Главная > Uncategorized > ҶБВ, неофашистҳо ва мардикорони тоҷик

ҶБВ, неофашистҳо ва мардикорони тоҷик

Гузашти солҳо ҳар лаҳзаи умри инсонро ба таърих бадал мегардонад. Хусусан шахсоне, ки дар майдонҳои ҷангу зулму бедодгарӣ барои сулҳу оромӣ мубориза бурдаанд, арзиш ва корнамоиашон дар дилу дида ва хотираи мо боз ҳам равшантар мегардад.
Майдони ҶБВ ва мардикорӣ
Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Баробари ба забон овардани ин се калима пеши назари чӣ хурду чӣ бузург аввалан фашист, майдони пурдаҳшати ҷанг, модарони дар роҳи фарзандон интизор, занони чашм ба роҳи шавҳарон чору тифлони ятим, умуман мардуми ваҳшатзадаи ин ҷанг меояд.
Имрӯз бошад, ин мафҳумро мардикорӣ дар Русия иваз кардааст. Ҳамасола мавсими баҳору тобистон тамоми мардони ҷавону миёнсол ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳамон гуна, ки дар солҳои ҶБВ модарон фарзанди худрову хоҳарон бародар ва ҳамсар шавҳару фарзандон падари хешро ба майдони муҳориба бо ашки шашқатор гусел мекарданд, акнун ин саҳна вақти гусели мардикорон дида мешавад.
Хуллас, имрӯз низ мисоли солҳои 1941-45 занони тоҷик пешбурди рӯзгор, ғунучини ҳосил, тармими манзил ва ҳезумкаширо ба зимма доранд.
Ҳарчанд аз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ борҳо гуфтаанд, вале раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов чунин илова мекунад: «Ҷанги солҳои 1941-45 мудҳиштарин ва сахттарин ҷанг дар ҷаҳон буд, ки таърихи инсоният амсолашро дар ёд надорад. Зеро он замон Олмони фашистӣ бо қувваи зиёди ҳарбӣ, ки иборат аз 190 дивизия буд, ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ бо 5,5 миллион сарбоз, 3712 танк, 4 ҳазору 950 тайёраи ҷангӣ, 472 ҳазору 60 тӯп ва миномётҳо ҳамла овард. Фашистон дар муддати 2 моҳ қушӯнҳои Шӯравиро шикаст доданӣ буданд. Вале фашизм ба нияти бади худ нарасид. Баръакс, ҳуҷуми аҳдшиканона Артиши Шӯравиро ҷасуртару дӯстии халқҳоро қавитар гардонд. Ягонагии ҷабҳа ва ақибгоҳ мустаҳкамтар гардид».
Бояд ёдрас шуд, ки дар ин ҷанг, ки инак аз ғалабааш 65-сол сипарӣ мешавад, аз 1 млн. 250 ҳазор аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор шаҳрвандаш иштирок намуда, 92 ҳазор нафар аз майдони ҷанг барнагаштанд. Дар ин ҷанг барои қаҳрамониҳои бемислу монанд 54 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 18 нафар дорандаи се дараҷаи Ордени Шараф мебошанд, 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонида шудаанд.
Тибқи гуфтаи мусоҳибам, он замон тамоми саноатҳои ҳарбиро ба дигар кишварҳои ҳудуди Иттифоқи Шӯравӣ кӯчонидаанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ яроқ, парашют, тир ва дигар воситаҳои ҷангӣ тайёр мекарданд.
Дар давраи ҷанг аз сабабе, ки фурсат барои дар сафҳои армия гирифтани ҷавонон кам буд, онҳоро ба муддати се моҳ истифодаи воситаҳои ҷангиро ёд дода, баъд ба фронт равон мекарданд.
Яке аз сабабҳои асосии ғалаба бар фашизмро ҳамсӯҳбати дигарам иштирокчии ҶБВ Раҷаб Қурбонов дар якдилии мардум, муттаҳид ва мустаҳкам будани дӯстии халқҳо дар он давра медонад.
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ аз таърихи ин ҷанг чунин ёдовар мешавад: «Агар муттаҳидӣ намебуд, ғалаба намекардем. Агар мабодо халқи Шӯравӣ ғалабаро таъмин карда наметавонисту Олмони фашистӣ ғалаба мекард, албатта тамоми халқи 300-миллионаи Иттифоқи Шӯравӣ ғуломи Олмони фашистӣ мешуд».
Тавре аз гуфтаҳои мусоҳибонам бармеояд, он замон шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» тамоми халқи Шӯравӣ ва артиши мустаҳками онро муттаҳидтар карда буд. Ҳарчанд шиори пас аз ҶБВ «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» гузошта шудааст, вале имрӯз набераҳои онҳоеро, ки барои сарзамини Русия кушта шуданд, ҷонфидоӣ карданд, маҷрӯҳ шуданд, дар ҳамин кишвар неофашистони навбаромад кушта ба ватан равон мекунанд.
Рӯз то рӯз шумораашон ба шумораи қурбониёни ҶБВ баробар мешаваду мижаи нафаре аз ҳукуматдорони Русия таҳ намешавад.
Пас, оё мо воқеан барои озодии ҳамин САРЗАМИНИ ХУД ин қадар талафоти ҷонӣ додем?

Корнамоиҳо дар майдони ҷанг

Вақте аз корнамоиҳою фидокориҳои бобою бибиҳоямон огоҳ мешавем, беихтиёр сухани Сталин, ки боре ҳини ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба гуфта буд, ба ёд меояд: «Мо генералисимусҳо, маршалу генералу рутбаҳои олидор бе ҷанговарони қаторӣ, бе мардуми оддӣ ҳеҷ ҳастем. Мардум буд, ки Ғалаба ба даст омад ва пеш аз ҳама аз онҳо бояд сипосгузор буд. Нисбати онҳо бештар бояд ғамхорӣ кард!».
Дарвоқеъ, зиндагии ҳар яки онҳо бояд барони насли имрӯзу фардо сабақи зиндагӣ гардад. Зеро маҳз онҳо буданд, ки шиори «Дӯстии халқҳо» то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ устувор монду миёни мардуми 15 ҷумҳурии аъзо ягон кинаву адоват ва бадбиние вуҷуд надошт. Аммо имрӯз, ки Иттифоқи Шӯравӣ нест, насли нави соҳиби курсиҳои идоракунандаи кишвари Русия ба воситаи қувваҳои «пуштипардагӣ» дар симои сарсиёҳон душман метарошанд.
Қаҳрамони ҶБВ Раҷаб Қурбонов аз хотираҳояш чунин ёдрас мешавад: «Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши пурдоғи худро дар ҳар як оилаи тоҷик гузошта буд. Ҳамаи мардон ба фронт рафта буданду дар хона танҳо пирон ва тифлон монданд. Аз ҷумла, дар оилаи мо, ки яккаписар будаму падару модар пеш аз ҷанг моро тарк гуфтанд, ду хоҳари хурди худро танҳо калон мекардам. Аммо чун ба ҷанг даъват карданд, ба ин нигоҳ накарда, онҳоро гузошта ба майдони ҷанг рафтам. Он замон вақте ҷавонписарону мардонро ба майдони муҳориба мебурданд, мардум умед мекарданд, ки ин ҷанг ҳамагӣ чанд рӯзи дигар давом мекунаду бо ҳамин тамом. Аммо ҳайҳот. Ин бадбахтӣ солҳо идома карду занону духтарон низ ба майдони ҷанг равона шуданд».
Ҳарчанд аз он вақт 65 сол сипарӣ мегардад, вале бобои Рачаб бо душворӣ аз солҳои ҷанг ёдрас мешавад. Зеро дар майдони ҷанг бо вуҷуди душвориҳову ёди зудтар ғалаба кардан, хоҳарони хурдсолаш ҳамеша дар пеши назараш буданд. ӯ дар ин ҷанг ду маротиба захм бардоштааст, вале баъди сиҳат шудан барои аз худ садоқату қаҳрамонӣ нишон додан боз ба майдони ҷанг баргаштааст.
Ба монанди ӯ қаҳрамонҳо дар ин ҷанги мудҳиши таърихӣ зиёданд, вале дар бораашону дар бораи корнамоиҳояшон ҷое маълумот вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол, дар бораи ҷанговарони рус баробари китобҳову асарҳои махсус бахшидашуда сайтҳои интернетӣ онқадар зиёданд, ки ҳар қадар маълумоте хоҳӣ пайдо мекунӣ.
Чун пешрафти илму техника ва фарҳанги техникӣ мегӯему аз хизматҳоямон баҳри эшон ҳар бор ёдовар мешавем, оё вақти он нарасидааст, ки сайтеро дар бораи ҷанговарони ҶБВ таъсис диҳем?

Нақши мардуми ақибгоҳ

Омили дигари тезонидани ғалаба дар ҷанг ин заҳмати фидокоронаи пирону занон дар ақибгоҳ мебошад. Зеро бо вуҷуди гурӯснагӣ ва қаҳтӣ мардуми ақибгоҳ, занону кӯдакон ва пиронсолон бо шиками гурӯсна, зери офтоби сӯзону барфу борон баҳри ғалабаи аскарон заҳмат кашида, нони даҳону либоси танашонро ба майдони ҷанг, барои ҷанговарон равон мекарданд.
Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дар ин бора меафзояд: «Мардуми тоҷик дар ақибгоҳ ба фонди мудофиа зиёда аз як млрд. сӯм ва 40 ҳазор пут ғалла ворид карда буданд. Аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ҷамънамудаашон ба ҷабҳаҳои ҷанг 151 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор пӯшокаи гарм ва дигар ашёҳои лозима фиристоданд, ки ҳамаи ин дастгириҳо барои ғалабаро ба даст овардан буд».
Ғалабае, ки пас аз ЧОР сол, чор соле, ки миллионҳо нафар ҷони худро бохтанд, миллионҳо занону кӯдаконро бесаробону бесарпаноҳ кард, садҳо ҳазор корхонаву фабрикаҳо аз фаъолият бозмонданду ҳазорон деҳаву шаҳрак ва даҳҳо кишварҳоро вайрон кард — 9-уми майи соли 1945 ба даст омад.
Ҳамчунин, хизмати занонеро, ки дар таълимгоҳҳо барои бесавод намондани насли оянда мубориза бурданд, қаҳрамонӣ гуфтан мумкин аст. Зеро дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дуруст ба роҳ мондани вазъи таълиму тарбия ниҳоят нақши калон бозидаанд. Ин аст, ки онҳо низ бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шудаанд.
Яке аз чунин омӯзгорон — Мунзифа Ғаффорова мебошад, ки боре ҳини сӯҳбат аз фаъолияти омӯзгорияш дар айёми ҶБВ гуфта буд: «Вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду ҳама муаллимонро ҷанг бурданд, мани донишҷӯи курси дуро маҷбур карданд то дар курси тайёрии биологияи донишкада дарс диҳам. Ғайр аз ин, дар факултаи зоологияи Техникуми хоҷагии қишлоқ ба дӯшам соатҳои дарсӣ бор карданд».

Симои имрӯзаи қаҳрамонон

Аз анҷоми ин ҷанги мудҳиш як насли дигар пир мешавад, вале таассуфовар он аст, ки мо аз он рӯзҳои мудҳиш ва собиқадорони ин ҷанг дар як сол як бор — 9-уми май ёд мекунему халос. Он ҳам бошад дар шакли кӯмакпулии яквақтаина.
Аммо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бовар мекунонад, ки барои иштирокчиёни ҶБВ ҳам истироҳат дар осоишгоҳҳо, ҳам табобат дар ҳама касалхонаҳо ва ҳама намуди хизматрасониҳо ройгон ба роҳ монда шудааст. Вай мегӯяд, ки соли 2006 осоишгоҳи «Харангон» махсус барои иштирокчиёни ҶБВ ҷудо гардидааст ва ба онҳо лозим аст, ки танҳо аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ роҳхат гиранд. Инчунин, бо дигар осоишгоҳҳои кишвар шӯрои онҳо чунин як шартномае дорад, ки иштирокчиёни ҶБВ бо роҳхат метавонанд дар онҷо ройгон истироҳат ва ҳам табобат гиранд.
Вале дар Русия дар ин масъала Вазорати тандурустиаш вобаста шудааст, ки роҳхатро ба номи ҷанговарони ҶБВ ҷудо намуда, онҳоро ба осоишгоҳу табобатҷойҳо ирсол мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, қонунгузорӣ нишон додааст, ки табибон аз аҳволи он маъюбону ҷанговароне, ки аз хона баромада наметавонанд, ҳар ҳафта бохабар шаванд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бошад, бо боварӣ мегӯяд, ки иштирокчиёни ҶБВ аз ҳамаи он имтиёзҳое, ки қонуни ҶТ нишон додааст, пурра бархӯрдор ҳастанд.
Аммо бояд ёдрас шуд, ки 5 сол муқаддам яке аз имтиёзҳои асосии онҳо — истифодаи ройгони нерӯи барқро барҳам дода, 15 сомонӣ ба нафақаашон илова карданд, ки то имрӯз боиси нигаронии онҳост. Зеро бархе оилаҳое ҳастанд, ки дар хона даромади иловагӣ надоранду бо нафақаи эшон рӯз мегузаронанд ва барқи истифода кардаашон аз 15 сомонӣ зиёд мешавад.
Бо вуҷуди ин, иштирокчиёни ҶБВ имрӯз дар сохтмони НБО-и «Роғун» бетараф нестанд ва чун майдони набард барои харидани саҳмияҳо корнамоиҳо нишон дода истодаанд.
Тибқи иттилои раиси шӯрои номбурда, то имрӯз собиқадорони ҷангу мехнати се вилоят, ду минтақа, 18 шаҳр, 50 ноҳия, 882 ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба маблағи 2 633250 сомонӣ саҳмия харидорӣ намудаанд.
Дар Шӯрои собиқадорон 62 нафар аъзо ҳастанд, ки ҳар сари чанд вақт ҷамъ шуда, дар бораи вазифаҳои ояндаашон нақшаҳо мекашанд ва қарорҳо қабул мекунанд. Чун вазифаи шӯро масъалаҳои вобаста ба собиқадорони ҷангу меҳнатро баррасӣ кардану ба ҳукумат пешниҳод намудан аст.
Он собиқадорони ҷангу меҳнате, ки бо шикоят назди онҳо меоянд, асосан мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Яъне, бештари онҳо барои манзили истиқомативу замин ҷудо кардан муроҷиат мекунанд.
Аммо Раҳмат Қудратов мегӯяд, ки на ҳама вақт чунин масъалаҳои мушкилро амалӣ кардан иимконпазир аст. Зеро аҳолии Тоҷикистон рӯз то рӯз зиёд шуда истодаасту замин намерасад. Вале онҳое, ки аз ноҳияҳо муроҷиат мекунанд, мувофиқи имконият мо ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиату дархост мекунем, то кӯмак расонанд.
Айни ҳол, ки дар Тоҷикистон шумораи маъюбони ҶБВ кам шудаанду ҷавонтаринашон 86-87-сола мебошанд ва бисёрии онҳо беморанду мадори аз хона баромадан надоранд. Барои зиндагии хубтарашон бояд ҳукуматдорон онҳоро зери сарпарастии худ гиранд. Чуноне Раҳмат Қудратов мегӯяд, барои як ноҳия сарпарастӣ кардани 30-40 нафар ҳеҷ гапе нест. Масалан, дар шаҳри Душанбе раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ин иқдомро пеш гирифтааст.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: