Главная > Uncategorized > Одина Каримов: «Дуогӯйи ҷавонон ҳастам»

Одина Каримов: «Дуогӯйи ҷавонон ҳастам»

Ёд кардан ва дарси ибрат гирифтан аз корнамоиҳои иштирокчиёни ҶБВ ва зиндагии онҳоро сармашқи зиндагии хеш қарор додан амри хайрест. Чунки онҳо ҷони худро дареғ надошта, ба хотири ҳифзи Ватану халқ бо душман ҷангиданд ва озодию шарафро дар ҷойи аввал гузоштанд. Дар мавриди зиндагии марди хирад, иштирочии ҶБВ Одина Каримов бо эшон сӯҳбате оростем, ки фишурдаашро пешкашатон менамоем.

— Ман Каримов Одина, соли 1922 дар деҳаи Хонақои Севдараи ноҳияи Ховалинг ба дунё омадаам. Солҳои 1930 моро аз кӯҳистони Ховалинг ба қишлоқи Дарнайчии ноҳияи Восеъ муҳоҷир карданд. Дар синни 16-солагӣ ба Техникуми нақлиёти автомобилӣ дохил шуда, як сол хондам. Дар замони мактабхониям фанҳои математика ва физикаро хуб мехондам ва баъди як соли таҳсил дар техникум бо пешниҳоди мудири маорифи ноҳия дар мактаби №8-и қишлоқи Ғелот ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз кардам.

Соли 1942 ба Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Восеъ барои ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ шомил шудан ва баъдан иштирок кардан дар ҷанг рафта будам. Аз тарафи кормандони комиссарият пешниҳоди маро напазируфтанд ва гуфтанд, ки «аз пайи корат рав, мо худамон даъват мекунем».

Ҳамин тавр, то охирҳои соли 1942 дар мактаб ба ҳайси муаллим кор кардам. Баъдан маро комиссарияти ҳарбӣ даъват карда, барои таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ дар Чорҷӯ роҳхат доданд. Дар ин омӯзишгоҳ моро қабул карданду як сол хондем. Охирҳои соли 1943 моро барои ихтиёран ба фронт рафтан пешниҳод карданд. Аз ҷониби комиссия пешниҳод шуд, ки касе ихтиёрӣ рафтан мехоҳад, ду қадам пеш монад. Дар қатори дигар донишҷӯёни хоҳишманд ман ҳам ҳамроҳашон барои ихтиёрӣ ба фронт рафтан розигӣ додам. Баъдан моро ба шахри Марв бурданд ва ба рутбаҳо сарфароз намуданд.

Ба ихтиёри ман чанд аскар доданд, ки аксарашон миллати қазоқ буданду синнашон аз ман бузургтар. Онҳо забони русиро нағз намедонистанд. Баъдан бонги хатар заданд ва моро ба фронт бурданд. Фаъолияти ҷангии ман дар фронти марказӣ оғоз шуд, ки  сарфармондеҳаш  маршал Рокоссовский буд.

Ба мо маълумот доданд, ки немисҳо дар масофаи ба хати фронт наздик қарор доранд. Вақте аз Маскав берун шудем, дар роҳҳо ҳазорон мурдаҳои немисро медидем. Ҳангоми ҷанг мурдаи ҳалокшудагони Армияи Сурхро мегирифтанд ва немисҳоро мемонданд.

Ман бо ҳамроҳии Насим ном ҳамшаҳрам аз Кӯлоб якҷоя будем. Дертар моро аз ҳам ҷудо намуданд. Маро дар қароргоҳи қисми ҳарбӣ ба вазифаи командири гурӯҳи ҷустуҷӯ (разведка) таъин карданд ва рафиқамро ба қисми тӯпчиён. Ҳардуямон маслиҳат карда будем, ки як ҷо бошем. Вале ҳарчанд кӯшиш намудем, ки ҳардуямонро дар як команда гиранд, розӣ нашуданд.

Қоидаи разведкачиён ҳамин хел будааст, ки дар наздикии хати фронт  қарор мегирифтаанд. Баъд ба мо чӣ кор карданамонро дар ин гурӯҳ фаҳмониданд, мо ёд гирифтем. Дар ин ҷо фармон шуд, ки «На фронт!». Мо ба фронт расидем. Баъд фармон шуд, ки ба мудофиа равед. Аз даруни хандақҳо ҳаракати фашистонро назорат мекардем. Агар мошин ё гурӯҳи немисҳоро медидем ба штаб  маълумот медодем.

Баъд аз 15 рӯз қисми ҳарбии мо ба ҳуҷум гузашт ва ин набард 11 рӯз давом кард. Рӯзи 11-ум ман ярадор шудам.

Баъдан маро ба баталёни беҳдоштӣ (санбат) ва аз он ҷо ба беморхонаи шаҳри Владимир оварданд. Маро дар ин беморхона ҷарроҳӣ карданд. Хостанд поямро бурранд, вале ман розигӣ надодам. Тақрибан 2 моҳ дар беморхонаи ҳарбӣ  будам. Баъди шифо ёфтанам маро ба қисми ҳарбии танкӣ равона карданд. Дар ин ҷо ҳам ба ҳайси командири гурӯҳи танкӣ меҷангидам. Гурӯҳи ман аз 10 ҷанговар иборат буд. Бо ин гурӯҳ «Красний село»-ро фатҳ кардем. Баъди ин ҳуҷум моро ба Ленинград равона карданд. Дар муҳорибаҳои назди Ленинград гурӯҳи даҳнафараи мо дар қатори дигар ҷанговарони советӣ дар набардҳои пай дар пай қаҳрамонона меҷангид. Дар ин муҳориба ман боз захмдор шудам. Баъди табобат дар беморхонаи ҳарбӣ маро боз ба ҳамон қисми ҳарбиямон равон карданд.  Дар озод кардани Латвия, Литва ва Эстония иштирок кардаам. Ғалабаро ман дар сарҳади Финландия пешвоз гирифтем.

Хурсанд шудам, ки сиҳату саломат ба зодгоҳам меравам, вале иҷозат надоданд. Чунки солам хурд буд ва маро гуфтанд, ки «ту ду соли дигар бояд хизмат кунӣ, баъд ҷавобат медиҳем». Баъдан маро ба қисми сарҳадӣ равона карданд. Аз соли 1945 дар марзи Финландия — СССР сарҳадчӣ будам ва сарҳадро нигаҳдорӣ мекардем. Баъдан фармон шуд, ки «туро ба Ленинград равон мекунем» ва маро ба Постгоҳи дидбонгоҳи назоратии баҳрӣ (Морской контрольный пропускной пункт) равона карданд. Дар ин ҷо киштиҳо аз дигар мамлакатҳо меомаданд ва мо ҳамаи онҳоро назорат мекардему мавриди санҷиш қарор медодем. Дар ин ҷо ҳам командири гурӯҳ будам. Намемондем, ки аз киштиҳо касе бе иҷозат дарояд ё барояд.

Охири соли 1946 ба ман рухсатӣ доданд ва бо мушкилии зиёд ба Тоҷикистон омадам. Он вақтҳо фармони Сталин буд, ки онҳое, ки муаллим кор мекунанд, аз хизмат озод карда шаванд. Баъди рухсатӣ аз мактаби маҳалла дар бораи омӯзгор буданам ба қисми ҳарбӣ маълумотнома бурдам. Маро аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб доданд. Дар давраи ҷанг ва хизмати ҳарбӣ бо ҳар гуна ифтихорномаҳо ва орденҳо сарфароз гардидам.

Баъди ба ватан баргаштан дар мактаби №8-и деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ фаъолияти омӯзгориямро давом додам. Соли 1965 факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ғоибона хатм кардам. Баъди хатми донишгоҳ то солҳои 1990 дар мактаби деҳаи мазкур аз фанҳои таърих, тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дарс гуфтам.

— Оё ягон фарзандатон аз пайи касби падар рафтааст?

— Писарам Одинаев Эмомҳусайн дар мактаби деҳаамон аз фанни физика дарс мегӯяд. Духтарам Шодигул дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе омӯзгор шуда кор мекунад.

— Мебинем, ки дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ доред. Ин тӯҳфаи замони Шӯравист?

— Ин хонаи набераам аст, ки тӯли солҳои зиёд зиндагӣ дорам. Ростӣ, дар назди набераам шарм мекунам. Чунки набераам оиладор аст, боз соҳиби фарзанд…

Борҳо ба мақомоти ноҳияи Сино ва баъдан ба Ҳукумати шаҳри Душанбе барои хона муроҷиат карда будам.

Соли 2003 ба Ҳукумати шаҳри Душанбе бори дигар муроҷиат кардам ва бисёр кӯшиш намудам, ки назди раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дароям, вале имконият надоданд. Мехостам бо раиси шаҳр рӯ ба рӯ нишаста, сӯҳбат кунам ва мушкилотамро гӯям… Вале, афсӯс.

Имрӯз агар бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мани иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маҷрӯҳ хонае медоданд, хеле хушнуд мешудам.

— Бобо, Шумо фарқи ҷавонони давраи ҷанг, умуман давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ва имрӯзро дар кадом поя мебинед? Таманниёти Шумо ба онҳо…

— Ман дуогӯйи ҷавонон ҳастам. Ҷавонон бояд ҳаракат кунанд, ки солиму бардам, барои муҳофизати Ватан тайёр, бақуввату бардам бошанд. Бояд ки Ватанро дӯст доранд. Мардумро эҳтиром кунанд. Бе гуфтугӯ ба хизмати ҳарбӣ рафта, хизмат кунанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванд албатта ҳимояи Ватан аст.

Бояд аз тарафи давлат ҷавонон қадрдонӣ гарданд. Барои онҳо ҷойҳои корӣ муҳайё созанд. Дар ин сурат дили онҳо гарм шуда, ба Ватан хизмат мекунанд. Донишгоҳҳо бояд бепул бошанд. Агар шароит барои ҷавонон муҳайё шавад, албатта Ватан мешукуфад ва пешрав мегардад.

Сангалӣ НАИМОВ, Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: