Главная > Uncategorized > Меҳанам куҷост?

Меҳанам куҷост?

Охираш. Аввалаш…

Аз ман наранҷ, ки тунд мегӯям. Тез гуфтан хӯйи ман аст. Барои ман ҳам сахт аст, зеро меҳанатро ҷое мебинам, ки масъулин ва афроди қудрат муҳимтарин вазифаи инсонии хеш, яъне парвариш додани одамият ва матонату фазилатро фаромӯш кардаанд. Меҳанат ҷое шудааст, ки соҳибназаронаш решаҳои эътиқод ва тафаккурро аз майдони сабзи ақл бар биёбони хушки беотифагӣ кӯчондаанд!
Ба худ андешидам. Аҷаб, ин фардро, ки девона пиндоштам, аз оқили оқилон будааст! Ҳарфҳоеро мезанад, ки гӯё аз азизони Худованд бошад ва ё ошиқи сарсахти ӯ! Фикрам ба ҷое нарасида буд, ки гуфт:
— Оре, дуруст аст. Ман ошиқи Маъшуқам. Ин замину замон бароям гаронмоя аст. Рӯзгоре ҳамин меҳанат буд, ки мазҳари ишқ ва хонақоҳи ошиқон буд, вале сӯзандаву дардовар аст, ки акнун одамонаш ҳатто ба номи ишқ хиёнат мекунанд!
Рӯзгоре обидону ошиқон дар масоҷиди Ишқи ин диёр саҷда мекарданд, аммо имрӯз онҳое, ки беш аз ҳама аз дину диёнат мегӯянд, аз таассуб хиёнат бар диёнат мекунанд. Намедонанд, ки фазои таассуб сарзамини нафаҳмидагон аст. Мардум покиро фаромӯш карда, намехоҳанд бифаҳманд, ки рӯшаноии олам аз ихлос ва нияти пок аст. Кош, мефаҳмиданд, ки тирагӣ ва дилозор будани олам аз ихлосу нияти хештан аст. Дар ҳақиқат, ҳар куҷо, ки сидқу ихлос набошад, тоҷирони тазвир ва фиреб ҷилваи беасар мефӯрушанд. Чӣ бояд кард бо ин меҳан ва мардум, ки худ намехоҳанд бифаҳманд, ки хеш масъули ранҷи хештананд?…
Гуфтам:
— Эй! Дарвеши ҳаким! Ту ин ҳама фалсафаро аз куҷо медонӣ ва зи кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
— Худ зиндагӣ дарёи дониш ва ҳар зарраи хоки Замин маъбада аст! Фақат мутаккабиронон аз дониш ва ҷоҳталабон аз мансабашон мефахранд. Нигоҳ кун, меҳанат он ҷост, ки худхоҳонаш бештар аз хоксорон шуда ва онон намехоҳанд бифаҳманд, ки тамаъ, пирӯзӣ аз ҳавою ҳаваси нафс ва арзаи шаҳомат, ҳубби ҷоҳу ҷалол аз авомили суқути инсони мутакаббир аст. Нарм гуфтам, на инсон, балки мавҷуди зинда! Кош медонистӣ, ки худбинон ҳатто дар назди Худованд мағруранд. Аммо суоли хокнишинони диёр ҳамеша бар хеш ин аст: Чаро болоиҳо намехоҳанд пойин оянд? Воқеъан, болонишинон дар боло чӣ дидаанд, ки намеоянд пойин? Аз боло чӣ дарёфтаанд, ки барои пойиннишинон дареғ медоранд?
Гуфтам:
— Чӣ ҳарфҳо ва андешаҳои амиқе мегӯяд ин марди доно! Наход, ки ин давра аз озодагони Худованд бархӯрдор бошад? То бар сари ин андеша будам, ки гуфт:
— Озодагонро бишносед, ки онҳо худнамоиро дӯст надоранд. Вуҷуди онҳоро ошкор ва афкорашонро кашф намоед, ки вазифаи ҳар фарди огоҳ аст. Ҳамин меҳанат аст, ки дар гузашта маъбадаи садоқати илоҳӣ буд, вале акнун бибин дар ин хок хиёнати рӯзгор беш аз садоқаташ зуҳур кардааст. Меҳанат давлатест, ки чизи хуб ва арзанда ба касоне мерасад, ки шоистагӣ ва лаёқати онро надоранд. Меҳанат маконе шуда, ки гурӯҳе бидуни салоҳият мехоҳанд фарде бишаванд. Меҳанат коргоҳест, ки камтарине дар корҳо ба қадри тавон ва ҳиммати худ қадам бармедоранд. Меҳанат базмгоҳест, ки ҷоҳилони бо ниқоб худро дар силки хирадмандон ҷо мезананд ва сарватдорони бемуҳаббат хешро дар ҳалқаи дарвешон мезананд. Меҳанат майдонест, ки магасҳо арсаи семурғро ҷавлогаҳи хеш қарор додаанд!
— Меҳанат ҳамон бӯстони хушкидаест, ки қумриву андалебон онро тарк карда ва зоғону заған сурудхон шудаанд. Бешарафон мудаъиёни дониш шуда ва барои якдигар китобу номаҳои дурӯғин менависанд. Меҳанат додгоҳест, ки фариштаи адлу ҳақиқат ғайбат карда ва дурӯғгӯёни бемурувват дар сари минбар нишастаанд.
Афсӯс, ки зулмати мардум беш аз рӯшаноиаш аст! Меҳанат ҳамеша боргоҳи умеду орзуҳо буд ва ҳазор бор шукр бояд кард, ки мардумонаш дар тӯли ҳастиаш фақат ҳамин боргоҳро тахриб накардаанд, аммо ҳанӯз, ки ҳанӯз дар торикистони зиндагӣ бо умед зиндаанд ва боз ҳам мегӯянд: Поёни шаби сияҳ сафед аст!
Мардуми адолатхоҳ, агарчӣ заифу залил аст, вале тоқати шикаст надорад, чаро ки рӯҳаш шикастнопазир аст ва дар ин боргоҳ ва бо ҳамин боргоҳ бо умеди фардо зинда аст. Мардум медонад, ки ҳеҷ кас наметавонад умеди дигареро ғасб намояд, ҳатто агар ҳукми ҷаҳолат дар ҷомеа ҳокими мутлақ бошад! Мардуме, ки огоҳу озода аст, саранҷом мурғи саодаташро пайдо хоҳад кард, чун шаби зулматеро ҳам фардои рӯшанӣ дар пай аст!
Пас, бидон, ки ватан бо мардумони саодатмандаш ватан аст. На он ҷост, ки зода шудаӣ ва хуни нофат ба хоки он аъҷин аст, балки он ҷоест, ки барои зиндагии шоиста аз роҳи адл ва ҳақ шароити лозим фароҳам аст. Ватан ҷоест, ки қалбат аз навозиш ва меҳр ва муҳаббати одамонаш оромиш дорад ва масъулонаш хиёнат бар ҳаққи ҳеҷ касе намекунанд! Ватан он ҷост, ки…
Дигар садое ба гӯшам намерасид. Рӯҳам масрур ва ба водии андешаҳо парвоз мекард. Дар худ набудам, маст будам… Банохост дарёфтам, ки мардум ба ҳам дарафтода ва он марди хирадманд ҳам дар миёни издиҳом ғоиб. Думболи пайдо карданаш шудам, ҳар чӣ гаштам, нишоне аз-ӯ набуд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ин дарвеши хирадманд ба куҷо ғайб зада. Ҳанӯз ки ҳанӯз орзуи дидани ӯро мекунам, то бишнавам дар бораи меҳри меҳан боз чиҳо мегӯяд!

ЛУҚМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: