Главная > Uncategorized > Каме монда, ки «хирс мулло шавад»

Каме монда, ки «хирс мулло шавад»

Мо инҷо оид ба барномаҳои мусиқии ТВТ сухан гуфтанием. Зеро барномаҳои мусиқии ТВТ аксаран касро ба ғазаб меоранд. Чунон ба ғазаб меоранд, ки ҳатто мехоҳӣ аз баҳри телевизорат ҳам гузарӣ. Чӣ хел ба ғазаб ҳам намеоед, вақте кормандони ТВТ аз ким-куҷо як «санги ҷилодор»-ро меёбанду ба мардум «ситора» гӯён, муаррифӣ мекунанд. Гӯё сангро аз ситора фарқ намекунанд. Хайр майлаш, аз санг ситорасозӣ кардан ҳам ҳунар аст. Лекин аз ситораҳои худодод, аз ситораҳое, ки чандин сол ба қалби мардум нуру гармӣ додаанд, набояд фаромӯш кард.
Биё, хонандаи азиз, худ бигӯй, ки чан бор сурудҳои сутунҳои санъати тоҷик, ба монанди Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Б. Ниёзов ва ҳофизони ҷавон Х. Зарипову М. Насриддиновро шунидаӣ!? Имрӯз агар мо ин сарояндагонро ба воситаи «видео» набинем, дар ТВТ дидану симову шунидани овози хуши онҳоро орзу мекунему халос. Дар ҳоле, ки сурудаҳои ин нафарон саросар панд аст, панди зиндагӣ. Дигар «ситораҳо»-и «ҷилодор»-у ҷавони навбаромади санъати тоҷик чӣ? Аз матни сурудаҳои онҳо ғайр аз оҳу воҳу сӯхтаму пухтам дигар чизе наметавон бардошт. Каме монда, ки «хирс мулло шавад». Боварӣ дорем, қисми зиёди сарояндаҳои ҷавон, ки бо сурудҳои бемаъниву норавони худ дар партави санъати асили тоҷик панаҳ бурдаву худнамоӣ доранд, роҳи Донишкадаи санъатро намедонанд. Қисми дигар шояд онро «ғоибона» хатм карда бошанд. Вагарна, ақаллан тарзи ба саҳна баромадану чи тавр рафтор карданро назди тамошобин меомӯхтанд.
Пас, масъулини шабакаҳои телевизионии кишварро зарур аст, ки пайи почаи «санъаткорони хасакӣ»-ро аз саҳнаҳояшон рӯбанд ва роҳро барои вуруди сарояндагони асили тоҷик во кунанд. Ин на насиҳат асту на маслиҳат, орзуи 6-7-солаи мост, ки мехоҳем амалӣ шавад. Гуфтаҳоямонро гуфтем. Боқӣ, амалро ба виҷдони масъулин ҳавола мекунем.

Абдувосеъ ҲАФИЗОВ,  Сомон ҲАФИЗОВ, ноҳияи Айнӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: