Главная > Uncategorized > Найрангбозӣ

Найрангбозӣ

Дар ин нигоштаҳо сухан дар бораи фарде меравад, ки зиёда аз нисфи умрашро дар корҳои созандагию бунёдкории хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод сарф карда, даҳҳо гектар боғ бунёд намудаву ба оилаҳои камбизоату бепарастор дасти мадад расонида, дуои хайри онҳоро гирифтааст.

Баҳриддин Камолов сокини ҷамоати деҳоти Бӯстон буда, дар хоҷагии ба номи Рӯдакӣ меҳнат карда, аз обилаи кафи даст нон хӯрдаву ҳазорҳо ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда, дастурхони мардумро ғанӣ гардонида, сазовори иззату эҳтироми мардум гардидааст.

Баҳриддин Камолов имрӯз аз ноадолатиҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод изҳори нигаронӣ мекунад.

29-уми августи соли 2009 музоядаи фурӯши амволи хоҷагии ба номи ноҳияи Рӯдакии ноҳияи Файзобод баргузор мешавад. Дар музояда ду нафар соҳибкори инфиродии хоҷагии ба номи Рӯдакӣ Баҳриддин Камолов ва С. Ҳикматуллоев, ки худ сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 92/7, ҳуҷраи 37, ки умуман дар хоҷагӣ саҳм надорад, иштирок менамоянд. Азбаски С. Ҳикматуллоев соҳиби маблағи калон буд, бо Баҳриддин Камолов, сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Файзобод байни худ маслиҳат мекунанд, ки дар музояда иштирок намуда, дигар рақибонро гӯл мезананд ва бо роҳи тағобозӣ як миқдор амволро С. Ҳикматуллоев харидорӣ менамояду баъдан моликияти харидаашонро байни худ тақсим мекунанд. С. Ҳикматуллоев баъди харидории амволи хоҷагӣ найрангбозиро мақсади худ қарор медиҳад. ӯ барои амалӣ шудани мақсадаш дар хариди амвол аз тариқи музояда бо писараш Фаррух Ҳикматуллоев, сокини деҳаи Бӯстони ноҳия Файзобод маслиҳат намудааст, ки номбурда рӯзи 29-уми августи соли 2009 ҳангоми баргузории музояда иштирок карда, бо ҳамроҳии Баҳриддин Камолов принсипи таъмини рақобатро дар хариду фурӯши амволи музоядавӣ халалдор мекунад. Яъне, С. Ҳикматуллоев ба мақсади ниҳоии худ мерасад.

Мутобиқи талаботи бандҳои 26, 27 ва 28-и Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон таҳти №38, аз 4-уми марти соли 2004 тасдиқ шудааст, хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда бояд на кам аз 3 маротиба, бори аввал на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда, бори дуюм байни рӯзҳои 30-20 ва бори сеюм байни рӯзҳои 20-10 дар матбуот нашр шавад. Аммо бар хилофи талаботи бандҳои 26, 27 ва 28-и Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ шӯъбаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод амал карда, ба С. Ҳикматуллоев, сокини шаҳри Душанбе амволи хоҷагии ба номи Рӯдакиро фурӯхтааст. Магар ин қонуншиканӣ нест? С. Ҳикматуллоев амволи хоҷагии номбурдаро ба маблағи 415310 сомонӣ аз раёсати сармоягузорӣ ва амволи ноҳияи Файзобод харидорӣ кард. Вақте амволи хоҷагӣ ба фурӯш гузошта шуд, С. Ҳикматуллоев соҳибкори инфиродӣ Баҳриддин Камоловро фиреб дода мегӯяд, ки амволи хоҷагиро харидам, байни худ тақсим мекунем. Баҳриддин Камолов аз фиребу найранги С. Ҳикматуллоев бовар карда, розигӣ медиҳад. С. Ҳикматуллоев баъди харидани амволи хоҷагӣ ба Камолов мегӯяд: «Ба шумо амволи ваъдагиамро намедиҳам, ба куҷое, ки меравед, рафта арз кардан гиред!». Баҳриддин Камолов мебинад, ки ҳеҷ муроде ҳосил намегардад, ба Прокуратураи генералӣ дар бораи ноадолатиҳои шӯъбаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо аризаи даъвогӣ муроҷиат мекунад.

Муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 А. Н. Нуралиев аризаи даъвогиро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ба ҷабрдида ва Ҳукумати ноҳияи Файзобод бо мазмуни зайл ҷавоб мегардонад:

«Хоҳиш мекунам: Протоколи натиҷаи музоядаи фурӯши моликияти хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод аз 29.08.2009, шартномаи хариду фурӯши амволи хусусигардонии хоҷагии давлатии ба номи А. Рӯдакӣ аз 31.08.2009 сол беэътибор дониста шавад.

Маблағи 415310 сомонӣ барои хариди моликияти хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯшанда — раёсати сармоягузорӣ ва амволи ноҳияи Файзобод, ҳамҷавобгар С. Ҳикматуллоев рӯёнида шавад.

Аз рӯзи дида баромадани аризаи даъвогӣ барои иштирок намудан ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шавад.

Замима: Нусхаи мактуб оиди ба тарафҳо ирсол намудани нусхаи аризаи даъвогӣ, санаи азнавнархгузории амволи хоҷагии Рӯдакӣ, нусхаи Қарори раиси ноҳияи Файзобод таҳти №376 аз 20.08.2009 нисбати нархгузорӣ аз 24.08.2009 оиди эълони музояда, нусхаи шартномавии хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ дар музояда, нусхаи Протоколи музоядаи фурӯши моликият ба С. Ҳикматуллоев, нусхаи Протоколи ҳабси амвол, нусхаи ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.2009 сол, баёноти шаҳрвандон Ҳикматуллоев С., Камолов Б., Ҳикматуллоев Ф., Раҳимов К., Гиёев Ш. нисбати баргузории музояда ва дигар маводҳо дар ҳаҷми 56 саҳифа мавҷудбуда аз нав мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, ба манфиати соҳибкори инфиродӣ Б. Камолов ҳал карда шавад».

Тавре аз таҳлилу омӯзиши муовини Прокурори Генералӣ бармеояд, шӯъбаи сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии ноҳияи Файзобод ба қонуншиканӣ роҳ додаст.

Боварӣ дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Мирзо АМИН, Гулчеҳраи СОДИҚ, ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: