Главная > Uncategorized > Абдураҳмон МАЛИК: «Ҷангҷӯёни тоҷик ба асорат афтоданд»

Абдураҳмон МАЛИК: «Ҷангҷӯёни тоҷик ба асорат афтоданд»

Вазири корҳои дохилии Покистон Абдураҳмон Малик 30-юми апрели соли 2010 ҷиҳати таҳким бахшидани раводид байни ду кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла мубодилаи иттилооту таҷриба, ҳамгироӣ дар мубориза ба ҷинояткории созмонёфтаи байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва экстримизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.


Ғайр аз ин, Абдураҳмон Малик изҳор доштааст, ки дар вилояти Вазиристони ин кишвар ҷангҷӯёни тоҷику ӯзбек ба муқобили нерӯҳои давлатии Покистон меҷанганд. Дар робита ба ин гуфтаҳо А. Малик афзудааст, ки мубориза бар зидди ифротгароёни ҷангҷӯ идома дорад ва айни замон қисме аз ҷангҷӯёни тоҷику ӯзбек дар Покистон ба асорат афтоданд. Аммо зикр накардааст, ки онҳо чӣ гуна ашхосанд ва чанд нафаранд ва ному насабашон чист, ки онҳоро як вазир пардапӯшона ба гурӯҳи «Ҷангҷӯён»-и тоҷик шомил месозад. Ҳамзамон ӯ дар бораи кушта шудани роҳбари ҲИӯ Тоҳир Юлдош ва роҳбари толибони Покистон Ҳикматуллои Мақсуд сухан гуфта, вале ҳақиқати ҳолро рад ва ё тасдиқ накардааст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро вазири корҳои дохилии Покистон дар мавриди хатарноктарин шахсоне чун Тоҳир Юлдош ва Ҳикматуллои Мақсуд кушоду равшан ибрози назар намудааст, аммо дар бораи ному насаби «ҷангҷӯён»-и тоҷики ба асорат афтода чизе намегӯяд? Шояд миёни он «ҷангҷӯён» нафарони хатарноктар аз Тоҳир Юлдош ва Ҳикматуллои Мақсуд мавҷуд бошад?

Тасдиқи ҳукм ё ҷазои ҷиддитар

Сайид Иброҳими Назар, узви Шӯрои ҲНИТ  ва коршинос дар умури дину мазҳаб ин масъаларо аз воқеият дур ва як фазосозӣ медонад. ӯ аз эҳтимол дур медонад, ки ҷангҷӯёни тоҷик дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд. Тавре ӯ мегӯяд: «Гумон намекунам, ки тоҷикон ба шакли гурӯҳе густурда дар ин ё он гӯша вуҷуд дошта бошанд. Бар замми он, ки тайи ин солҳо аз назар дур намемонанд. Агар ягон нафаре дар ягон гӯшае бошад, ман эҳтимол гуфта наметавонам, вале маълум аст, ки як фазое ҳаст, ё ин ки зидди тоҷикон ҳам дар Осиёи Марказӣ ё Афғонистону Покистон вуҷуд доранд, ки инҳо гоҳ-гоҳе кори худро мекунанд».

Аммо коршиноси масоили сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов чунин як изҳороти вазири корҳои дохилии Покистон ва бо риояи усули дипломатӣ аз ифшои ному насаб ва шахсияти ҷангҷӯён худдорӣ карданашро амри воқеӣ ва дуруст меҳисобад. Ба ин ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон ҷавобгарӣ надорад, зеро ки тибқи қарори марбути парлумон ё раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба он ҷо сафарбар нашудаанд,- мегӯяд ӯ.

Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Покистон, ки бархе аз ҷангҷӯёни тоҷик ба асорат афтодаанд, меафзояд, ки «ба ҳар сурат, мақомоти таҳқиқот ва тафтишот моҳиятан парвандаро оғоз ва баррасӣ кунад ва додгоҳи ин кишвар, вақте ки онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад, дар натиҷаи ҳукми қонунӣ пайдо кардани қарори суд метавонад тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса, ҳам номашон ва ҳам аломатҳоеро, ки дар рафтору кирдори онҳо буд, муайян намояд. Минбаъд Тоҷикистон метавонад ба таври расмӣ муроҷиат кунад, зеро ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва аз рӯйи ҷазояшон бояд дар муассисаҳои махсус, яъне зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда шаванд. Ҳамзамон тибқи асноди ҳуқуқҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон ҳақ дорад, ки бори дигар парвандаи онҳоро баррасӣ кунад ва дар сурати воқеан раднопазир будани далелу аснод ҳамон ҳукмро тасдиқ кунад ва агар не, пас метавонад аз сари нав ҷазои ҷиддитареро пешбинӣ намояд».

Тоҷикони Вазиристон киҳоянд?

Тавре расонаҳои хабарии байналмилалӣ иттилоъ додаанд, нерӯҳои Осиёи Миёнагие, ки дар ҳайати толибони Покистон қарор доранд, аз гурӯҳҳои ҲИӯ ва бархе аз унсурҳои хурди боқимондаи мусаллаҳони оппозитсионии собиқ давлати Тоҷикистон иборатанд, ки ба шароити сулҳи Тоҷикистон розӣ набуданд. Ҳамчунон, гуфта мешавад, ки баъди соли 2000-ум ба ин гурӯҳҳо афроде аз сарбозони мухолифине, ки дар Тоҷикистон бо содир кардани ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мешуданд, ҳамроҳ гардидаанд. Ғайр аз ин, ба иттилои шореҳони авзои Покистон, ҳамчунин дар миёни ҷангиёни вилояти Вазиристони ин кишвар метавонанд таҳсилкардаҳои солҳои қаблии мадрасаҳои Покистон, ки тоҷикон низ он ҷо буданд, вуҷуд дошта бошанд.

Ба андешаи коршинос Шокирҷон Ҳакимов, ин ҷо собиқ иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик ва ё худ Ҳукумат гуфтан аллакай муҳим нест. Дар ҳоле, ки онҳо дар Халиҷ ҳастанд ва ҷанговари кироя маҳсуб меёбанд. Аз ҳамин хотир, барои онҳо арзиш ё масъулияти миллӣ вуҷуд надорад ва ҳадафи ниҳоии онҳо тариқи иштирок дар ҷанг ва ба анҷом расонидани амалҳои мушаххас ва дар доираи қарордод ба даст даровардани фоида аст. Дар робита ба ин Шокирҷон Ҳакимов меафзояд, ки «баъди ҳодисаҳои маълуми оғози солҳои 1990 дар Тоҷикистон дар робита ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷанговарони кироя низ ташаккул ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб онҳо дар заминаи шарту шароите, ки пешниҳод мешавад, новобаста аз кишвар ва дине, ки он ҷо ҳаст, дар сатҳи муносибат ва равобит миёни Тоҷикистон ва ин давлати мушаххас метавонанд, ки ба амалҳои ноосоишта, аз қабили ҷиноятҳои хусусияти байналмилалидошта даст зананд. Аз ин хотир, ин як намуди ҷинояти байналмилалӣ мебошад ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ин масъаларо, ки дар ҳудуди қаламрави Покистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ҳамин ҷиноят содир шудааст, танзим менамояд. Мақомоти таҳқиқот ва тафтишот бошад, моҳиятан масъаларо ҳал ва баррасӣ карда, баъдан додгоҳ ҳукмашро эълон мекунад».

Вобаста ба ин мавзӯъ хостем аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоте дастрас намоем, ки оё аз ҷониби мақомоти масъули кишвари Покистон ягон санади расмӣ ирсол шудааст ва оё маълум аст, ки он тоҷикони боздоштшуда чанд нафаранд ва чӣ ному насаб доранд? Дар ҷавоб ба мо сухангӯйи ин вазорат Давлат Назрӣ иброз дошт, ки «пас аз чунин иттилоъ додани вазир масъала омӯхта мешавад ва айни ҳол раёсати дахлдори мо бо сафорати мо дар Покистон дар тамос мешаванд ва ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд. То ҳозир мо роҷеъ ба ин мавзӯъ ягон маълумоти дурусте надорем».

Ҳамкориҳои дигар

Ахиран ҳамкориҳои амниятӣ байни Тоҷикистон ва Покистон вусъат пайдо карда истодаанд. Далели онро сафари вазири мудофиа ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба он кишвар арзёбӣ мекунанд. Афзоиши ин ҳамкориҳо ва сафарҳои зиёди ин ду кишвар ба назари коршиносон бозгӯйи он аст, ки Тоҷикистон ва Покистон аз ноҳияҳои дучори задухӯрдҳои умумӣ нигаронанд.

Дар ҷараёни сафари худ вазири корҳои дохилии Покистон Абдураҳмон Малик зикр кардааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст ва бародар аст. ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои содироту воридоти мол ва густариш додани равобити тиҷоратии худ метавонад аз иқтидори транзитии бандари Гвадари Покистон бе монеа истифода барад. Ғайр аз ин, Абдураҳмон Малик бунёди хати 500-килловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистонро, ки тибқи лоиҳаи «КАСА-1000» бунёд мешавад, барои рушди иқтисодии ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин, дар мулоқотҳо вазири корҳои дохилии Покистон аз равобити пайваста ва ҳамкории сеҷонибаи миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Федератсияи Русия, ки рӯ ба густариш доранд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: