Главная > Uncategorized > Ҳоли хароби забони адабӣ

Ҳоли хароби забони адабӣ

Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба омӯхтану аз бар кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ ва русӣ бештар шудааст. Қариб донишҷӯе нест, ки хоҳиши бо ин забонҳо озодона ҳарф заданро надошта бошад. Вале шумораи зиёди муҳассилини имрӯзаи тоҷик аз надонистани меъёру қоидаҳои забони адабӣ барои озодона муошират намудан душворӣ мекашанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар робита ба ин мавзӯъ андешаи худи донишҷӯёнро пурсем.

Донишҷӯйи коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Убайдуллои Умриддин чунин назар дорад:
— Мардуми ҳеҷ миллат ҳамаи истилоҳоти забони худро аз кӯчаю бозор, падару модар ёд намегиранд. Ин чизест, ки дар натиҷаи омӯхтани ин ё он фан бояд ба даст ояд. Яке аз сабабҳои дур будани ҷавонон аз забони адабӣ кам мутолиа кардани асарҳои бадеӣ ва ҳафтаномаву маҷаллаҳост. Ҷавонони ҳозира бештар ба тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварии хориҷӣ ҳавас доранд. Хуб мешуд, ки ба ҷойи тамошои ин гуна филмҳо ахбору барномаҳои адабии радиову телевизионро шунаванду вақти бештареро барои хондани китоб ҷудо намоянд. Бо донистани меъёрҳои забон кас метавонад то андозае бо забонҳои адабӣ хуб ҳарф занад.
Шаҳроми Лутфиддин бошад, дар ин маврид мегӯяд:
— Имрӯз аксари донишҷӯёни мо наметавонанд бо забони адабӣ ҳарф зананд, ки ин боиси таассуф аст. Мутаассифона дар байни устодони донишгоҳ ҳам афроде вомехӯрад, ки дарсҳои худро бо забони адабӣ нагузаронида, аз шеваю лаҳҷаҳо истифода мебаранд. Ин низ таъсири худро ба сатҳи забондонии донишҷӯён мерасонад ва онҳоро аз забони адабӣ канор мебарад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам бояд аз забони адабӣ истифода кунанд. Он гоҳ ҷавони тоҷик метавонад озодона бо забони адабии модарии худ бе мушкилӣ ҳарф занад.
Қурбони Лутфиддин мегӯяд:
— Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки дар мактабҳои миёна муаллимони ҳар маҳал бо лаҳҷаи худ дарс мегузаранд ва ин усул барои ёд гирифтани забони адабӣ душворӣ пеш меорад. Чунки талаба дар бисёр маврид ба муаллим тақлид намуда, кӯшиш менамояд, ки дар гуфтору рафтор ба ӯ монанд бошад. Бояд дар мактабҳои миёна барои забони адабиро ёд гирифтани хонандагон шароити хуб фароҳам оварда шавад.

Шервони УМРИДДИН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: