Главная > Uncategorized > Чаро зани тоҷик реклама мешавад!?

Чаро зани тоҷик реклама мешавад!?

Ҳаёти имрӯза худ реклама аст. Агар диққат дода бошед, дар ҳаёти имрӯз ҳама чиз таблиғ мешавад. Чи аз молу маҳсулот асту чи аз хизматрасонӣ. Аммо дар ин ҷо як чиз боиси таассуф аст. Ин ҳам бошад, мавриди реклама қарор додани занҳо, хусусан духтарони ҷавон.

Зиёд мебинем, ки дар варақаҳои таблиғотӣ акси духтарони ҷавон мавҷуд аст. Ин ба чӣ маънӣ бошад? Суолест, ки шояд ҷавобаш «махфӣ» аст. Аммо ман ба як чиз ҳайронам, ки чаро духтари тоҷик ба хотири пулу мол шуда номус, ҳаё ва иффаташро мефурӯшад? Магар ӯ худро дар суратҳои калоне, ки онҳоро ҳазорон нафар номаҳрамон тамошо мекунанд, дида шарм намедорад?
Ман ба духтарони тоҷик хитоб карда мегӯям; куҷо шуд он номуси тоҷикона? Куҷо шуд он ору номусе, ки ҷаҳониён аз он ангушти ҳайрат мегазиданд? Намехоҳам аз ин зиёд савол бидиҳам, чунки яқинан боварӣ дорам, ки дар ин бора зиёд гӯӣ, туро ба муллоӣ нисбат медиҳанд. Зеро дар ҷомеаи имрӯз ба ғайр аз ду-се мулло дигар касе ба панду насиҳат кор надорад.
Касе агар ба гуфтаҳои боло зид аст, марҳамат, боре ба сӯйи овезаҳои таблиғотии ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва бонкҳо назараке афканад, ё агар не, боре ба рекламаҳои телевизион чашм бидӯзад. Мебинад, ки қариб рекламае нест, ки дар он зане набошад.
Як тахмине ҳаст, ки гӯё таблиғи ширкатҳо бо воситаи духтарҳо хубтар мегузаштааст. Албатта ин тахмин аст, вале Худо кунад, ки чунин набошад.
Мақсад аз навиштани сатрҳои боло паст задани касе нест, балки нишон додани ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхе, ки ҷомеаи моро ба вартаи худ кашида истодааст.
Умедворем, ки духтари тоҷик дигар намегузорад касе онҳоро мавриди таблиғ қарор диҳад.

Муллораҷаб ЮСУФӣ, ноҳияи Мастчоҳ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: