Главная > Uncategorized > Ингилис муллои мо салафия

Ингилис муллои мо салафия

Мункиру мазҳабситез салафия,

Худбину суннатситез салафия.

Душмани оли Расулу уламо,

Пурғуруру пурғирев салафия.

Бенамози суннату андар намоз,

Фитнаҷӯву фитнагар салафия.

Бетаҳорат бонги аналҳақ мезананд,

Бефаросат, пуркасофат салафия.

Мункири дин, мункири асҳоби дин,

Мункири аҳли салаф салафия.

Садҳазорон муслиминро куштаанд,

Дар Мадинаву Макка салафия.

Инфиҷору даъвативу такфирӣ,

Фирқаи ваҳҳобия — салафия.

Иддао доранд Худо дорад макон,

Дар ҳарими боми Арш салафия.

Пайкару ҳадду ҳудуд дорад Худо,

Мегӯянд: Язидия — салафия.

Оразу дасту ҷисм, по дорад Худо,

Иддаои ҷоҳилон салафия.

Мункири тақлиду пур мушкил ро(ҳ),

Пайрави аъдои дин салафия.

Аз азони рӯзи ҷумъа дар азоб,

Фирқаи тоғутпараст салафия.

Ришдарозу муштгиреҳу тундгаро,

Муштабеҳи Чингизхон салафия.

Тундхӯю  тундгуфтор бедаранг,

Зоғминқор, моркирдор салафия.

Дар либоси дин хеш оростаанд,

Ингилис муллои мо салафия.

Саҳюнист пешвои дин, ағёри дин,

Раҳбару муллои дин салафия.

Корвони дин мудом андар сафар,

Корвонро раҳбалад салафия.

Киштии динро Худо дорад нигоҳ,

Киштиронам нохудо салафия.

Тундбоду гирдбоду сад бало,

Умматонро дар камин салафия.

Ингилисам киштисозу киштирон,

Дар раҳи дини мубин салафия.

Гургро мебин чӯпонӣ кунад,

Дар баҳори гулфишон салафия.

Гургчӯпонро набояд хӯрд фанд,

Хун резад мӯъминон салафия.

Кай раҳм орад гург бар барра,

Гурги динанд фирқаи салафия.

Гургонанд, ки шабохун мезананд,

Дар ҷиҳоду иҷтиҳод салафия.

Муслиминро иттиҳод мебоядо,

Дар шинохти язидия — салафия.

Умматонро соддагиҳо бас аст,

Дар шинохти фирқаи салафия.

Душмани аҳли тариқат ин гурӯҳ,

Пайрави Ҳамферу Албон салафия.

Тарки суннат шеваи эшон бувад,

Мункири меъроҷшаб салафия.

Рафъи ядайн ифтихори мункирин,

Мункири дини мубин салафия.

Иттиҳоди муслиминро бигсиланд,

Мункири зикру дуо салафия.

Аз тавассул дар канору дар гурез,

Фитназову фитнагар салафия.

Аз шароби лоязолӣ дур бод,

Душмани шеъри дарӣ салафия.

Садҳазорон фитнаҳо ангехтанд,

Дар ҳарими дилу дин салафия.

Ҳар яке гӯяд худро муҷтаҳид,

Рӯбаи гумкарда раҳ салафия.

Уламоро ҳеч медонанд ҳеч,

Ин ҳама ёрони Ҳарқус салафия.

Муддайии дину аъдои динанд,

Пайрави ваҳҳобиён салафия.

Буд қабри Мома Ҳаво дар Ҷидда,

Карда вайрон онро салафия.

Мункири раъю иҷмову қиёс,

Чокдулойю Закӣ салафия.

Дар талошу бозгири ҳукумат,

Дар ҷиҳоду иҷтиҳод салафия.

Сеталоқаро намедоранд қабул,

Дар замири зиндагӣ салафия.

Менадоранд зиёратро қабул,

Мункири аҳли қубур салафия.

Мавдудиву қодиёнӣ сифатанд,

Мункири аҳли суннат салафия.

Язидиву насириву ҷаҳмиянд,

Фирқаи бемазҳабон салафия.

Душмани сӯфиву бемазҳабанд,

Мункири ирфону фан салафия.

Почаҳо болову дилҳо пурғирев,

Муниси ҷони Даҷҷол салафия.

Аз алафаш хари Яҳуд хушҷарас,

Фирқаи мазҳабситез салафия.

Бегуноҳро кофару мушрик гӯянд,

Ингилису арабанд салафия.

Бар Расул (с) сад дурӯғҳо бастанд,

Бадсиголу рӯсияҳ салафия.

Мар имонро се асл донанд раво,

Коҳилу мазҳабгурез салафия.

Қавли Бӯҳанифаро мункиранд,

Мункири Бӯҳанифа салафия.

Нияти ғуслу намозро ғофиланд,

Фирқаи нопоку ғаж салафия.

Мункири дуову дастбардоштан,

Дар намозу фотеҳа салафия.

Аз дуои дастҷамъӣ дар гурез,

Фирқаи торикуссуннат салафия.

Аз салавоти Расул (с) пуркин шаванд,

Дар намозу дар дуо салафия.

Дар ақида навгароӣ мекунанд,

Худфиреб, мардумфиреб салафия

Ҳамчу қалоғ сӯи мурдорӣ паранд,

Аз ҳарими поки дин салафия.

Хутбаи никоҳ намедоранд қабул,

Дар суннат язидия — салафия.

Дар таҳорат менамешӯянд пой,

Масҳ дар ҷуроб дорад язидия.

Ҳам хайротро гӯянд бидъат аст,

Фирқаи ваҳҳобия — салафия.

Дар сари манзил намехонанд дуо,

Фирқаи торикдуо салафия.

Бар тавассулу табаррук мункиранд,

Душмани истиғоса салафия.

Бар Бухориву Муслим хӯрдагир,

Мункирҳадис қуръония — салафия.

Фитназову фитнабофу фитнагар,

Мункири ҳадисуннабӣ қуръония.

Бар муҳаддисин бастаанд сад дурӯғ,

Бардурӯғанд фирқаи язидия.

Сирри эшонро набояд фош кард,

Худфурӯшанд фирқаи салафия.

Эй Муҳақкиқ, ғами дин мебоядат,

Дингурезу динситез салафия.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: