Главная > Uncategorized > Рози дили нашъаманд

Рози дили нашъаманд

Шабҳои сапеди Питер оғоз шуданд. Вале дар паси ин сапедиҳо чӣ рангҳои сиёҳе пинҳон аст, фақат олами ҷиноӣ медонаду Худованди болои сар. Нашъамандиву нашъаҷаллобӣ имрӯзҳо дар тамоми дунё ба яке аз тиҷоратҳои сердаромадтарин табдил ёфта, ба ҷони садҳо гулписарону гулдухтарон хатари ҷиддӣ расонидааст.

Дар ФР яке аз шаҳрҳои нашъаҷаллоб Питер ба шумор меравад. Шумораи нашъамандон дар шаҳри Санкт-Петербург ба 300000 нафар расидааст. Якрӯза даромади аз ҳисоби маводи мухаддир ба даст омада зиёда аз як миллиард рублро ташкил медиҳад. Хариду фурӯши нашъа бештар дар стансияҳои метрои Ломоносов, Пролетарская, Владимирский, майдони Сенной, Ладожский, Просвещении ба роҳ монда шудааст. Ҳатто чанде пештар кампиракони рус озодона марихуана мефурӯхтанд.

Дар Питер аз ҳисоби муҳоҷирон низ нашъамандон меафзояд. Бо нафаре ҳамсӯҳбат шудам, ки ба дарди нашъамандӣ гирифтор аст. ӯ зодаи шаҳри Қистақӯзи вилояти Суғд мебошад. Ному насабашро пурра гуфтан нахост. Қодир М. 23-сола, ҳанӯз оиладор нашудааст. ӯ се сол аст, ки мубталои нашъамандист.

— Чи боис гардид, ки ба ин балои аср гирифтор шудӣ?

— Ман то синфи панҷум дар мактаби миёна хондаму баъди падарам вафот кардан мактабро партофта, аз пайи кори колхоз шудам. Модарам якбора бистарӣ гардид. Чун дар хонавода писари ягона будам, роҳи Русияро пеш гирифтам. Як сол дар сохтмонҳои сарду сангини шаҳри Питер кор кардам, аммо маошамонро надода, ба қавле «кидат»-амон карданд. Аз бепулӣ ҳаққи иҷораро дода натавонистам. Ҳатто шабҳоро дар кӯчаҳои Питер рӯз кардам. Рӯзе дар ҷангал тасодуфан бо як озарбойҷонии нашъаҷаллоб шинос шудам. ӯ гуфт, ки агар бо ӯ ҳамкорӣ кунам, соҳиби пули калон мегардам. Розӣ шудам. ӯ драгдилер (истилоҳ дар нашъаҷаллобӣ) мебошад. Драгдилерҳо дар Питер зиёда за 3000 нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо яклухт маводи мухаддирро мехаранду яклухт мефурӯшанд. Аммо худашон тамоман аз ин моддаи заҳрдор истеъмол намекунанд. Ман аввалҳо афюн мефурӯхтам. Ба муҳоҷирон як грамм бангро бо нархи 1000 рубл мефурӯхтам. Худам бошам, 1 грамми онро 300-рублӣ меёфтам. Зуд соҳиби мошини хориҷӣ, духонагӣ дар маркази шаҳри Питер гардидам. Аммо дере нагузашта, маро маҳбасӣ карданд. Аз тарс номи ҳамроҳонамро гуфтам. Онҳоро низ дастгир карданд. Ман баъди 4 сол аз маҳбас баромадам. Аммо дар маҳбас аллакай ба бангу нашъа дода шуда, ҳамонҷо дастрас мекардам. Имрӯз аз тарси он, ки «кришаи боқувват»-и онҳо маро ёфта мекушад, ваҳмакӣ шудаам. Апаи журналист, фақат гапи худамро навис. Ман сахт пушаймонам. Аммо ба доми онҳо афтодаам. Аз дигар ҷавонони муҳоҷир хоҳиш мекунам, ки ба доми нашъаҷаллобон наафтанд. Вагарна ҳаёташон месӯзаду дигар аз ин ботлоқ баромада наметавонанд.

Аз муаллиф

Ба чеҳраи бармаҳал пиршудаи ин ҷавон назар кардам. Дар дидагонаш на шавқ буду на ҳаваси зиндагӣ. Ишқаш ба моддаи марговар рафта буд. Касеро дидан намехосту бо касе ҳамсӯҳбат шудан…

Сӯхт иқбол, сӯхт номус, аз дасти чӣ, аз дасти пул,

Сӯхт ҷамол, сӯхт имон, аз дасти чӣ, аз дасти пул.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт – Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: