Главная > Uncategorized > Астағфируллоҳ!!!

Астағфируллоҳ!!!

Дар ҳақиқат имрӯз масъалаи муҳоҷират яке аз масъалаҳои мубрам дар ҷаҳон аст. Дар кулли сайёра шаҳрвандони кишварҳои сеюм бештар ба кишварҳои якуму дуюм барои ёфтани ризқу рӯзии фарзандони худ сафар мекунанд. Масъалаи муҳоҷират дар Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Муҳоҷирони мо бештар ба Федератсияи Русияву Ҷумҳурии Қазоқистон сафар мекунанд. Ҳар сол маблағи тариқи бонк равонкардаи муҳоҷирони тоҷик зиёда аз 70%-и буҷаи давлатро ташкил медиҳад. Вале аҳволи онҳо дар Русияи ба мо шарики стратегӣ аз аҳволи ғуломони даври феодалӣ ҳам бадтар аст.

Аз таҳқиру беқадрии ҳаммиллатони мо дар Русияи «дӯст» бисёр мегӯянду менависанд. Нангинтар аз ҳама, сол то сол зиёд шудани «Груз-200»-и тоҷикони шикамгурӯснае, ки яке барои ризқи худу фарзандон, дигаре барои ҷамъ намудани маблағ барои оила барпо намудан бо хазорон орзу мераванду даруни сандуқи оҳанин меоянд, ба мушоҳида мерасад. Вале чун инҷо дар боби таҳқири миллати худ гуфтем, бояд чизи дигарро низ ёдовар шуд, ки ҳаммиллатони мо бо якдигар дар ин мулки ғарибӣ чӣ муносибат доранд.

Ман бо тамоми боварӣ гуфта метавонам, ки ҳамватанони мо тифоқ (мардуми Бадахшон кам-кам бедортаранд) нестанд. Тарсутарин миллат дар Русия тоҷик аст, ки ҳамватани худро ба ду пул мефурӯшад. Ҳатто борҳо мехонему мешунавем, ки чи тавр тоҷик аз ҷониби тоҷик ба қатл расонида шудааст. Ҳатто чанд ҳафта пештар дар матбуот низ чунин як матлаб ба нашр расида буд, ки зани тоҷик бар ивази хубиҳояш аз ҷониби марди тоҷик ба қатл расонида шуд. Мард қарзи он занро баргардонида натавониста, ӯро бурда дар ҷангал ба қатл мерасонад. Худоё, моро дар паноҳат нигаҳ дор, то ба ин гуна ҳамиллатон рӯ ба рӯ нагардем, ки ивази хубӣ бадиро медонанд!

Матлаби мо низ дар ҳамин маврид аст. Яъне, таҳқири зани тоҷик аз ҷониби «ҷавонмардони баору номуси тоҷик». Ба аксҳо нигаред! Оё миллате, ки худро мусалмон медонад, нисбати хоҳару модари худ чунин амалро раво мебинад? Ин навор баногоҳ ба дастамон афтоду аз диданаш бисёр нороҳат шудем. Ин ҷавонон, ки худро пуштибони ислом нишон доданӣ мешаванду гӯё номуси як духтари тоҷик барои онҳо хеле зарур аст, худ кореро ба сомон мерасонанд, ки ҳатто як инсони бедин наметавонад онро нисбати як зан — модар раво бинад.

Ин мардони «баномус»-и тоҷик ба ду зани ҳаммиллати худ бо ҷурми он, ки бо ким — кадом чечен ҳамхобагӣ намудаанд, чунин азобро раво дидаанд.

Ҳангоми бодиққат тамошо ва гӯш кардани навор дақиқ мегардад, ки ин ҷавонон дар ҳақиқат бо он чечен шиносоӣ доранд. Ба гуфтаи падарам, «ҳамааш хуки як подаанд». Зеро, вақте яке аз он ҷавонон аз ин духтари сартарошида мепурсад, ки «ту ба кадом номусат ин корро кардӣ? Чеченда д…», он зани аз тарс худро гумкарда мегӯяд: «Охир қати чечен худтон маҷбур карден-ку!». Бубинед, ин мардони «баномус» зани тоҷикро маҷбур сохта, ҳамхобаи миллати дигар намудаву имрӯз, ки шояд боз гапашон дар ягон «савдо»-и дигарашон напухтааст, худро пуштибони ислому номуси духтари тоҷик нишон доданӣ мешаванд! Ё боз, мепурсад, ки «армянам г…?». Чун он зан «не» мегӯяд, ин мард ба таҳдид мегузарад: «Агар телефон кунам, гӯяд, ки г…м, як тират мезанам!». Дидед! Акнун маълум, ки онҳо ҳам арманиро мешиносанду ҳам чеченро, чун лаҳза ба лаҳза такрор мекунанд: «Агар телефон кунам…».

Аз ҳама аламовараш дар ин саволу ҷавоб он аст, ки ин мардони дур аз имону одамгарӣ аз он зан мепурсанд: «Армян дар даҳонат г…». Пас, вақте ин ҷавонон ба зани тоҷик чунин суол медиҳанду боз онро дар телефони мобилӣ сабт менамоянд, фикр намекунанд, ки ин навор ба дасти бисёриҳо афтида, то ба ин дараҷа паст будани зани тоҷикро таблиғ мекунад!? Боз, ба фикрам, сардори онҳо «қорӣ» будааст, чун зуд — зуд онҳо «қорӣ» гуфта муроҷиат мекунанд. Онҳо низ аз ин амали носавоби худ чизеро пай бурдаанд, ки ҳангоми саволу ҷавоб бо он духтарон ёдрас мекунанд: «Номамона нагир!». Он духтарон бошанд, ду номро ба забон меоранд: «Қорӣ» ва «Руслан».

Албатта, тибқи қонуни ислом зония (зану марде, ки оиладоранду зино мекунанд) бояд сангсор карда шаванд. Вале ин амал дар ҳолате ки ин мардони «баномус»-у «баимон»-и мо нишон медиҳанд ва дар ин даврон ҳеҷ рост намеояд.

Аввалан, аз нигоҳи Ислом ва ахлоқи инсонӣ дашном додан гуноҳи бузург аст. Шумо бошед, аз аввал то охир чи қадаре ки тавонистед, ҳақорат намудаву худро ба навор гирифта, реклама кардаед. Шарм доред, «муллоча»-ҳои беномус, шарм!!

Дуюм, агар ту «қорӣ» бошиву пуштибони ислом, чаро ҳарду зан ва мардро ҷазо намедиҳӣ? Чунки он армяну чечен дӯстони туянд!!

Сеюм, магар Ислом иҷозат додааст, ки дасти марди номаҳраме ба тани зане расад? Ба тан чи ки дидани тани номаҳрам ҳаром аст. Боз, дар сӯҳбати шумо он зан чунин мегӯяд: «Руслан, я тебе обещала, что приду и дам тебе». Астағфируллоҳ!!! Худовандо, чунин «қорӣ»-и зинокори бедину беимонро  ҳидоят намо, то пуштибони ҳамиллатони худ бошад, на «папароза»-ву душман. Зеро аз тарзи суханронии онҳо дар навор маълум аст, ки дастони хеле дароз доранд. Чун сари ҳар ҷумла «мепарронам» гуён, таҳдид мекунанд.

Агар шумо инқадар қудрат дошта бошед, чаро ана ҳамин модарону хоҳарони дар ғарибӣ бударо зери қаноти худ намегиред, то аз таҳқири дигар миллатҳо эмин бошанд? Агар шумо «зӯред», чаро зӯриятонро як бор ба он арманиҳое, ки (Мартиросян ва Галустян) шуморо ҳамчун миллати бесаводу девона тарғиб мекунанд, нишон намедиҳед? Чунки шумо тарсуву дурӯяву фурӯхташудаед! Зӯратон фақат ба ҳамиллатони бе пушту паноҳи худатон мерасад! Мусулмон шаведу ғурури миллиятонро дар ҳақиқат барои миллат кор фармоед! На ин коре, ки шумо содир намудаву духтари тоҷикро бори дигар паст нишон додан хостед.

Машав муллову суфӣ, шайхи Канъон,

Мусалмон шав, мусалмон шав, мусалмон!

Мо бошем, умед дорем, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва намояндагиҳои кишварамон дар хориҷа чунин масоилро меомӯзанд, ҷилави «зӯр»-ҳоро мекашанду лаҳни тундашонро нарм мекунанд.

Пурдили МИРЗО

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: