Главная > Uncategorized > Ҷони сокинони Душанбе аз ҷони сокинони Ваҳдат қиматтар аст?

Ҷони сокинони Душанбе аз ҷони сокинони Ваҳдат қиматтар аст?

Мақомоти интизомии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанберо ба шаҳри Ваҳдат кӯчонанд. Ин тасмимро раиси Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов «ба хотири таъмини амнияту оромии бештари сокинони пойтахт» арзёбӣ кардааст. Баъзеи дигар далел овардаву сабаби кӯчонидани боздоштгоҳро ба наздик будани он ба манзили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт додаанд. Вале ин ҷо саволе посух мехоҳад, ки оё вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй ҳастанд? Кӣ гуфта метавонад, ки маҳбусони зиндонии Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқҳояшон дар амонанд? Ин дар ҳолест, ки масъулони идораи зиндонҳои Вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон гуфтаанд, ки то ҳол дар ин кишвар зиндони ягона барои муттаҳамоне, ки ба ҳабси абадӣ маҳкум мешаванд, вуҷуд надорад.

Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе изҳор намудааст, ки кулия зиндонҳои кишвар қадимӣ буда, ҷавобгӯйи шароити феълӣ нестанд. Ҳамчунин, Баҳром Абдулҳақов таъкид кардааст, ки аз сабаби корношоям будани асбобҳои зиндонҳо ва аз тарафи давлат харидорӣ нашудани онҳо бахши аслии корхонаҳои дар зиндонҳо мавҷудбуда аз фаъолият бозмондаанд, ки ин боиси боло рафтани мизони бекорӣ дар миёни маҳбусон ва афзоиши мушкилоти иқтисодӣ дар зиндонҳо гаштааст.
Модоме ки чунин аст, пас метавон ба ҷойи як боздоштгоҳро кӯчонидан, баръакс шароитҳои онро, ки дар он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, беҳтар намоянд? Охир Конститутсия ҳамаи шаҳрвандонро баробарҳуқуқ эълон кардааст-ку! Дар ҳоле, ки гуфта мешавад, ин тасмим ба хотири ба амнияти мардуми пойтахт таҳдид ворид накардан роҳандозӣ шудааст. Пас оё сокинони шаҳри Ваҳдат амният надоранд?
Андешаҳои коршиносон дар ин мавзӯъ гуногун арзёбӣ мешавад. Коршиноси масоили сиёсӣ Раҷаби Мирзо вобаста ба ин мавзӯъ мегӯяд: «Ин ҷо наметавон гуфт, ки ҷони сокинони пойтахт аз ҷони сокинони шаҳри Ваҳдат қиматтар аст. Ин гуна масъалагузорӣ кардан на ба доираи ҳуқуқӣ меғунҷаду на доираи меъёрҳои ахлоқӣ ва мантиқӣ. Бояд дақиқ кард, ки худи зиндониҳову боздоштгоҳҳо чӣ талаботҳо доранд ва дар тамоми дунё аз кадом роҳҳо истифода бурда мешавад. Масалан, ман дар Олмон дидам, ки зиндони асосияш дар маркази пойтахт — шаҳри Берлин ҷойгир аст ва маҳбусон имкон доранд тариқи тирезаву айвонҳое, ки ҳаст, берунро тамошо кунанд ва ба қадри озодӣ бирасанд. Инчунин, бубинанд, ки мардум чӣ гуна озодона зиндагӣ доранд ва ба фикр фурӯ раванд, ки онҳо аз озодию лаззатҳои зиндагӣ маҳруманд. Ана ин бештар таъсири равонӣ дорад барои он ҷурмҳое, ки онҳо содир кардаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ман фикр мекунам, ки ба куҷо бурдани зиндону боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон масъаларо ҳал намекунад. Гуфта ҳам намешавад, ки эътибори сокинони шаҳри Ваҳдат аз сокинони пойтахт пасттар аст. Ин гуна баҳогузорӣ кардан тамоман ғалат аст».
Аммо сиёсатшинос Абдулғанӣ Маҳмадазимов сабаби кӯчонида шудани ин боздоштгоҳи муваққатиро дар маркази пойтахт ҷойгир будан ва аз ин сабаб ба ҳусни шаҳр костагӣ ворид кардан арзёбӣ мекунад. ӯ зикр менамояд, ки дар тӯли солҳои истиқлолият дар маркази пойтахт будани чунин боздоштгоҳҳо аз мантиқ дур аст. Бинобар ҳамин, ба шаҳри Ваҳдат кӯчонидани онро кори хеле хуб арзёбӣ мекунад. Ҳамчунин, Абдулғанӣ Маҳмадазимов зикр менамояд, ки ин боздоштгоҳ бояд на дар маркази шаҳри Ваҳдат, балки дар кунҷи берун аз он ҷойгир карда шавад, то дар он ҷо ҳам ба шаҳрвандон таҳдид накунад.
Аммо ба ин савол, ки оё ин боздоштгоҳ дар тӯли чанд соли дар маркази пойтахт буданаш боре ба сокинон таҳдид ворид накардааст, мавсуф чунин посух гуфт: «Дар тӯли будани ин боздоштгоҳ ягон хел таҳдид набуд. Фақат ман гуфтанӣ ҳастам, ки он ҳусни зоҳирии пойтахтро коста мегардонад».
Сабаби дигари кӯчонидани ин боздоштгоҳро Абдулғанӣ Маҳмадазимов дар натиҷаи сол аз сол қимат шудани нархи замин дар шаҳри Душанбе арзёбӣ намуд ва тавре, ки ӯ мегӯяд, мумкин аст дар ҷойи ин боздоштгоҳ хонаҳои баландошёнаву қашанг сохта шавад, ки ба ҳусни шаҳр як зебоие зам мекунад.
Аммо созмонҳои хориҷӣ бе ин ҳам вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор баҳогузорӣ кардаанд. Созмони Афви Байналмилалӣ дар гузориши худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба таври усулӣ сурат мегирад. Ин Созмон мушкилоти вобаста ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро дар се замина — мавриди шиканҷа, маргу мир дар зиндонҳо ва боздошт ва муҳокимаҳои ноодилона инъикос кардааст. Ҳамчунин, Созмони Афви Байналмилалӣ иброз доштааст, ки соли гузашта дар зиндони Қӯрғонтеппа аз сабаби бадрафтории маъмурон зиндониён бо унвони эътироз рагҳои худро буридаанд.
Коршинос Раҷаби Мирзо дар робита ба сатҳи мушкилоти зиндонҳо меафзояд, ки имрӯз зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мушкилии дигар доранд. Яъне, чӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва чӣ аз нигоҳи гигиенӣ ба онҳо бояд таваҷҷӯҳ дод. Зеро он маҳбусон ҳам шаҳрвандони мо ҳастанд ва шояд баъзеи онҳо умуман гуноҳ содир накардаанду дар натиҷаи ноадолатиҳои суд ба ин ҷо афтида бошанд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло барои ҳар зиндонии дар маҳбасҳо буда дар як рӯз 1 сомониву 27 дирам сарф мешавад, ки ин маблағ барои таъмини зиндониён бо ғизои зарурӣ кифоягӣ намекунад. Аз ин лиҳоз, дар зиндонҳои Тоҷикистон бемории сил авҷ гирифтааст, ки дар соли гузашта 1530 зиндонӣ мубталои ин беморӣ шуда, 70 нафарашон фавтидаанд. Ҳамчунин, тибқи як иттилои манобеи ғайрирасмӣ, айни замон 12 ҳазор тан аз шаҳрвандони тоҷик дар зиндонҳои Русияву кишварҳои дигар умр ба сар мебаранд.
Ба андешаи Раҷаби Мирзо, масъалаи асосӣ дар куҷо будани зиндонҳову боздошгоҳҳо нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки воқеан ҳам зиндонҳои мо ба таҷдиди назар ва дигаргун кардани вазъияту меъёр рӯй оранд. Мақомоти судии Тоҷикистон агар мехоҳанд, ки ба он тағйироте ворид кунанд, бояд инро дар асоси ҳамоҳангӣ бо созмонҳои байналхалқӣ ва созмонҳои дифои ҳуқуқӣ ба роҳ монанд,- мегӯяд ӯ.

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: