Главная > Uncategorized > Рақами зард надорӣ, ҳаққа барор!

Рақами зард надорӣ, ҳаққа барор!

Ба таваҷҷӯҳи Раёсати БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар роҳ корманди БДА ронандаи мошини кирокашро, ки дар дохили он менишастем, нигоҳ дошту ронанда ба назди он нозир рафту пас аз чанд дақиқа баргашта, лаб ба шикоят кушод:
— Додар, ҳамин дунёро ҳеҷ намефаҳмӣ. Замонае шудааст, ки ҳар кас мехоҳад бо кадом шакле набошад, нафари дигарро фиреб диҳад. Ба ӯ фарқ надорад, ки атрофиёнаш чӣ мегӯянд. Ман маълумоти олӣ дорам. Аз паси касбам рӯз гузарондану фарзандонамро хӯрондану пӯшондан наметавонам. Маҷбур шудам, ки ба кирокашӣ машғул шавам. Тамоми ҳуҷҷатҳоро қонунӣ кардам. Ҳар рӯз манъ мекунанд. Ба ҳуҷҷат коре надоранд. Ана, ҳозир маро манъ намуду талаб дорад, ки чаро бе рақами давлатии зард ба одамкашонӣ машғул ҳастам. Ҳарчанд фаҳмондам, ки тибқи қарор ман ҳоло бе рақами давлатии ба мошинҳои кирокаш пешбинишуда ваколати ба ин соҳа машғул шуданро дорам, ба гапам гӯш надода, протокол карданӣ шуд. Маҷбур шудам, як чиз диҳам…
Аз назди он корманди БДА хеле дур рафта будем. Ҳисси кунҷковии касбият маҷбур намуд, ки аз мошини кирокаш фуромада, ба назди он нозири БДА оем. Вале ӯ дар он ҷо набуд.
Барои муайян намудани асли воқеа ба омӯзиши масъала машғул шудем. Маълум гардид, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2009 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми октябри соли 1999, №441 «Дар бораи тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо» тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Дар ҳамин қарор таъкид мешавад, ки «Муқаррар карда шавад, ки додани рақамҳои қайди давлатии силсилаи «ТТ» марҳила ба марҳила, дар давоми як соли баъд аз ба имзо расидани қарори мазкур амалӣ карда мешавад».
Эроди он ронандаи кирокаш дуруст буд. Дар асоси талаботи ин банди қарор ронанда метавонад то 31-уми августи соли 2009 мошинашро истифода барад. Дар ҳолати баъди гузаштани ин мӯҳлат аз ронандагони кирокаш талаби риояи ин қарор кардан дуруст меояд. Вобаста ба ҳамин масъала қоидаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобили истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 24 аз 7-уми июли соли 2008 бо мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрасти ягонаи давлатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 440 ба қайд гирифтааст. Дар банди 7-и ин санад меояд: «Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва автомобилҳои таксӣ, ки мӯҳлатҳои истифодаи аз муқаррарот зиёдтар доранд ва аз рӯи тартиби муқарраршуда барои ҳамлу нақли мусофирон иҷозат дода шудаанд, метавонанд барои анҷом додани ҳамлу нақли мусофирон дар роҳҳо мунтазам то 31-уми декабри соли 2010 истифода шаванд. (Ҳамин сархат ба шахсоне дахл дорад, ки ба мӯҳлати як сол ё бештар аз он иҷозатнома гирифтаанд).
Шояд сари ин масъала вазоратҳои дахлдор ба як андеша оянд. Чизи дигаре, ки имрӯз ронандагони мошини кирокашро нигарон кардааст, ин надодани рақами давлатии ба истилоҳ «зард» ба он воситаи нақлиёт мебошад, ки соли бароришаш 10 сол қабл аст. Аз рӯйи маълумотҳо наздики 90 фоизи мошинҳои ба кирокашӣ машғулбуда ба ин талабот ҷавобгӯй нестанд. Яъне, соли бароришашон то соли 2000 аст. Агар ба онҳо рақами «зард» надиҳанд, чӣ мешавад? Мегӯянд, ки қариб 2 ҳазор нафар бо чунин воситаҳои нақлиёт ба кирокашӣ машғуланд. Агар ба онҳо иҷозати идомаи фаъолият надиҳанд, ин қадар одам бекор мемонанд. Ҳар нафари ба кирокашӣ машғул ҳар сол барои иҷозати фаъолият 245 сомонӣ месупорад. Ба 2000 ронанда зарб занем, маблағи калон мешавад. Ба онҳо иҷозат дода нашавад, ҳам ба буҷаи давлат зарар мешаваду ҳам боиси фаъолияти хилофи қонуну ришваситонӣ мегардад. Аксар ронандагони мошини кирокаш дар ҳолати бенавоӣ фаъолият доранд ва ягона василаи таъмини зиндагӣ ҳамин «ароба»-ҳояшон мебошад. Хоҳу нохоҳ онҳо ба тариқи пинҳонӣ кирокашӣ мекунанд.
Ин масъала омӯзиши дақиқро тақозо менамояд. Ҳолдонҳо иброз менамоянд, ки ҳамаи ин амалҳо барои он аст, ки ба миқдоре мошинҳои кирокашии нав овардаанду барои кам кардани рақобату авҷи фаъолияти худ мошинҳои «кӯҳна»-ро аз бозӣ бароварда истодааанд. Мо бошем, ба ин мавзӯъ дар ин ҷо нуқта мегузорем. Вале тадқиқот идома дорад.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: