Главная > Uncategorized > «СЕНЗУРА»-ро оташ заданд

«СЕНЗУРА»-ро оташ заданд

3-юми майи соли ҷорӣ Анҷумани журналистии «Медиа алянс» бо ҳамдастии чанд созмони дигари журналистии дохилӣ дар саҳни бинои Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», яъне, дар ҳавои кушод бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан чорабинӣ гузаронд. Оғози чорабинӣ хеле шавқовар буд, зеро ташкилкунандагони он бо истифода аз саҳначаҳои психологӣ вазъи озодии суханро дар Тоҷикистон баён намуданд.

Саҳначаи аввал чунин буд, ки ҷавонписар ба ҷавондухтар гул тақдим кард ва аз ҳамин ҷо рақобат оғоз ёфт. Яъне, ҷавонписари дигар ин замон падид омад ва бо ҷавонписари аввалӣ дастбагиребон шуд. Гуфтугузор миёни ин ду ҷавонписар ба ҷое расид, ки дуюмӣ тариқи телефон ҷонибдорони худро ба мавзеи кашмакашӣ хонд. Онҳо бисёрӣ шуда, дастони духтаракро аз дасти он писар канда гирифтанд. Сужети ин саҳнача хуб кашида шуда, аммо чун он дар бораи озодии сухан буд, бояд аз ҷониби нафароне иҷро карда мешуд, ки дар рӯзноманигорӣ таҷрибаи кофӣ доранд. Масалан, нақши ҷавонписари аввалро метавонист сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло бозад, нақши ҷавонписари дуюмро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор ва нақши духтаракро ягон бонуи рӯзноманигоре, ки чандсола собиқаи корӣ дорад. Зеро дар ин саҳнача аз бархӯрд бо қонунҳои наву кӯҳна дида, рақобати носолими муассисони нашрияҳо дар мавриди таъмини сиёсати кадрӣ бештар ба назар мерасид. Духтарак дар асл «кабӯтари ба дом афтода», аммо ба маънӣ рӯзноманигори ҷавонеро мемонд, ки акнун каме таҷриба гирифтаву дар як нашрия фаъолият дорад ва муассиси нашрияи дигар ӯро аз худ карданӣ мешавад. Дигар чиз ин ки, вақте чандин нафар дастони ӯро бо шиддат мекашиданд, духтар ҷойи «гиристан» мастона ханда мекард. Ин ҳам аз бетаҷрибагӣ-дия!

Саҳначаи дуюм низ, ки нақши пулро дар ВАО инъикос мекард, хуб буд, аммо дар саҳни бино пайдо шудани мошини сабукрави сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» Зафари Сӯфӣ аъло. Пасу пеши мошин тарзе «варақакорӣ» шуда буд, ки аз ойинаи пеши он Зафари Сӯфиро шинохтан намешуд. Бахусус, варақаи «ПРЕ ССИ НГ» рӯйи ӯро паси худ хуб панаҳ карда буд. Ҳамин тавр, мошини мисли «арӯс» оростаи Зафари Суфӣ дар саҳни бинои «Шарқи Озод» қарор гирифт ва Зафар Абдуллоев фарёд зад, ки «ҳар кӣ метавонад, ин мошинро аз майдон берун барад!». Зинатуллоҳи Исмоил нахустин шуда ба мошин часпид. Хуб тела кард, аммо зӯраш нарасид. Якбора чанд нафари дигар ба кӯмаки ӯ шитофтанд. Мошин андаке ҷунбиду халос. Касе аз миёни гурӯҳи одамон нидо кард: «Шафёраш вазнин будаст!». Дигаре луқма партофт: «Беҳуда зӯр назанед, канда партоед ҳамаашро!». Ҳамин нидо буд, ки ҳама ба варақаҳо дарафтоданд. Зинатуллоҳи Исмоил ҷаҳд мекард варақаи аз ҳама хавфнок барои журналист — «СЕНЗУРА»-ро биканад. Ҳамин тавр ҳам кард. Мошин аз банди варақаҳову журналистон раҳо шуда, акнун мехост оҳиста ба қафо роҳӣ шавад, ки касе дод гуфт: «Шафёрро аз дар берун кунед, ки ҳама «СЕНЗУРА»-ву балои бадтари дигарро ҳамун овардааст!». Директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ Холиқназар Ҷумъаев чаққонӣ карда, назди мошин расид ва дарро кушоду аз дасти Зафари Сӯфӣ гирифт, аммо натавонист ӯро фуруд орад. Зафари Сӯфӣ мошинашро ронда рафт. Ҳарчанд ҳамаи он варақаҳоро ҷамъ овардаву дар саҳни бино оташ заданд, аммо як кунҷи дили ман сиёҳ буд. Сиёҳ аз он, ки «СЕНЗУРА»-ро оташ заданд, вале манбаи он аз даст раст ва хоҳу нохоҳ чанд муддат баъд боз меояд…

Аммо чӣ мегӯед, ки дилхастагиям сокит нашуда, дарди дигар сар омад. Зафар Абдуллоев «озмунча» эълон кард. Яъне, инъикоси озодии баён дар расмҳо. Чанд нафар рӯйи бетон бо бӯр ба тасвири манзараҳо пардохтанд. Тасвирҳо пурмаънӣ буд, ҳам диданӣ. Аммо натавонистам ба хулосаи ҳайати ҳакамон розӣ шавам. Онҳо тасвиреро ғолиб донистанд, ки хоначаҳои зиёд дошт ва кас наметавонист аз он хулосаи зарурӣ барорад. Аз рӯйи мантиқ бошад, мусаввири ин расм ҳолатеро тасвир карда, ки гӯё журналистон ҳама соҳиби хонаанд, ки ба воқеият рост намеояд. Ба назарам расми кашидаи писарчаи ноошное ғолиб намуд, ки воқеъбинона бинои «Шарқи озод» — маркази гирдойии журналистони бештари Тоҷикистонро тасвир намудааст. ӯ зери расм бо ҳарфҳои калон-калон ГЖК ва FREEDOM навишта буд ва ҳар касе ба он дида медӯхт, фикр мекард, ки шояд муаллиф «Шарқи озод»-ро «макони озодбаёнӣ» муаррифӣ кардааст. Аммо чун дидам, ки бинои «Шарқи озод» то тирезаҳояш «сиёҳ» ба қалам омадааст, ба худ гуфтам: «Исто, ки ин бача вазъи озодии суханро дар доираи журналистон аз рӯзноманигорони касбӣ беҳтар медонад». Боз, ӯ бинои журналистонро сарпӯшдор тасвир кардаву дар миёни сарпӯш мӯричае гузоштааст. Яъне, ҳой журналистони озодихоҳ, агар ҷасорат доред, бикӯшед бо ин дарича аз ҳамин бинои тангу тор берун равед, то озод бошед!». Офарин гуфтам ба он писар барои тасаввураш. Ва паст-паст, дар дил гуфтам: «Бача не, бало бача. Парво накун аз он, ки заҳмату вазъшиносиятро ҳайати ҳакамон дарк нанмуданд! Туи хурдакак аз онҳо як қадам пештарӣ ва Худо хоҳад, ин қадам фарохтар медавад!».

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, Суратгир Аҳлиддини САЛИМПУР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: