Главная > Uncategorized > Тоҷикон дар Питер гӯсфанд мепарваранд

Тоҷикон дар Питер гӯсфанд мепарваранд

Президенти Ҷамъияти дӯстии мардуми тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Муҳаммадназар Мирзода ба наздикӣ аз сафари корӣ аз шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргашт. Ин сафари корӣ бахшида ба 10-солагии Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Уфа гузаронида шуд. Муҳаммадназар Мирғарибович бо як таассуроти комилу рангоранг аз шаҳри Уфа баргашта буд. Бо истифодаи вақти мусоид бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем.
— Муҳаммадназар Мирғарибович! Ин сафар ба Шумо чӣ таассуроте бахшид?
— Ба ростӣ, ман чунин ҷамъомади калони пуртаъсирро аз ҳамватанон ва дӯстони бошқирӣ интизор набудам. Муфтии давлати Бошқирдистон моро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ пешвоз гирифт. Дар ин ҷамъомади идона тамоми ҳамватанон, мардуми Осиёи Миёнагӣ ширкат варзида, ҳамзамон Наврӯзи оламафрӯзро бо тамоми анъаноташ қайд карданд. Ин як самимияти хосае буд барои тоҷикони дар Бошқирдистон зиндагидошта. Баъди ин ҷамъомад консерти идона бо иштироки гурӯҳи рақсиву овозии «Сипар»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин, овозхони шинохта Ҳасани Ҳайдар табъи ҳамватанонро шод гардонд. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардид. Ба мардуми шаҳр хӯроки ройгон дода шуд. Аз корхонаву биноҳои сохтмонӣ дидан кардем. Бо аҳволи муҳоҷирону хобгоҳҳо шинос шудем. Давлати Бошқирдистон давлати дорои миллатҳои гуногунзабон мебошад. Хуллас, ин аксҳое, ки ба хонандагони ҳафтаномаи «Пайкон» пешкаш мегардад, порае аз таассуроти сафари ман ба шаҳри Уфа мебошад.
— Боз чӣ масъалаҳо дар ин сафар матраҳ гардид?
— Масъалаи ҳамкориҳои муштарак, ба роҳ мондани соҳаи гӯсфандпарварӣ дар шаҳри Санкт-Петербург яке аз масъалаҳои умдатарин буд. Худо хоҳад, имсол ин соҳаи даромаднокро ба роҳ монда, муҳоҷиронро ба кор ҷалб намуданием.
— Дар шаҳри Питер ба Шумо чӣ бештар писанд омад?
— Шаҳри Санкт-Петербург шаҳри таърихист. Осорхонаи калонтарин дар ин шаҳр, ки «Эрмитаж» аст, диққати ҳазорон сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. Мо зуд — зуд аз ин осорхонаи калону рангоранг дидан карда, як ҷаҳон таассурот мегирем. Боиси ифтихор аст, ки дар шӯъбаи шарқшиносии осорхона яке аз олимони машҳури Тоҷикистон солҳои сол боз ифои вазифа мекунад.
— Чанде пештар ҷамъияти Шумо ҳафтаномаи оммавӣ — фарҳангиро бо номи «Хуросон» таъсис дода буд…
— Оре, насиб бошад рӯзҳои наздик чопи ин ҳафтаномаро аз нав ба роҳ монда, бо шаклу услуби замонавӣ нашр карданием. Ҳамчунин, сомонаи нави ҷамъиятро бо номи «Хуросон» ба кор хоҳем андохт. Хуросон маънии рамзӣ дорад. Умедворем, ки он дар байни муҳоҷирони питерӣ муштариёни худро пайдо мекунад. Саҳифаҳои рангоранги шиносоӣ, эълонҳои ҷойи кор, ҳаёти ҳамватанонро дар Русия ташкил хоҳем намуд.
— Боз чӣ таманно доред?
— Осмони соф, амнияти комил, дӯстии байни халқҳои гуногунзабон. Мехоҳем, ки ҳамеша муҳоҷирони ба кор омада ҳуқуқи худро ҳимоя карда, аз касеву аз чизе вобаста набошанд.
— Ташаккур!

Мусоҳиб Шаҳлои НАҶМИДДИН

Рубрики:Uncategorized
  1. Шрекбой
    Февраль 18, 2012 в 6:24 пп

    Э ино хамаш друганд.Точико ай точикистон,ай гуспандчаруни грехтиян,инча боша дуруг меган,ки гусфандпарвари мекунанд.Дар Петербург чи хел гуспанд мепарваранд?Гуспандои Назаршайтона?Худуш гуспандоша чаруна.Хами журналистои точикистон девна шиде,кира бовар мене?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: