Главная > Uncategorized > Сайфулло САФАРОВ: «Рӯзноманигорро гунаҳкор карда наметавонем…»

Сайфулло САФАРОВ: «Рӯзноманигорро гунаҳкор карда наметавонем…»

Аз соли 1993 бо қарори Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро чанд сол боз ҷашн мегиранд ва рӯзноманигорону шахсоне, ки матбуот таваҷҷӯҳ доранд, чорабиниҳо мегузаронанд. Дар ин қабил чорабиниҳо сухан муназзам аз боби озодии сухан ва рӯзноманигор аст. Дар ҳамин маврид сӯҳбате доштем бо муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, ки онро пешкашатон менамоем.

— Мӯҳтарам Сайфулло Сафаров, аз нигоҳи Шумо, озодии баён дар Тоҷикистон чӣ гуна риоя мешавад?

— Дар Тоҷикистони азизи мо масъалаи озодии баён дар замони ҳозир ҳалли худро ёфтааст. Тамоми қонунҳои мо дар асоси Сарқонун имкон фароҳам кардаанд, ки озодии баён бошад ва амал намояд. Рӯзноманигорони мо низ оҳиста-оҳиста дуруст истифода бурдани озодии баёнро омӯхта истодаанд. Мо ҳоло рӯзноманигоронро гунаҳкор карда наметавонем, ки онҳо озодиро дуруст истифода намебаранд, зеро ҳамин таҷриба дар онҳо нест. Яъне онҳо нав, дар солҳои охир аз ин озодӣ бархӯрдор мешаванд. Дар гузашта низ қонуни озодии баён вуҷуд дошт, аммо худи рӯзноманигорон ба ин таҷриба омодагӣ надоштанд ва бештар аз озодии баён сӯйистифода карда, ба хатоҳо роҳ медоданд ва мавриди фишори қонун қарор мегирифтанд. Қонун ҳам имкон намедиҳад, ки ҳар чизеро рӯзноманигор мехоҳад, ҳамон гуфта шавад. Вале раванди озодии баён дар Тоҷикистон хеле босуръат аст. Ба он далел, ки рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде ба вуҷуд омаданд ва ҳар кадоми онҳо мавқеи худро доранд. Аз мавқеи худ ба ҳодисаҳо назар мекунанд ва ҳамон тавре, ки мехоҳанд, масъаларо шарҳ медиҳанд. Новобаста аз он, ки дар бисёр мавридҳо ғалат ҳам мекунанд ва аз тарафи қонундонҳо маҳдуд мешаванд. Ҳоло азбаски озодии баён вуҷуд дорад, тарафи муқобил, ки танқид шудааст, метавонад ба суд муроҷиат кунад. Ҳамин гуна вазъият нисбати ҳафтаномаҳои мустақили мо ба вуҷуд омад. Албатта мо намехоҳем, ки рӯзномаҳоямонро ба суд кашанд ва онҳо вақти худро беҳуда ба худсафедкунӣ гузаронанд. Вале дар раванди амалишавии озодии баён ин бетаҷрибагиҳо як чизи табиист. Яъне, рӯзноманигорон ҳам меомӯзанд, ки чи кор бояд кунанд, то ба дасти қонун наафтанд.

— Дар Тоҷикистон нисбати дигар кишварҳои ҷаҳон ва минтақа озодии баён маҳдудтар аст ё озодтар?

— Дар тамоми гӯшаи дунё озодии мутлақ вуҷуд надорад. Ҳама чиз дар доираи қонун амал мекунад. Вале ба ғайр аз қонун боз фарҳанги сиёсӣ ҳаст, ки он васеътар ва жарфтар аз қонун амал мекунад. Дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсӣ ба таври озод амал мекунад. Вақте ки фарҳанги сиёсӣ дуруст инкишоф наёфта бошад, худи рӯзноманигор наметавонад ҳарфи зиёд гӯяд. Мегӯяд, вале дар ҳолати набудани фарҳанги сиёсӣ дастгоҳи далатӣ метавонад сари вай фишор орад. Новобаста аз он, ки дар қонун ба гуфтан иҷозат ҳаст, лекин занг мезананд, фишор меоранд. Вақте фарҳанги сиёсӣ ҳаст, гуфтаҳои рӯзноманигор ҳамчун як чизи табиӣ қабул карда мешавад. Масалан, дар кишварҳои ҳамсоя, дар сафаре ба Туркманистон ва Туркия мо дидем, ки чӣ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд дорад. Дар ӯзбекистону Қазоқистон низ маҳдудият дида мешавад. Гумон мекунед, ки дар Қирғизистон баъд аз он, ки ҳукумати нав ба сари қудрат омад, озодии баён бештар шуд? Албатта не! Баръакс, дар ин мавридҳо озодии баён боз маҳдудтар мешавад. Зеро дар вазъияти ҳассос ҳар гапро гуфтан ғайриимкон аст ва ҳар ҳарфи гуфташуда ҳатман масъулияти ҷиноию сиёсӣ дорад. Суханвар ҳангоми ибрози андеша ба ҷонибдории яке майл мекунад. Дар ин ҳолат матбуот агар созанда набошад, дар оташ равған мерезад. Барои ҳамин дар Тоҷикистон озодии баён дар масъалаи зоҳиршавияш аз кишварҳои минтақа тафовут дорад ва яке аз созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар як таҳлилаш ишора карда буд, ки нисбати кишварҳои Иттифоқи Шӯравӣ озодии баён дар Тоҷикистон беҳтар риоя мешавад.

— Яъне, ба бовари Шумо, дар рушди озодии баён фарҳанги сиёсӣ нисбати қонун дар Тоҷикистон бештар мусоидат мекунад?

— Дар ҳамаи кишварҳо аз рӯи қонун мавқеи озодии баён як хел нишон дода шудааст. Лекин худи зоҳиршавии озодии баён аз фарҳанги сиёсии мардум, аз фарҳанги сиёсии рӯзноманигорон, аз таҷриба доштани онҳо вобастагии калон дорад. Барои ҳамин баъзе чизҳое гуфта мешаванд, ки дар дигар давлатҳо ҳарф гуфтан дар ин бора мушкил аст ва ҳатто фикр намекунанд, ки ҳамин гуна суханро чӣ тавр ба дасти чоп супоранд. Аз ин хотир, баъзе дӯстони мо аз кишварҳои ҳамсоя тааҷҷуб мекунанд, ки барои чӣ рӯзномаҳои Шумо ин қадар озод моро танқид мекунанд? Мо посух медиҳем, ки онҳо дар доираи қонун амал мекунанд. Агар қонунро вайрон накунанд, мо ҳақ надорем, ки пеши роҳи онҳоро бигирем. Ҳол он ки, дар як кишваре, ки ба наздикӣ сафар кардем, ягон ҳарфи зиёдатӣ дар нисбати ин ё он кишвар гуфта намешавад. Ягон матлаби вобаста ба ин мавзӯъ бе иҷозати Вазорати корҳои хориҷӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент умуман ба дасти чоп супорида намешавад. Ва ҳар гуна рӯзномаҳое, ки шахсӣ бошанду фикрашонро озод нависанд, вуҷуд надоранд. Якчанд рӯзнома ҳаст, ки пули онро давлат медиҳад.

— Баъзе созмонҳои байналмилалие, ки вазъи озодии баёнро дар ҷаҳон баррасӣ мекунанд, Тоҷикистонро кишвари ноозод муаррифӣ мекунанд. То кадом андоза ба ин таҳлилҳо мувофиқед?

— Якум, созмонҳои байналмилалие, ки бештар ба танқиди озодии баён дар Тоҷикистон машғуланд, кӯшиш мекунанд аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва коршиносоне назар гиранд, ки эшон дар маҷмӯъ фикри тамоми ҷомеаи моро ифода карда наметавонанд. Дуввум, баъзе шахсиятҳое ҳастанд, ки худро дар муқобили ҳукумат тасаввур мекунанд. Дар асл эшон низ яке аз ҷузъи системаи сиёсии кишваранд, дар воқеъ зидди ҳукумат нестанд, вале дар мағзи онҳо ҳамин гуна як муқобилгузорӣ ҳаст, ки мо ташкилоти ғайриҳукуматӣ ҳастем ва ин назарро ҳатман тавре баён кунем, ки зидди ҳукумат садо диҳад ва шояд дар ҳамин ҳолат ба мо грант ё кӯмаке расад. Чунки замоне ман сармуҳаррири рӯзнома будам ва огоҳӣ дорам. Албатта ман ҳеҷ вақт муроҷиат намекунам, одатам чунин аст, лекин журналистоне, ки зери дасти ман кор мекарданд, муроҷиат намуданд. Вале онҳо гуфтанд, ки ҳар ҷо Сафаров ҳаст, ҳар ҷое ки Эмомалӣ Раҳмонро тарғиб мекунанд, барои онҳо грант дода намешавад. Ҳамин тавр мо то ҷое имконият доштем рӯзномаро нашр кардем ва баъдан баста шуд. Пас, бисёр созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдори он ҳастанд, ки андешаи муқобили ҳукумат бештар садо диҳад. Ташкилотҳое, ки бештар ҳукуматро танқид мекунанду зид ҳастанд, аз ҷониби бештари  созмонҳои байналмилалӣ ба онҳо кӯмаку грантҳо дода мешавад. Ҳол он ки, он рӯзномае, ки ҳукуматро танқид намекунад, метавонад мавзӯъҳои ҷолибтарини ҷомеаро инъикос кунад. Фоидаи ин рӯзнома ба ҷомеа бештар аз ҳама рӯзномаҳои зиддиҳукуматӣ мебошад. Зеро ин гуна рӯзномаҳоро тамоми мардум мехонанд, нисбати онҳо нафрат надоранд. Аз ин сабаб онро ҳам ҳукуматиҳо мехонанд ва ҳам ғайриҳукуматиҳо. Ҳадафи аслии рӯзнома аз он иборат аст, ки бештар садои мардумро ба тамоми роҳбарият ва мардуми дигар расонад. Як пешниҳоди конструктивие, ки аз ҷониби як сиёсатмадор ё коршиносе, ки хоҳ зидди ҳукумат аст ё ҷонибдор, лекин мавқеаш созанда бошад, ин гуна рӯзномаҳо ҷойи худашонро меёбанд ва маҳбуби мардум ва таърихӣ мешаванд. Масалан, баъди 100 сол таърихи мо аз рӯи ин гуна рӯзномаҳо навишта мешавад, на аз рӯи он рӯзномаҳое, ки танқиди ғаразнок мекунанд ва на аз рӯи он рӯзномаҳое, ки таърифи аз ҳад зиёд мекунанд. Чунки дар раванди рушди ҷомеа ҳақиқат ошкор мешавад.

Мусоҳиб Исфандиёр ХАЛИЛОВ,БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: