Главная > Uncategorized > Роҳи оҳан роҳи одамҳост…

Роҳи оҳан роҳи одамҳост…

Одамон тавассути роҳ аз як кишваре ба дигар кишварҳо гузашта, тиҷорату саёҳат мекунанд ва ба ин тариқ пайванди дӯстиро дар байни ҳамдигар мустаҳкам менамоянд. Аммо «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон танҳо то Тирмиз идома меёбад ва дигар на он сӯву на ин сӯ меравад ва одамони тавассути роҳи мазкур ҳаракатдошта тиҷораташон рушд намеёбад. Дар гузаштани мусофирон монеае нест, аммо соҳибкорону бозаргонон наметавонанд тиҷорати озод дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки аз қадим тавассути Роҳи абрешим тоҷирон ба ӯзбекистону Русия ва дигар мамолики Аврупо сафар мекарданд. Вале худи Амир Темур ҷуръат накарда, ки тоҷиронро ба муддати 5-6 моҳ аз тиҷорат боздорад. Аммо вазъият имрӯз каме дигаргун аст. Зеро дар гузашта Амир Темур ба молу колои тоҷирони ҳинду эронӣ ва тоҷик ниёз дошт, аммо ҳоло Каримов шояд дигар эҳтиёҷ надорад. На ба барқи «арзон»-и «Роғун», на ба «уран»-и Суғд ва на ба «об»-и Омӯ. Ин моем, ки ба оби хеш эҳтиёҷ пайдо кардаем. Дар саргаҳи обему лабташна. Барқ содирот мекунему худ бебарқем.
Бастани роҳ бар зарари ду ҷониб аст

Ба гуфтаи коршиносон, бастани роҳи оҳан аз ҷониби ӯзбекистон на танҳо бар зарари Тоҷикистон аст, балки бар зарари ин кишвар низ ҳаст. Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, ки дар банд нигоҳ доштани вагонҳои молу таҷҳизоти соҳибкорони тоҷик дар роҳи оҳани ӯзбекистон ҳар рӯз ба худи корхонаи роҳи оҳани ӯзбекистон низ хисороти молӣ мерасонад. Зеро аз як ҷониб агар тавассути роҳи мазкур бор кашонида нашавад, корхонаи роҳи оҳан хароҷоти минбаъдаро пӯшонида наметавонад. Мақсади фаъолият доштани ҳар як корхона ҳам фоида ба даст овардан аст. Агар қатора ҳаракат накунад, корхона бар зарар фаъолият хоҳад кард. Аз сӯйи дигар, ӯзбекистон дар охир маҷбур мешавад, ки барои расонидани хисорот маблағи зарарро ба соҳибкорон пардохт кунад. Вақтҳои ахир дар ин бора ҳам суханҳо гуфта мешавад, ки баҳс метавонад аз роҳи қонунӣ ҳалли худро пайдо кунад. Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки дар сурати ҳал нашудани қазия ҷониби Тоҷикистон ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат хоҳад кард. Аммо мақомоти ӯзбекистон ҳоло ҷиддӣ будани масъаларо қабул накардаанд ва шояд намехоҳанд.

Ҳалли мушкил ба доираҳои сиёсӣ вобаста аст?

Тибқи маълумотҳо, ҳудуди 2000 вагон молу таҷҳизоти соҳибкорони тоҷик дар марзи ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешавад. Вале аз рӯи маълумоти дар даст доштаи масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳоло 1086 вагон дар банд қарор дорад. Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ гуфт, ки сабаби боздошти вагонҳоро масъулини корхонаи роҳи оҳани ӯзбекистон аз мушкилоти фаннӣ, яъне хароб шудани роҳ бар асари боришоти борон ва нарасидани тепловозҳо иборат медонанд. Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Амонулло Ҳукумов дар минтақае, ки вагонҳо боздошт шудаанд, тамоман боришоти борон кам ба назар мерасад. Бо ин вуҷуд масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки агар роҳ вайрон бошад, бо маблағи худ онро таъмир мекунанд ва бо паровозҳои корхона вагонҳоро ба хоки Тоҷикистон ворид менамоянд. Аммо ҷониби ӯзбекистон ин пешниҳодро қабул накардааст. Амонулло Ҳукумов мегӯяд, ки агар ҳалли қазия аз масъулини Роҳи оҳани ӯзбекистон вобаста мебуд, онро кайҳо бартараф мекард. Аммо ин масъала дар сатҳи ҳукумат ва доираҳои сиёсӣ баррасӣ шуда истодааст ва барои ҳалли он дахолати мақомоти давлатӣ лозим аст.
Тибқи хабарҳо, муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо гурӯҳе аз намояндагони идораҳои давлатӣ ба Ҷумҳурии ӯзбекистон сафар кардааст. Ҳарчанд ба гуфтаи коршиносон натиҷаи ин гуфтушунид чандон назаррас нахоҳад буд, аммо мунтазир бояд шуд, ки «лотореяи муовинҳои сарвазирон» дар бозӣ ҳалкунанда хоҳад шуд ё не.

Вазъи минтақа ҳассос аст

Тибқи маълумоти масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии ӯзбекистон қарори пӯшидае бароварда, дар асоси он аз 01.01.2010 кашонидани борҳои тиҷоратиро (ба ғайр аз маҳсулоти нафтӣ ва гузаштани поездҳои мусофирбарӣ) аз қаламраваш ба ҷониби Тоҷикистон манъ кардааст. Мувофиқи қарори мазкур борҳои ба водии Фарғона фиристодашавандаро ба воситаи поезд то шаҳри Ангрен (истгоҳи Ободлик) бурда, аз он ҷо тавассути мошинҳо ба нуқтаҳои гуногуни вилоятҳои Андиҷону Намангон ва Фарғона мекашонанд.
Вале хабаре паҳн шуда буд, ки ӯзбекистон вагонҳоро равон кардааст, аммо Роҳи оҳани Тоҷикистон онро қабул накардааст. Амонулло Ҳукумов мегӯяд, ки чунин як муроҷиат аз ҷониби масъулини Роҳи оҳани ӯзбекистон шуда буд, лекин онҳо ин муроҷиатро рад кардаанд. Зеро мувофиқи он, Роҳи оҳани ӯзбакистон борҳоро бо роҳи дигар ба Тоҷикистон интиқол доданист, ки хароҷоти роҳ барои соҳиби бор хеле калон аст. Чунки ба тоҷирони тоҷик лозим меояд то масофаи тӯлониеро тай карда, на тавассути поезд, балки мошин борҳояшонро ба манзил расонанд. Раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ин корро анҷом додан бояд розигии худи соҳибкор гирифта шавад ва сипас бор бояд интиқол гардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ масъулияти бо мошин кашонидани бори соҳибкорони тоҷик дар ҳудуди Тоҷикистонро роҳбарияти роҳи оҳан ба ӯҳда гирифта наметавонанд. Зеро чунин имконият ва тавони молӣ надоранд.
Ба андешаи иддае аз коршиносон хусумати роҳ мушкили муваққатист ва дар моҳҳои наздик бояд ҳалли худро ёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз замони боздошт шудани вагонҳо то имрӯз ҳудуди 10 миллион доллар хисорот ба ҳисоб гирифта шудааст ва маълум нест, ки то поёни ҳалли қазия маблағи хисорот ба чанд миллион доллар баробар хоҳад шуд.
Вале Амонулло Ҳукумов мегӯяд, ки вазъият дар минтақа ҳассос аст ва онҳо намехоҳанд, ки болои сӯхта намакоб пошанд. Бо мулоиматӣ, муносибати хубу ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушунид мехоҳанд мушкили мавҷударо бартараф кунанд. Вай гуфт, ҳодисаҳои Қирғизистон вазъияти сиёсии минтақаро хеле ҳассос кардааст. Ба ин далел мо намехоҳем, ки ҳодисаи Қирғизистон дар ӯзбекистону Тоҷикистон ба шакли наве хурӯҷ кунад. Хусуматҳо муваққатист ва роҳи ҳаллаш пайдо хоҳад шуд.
Аммо суоли матраҳ он аст, ки барои ҳалли «хусуматҳои муваққатӣ» чанд рӯзу ҳафта лозим аст ё чанд моҳ? Суолест, ки ба он посух гуфтан ҳоло барвақт аст.

МАЪЛУМОТНОМА

Дарозии умумии роҳи оҳани Тоҷикистон 954 километрро ташкил медиҳад. Парки инвентари Роҳи оҳани Тоҷикистон иборат аз 2110 вагони боркаш, 389 вагони мусофирбар ва 55 тепловоз буда, дорои 33 истгоҳ аст. Қатораҳои мусофирбарии «Душанбе-Москав» ҳафтае 3 маротиба, «Кӯлоб-Маскав» ҳафтае 2 маротиба «ва Хуҷанд-Саратов» ҳафтае ду маротиба ҳаракат мекунанд. Дар дохили ҷумҳурӣ Душанбе-Конибодом, Қӯрғонтеппа-Конибодом, Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ҳафтае як маротибагӣ ва Душанбе-Пахтаобод ҳар рӯз қатораҳо ҳаракат мекунанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: