванд мепурсид, ки Суди вилояти Суғд водор карда шавад, ки аризаи шикоятии хусусии ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вале дар Суди Олӣ ҳам ба арзи ӯ намерасанд.
Ниҳоят, баррасии парванда оғоз гардид. Онро раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Х. Сангинов ба истеҳсолоти худ гирифта, мебоист баррасӣ намояд. Дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас кафолати судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд». Ҳамин нишондоди Конститутсияро асос намуда, пеш аз баррасии парванда Н. Шукуров ба судя изҳори нобоварӣ менамояд. Дар ариза ваҷҳ оварда мешавад, ки қаблан бо ҳукми ҳамин судя зиндонӣ гардидаасту ба андешаи ӯ, судя нисбаташ ҳамон вақт ҳукми ноодилона баровардааст. Судшаванда Н. Шукуров бо ариза оид ба радкунии судя Х. Сангинов ба Суди вилояти Суғд муроҷиат мекунад. Аризаро барои баррасӣ боз ба худи Х. Сангинов мефиристанд. Дархост аз ҷониби судя Х.Сангинов рад карда мешавад. Дархости дигар карда мешавад, ки азбаски дар ду суд — ҳам суди иқтисодию ҳам суди шаҳрвандӣ вобаста ба як масъала баҳс идома дорад, то баррасии масъала дар зинаи кассатсионии суди иқтисодӣ ҳаракати парвандаи ҷиноятӣ боздошта шавад. Зеро ҳалли масъала дар суди иқтисодӣ ба бисёр мавридҳои парвандаи ҷиноятӣ равшанӣ меандозад. Ин дархост ҳам намегузарад.
Асоси парвандаи ҷиноятӣ мақолаҳои дар рӯзномаҳои «Фараж» ва «Пайкон» нашршуда буд, ки дар асоси онҳо Н. Шукуровро суд мекарданд. Дар он рӯзномаҳо, дар мақолаҳои «Бозии «буз»-у хандаи «хар» («Фараж») ва «Собировро кӣ ҳимоя мекунад?» («Пайкон») ҳукми нисбат ба Н. Шукуров баровардаи Х. Сангинов дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 279, қисми 4 ва 237, қисми 2 КҶ ҶТ пешбинишуда мавриди таҳлил қарор ёфта, эродҳои зиёде ба ҳукм гирифта мешуду дар ин мақолаҳо чанд маротиба номи Х. Сангинов зикр шуда буд. Ғайр аз он, дар ин рӯзномаҳо мақолаҳои зиёде оид ба ҳалномаҳои қабулнамудаи судя Х.Сангинов нашр гардидаанд, ки судя мавриди танқид қарор дода шудааст. Албатта, ҳамаи ин ба манфиати судя нест ва ҳеҷ гоҳ мавқеи беғаразиро риоя намекунад. Ин масъала ҳам далел оварда шуду аз судя Х. Сангинов дархост карда шуд, ки бинобар мавҷуд будани чунин ҳолатҳо барои баррасии минбаъдаи парванда судя рад карда мешавад. Вале боз дархост нагузашт.
Аз ҷониби як созмони журналистӣ, ки аз аввал қазияи Н. Шукуровро пайгирӣ менамуд, барои дар баррасии парванда ҳамчун ҳимоячии ҷамъиятӣ ширкат варзидан дархост пешниҳод шуд. Аммо аз ҷониби судя Х. Сангинов бе ягон асос рад гардид. Аҷибаш он ки, ин масъалаҳо бе ягон ба хонаи машваратӣ рафтан, бе ягон таъинот қабул намудан ба тариқи шифоҳӣ рад карда мешуд.
Ба рафти мурофиа рӯзноманигорони зиёд таваҷҷӯҳ зоҳир намуда буданд. Чанде аз онҳо барои сабти рафти маҷлиси судӣ ба тариқи расмӣ муроҷиат карданду судя иҷозати сабт надод ва албатта, ин ваколати ӯ буд. Вале баъзе амалҳо хандаи касро меовард. Дастгоҳи сабткунаки як рӯзноманигорро милисае аз дохили сумкааш гирифта, то охири маҷлиси судии ҳамонрӯза надод. Гӯё дар маҷлисгоҳи судӣ террористон нишаста бошанд, милисаҳо сумкаҳои тамоми нишастагонро кофта, телефонҳои ҳамроҳашонро мегирифтанд. Кас намедонист ҳамаи ин ҳаракатҳо барои чист?!
Он нашрияҳою мақолаҳо дар макони дигар — шаҳри Душанбе ба табъ расида буданд. Тибқи талаботи қонун ҷиноят дар макони содир шуданаш мавриди таҳқиқу санҷиш қарор гирифта, дар ҳолати собит намудани гуноҳу эълон намудани айб ба суди ҳамон маҳал пешниҳод карда мешавад. Вале инро касе ба инобат намегирифт. Ғайр аз он, муаллифи мақолаҳо нафарони дигар буданду «даъвогарон» аз Н. Шукуров даъво доштанд. Касе фаҳмидан намехост, ки барои чӣ Н. Шукуров бояд ба ҷои дигарон посух гӯяд? Шояд барои он бошад, ки инҷо ноҳияи Ҷаббор Расулов буду раиси судаш Х. Сангинов?!…
Дар арафаи баррасии парванда Н. Шукуров санаи 27-уми октябри соли 2009 бемор шуда, ба беморхона меафтад. Судя Х.Сангинов бо таъиноти худ чораи пешакӣ-забонхат барои аз маҳали зист берун нарафтанро бекор намуда, ба Н. Шукуров чораи ҳабсро тадбиқ мекунад. Кормандони милиса ба беморхона рафта, ба дасти Н. Шукуров завлона мезананд. Ҳанӯз пурра шифо наёфта, ба ҷойи нигаҳдории муваққатии боздоштшудагони ШКД-и ноҳия меоранд.
Санаи 4-уми ноябри соли 2009 судя Х. Сангинов Н. Шукуровро бо аломатҳои моддаи 135, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуда, 3 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум мекунад. Нақл намуданд, ки эълони ҳукм ҳам аҷиб шудааст. Судя то соати 15:00 танаффус эълон мекунаду наздики соати 11:00 судшавандаро ба воситаи кормандони ШКД ба дафтари кориаш оварда, ҳукмро мехонад. Дар соати муайяншуда адвокату наздикони судшаванда меоянду мефаҳманд, ки кайҳо ҳукмро хондаанд…
Аз болои ҳукм аз тарафи адвокатҳои Н. Шукуров аризаи кассатсионӣ навишта шуда буд. Онро дар моҳи феврал, баъди гузаштани наздики 3 моҳ баррасӣ намуданд. Баррасии кассатсионии парванда дар зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ баргузор гардид. Баромади қариб яксоатаи адвокати Н. Шукуров Бахтиёр Насруллоев дар мавриди дағалона вайрон намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавӣ — ҷиноятӣ ва нодуруст тадбиқ шудани моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бенатиҷа монд. Коллегияи судӣ ҳукми қабулнамудаи судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Х. Сангиновро дар мавриди тибқи моддаи 135, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати се сол ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Насим Шукуров бетағйир монд…
Айни замон Н. Шукуров дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Истаравшан адои ҷазо намуда истодаасту адвокати ӯ оид ба ин беадолатӣ ба тариқи назоратӣ ариза навиштааст. Аз рӯйи гуфтаи адвокатҳо дар амали судшуда Н. Шукуров ягон таркиби ҷиноят нест ва ба таъбире ӯро «говсуд» кардаанд. Агар дар мурофиаи суди зинаи аввалу дар зинаи кассатсионӣ иштирок намекардем, эҳтимол буд ба гуфтаҳои вакилони ҳимоя шак меовардем. Вале ҳамаашро бо чашми худ дидем.
Яке аз асосҳои Н. Шукуровро дар содир намудани ҷиноят муттаҳам карданашон — ин муроҷиаташ ба Раёсати Агентӣ мебошад. Дар куҷо дидаед, ки шаҳрванд барои барқарор намудани ҳуқуқаш ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунаду дар асоси муроҷиаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанду боз ӯ тӯҳматчӣ бошад?! Агар Ҳ. Собиров бегуноҳ буд, чаро парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд? Далел оварда мешуд, ки дар асоси аризаҳои Н. Шукуров гӯё 22 маротиба корхона мавриди санҷиш қарор гирифта бошад. Аммо ягон далели хаттӣ пешниҳод карда нашуд. Тавассути ҳафтаномаи «Пайкон» эълон дошта будем, ки омода ҳастем зиёда аз 50 далели қонуншиканиро дар ин баҳс иброз намоему маводҳоро пешниҳод кунем. Дар арафаи таҳқиқи ибтидоӣ онро пешниҳод намудем, ки аризаҳои навиштаи Н. Шукуров асос доранд. Вале касе ба инобат нагирифт.
Бо аризаи муроҷиаткунандагон нусхаи тамоми мақолаҳои нашршуда пешниҳод карда шуда буд. Дар зери аксари мақолаҳо имзои рӯзноманигорон меистод, на ин ки имзои Н. Шукуров. Пас барои чӣ дар ин амал Н. Шукуров гунаҳкор бошад? Аз кадом вақт барои имдод ба рӯзноманигорон муроҷиат намудан, аз ҳуқуқи худ дифоъ намудан тӯҳмат мешудааст?!
Дар маҷлиси судӣ нахустин суоли раисикунандаи мурофиа Х. Сангинов аз муаллифи сатрҳо, ки ба сифати шоҳид мепурсид, чунин буд:
— Чаро мақолаатро «Бозии «буз»-у хандаи «хар» ном гузоштӣ. Ин чӣ маънӣ дорад. «Буз»-кисту «хар» кист?
Он рӯз посух дода будам, ки (албатта, пешакӣ узр пурсида) ҳамин баррасии парвандаю рафти маҷлиси судӣ боз мақоли «Бозии «буз»-у хандаи «хар»-ро ба ёд меорад… Агар онро намефаҳмед, марҳамат, ташхиси забоншиносӣ таъин кунед. Мутахассис мефаҳмонад. Рӯзноманигор ӯҳдадор нест, ки назди ҳар як хонанда рафта мазмуни навиштаашро фаҳмонда диҳад…
Судя оддитарин чизро аз мо донистан мехосту намеандешид, ки оё гуноҳи судшаванда дар содир намудани ин ҷиноят ҷой дорад ё не. Борҳо суол карда шуд, ки дар куҷои ариза, дар кадом навиштаи рӯзнома тӯҳмат ҷой дорад. Аммо касе онро мушаххас гуфта наметавонад. Танҳо ба таври умумӣ «тӯҳмат кардааст» мегӯянду халос…
Дар асоси мафҳуми умумии «тӯҳмат» Н. Шукуров зиндонӣ гардид… Ҳатто нишондоди қонун «Дар бораи авф» нисбат ба Н. Шукуров тадбиқ карда нашуд!
Эҳтимол ин ҷо фармони нонавиштае бошад барои паси панҷара кашидани Н. Шукуров. Чунки дар баҳси ҶСП «Кварс» дар суди иқтисодӣ оҳиста-оҳиста ҳақиқат рӯйи об баромада истодааст. Албатта, ҳақиқатро шикаста намешавад. Ба гуфтаи Расули Акрам: «Ҳақиқат боло меравад».

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: