Главная > Uncategorized > Зодрӯзи Гитлер ва тоҷикони ҷабрдида

Зодрӯзи Гитлер ва тоҷикони ҷабрдида

Шаби 18-уми апрели соли 2010 дар кӯчаи «Нӯҳуми январ»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург ҷинояти вазнин — одамкушӣ содир шуд.

Шаҳрванди деҳаи Хокалии колхози Роҳатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норов Давлат Гурезалиевич, ки тӯли як соли охир дар ин шаҳри Русия ба мусофиркашонӣ машғул буд, аз ҷониби се нафар шаҳрвандони озорбойҷонӣ, ки онҳо низ ба кирокашӣ машғул буданд, бо зарбаи корд ба қатл расонида шуд.
Давлат Норов 1-уми январи соли 1976 дар деҳаи номбурда ба дунё омада, мактаби ҳамон ҷоро хатм кардааст. Ҳамдеҳаву муҳоҷироне, ки ӯро мешиносанд, дар борааш андешаҳои мусбат доранд.
Аз рӯйи ин ҳодиса Прократураи ноҳияи Фрунзе парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишот идома дорад.
Ҷасади ин ҷавонмарди ғӯрамарг баъд аз ду рӯз бо ташаббуси ҳамватанон, аз он ҷумла Неъмат Бобоҷонов ба ватан интиқол ёфт. Ҳайфо, ки боз риштаи умри як нафар ҷавонмарди тоҷик дар мулки мардум барканда шуд.
Ҳамчунин, соати 3-и шаби 23 ба 24-уми моҳи равон чанд нафар дар метрои Василоостровский ба 4 муҳоҷири тоҷик дарафтода, мошинҳои онҳоро зада маҷақ карда, гуфтаанд, ки «зодрӯзи Гитлерро ҷашн мегирем!».

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт – Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: