Главная > Uncategorized > СТАЛИН АКАИ ҶАЛИЛРО МЕПУРСАД

СТАЛИН АКАИ ҶАЛИЛРО МЕПУРСАД

Додарҳои ҷон, ғалаба аз болои Германияи гитлерӣ қаҳрамонҳои зиёд зоид. Бале, мурдаҳош мурдагӣ, лекин зиндаҳош ҳама ордендор, ҳама ветеран, ҳама қаҳрамон, ҳама гӯё фашиста бурда рост дар ҳелчаш мухондагиву очаша дар чашмаш нишон додагӣ. Вале акаи Ҷалилтон орден як сӯ истад, ҳатто як медали зангзадагӣ ҳам надорад. Надодандаш не, нафористаш нагирифт.
Ҳамон вақт — замоне, ки душман ҳар рӯз ба Маскав наздик мешуд, дили акаи Сталин аз рангаш аз ҳамаи ин қаҳрамонҳо мондагӣ буд-чӣ ки, барои ягон илоҷ ёфтан акатон — ҳамин мардаки ҳозиру нозири дар пештон шиштагира даъват кард.
Чӣ хел гуфтед? Дарак надоред? Воқеа ҳамин хел шуд. Дар деҳаи Чинораки худмон зимистон, ки сахт омада буд, бузу гӯсфанда дар ҳелак нигоҳ доштаму каҳ медодам. Дар ҳамин вақт, адл қарибиҳои чошт буд, ки як самалот дар болои деҳа, дар ҳамон хамчагаҳие, ки ҳозир хонаш дохтанд, шишт. Ман зиҳн намондам, саргарми хору моли бузу гӯсфандам будам. Одамони самалот пурсупос карда, хонаи ман омаданд. Якташ бо овози баланд фарёд мекунад: «Акаи Джалил, акаи Джалил». Либосҳома метакаму мебаром берун, ки бинам дар рӯйи ҳавлӣ ду уруси заб-зарди ношинос. Ҳамон болобаландаш пурсид:
— Здрасти, ты акаи Джалил?
— Ҳа,- гуфтаму дар фикр будам, ки дар куҷо дида бошам ин мардакҳои сарзарда. Ҳич ба хотирам наомад. Баъд ба худам гуфтам, ки шарт нест ӯҳора шиносам. Дар тамоми сесесер мара мешносанд. Онҳо бисёру ман якта.
Хулоса, додарҳои лахти ҷигар, гапа зиёд накардаму аз рӯйи таомули худмон очаи гапа гуфтам:
— Хайр, муборак шавад ба ин гузарҳои мо. Марҳамат як пиёла чойи кабут.
— Раҳмат, вақт танг,- узр пурсид боз ҳамоне, ки қади баландтар дошт,-мора акаи Сталин ба сари худта фиристод. «Джалилҷана пеши ман биёред» гуфт. Боз гуфт, ки тақдири давлат дар хатар, душман дар қарибии Маскав, дар таги фукмон, ҳамаи лашкаркашу баақлҳои ҳукумат гарангу сусту фулуст шудагӣ.
— Чӣ илоҷ, агар акаи Сталин гуфта бошад, ҷойи гап нест,- гуфтаму баъд пурсидам, ки «кай рафтан даркор?»
— Ҳозир, бояд ҳамин рӯз тура Кремл барем,- гуфт боз ҳамон дарозобандаш.
— Ҳозир ки бошад, ҳозир-да,- гуфтаму ба занам фармидам, ки то омадани ман бузу гӯсфандҳора нағз нигоҳубин кунад, боз зиқ-пиқ нашаванд.
— Ягон мушкилӣ шавад, ман дар Кремл, дар пеши акаи Сталин, ёфтанам қин нест, агар зани акаи Ҷалилам бигӯйӣ, ҳама раҳа нишон медиҳанд,- гуфтам ба занак.
Ҳамон рӯз, ки кам-кам барф нӣ меборид, дар самалот тарафи Маскав паридем. Қарибиҳои бегоҳ ба пеши акаи Сталин тезтар бирасем гуфта, ҳамон дарозакӣ самалота дар Майдони Сурх, дар пеши марқади Ленин шинонд. Поҳом ба замин расидан баробар чанд генерал пешвоз гирифта, бурдандам назди акаи Сталин.
Вақте ба дафтари кории акаи Сталин даромадем, дар як даст чубуқу дасти дигараш паси пушт, гӯё дина буд, ҳозир ҳам дар пеши рӯм истодаст зиндабазинда, ин сӯ-он сӯ қадам мемонду дар фикр буд. Акатона диду бисёр хурсанд шуд. Қучоқ гирифтему вар хӯрдем. Охир ман ӯро хеле вақт шуд мешинохтам.
— Джалилҷан, бе худат нашуд. Фикр кардам, фикр кардам, фикр кардаму ба худам гуфтам, ки бояд Джалилҷани ҷӯраи мо ягон кор карда тавонад. Фашистҳо дар пеши Маскав, аскару афсари мо ҳамаша рангу рӯш пуркидагӣ, тарсидагӣ, бисёраш аз гапу гуп мондагӣ, умед ба худат, ягон роҳаш бошад, нишон бидеҳ.
— Парво накун акаи Сталин, худат роҳбармон бошӣ ғалаба мекунем. Дар фуки фашистон задан дупула кор аст,- гуфтаму ӯра дилпур кардам.
Баъд дар харита ҳамаи роҳу равиши зада гардондани лашкари немиса дар пеши Маскав нишон додам. Акаи Сталин ба ҳама фикри ман розӣ шуд.
Ҳамин ки акаи Сталин аз рӯйи гапҳои акатон фармони нава дод, фашист ба гурезогурезу «ҷонихудоигӯӣ» даромад. Чанд вақт гузашт, намедонам, ки генералҳо дакалод карда, дар бораи думходакунии фашистҳо хабар доданд. Акаи Сталин ин гапҳора шунавида хурсанд шуд.
— Уф-ф, Джалилҷан, худат намешудӣ, чӣ кор мекардем?,- гуфт ӯву ба китфам тап-тап зад.
Баъд якҷоя чойхӯрӣ рафтем.
Ба ҳамин тамом? Не, дар пеш боз чунон саргузаштҳое ҳаст, чунон қаҳрамониҳое дорам, ки ҳозир ҳам ҳамон фашиста мурдаш шунавад, сарморезакаш мегирад, мумкин дар гӯр чухти рост бихезад. Лекин дар ин бора дафъаи дигар. Ҳозир як носи ҷононара таги забон партофта, бузу гӯсфандҳора каҳ додан даркор, ки боз аз гӯшнагира кидингшон назанад.

Дорои ДИЛОВАР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: