Главная > Uncategorized > «Муаллимони 10-сӯма ва 30-сӯма»

«Муаллимони 10-сӯма ва 30-сӯма»

Ё худ, «таҳсили 12-сола»-и

Абдуҷаббор Раҳмонов зарур аст?

Мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ минбаъд 12-солаи ҳатмӣ хоҳанд шуд. Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, ки ин тасмим баҳри баланд бардоштани сифати касбии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Таҷрибаи таҳсили 12-сола дар баъзе кишварҳо мавҷуд буд ва амал мекард. Дар ин росто Ҷумҳурии исломии Афғонистонро метавон мисол овард, ки соҳаи маорифаш бо чунин система фаъолият дорад. Дар бештари кишварҳои Ғарб системаи 12-сола амал мекунад. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ чунин андеша дорад, ки ҳар касе мехоҳад хонад, дониши худро мустаҳкам кунад, 12 сол бояд таҳсил кунад, баъд барои ояндаи худаш як роҳи наверо мекушояд.

Аммо дар ҳамин маврид баъзе коршиносон мегӯянд, ки то имрӯз чаро ба системаи мазкур нагузаштему маҳз акнун? Шояд ин пешниҳоди давлатҳое бошад, ки ба ин система гузаштаанд ё ягон созмоне, ки мехоҳад дар ин самт маблағгузорӣ кунад. Вале Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки ин пешниҳод аз ҷониби ягон давлати дигар нест, ин як раванди умумиҷаҳонист ва аз ин сабаб ин на танҳо хоҳиш ё тасмим Вазорати маориф аст, балки як талаботи байналмилалист. Инчунин ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, хондани духтарҳо, як сол баъд ба шавҳар баромадани онҳо, аз тарафи падару модар пеш аз мӯҳлат ба шавҳар надодан ва ғайра. Дар ин 12 сол метавонем, ки қисми зиёди хонандагонро бо касбу фанҳои гуногун шинос намоем, забони русиву англисиро бештар омӯзонем ва бо ин имконияти ба хориҷа на ҳамчун аробакашу мардикор фиристодан, балки ба сифати як шахси соҳибкасбу соҳиби донишу забондон пайдо мегардад. Ин сифати касбии шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистонро зиёд мекунад,- иброз медорад ҷаноби Сафаров.

Аммо дар он мамолик мушкили нарасидани кадр ҳалли худро ёфтааст. Дар Тоҷикистон то ҳол мушкили нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои миёнаву олӣ вуҷуд дорад ва бо ҷорӣ кардани таҳсили ҳатмии 12-сола боз талабот ба муаллим зиёд мешавад. Дар ин ҳол Вазорати маориф чӣ гуна метавонад мушкили бе ин ҳам ҳалношударо бартараф кунад?

Ҳоло ба гуфтаи вазири маориф танҳо 12 омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ намерасад. Вале ба гуфтаи вазир то кадом андоза метавон эътимод баст? Дар сурате, ки дар баъзе деҳаҳо то ҳол муаллими забони русӣ нест, чӣ расад ба омӯзгори забони англисӣ ё дигар забонҳо. Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимолан ҷойҳои холӣ пур шуда бошад, аммо пур кардани ҷойи холӣ маънои онро надорад, ки мушкили нарасидани мутахассис ҳалли худро ёфта бошад. Доктори илмҳои таърих Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки бояд ҳар фанро устоди соҳибилм, ки мутахассиси ҳамон соҳа аст, дарс диҳад. Барои ин ки воқеияти амиқро бифаҳмем, ба шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти умумии толибилмон назар афканед, мебинед, ки дар он фанҳои омӯхтанашуда ҳам зикр мегарданд. Агар сафи омӯзгоронро бо толибилмони нав хатмнамуда пур карда бошанд, ин маънои онро надорад, ки проблема роҳи ҳалли худро ёфтааст,- мегӯяд ӯ.

Аҳмадбек Заробеков, намояндаи Ҳизби коммунист паст рафтани обрӯю эътибори муаллимонро таъкид кард ва афзуд, ки имрӯз тамоми имтиёз аз омӯзгорон бардошта шудааст, муаллим хор гаштааст. Имрӯз дар тамоми деҳаҳои кишвар ҳудуди 100 ҳазор бачаҳо аз мактаб дур мондаанд. Вай мегӯяд, ки ҳоло эҳтиром дар баробари муаллим ба дараҷае расидааст, ки ба ӯ лақаби «Муаллимони 10-сӯма ва 30-сӯма»-ро муносиб дидаанд. Дар ҳоле, ки баробари аз миён рафтани кадрҳои замони Шӯравӣ дигар мағзу зеҳни шоёни таҳсин намемонад.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи баъзе соҳибназарон, агар шахсе, ки мақсади дониш андӯхтан дорад, «аз гаҳвора то гӯр» дониш меҷӯяд. Вале инсоне, ки хондан намехоҳад, таҳсили 20-соларо ҳам роҳандозӣ кунанд, боз ҳамон «Аҳмади порина» аст, дигар намешавад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: