Главная > Uncategorized > Шаҳодатномаи журналистӣ далели шайъии мурда аст?

Шаҳодатномаи журналистӣ далели шайъии мурда аст?

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Тақрибан соатои 18:00-и санаи 20-уми апрели соли 2010 дар лаби ҳавз (озер)-и шаҳри Чкалови вилояти Суғд тасодуф ҳамроҳи чанд нафар мегузаштем, ки дар гӯшаи он мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Яке мегуфт, ки кӯдакеро аз дохили об ёфтаанду дигаре иброз медошт, ки занеро. Мо ҳам оҳиста-оҳиста наздик шудему аз масофаи тақрибан 50 метр дурӣ одамони ҷамъомадаро акс бардоштем. Баъдтар наздиктар рафтем, ки кормандони милиса меистоданд. Ба онҳо худро шиносонда, пурсидем, ки чӣ воқеа рух додааст? Он корманди милиса, ки нозири минтақавию номаш Икром будааст, моро ба назди чанд нафаре, ки дар либоси низомию ғайринизомӣ меистоданду дар наздашон ҷасади марди тақрибан 25-35-сола дар ҳолати танҳо либоси таг меистод, бурда, илова кард:

— Мана, муовини прокурор…

Шаҳодатномаи хизматиямонро нишон дода, гуфтем, ки рӯзноманигор ҳастем. Муовини прокурор айнакашро ба чашмаш дурусттар ҷо ба ҷо намуда, шаҳодатномаро хонду бе ягон истиҳола ба нозири минтақавӣ дароз карда:

— На отдел разбираем,- гуфт.

Нозири минтақавӣ шаҳодатномаро гирифту ба ҷайбаш гузошт. Надонистам чӣ кор кунам. Дар гӯшае ором истодам. Ба ростӣ ба худ муносиб надонистам, ки дар назди одамони зиёди гирди ҷасадро печонда гирифта ба муовини прокурор гӯям: «Шаҳодатномаи хизматии ман далели шайъии аз ҷасад ёфта нест, ки ту гириву дар «отдел разбират» намоӣ!». Ва тибқи талаботи қонун талаб намоям, ки агар шаҳодатномаи маро гирифтанӣ бошӣ, мувофиқи қонун протокол тартиб деҳ. Амали худро пеши назар меовардам, ки чӣ кор намудам, то боиси чунин муносибати муовини прокурор гардид. Чанд дақиқа паси сар шуду одамони зиёде меомаданду ҷасадро медиданду мерафтанд. Ниҳоят як писарбача кӣ будани ҷасадро шинохт.

Ҷасадро ба мошин бор карданду омодаи рафтан шуданд. Ба муовини прокурор наздик шуда пурсидам, ки ақаллан кӣ буданатонро гӯед, то донам шаҳодатномаи маро кӣ гирифт. Посух дод, ки муовини прокурори шаҳри Чкалов Ҷаҳонгир Ахмедов ва пурсид, ки дар даст асбоби суратгирӣ чӣ кор мекунам. Ба ӯ посух додам, ки ягон акси ба тафтишоти ӯ алоқаманд нагирифтаам. Метавонад дастгоҳи суратгириро санҷида бинад. Чизе нагуфта, савори мошин шуда рафт ва ман барои «разбират» ба ШКД-и шаҳри Чкалов раҳсипор гардидам. То соати 21:23 дар назди милисахона истодам. Дар ин мӯҳлат хостам чанд маротиба ба навбатдори Прокуратураи вилояти Суғд занг занам. Вале муяссар нашуд. Аз қисми навбатдорӣ баромаданду гуфтанд, ки баёнот нависеду шаҳодатномаатонро гиред. Ба унвони прокурори шаҳри Чкалов баёнот навиштам. Милисае чанд маротиба таъкид намуд, ки сабаби дар онҷо бо дастгоҳи суратгирӣ пайдо шуданамро нависам…

Ҳамаашро навиштам. Ин ҷо ҳам таъкид мекунам, ки рӯзноманигорӣ бе дастгоҳи суратгирию сабткунаки овоз чӣ сон гуфтаю навиштаашро собит менамояд? Агар ҳадафи ман акс бардоштани он ҷасад мебуд, дар байни анбӯҳи одамон истода, даҳҳо акс мебардоштам. Чуноне ки нафарони зиёде ба воситаи телефонҳояшон сурат гирифтанд. Вале ҳадафи ман муайян намудани асли воқеа ва ба тариқи расмӣ сӯҳбат намудану иттилоъ додан буд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ, ба тариқи таъҷилӣ кормандони мақомоти қудратӣ ҷасадро аз дохили об берун бароварданд. Чунки 8-10 дақиқа пеш аз он ҷо гузаштему ягон ҳодисае набуд. Аз рӯи гуфтаҳо, касе дар дохили об ҷасадро мебинаду ба ШКД хабар медиҳад ва ба таври фаврӣ онро берун мебароранд.

Шояд ҳангома намудани ин ҳодиса чандон шарт набуд. Чунки ҳар рӯз бо даҳҳо ҳолати халал ёфтани ҳуқуқи инсон вомехӯрам. Вале маро чизи дигаре ба ташвиш овардааст. Ояндаи ҷамъияту фаъолияти рӯзноманигорӣ. Ба ҷои худ рӯзноманигори ҷавонеро тасаввур мекунам, ки ба ҷои ҳодиса меравад ва хостгори фаҳмидани ҳақиқати ҳол мегардад. Ба ҷойи ба пурсишаш посух додан, аз ӯ бе ягон асос шаҳодатномаи хизматияшро мегиранду барои «разбират» ба милисахона биё мегӯянд. Ман одат караам, соату рӯзҳо он тараф истад, ҳафтаю моҳҳо тоқат мекунам. Вале боварӣ дорам, агар рӯзноманигори ҷавон ба чунин ҳол афтад, аз баҳри касби рӯзноманигорӣ ҳам мегузараду аз баҳри шаҳодатнома ҳам.

Намедонам кай дар мо ба моҳияти қонуну қонуният сарфаҳм мераванд. Бовар кунед, агар ин амалро ягон корманди милиса мекард, он қадар аламовар набуд. Мегуфтӣ, ки аз нофаҳмӣ чунин амалро раво дид. Вале вақте корманди масъули прокуратура ба худ чунин амалро раво мебинад, сухане намеёбӣ.

Охир, ҳангоми қоидаи роҳро вайрон намудан нозири БДА протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, дар ҳамон протокол баёноти вайронкунандаи қоидаи роҳро гирифта, сабаби гирифтани ҳуҷҷати ронандагиро навишта, ба ронанда дар бораи гирифтани ҳуҷҷаташ қисми протоколро медиҳад. Агар муаллифи сатрҳо хатое кард, чаро мӯҳтарам муовини прокурори шаҳри Чкалов Ҷ. Ахмедов дар ҷойи ҳодиса протокол тартиб надод, баёнот нагирифт? Пеши назар оред: нафаре бо ариза ба ин ҳомии қонун муроҷиат намуд, ки директори мактаб бе ягон асос китоби муаллимро кашида гирифт. Оё Ҷ. Ахмедов тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан аз ваколатҳои мансабӣ нисбати директори мактаб чора медида бошад?! Намедонем ба амали худи Ҷ. Ахмедов кӣ баҳои қонунӣ медиҳад!

Ҷумъаи ТОЛИБ, директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ,

сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: