Главная > Uncategorized > Чаро декан хоҳиш кард?

Чаро декан хоҳиш кард?

Ё порае аз корномаи устодони ДМТ

Ба таваҷҷӯҳи ректори ДМТ Саидов Н. С.

Ҳар куҷое адл беёвар шавад,

Тифли оташ мушти хокистар шавад.

(Лоиқ)

Ҳамасола донишҷӯён аз ҷараёни имтиҳонҳои давлатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанду аз муносибати баъзе устодон нисбат ба баҳодиҳияшон ба ҷавобҳои худ мутаассифанд. Ростӣ ба ин масъала он қадар таваҷҷӯҳ ҳам намекардам, то он даме, ки худам бевосита шоҳиди он нагаштам.

30-юми апрел дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имтиҳони давлатӣ (гурӯҳи чорум) баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шоҳиди бисёр лаҳзаҳои шавқовару ҳузнангез шудам. Бахусус, муносибати сарди устодон нисбат ба шогирдон, рӯйихотирбинӣ, пастзании шогирд, ки худи ҳамин устодон тарбия кардаанд ва амсоли инҳо.

Ман ҳам, ки яке аз имтиҳонсупорандагон будам, билет гирифта, пас аз ним соат дар назди аъзои комиссияи имтиҳони давлатӣ (Нуралиев — раиси комиссия, Солиев ва Раҷабов — муаллимони имтиҳонгиранда, Сафаров — ассистент) ба ҳар сеи саволҳо ҷавоб гуфтам. Солиев гуфт: «Шуд, ҷавоб». Ман гуфтам: «Устод, саволи иловагӣ нест?». Устод гуфт: «Не».

Баромадан баробар, ҳамкурсҳое, ки пушти дар меистоданд, ба ман мегуфтанд: «Мо аз ин ҷо дидем, ту нағз ҷавоб додӣ, панҷ мегирӣ». Вале ман аҳамият намедодаму мегуфтам: «Агар чор ҳам гирам, шукр мегӯям, лекин…». Дар кабинети муовини декан (ғойибона) нишаста будам, ки ассистент Сафаров даромад ва ман аз ӯ пурсидам: «Устод, ба фикри Шумо чанд мегирам?». ӯ гуфт: «Нағз буд, бояд ақаллан чор бигирӣ».

Чун имтиҳон тамом шуд, моро барои шунидани қироати натиҷаҳои он ба ҳамон синфхона ҷамъ карданд. Устод Нуралиев (раиси имтиҳони давлатӣ) гуфт: «Бачаҳои азиз, ман шуморо чанд бор гуфтам, ба имтиҳон нағз, ақаллан дар сатҳи миёна омода шавед, вале ҳоло ҳам натиҷаҳо он қадар хуб нестанд». Устод натиҷаи баҳоҳоро хонданд. Номи ман дуюм буд. «Эгамов қаноатбахш»,- қироат намуд устод ва дар хотима гуфт, ки: «Касе аз натиҷаи имтиҳон розӣ нест, ҳозир метавонад фикру мулоҳизаашро баён кунад ё баромада ба минбар, дар назди ҳамаи шумо ҷавоб гӯяд». Касе чизе нагуфт. Устод Нуралиев гуфт: «Набошад, ба ҳаматон барори кор, ҷавоб». Ман то ин дам худдорӣ карда будам, ки ногоҳ, ба қавле «таркидам»: «Устод ба се савол ҳам ҷавоб диҳӣ қаноатбахшу, ба як савол ҳам?». Декани факултет Зайниддинов ба шӯр омаду гуфт: «Ман ҳозир аз Шӯро омадам, масъалаҳои вазнин буд, аз соати нӯҳ то ҳозир идома кард, муаллим нав ба Шумо гуфтанд, ки «кӣ даъво дорад? Ҳаминҷа чанд нафар баҳояш ду буд, ман муаллимро хоҳиш кардам, ки баҳои қаноатбахш гузоранд». Аз он сӯ Солиев гуфт: «Ман ба ту баҳои 2 монда будам» ва тарафи Нуралиев ишора намуда, идома дод: «Раҳмат ба муаллим гӯй, ки сет монданд». Ман «раҳмат ба ҳамаатон» гуфта, баромада рафтам.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро декан хоҳиш кард, ки ба онҳо баҳои қаноатманд гузоранд? Чаро декан хоҳиш накард, ки ба донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло мехонда ё донишҷӯёни нисбатан фаъол баҳои хуб монанд? Зеро фанни сиёсатшиносӣ ихтисоси мо нест, аз ин хотир бояд нисбатан баҳогузорӣ шавад, на дар сатҳи ихтисосҳои сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва амсоли инҳо. Шоҳиди он ҳам будам, ки одамони ба як савол базӯр ҷавобдода, ки дар берун гиря мекарданд, баҳои қаноатбахш (3) гирифтанд. Нафари дигар, ки мегуфт: «Росташ ба саволҳоям ҷавоб дода натавонистам, чизе, ки (берун аз доираи саволҳояш) медонистам гуфтам, шояд як се монанд». Аммо, натиҷаи имтиҳонҳо нишон дод, ки ҳамин нафар баҳои хуб (4) гирифт.

Ҳамаи ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Шаҳодат аз он аст, ки аъзои комиссия ҷавоби донишҷӯро бодиққат гӯш накарда, онро анализ ва синтез намекунанд. Дар баробари ин, меъёри баҳогузорӣ риоя намешавад. Эҳтимол меравад, ки устодон меъёри баҳогузориро надониста, ба субъектизм роҳ медиҳанд ва дар натиҷа он осебпазир мегардад. Аз тарафи онҳо «беинсофӣ» ва «бемурувватӣ» дида мешавад. Муносибату эҳтироми устоди имтиҳонгир ба шогирд ончунон дурушт ва бегонавор аст, ки ҳеҷ гуна мурувват, ҳимматбаландӣ ва адолати устодӣ ба шогирд дида намешавад. Баръакс дар муносибати устод такаббур, баландназарӣ, худхоҳӣ, пастзании шогирд ва ба эътибор нагирифтани манзалати шогирд ба назар мерасад. Агар устодони азизи мо имрӯз дар чунин муҳит шогирд тарбия намоянд, пас фардо аз он шогирд чиро умед бояд кард? Онҳо, ки имрӯз дар шуури ҷавонон хунукназарӣ, беадолатӣ, воситабозӣ ва дигар омилҳои костагардонидани фарҳанги инсониро ҷой диҳанд, фардо он шогирд дар куҷое кору фаъолият мекунад, албатта таъсири ин хислатҳояш баръало зоҳир мегарданд.

Дигар ин ки, магар барои донишҷӯёни ихтисосҳои химия, физика, математика ва биология супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа ва барои донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, филология ва журналистика супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни сиёсатшиносӣ, ки қаблан аз ҳамин фан санҷишу имтиҳон супорида буданд, зарурат дорад? Мо донишҷӯён зарурати онро намебинем ва бар онем, ки супоридани имтиҳони давлатӣ аз ин фанҳо ба ихтисосҳои дигар як навъ бемантиқист. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо магистри дипломдор тайёр намуда, аз баҳри чунин имтиҳонҳои давлатии бемаврид гузарем. Инчунин, зарурати ба дасти техника супоридани баҳогузорӣ расидааст.

Гуфтанист, имрӯз ин масъалаҳоро бояд Раёсати ДМТ, ки ба назари мо ислоҳотчӣ (Саидов Н. С. — ректори ислоҳотчӣ) менамояд, мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, баҳри ба танзим даровардани онҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Мо ҷонибдори он ҳастем, ки дар баробари дигар санҷишу имтиҳонҳо, имтиҳонҳои давлатӣ низ тариқи тестӣ гузаронида шавад, то сатҳи ҳақиқии дониши донишҷӯён муайян шуда, ҳар гуна роҳу воситаҳои дигар то андозае бошад ҳам, кам гарданд.

Ҳаминро ба саҳми хонандагон ва масъулин мерасонам, ки ман то курси дуюм дар шӯъбаи рӯзонаи факултети журналистика ва тарҷумонӣ, ихтисоси журналист-тарҷумон (забони англисӣ) бо баҳои аъло, (аз ҷумла аз худи устод Нуралиев ҳам баҳои аъло гирифтаам) таҳсил намуда, сипас бо сабаби маро ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват кардан, ба шӯъбаи ғойибона гузаштам. Бо вуҷуди муддати зиёд бо кор машғул будан, кӯшиш мекардам, ки барномаи таълимиро аз бар намуда, таҳсилро бо баҳои нағз идома диҳам. Ҳамин гуна, дар дафтарчаи имтиҳониям қариб 10 ё 12 адад (ҳисоб накардаам) баҳои хуб (4) ва боқимонда ҳамааш аъло (5) аст.

Дар баробари ин, тайи чор сол аст, ки дар мақоми марказии иттилоотии давлатӣ ба ҳайси хабарнигор фаъолият карда, бо бисёр масоили сиёсӣ ошно шудаам ва дар ин самт таҷрибаи лозима ҳам гирифтаам. Аз ин рӯ, ғайриадолатона нест, ки нафари ба як савол ҷавобдодаву дар давоми панҷ соли таҳсилаш ақаллан боре як хабар ё умуман маводе нанавиштааст, баҳои қаноатманд гираду нафари ба се савол ҷавобдодаву таҷрибаи чорсоладошта, аз рӯи ихтисос ҳам, ба сатҳи ӯ баробар бошад? Албатта ин масъала одамро зери шубҳа мегузорад, то бифаҳмад, ки сирри он дар чист?

Ҳаминро ҳам махсус таъқид мекунам, ки ман гуфтанӣ нестам, ки ҳамадон ҳастам ё тамоми барномаи таълимиро пурра аз бар кардаам. Балки мегӯям, ки устодони гиромӣ бояд баҳодиҳиро аз рӯйи адолат ба роҳ монанд. Ақаллан, аз рӯи адолат нигоҳ карда, ба нафари ба нимсавол ҷавобдода (намедонам бо кадом восита) баҳои қаноатманд гузоштед, ба нафари аз ӯ хубтар ҷавобдода баҳои хубтар гузоред, то ҷомеа, бахусус ҷавонон будани адолат дар давлати ҳуқуқбунёду демократиро ҳис кунанд. Агар ман тибқи талаботи барномаҳои таълимӣ ба саволҳо ҷавоб нагуфта бошам, ақаллан нисбат ба дигарон беҳтар гуфтам!

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз ин навиштаҳо баланд кардани баҳо ё сиёҳ кардани ягон шахс нест. Зеро барои ман муҳим он аст, ки ҳамон чизро медонам, новобаста аз он, ки баҳоям чанд аст. Масъалаи муҳим он аст, ки дар ҷомеа адолат ҷорӣ шуда, сиёҳ аз сафед фарқ карда шавад.

Мо бар онем, ки дар мулк адолат бошад,

Мо бар онем, ки ҳам оя, ҳам оят бошад.

Кори мо нест фақат сохтани хомаи гил,

Кори мо ин, ки дар он хома муҳаббат бошад.

Бекназари АБӯБАКР, махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: