Главная > Uncategorized > Дастрасӣ ба «чеҳраҳои дастнорас»

Дастрасӣ ба «чеҳраҳои дастнорас»

Кас то андозае ҳайрон мешавад, ки то ин дам раисон чӣ вазифаеро анҷом медоданд? Магар вазифаҳои ба зимма доштаашон ислоҳи камбудиҳои ҷомеаву ба доди мардум расидан нест? Агар нест, барои чӣ таъин гардидаанд? Агар роҳбарони аввал вазифаеро иҷро намекунанд, пас чӣ лозим аст шахсони дуюму сеюму чорум…? Ҳамин бемасъулиятии раисон Президенти кишварро водор кард, то такрор намояд, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.

«Баъд аз дастури Президент муроҷиати шаҳрвандон афзудааст»,- ин хулосаи роҳбаронро журналистони телевизион бо тантана такрор намуда, бо умед  илова мекарданд, ки сафи шаҳрвандони муроҷиаткунанда рӯз то рӯз боз ҳам зиёд мешавад.

Дар воқеъ, ҷомеаи тоҷик одат кардааст, ки то Президент фармоне қабул накунад, аз пеши худ аз пайи ислоҳи камбудӣ намешавад. Зеро ҳар дафъа паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҷаласаҳои Ҳукумат водор мекунад, ки натанҳо мансабдорон, балки оддитарин шаҳрванд аз хоби гарони худ бархезанд.

Ин дафъа бошад, нуқтаи аз ҳама таҳрикдиҳанда — ин ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарон мебошад. Пас аз паёми навбатӣ тариқи телевизион маъракаи тарғиботии қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия, вилояту идораву вазоратхонаҳо намоиш дода мешавад. Масъулин бошанд, шарм надошта, ифтихор ҳам мекунанд, ки паёми Президент онҳоро маҷбур сохтааст, то минбаъд ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандони муроҷиаткунандаро қабул кунанд. Ҳол он ки, ин вазифаи ҶОНОҶОНИи эшон аст. Ва ҳар кадоме дар ҷадвали кориаш рӯзи қабули шаҳрвандонро ҷудо кардааст.

«Давондан»-и расмӣ?

То ин дам кашол ёфтани ҳалли ҳатто хурдтарин мушкилот пушти парда меистод. Аз суханони ҳар нафар расман тариқи телевизион дарк кардан мумкин буд, ки солҳо боз ба дари идораи роҳбарон меоянду мушкилашон ҳеҷ не ки ҳал шавад. Ҳамон тавре ки як саҳначаи гурӯҳи ҳаҷвии «Хандинкамон» дорад, барои як имзо солҳо боз корафтодаро «футбол» мекунанд.

Ин нуктаро Президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии хеш тасдиқ намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол то сол меафзояд ва яке аз сабабҳои он аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарияти тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони аввали вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супориш дода мешавад, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд».

Аз ин ҷо кас то андозае ҳайрон мешавад, ки пас то ин дам онҳо чӣ вазифаеро анҷом медоданд? Магар вазифаҳои ба зимма доштаашон ислоҳи камбудиҳои ҷомеаву ба доди мардум расидан нест? Агар нест, барои чӣ таъин гардидаанд? Агар роҳбарони аввал вазифаеро иҷро намекунанд, пас чӣ лозим аст шахсони дуюму сеюму чорум…? Ҳамин бемасъулиятии раисон Президенти кишварро водор кард, то такрор намояд, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.

Аммо роҳбарони мо гӯё аз ин вазифаи худ нав огоҳӣ пайдо карда бошанд, баъди ин супориш дарҳол рӯзи шанбеи гузашта ҳамагӣ масъулият эҳсос кардаву мардуми мушкилдоштаро қабул карданд. Чун то ин дам чеҳраҳои бархе аз роҳбарони аввал барои мардуми оддӣ мисоли ситораи осмон дастнорас буданд, акнун ҳар рӯзи шанбе хоҳанд нахоҳанд, бояд бо мардум рӯ ба рӯ вохӯранд. Агар ин ҳам муваққатӣ набошад.

Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки амалишавии ин супориш ду карат ду аст, аммо суоли кушода ин аст, ки оё мушкилоти мардум ҳалли худро меёбад ва ё «давондан»-и корафтодагон акнун тариқи расмӣ сурат мегирад? Яъне, аз як шанбе ба шанбеи дигар?

Мушкилоти дигар низ ҳаст

Масъалаи дигаре, ки мардумро ба ташвиш овардааст — ин зарари телефонҳои мобилӣ мебошад. Рӯзе нест, ки дар ин мавзӯъ аз деҳқон сар карда то мутахассисон сухан нагӯянд.

Акнун ҳама аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки антеннаҳои шабакаҳои мобилӣ дар нуқтаҳои аҳолинишин насб карда шудаанду ба одамон зарар мерасонанд.

Масъулини мӯҳтарам, магар шумо зарари онро то кунун намедонистед? Чаро барои насб кардани онҳо иҷозат дода мешаваду баъди он ки Президент аз зарари телефонҳои мобилӣ сухан ронд, дарҳол барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатӣ қатор мешаванд? Чаро то ин вақт касе аз ин наандешиду шумораи ширкатҳои мобилӣ зиёд шуд?

Аммо чизи тааҷҷубовар дигар аст, ки чаро дар ин паём аз инҳо дида масъалаҳои муҳимтари дигаре буданд, вале танҳо ҳамин масъала дар ҳама шабакаҳои ВАО-и давлатӣ аз субҳ то шом баррасӣ мешаванд.

Чаро ҳангоме, ки хонандагони мактабу донишҷӯён, фаррошону нафақахӯронро маҷбур месозанд то саҳмия харанд, вале дар ҳамин ҳол Президенти мамлакат бори дигар таъкид месозад, ки дар ҷараёни фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии НБО-и «Роғун» набояд ба маҷбурсозӣ ё фишороварӣ роҳ дода шавад, чизе намегӯянд?

Ё ин ки, барои сохтмони роҳҳо пули калон ҷудо шудану роҳҳои ғайристандартӣ сохтан масъалаи муҳим нест? Масалан, роҳи то нақби «Озодӣ» аз самти Душанбе аллакай вайрон шудаву бисёр ҷойҳояш фурӯ рафтааст.

Дар ин маврид дар паём омадааст: «Зарур аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмон дар масъалаи ба стандартҳои муосир ҷавобгӯй намудани сифати иншооти сохташаванда чораҳои дахлдор андешида шавад. Пеш аз ҳама, Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохторҳои лоиҳакашӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи ҳамаи бинову иншоот истифодаи таҷҳизоти техникии каммасрафи барқиро ҳатман ба назар гиранд. Инчунин, назорати қатъии иҷрои корҳо, сифати онҳо ва дар айни замон сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд».

Ана ин масъаларо месазад, ки масъулини мӯҳтарам барномаҳои «тарғиботӣ» созанд. Ку, мансабдорони мо оё самти фаъолияти худро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳанд ё не!?

Имрӯз аз ҳама масъалаи нозук — ин муносибати ҷумҳурии ҳамсояи ӯзбекистон нисбати сохтмони НОБ-и «Роғун» мебошад, ки ВАО-яшон як сӯ истад, фишороварӣ дар сарҳаду гумрук то ҳанӯз идома дорад, аммо вакилону масъулин ин мушкилро ҳал карда натавонистанд. Ин нуктаро ҷои дигар Президент ба вакилони мӯҳтарам муроҷиат карда, чунин изҳор доштааст:

«…Биёем сари масоили обу энергетика, ки аз муҳимтарин мавзӯъҳои доғи рӯз гаштааст. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қасди яккатозӣ дар ин майдонро надорад, балки ҳамеша аз пешниҳодкунандагони ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин ҷода ва умедвори аз ҷониби ҳамкорон ва шарикони минтақавӣ амиқан дарк намудани ҳадафҳо ва ормонҳояш будааст.

Дар ин робита бори дигар мехоҳам нуктаҳои зеринро таъкид намоям:

Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташвишу шубҳаҳои ҳамсоягони худро аз назар дур накардааст ва Ёддошти тафоҳуме, ки байни кишвари мо ва Бонки ҷаҳонӣ ба наздикӣ имзо шуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Мо омодагии хешро ба ташхиси иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи «Роғун» иброз доштем ва ман ба сарварони давлатҳои минтақа дар ин бора расмӣ иттилоъ додам».

Хулоса, агар вакилону роҳбарон наметавонанд аз пеши худ, бе супориши Президент кори манфиатовареро анҷом диҳанд, пас ҳамингуна масъалаҳои муҳим дар ин паём зиёданд.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: