Главная > Uncategorized > Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Ҳамагон медонем, ки бо расидани фасли тобистон талабот ба марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, махсусан боғҳои фароғатӣ зиёд мешавад. Аммо боғҳое, ки номашон «фарҳангиву фарогатӣ»-янд, ба фарҳанги мо чи рабт доранд, ки онҳоро фарҳангӣ меномем? Шояд баъзеҳо гӯянд, ки мо тамоми ҷашнҳои фарҳангиву ғайри фарҳангиямонро дар ҳамин мавзеъҳо ҷашн мегирему ин марказест мардумӣ. Ана гап сари чист! Ин марказест мардумӣ ва ҳама, чи хурду чи калон, чи зану чи мард мехоҳанд дар рӯзҳои гарми тобистон лаҳзае ҳам бошад, дар ин марказҳо сайругашт намуда, як каме дам гиранд. Дар ҳақиқат ҳам «дам» мегиранд, вале дам аз боду ҳавои боғ не. Аз он «дам» мегиранд, ки дар давлате, ки зиёда аз 90% худро мусалмон медонанд, чи хел ба андешаи бархе «демократия» ба дараҷаи аъло расидааст. Агар ҳангоми дамгирӣ шумо танҳо бошед, хубу нағз. Лекин, агар ҳамроҳатон ягон зан, масалан хоҳар, модар, зан ё фарзандон ҳам бошанд, шарманда мешавед. Охир ин марказҳо мардумиянду ҳар кас мехоҳад тӯли тобистон ақаллан як бор дар ин марказҳо сайругашт намояд. Вале афсӯс, имрӯз баъзе ҷавонони мо ва натанҳо ҷавонон ба дараҷае «демократ» шудаанд, ки наслу насаб ва ҳатто кӣ будани худро фаромӯш кардаанд.
Бубинед, имрӯз дар чашму дили баъзеҳо, ки худро мусалмон медонанд, шарм ҷой надорад. Метавонистем аз ин ҳам расми бадтарро ба шумо нишон диҳем, вале чун тибқи Қонуни матбуот тарғиби фаҳш манъ аст, наметавонем ин корро кунем. Баъдан, шарм медорем, ки тоҷики мусулмонро аз ин ҳам дида дар ҳолати дигари фаҳштар ба намоиш гузорем. Аз рӯи инсоф, магар ҳамин гуна амал аз ҷониби миллати тоҷики мусалмон дар пеши чашми тоҷики мусалмони дигар беномусиву беимонӣ нест?
Дар ҳақиқат имрӯз «Кӯли ҷавонон» ба як маркази дилхушӣ барои кӯдакон табдил ёфтааст. Дар ҳар гӯшаи он бозичаҳою «карусел»-ҳои зиёд дар хидмати кӯдаконанд ва мардум ҳам кӯдаконашонро бештар ба ин марказ меоранд. Вале андеша мебояд, ки насли наврас аз дидани ин манзараҳо ба чи хулоса меояд.
Тавре дар боло қайд намудем, ин гуна амалҳои фаҳшо дар ҳама боғҳову марказҳои фароғати сари ҳар қадам ба чашм мерасанд. Дар Боғи устод Рӯдакӣ бошад, «демократ»-ҳо аз дигар марказҳо дида зиёдтаранд.
Чаро мо ин қадар калимаи «демократ»-ро истифода бурдем, ҳоло мефаҳмонем. Рӯзе ҳамроҳи як рафиқамон дар мавриди беҳаёиву бепарвоии ҷавонон нисбати ана ҳамин амалҳои ғайришаръияшон дар ҷойҳои серодам сӯҳбат доштем. Ҳамсӯҳбатамон, ки дар донишгоҳе муаллим аст, мегуфт, ки ин нишонаи демократия аст ва онро бояд ҳамчун як амали воқеӣ қабул намуд. Чун баҳси мо тезутундтар шуд, ҳамсӯҳбатамон гуфт, ки мо деҳотиему аз демократия қафо мондаем. Дар ҳақиқат, вақте мардуми деҳот ба пойтахт барои тамошо меоянд, ҳатман мехоҳанд дар назди ҳайкали Сомонӣ сурат гиранду аз Боғи устод Рӯдакӣ дидан кунанд. Вақте онҳо дар рӯзи равшан дар назди садҳо нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ (дар ин боғ шаҳрвандони хориҷӣ ҳам бисёранд, ки онҳо диёри моро ҳамчун кишвари зиёда аз 90%-аш мусалмон мешиносанд) бӯсобӯсию дигар амалҳои фаҳши ду ҷавони тоҷикро мебинанд (боз бо либоси тоҷикӣ), барои мардуми деҳоти ин як шармандагӣ менамояд. Аммо ба андешаи он рафиқи «демократ»-амон ин як амали оддист. Албатта ҳар кас демократияро ба қадри тавони шуури худ мефаҳмад, вале агар демократия ҳамин бошад, ки шаҳрвандони мусалмон тақлид ба демократияи Аврупо намуда, болои имону фарҳанги худ туф кунанд, мо деҳотиёни «ғайридемократ» аз чунин ҳамватанони демократ безорем. Чаро мо ҳама чизи ғайри шаръиву фарҳангии худамонро тарғиб мекунему фарҳангу имони аслиямонро не? Мақсад аз ин гуфтаҳо чист? Бубинед, бо омадани фасли гармо сарулибоси баъзе духтарони мо ба чи ҳол мерасад. Ин фаслро метавон «фасли карнавалӣ» номид. Дар ин фасл баъзе духтарони тоҷик аз ҳар фасл дида беҳаётар либос мепӯшанду кӯчаҳои шаҳрро бо либосҳои нимӯрёну ӯрёни худ ба Бразилия табдил медиҳанд. Онҳо аз либоси тамоми миллатҳо истифода мебаранд, ба ҷуз либоси миллии тоҷикӣ.
Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар ин маврид чи хуб гуфтааст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Имсол Душанберо ҳамчун пойтахти фарҳанги Исломӣ эътироф намуданду ҷо-ҷо овезаҳову банерҳои таблиғотӣ ба чашм мерасад. Вале дар кишваре, ки имсол ҳамчун пойтахти фарҳанги Исломӣ қабул шудааст, сари ҳар қадам вохӯрдан бо чунин ҳолатҳо (бӯсобӯсии ҷавонон дар ҳама ҷо дар пеши чашми ҳазорон нафар) ва бадтар аз ин, шабонгоҳ бо фоҳишаҳои 100-сомонаву 100-доллара чӣ маънӣ дорад? Аз ана ҳамин банери дар боло овардашуда 200 метр дуртар ҳатто дар рӯзи равшан низ метавон бо «савдогарони тан» вохӯрд. Ҳатто барои тақвияти суханонамон, мо шабе як тадқиқот гузаронидем. Дар натиҷа маълум шуд, ки ин «савдогарон» барои як соат аз 100 сомонӣ то 100 доллар талаб мекунанд. Кӯтоҳи гап, ин «савдогарон»-ро агар корашон омад кунад, дар ду соат аз он модарону хоҳароне, ки рӯзи дароз ба рӯфтану чидани партови кӯчаҳо ва гулшинонӣ машғуланд, зиёдтар маблағ кор мекунанд. Худованд чунин модарону хоҳарони моро нигаҳбон бошад, ки ба меҳнати ҳалол машғуланд.
Ба ростӣ, вақте мақолаи танқидие нисбати ягон сохтор рӯйи чоп меояд, масъулин муаллифони чунин мақолаҳоро бо он гунаҳкор мекунанд, ки аввал ба шароити иқтисодии кишвар назар намуда, баъд бояд хулосабарорӣ намоянд. Ҳамеша масъулин шикоят аз он доранд, ки журналистон ҳангоми навиштани мақолаҳо фақат танқид мекунанду ягон роҳи ҳалро нишон намедиҳанд. Вале ба андешаи мо, барои бартараф намудани ин амалҳои номатлуби ҷавонон, ки рӯйи коғаз овардем, маблағи зиёд ҳам лозим нест. Баръакс, дар сурати роҳандозӣ кардани қонуне дар бораи манъ намудани амалҳои фаҳш дар ҷойҳои серодам ва ситонидани ҷарима аз вайронкунандагони ин қонун метавон амалҳои номатлубро то андозае пешгирӣ намуд. Охир, чаро дар дигар кишварҳо ҳатто барои истеъмоли машрубот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима меситонидаанду дар мо намешудааст!?

Пурдили МИРЗО, Муртазои ХАЙРИДДИН

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: