Главная > Uncategorized > Одамони Маҳмуд Худойбердиев дар Хатлон

Одамони Маҳмуд Худойбердиев дар Хатлон

Мақомоти раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, ду узви гурӯҳи сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро, ки зарфи 12 соли ахир мавриди пайгарди қонун қарор доштанд, боздошт кардаанд.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар гуфт, афроди боздоштшуда, ки ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот исми онҳо зикр намешавад, шаҳрванди Тоҷикистон будаанд: «Шаҳрвандоне, ки дар қисми низомии Маҳмуд Худойбердиев хизмат мекарданд, аз тарафи кормандони оперативии РКД ва шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа дастгир карда шуданд, ки онҳо бо мақсадҳои пурра сафарбар шуда буданд барои содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш. Маълум карда шуд, ки онҳо иштирокчии фаъоли нооромиҳо ва харобкориҳои гурӯҳи Худойбердиев дар солҳои 1996-1997 дар Қӯрғотеппа буданд…».
Ҷаноби Бузмаков ҳамчунин гуфт, ки ин афрод боз дар нооромиҳои соли 1998-и шаҳри Хуҷанд ва талошҳои бебарорашон барои ғасби ҳоқимияти давлатии Тоҷикистон даст дошта, ҳамроҳ бо дигар аъзои қисми низомии Маҳмуд Худойбердиев ба қасди ӯзбекистон тарки Тоҷикистон кардаанд.
Сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, ки нафарони дастгиршуда аз соли 1998 то ин замон дар ӯзбекистон, ғолибан дар гурӯҳи ғайриқонунии сарҳанг Худойбердиев кору зиндагӣ мекарданд ва имсол сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Алайҳи афроди боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, тафтиши ин парванда ба ихтиёри додситонии вилояти Хатлон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор шудааст.
Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави ӯзбекистон умр ба сар мебарад. Аммо Абдураҳмон Бузмаков гуфт, ки ин нахустин чунин як парвандаи марбут ба сарҳанги шӯришгар Худойбердиев дар соли 2010 набудааст. Ахиран мақомоти милиса боз як шаҳрванди дигарро дар ноҳияи Қубодиён боздошт кардааст, ки ба гуфтаи Бузмаков, вай низ дар узвияти гурӯҳи Худойбердиев гумонбар дониста мешавад: «Мо тарафдори Худойбердиевро ҳамчунин дар Қубодиён ҳам ошкор сохтем, мавриди санҷиш қарор додем. Аммо баъзе монеасозиҳо буд аз ҷониби нерӯҳои алоҳида. Бо ин вуҷуд мо мехоҳем, ки худамон ин тафтишотро анҷом диҳем, далелҳои дигаре ҳам дорем, ки онро бояд собит бикунем. Аммо ҳанӯз чизе дар бораи ин парванда афзуда наметавонам…».
Милиса мегӯяд, ки ҳамоно шумори қобили мулоҳизаи гумонбарон дар ҳамдастии Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.
То ин замон дар Қӯрғонтеппа шумори афзуни пайравони Маҳмуд Худойбердиев мавриди боздошт қарор гирифтаанд, чун сарҳанги исёнгар Худойбердиев дар гузашта дар ин маҳал будубош мекард ва фирқаи низомии ӯ аслан аз сокинони ин минтақа иборат будааст.
Адолати Ҳақҷӯ, коршиноси маҳаллӣ ва шоҳиди бевоситаи нооромиҳои соли 1998-и Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки баъд аз фирори Маҳмуд Худойбердиев ба хориҷ аз кишвар, чандин пайрав ё ҳамдасти ӯ бо дарки иштибоҳи худ ба Тоҷикистон баргаштанд, аммо аз сӯйи мақомот ба зиндон кашида шуданд.
ӯ меафзояд, ки шумори зиёди аъзо ё хизматчиёни воҳиди низомии Маҳмуд Худойбердиев, ба истилоҳ «асир»-и найрангҳо ва фишори силоҳбадастони сарҳанги ошӯбгар шудаанд: «Қӯрғонтеппагиҳо дар он лаҳзаҳо то чӣ дараҷа пайомадҳои нохушу ногувор доштани ин ҳодисаҳои марбут ба дасти Маҳмуд Худойбердиевро дарк намекарданд. Чунки Худойбердиев ҳам дар қатори дигар афсарон дар хизмати Президенту давлати Тоҷикистон қарор дошт, раҳбари як воҳиди низомии калони артиши миллӣ буд. Гумон намекардем, ки ҳадафу ғарази ӯву гурӯҳаш дигар аст. Он замон мегуфтанд, ки гӯё вилояти Хатлонро ба ду вилоят — Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷудо кардан мехоҳанд, вале баъд маълум шуд, ки мақсади аслии Худойбердиев расидан ба курсӣ ва мансабҳо будааст. Ҳамин тавр, ҷавонони бисёр қурбони ин нофаҳмиву гумроҳиҳо шуданд ва ҳар оилае, ки фарзандаш бо ин ҳаводис иртибот дошт, ҳоло бо мушкилиҳо мувоҷеҳ шудаанд…».
Дар воқеъ, Маҳмуд Худойбердиев замони қумандони яке аз воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа буданаш дар миёни бавижа ӯзбекзабонҳои водии Вахш аз маҳбубияти хоса бархӯрдор буду дар ошӯбҳои Қӯрғонтеппаву Хуҷанд, дар авохири солҳои 90-ум ҳазорҳо нафар ба ӯ пайравӣ ва аз ӯ пуштибонӣ карданд.
Ҳамакнун иддае аз коршиносон мегӯянд, ки фаразан, агар Худойбердиев азми бозгашт ба Тоҷикистон бикунад, то куҷо вай аз ҷонибдории ӯзбектаборони маҳаллӣ бархӯрдор хоҳад буд, савол боз боқӣ мемонад. Коршиноси маҳаллӣ Орзуи Карим бар ин иддао аст, ки дар сурати афзудани мушкилоти иҷтимоӣ, тағйири авзои сиёсӣ ва номуттаҳидии ҷомеа, суйиистифода аз ин ҳол кардани гурӯҳҳои ифротгаро аз эҳтимол дур нест: «Воқеан, замоне буд, ки бо шунидани номи Маҳмуд Худойбердиев агар гурӯҳе ба даҳшат меомаданд, гурӯҳе дигар дар симои ӯ ба қавле «криша»-и худро медиданд. То ҳол бисёриҳо дар ёд доранд, ки дар солҳои ҷанг вай чӣ қадар харобкориҳо кард, аммо агар аз рӯйи адолат бигӯем, ба ӯзбекзабонҳо, истаравшаниҳо, хуҷандиҳо кӯмакҳояш расидааст. Ширкатҳо дошт, командаи футболи «Вахш»-ро сарпарастӣ мекард, вале ҳоло хонаҳояш бесоҳиб мондаанд, мардум аз назди хонаҳояш гузаштан метарсанд, дур-дур мегарданд. Вале ҳоло, ки мардум ба худ омадаанд, дигар масти кӯмаку пуштибониҳои ӯ нахоҳанд шуд. Ҳоло барои мардуми тоҷик осудагӣ, рӯзгори ором аз ҳама муҳим аст. Давлат ҷояшро гирифтааст. Вале иттиҳод муҳим аст, то аз муттаҳид набудани мо, мавҷи норозигиҳои мардум гурӯҳҳои ошӯбгар сӯиистифода накунанд».
Аммо сокинони ӯзбектабори минтақа мегӯянд, ки пас аз фирори Худойбердиеву ҳампаймонҳояш, сокинони маҳаллӣ тоза ба зиндагии осуда расиданд ва бозгашти сарҳанги шӯриширо дигар орзу надоранд. Алишер Раҷабеков, як сокини Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки ҳамакнун дар симои Маҳмуд Худойбердиев як хоини давлатро мебинад: «Худам ҳам ӯзбек бошам, фикр намекунам, ки дигар ҳамзабонҳои мо ва умуман, мардуми минтақа аз Маҳмуд ҷонибдорӣ кунанд. Вай агар 12-13 сол боз дар ин ҷо набошад, 12-13 сол боз мардуми мо дар азоб. Мардуми мо гумроҳ шуданд, даҳҳо ӯзбекзабонҳоро аз пушти Маҳмуд суд карданд. Маҳмуд дигар чӣ кор карда метавонад? Худо аз он рӯзҳои шум нигаҳ дорад, ки боз вай ба ватани мо — Тоҷикистон ҳамла накунад!».
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар хиёбони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, наздикии бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ акси сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев дар миёни муттаҳамини дигаре, ки ҷустуҷӯ мешаванд, ҷой гирифта, аз сокинони маҳаллӣ дархост шудааст ҳар маълумоте, ки оид ба ӯ ва пайравонаш дар ихтиёр доранд, ба мақомот ироа бикунанд.
Ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, феълан беш аз 30 сокини шаҳру навоҳии водии Вахш, ки дар узвият ба гурӯҳи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам дониста мешаванд, дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва низ дар чанд соли ахир додгоҳҳои вилояти Хатлон даҳҳо нафарро дар ҳамдастӣ ба ошӯбу нооромиҳои кори дасти Маҳмуд Худойбердиев муҷрим дониста, равонаи зиндонҳо кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон иддао доранд Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи худ феълан дар қаламрави ӯзбекистон панаҳ бурдааст. Додситонии кулли Тоҷикистон чанд дафъа аз мақомоти расмии Тошканд хостори истирдори сарҳанги шӯришӣ шудаанд, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад. Аммо ҷониби ӯзбекистон воқеияти ин иддаоро, ки Худойбердиев дар хоки он кишвар умр ба сар бурда, аз пуштибонии нерӯҳои вазъсози ӯзбекистон бархӯрдор мебошад, башиддат инкор карда, даъвои Додситонии кулли Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: