Главная > Uncategorized > Акаи Ҷалил ва шакарову қурутов

Акаи Ҷалил ва шакарову қурутов

Додарҳои ҷон, ҳамон вақт дар дафтари кории акаи Сталин чанд рӯз шиштам. Гоҳ маслиҳаташ медодаму гоҳ ягон чиз мепурсидам. Вақтҳои бекорӣ ман аз сагҷангдозиву бузкашиҳом нақл мекардаму акаи Сталин аз азобҳои дар бадарғаи Сибир, ҳо дар ӯ солҳои пеш аз инқилоб, дар бораи зангириҳош. Гап байни худмон монад, додарҳои лахти ҷигар, акаи Сталин ҳам мисли акатон паноҳиву рӯшод чанд бор зан гирифта будаст. Мардака зӯраш ҳамин хел мешавад-да! Баъд думбрара мегирифтаму ҷӯр мекардаму нохун мезадаму сар медодам овоза. Дигар на «Каллаи пӯсида» мемонду на «Ғарибӣ»-шу на «Фалак»-у на дигару дигараш. Хуб дилма холӣ мекардаму баъд ай пайи кор мешудам.
Хулоса, додарҳои қанд, чанди дигар дар пеши акаи Сталин шишта, дидам, ки корҳош бисёр, дар пешаш ба даро-барои калонҳову баақлҳои ҳукумат, маршалу генералҳо навбат намерасад. Оқибат аз шиштану прагулкаи даруни Кремл зиқ шудаму рост пеши акаи Сталин даромадам. Гуфтамаш:
— Акаи Сталине, корҳои ту бисёр, доим гири кор. Биё «ҳа» бигӯву ман равам майдони ҷанг. Вазифаи маршаливу генераливу камандирӣ даркор нест. Мехоҳам бо ҳамин дастони худам як алови чашми фашиста бигирам.
Акаи Сталин фикр кард, фикр кард, дастҳош паси пушт пеш рафту ақиб рафт. Хуб майнара об карду баъд оқибат розӣ шуд. ӯ феъли мара медонист-да!
Боз гуфтамаш:
— Лекин, акаи Сталин. Аз ҳозир бигӯ, ки дар як рӯз чанд фашиста нест карданам даркор?
— Панҷоҳ-садташа дар як рӯз қир бикунӣ, бас аст,- гуфт акаи Сталин,-барои мо Джалилҷани сиҳату саломат даркор.
— Не, акаи Сталин,- гуфтам ман,- ҳар рӯз то чошт омадагиша ҳамаша қир мекунаму баъд ҷомбошу истироҳат.
— Ман розӣ,- гуфт акаи Сталину чака партофт, баъд ба як генерал фармид, ки мара дар самалот шинонда, ба хати фронт барад.
Дар майдони ҷанг чӣ хеле ки бо акаи Сталин маслиҳат карда будам, фашисти омадагира то масофаи тиррас қир мекардам. ӯеш, ки хун дошт, пеш меомаду дар пешониш ё кундуки синаш тир мехӯрд, ӯеш, ки хун надошт, «ҷони худоӣ» мегуфту мегурехт ақибноқиб.
Дар нимрӯзӣ истироҳати акатон сар мешуд. Камандиру аскари бисёр аз хурсандӣ дар гимнастёркаҳошон намеғунҷиданду ҳамакаса чӣ хӯрдание, ки доштанд, меоварданд пешам. Аммо ман… Чӣ авқота дӯст медоштам меген? Соз пай бурдед. ӯ ғот ҳар хел хӯрок ба акаи Ҷалилтон маъқул набуд. Дар пушти акопам пали гашничу пиёз доштаму дар як дзот гови гӯсоладор. Дӯғаш барои як баталиён бас буд. Ҳар сари чошт маза карда, шакаров мехӯрдаму дар хунукиҳо қурутов.
Хулоса, додарҳои қиёматӣ, чунон ҷангҳое кардам, ки қиссашона фақат худам медонаму фашисти зинда мондагӣ медонаду Худо худаш. Ягонташа нақл бикунам? Як не, барои шумо ҳазорташа нақл мекунам.
Мана, як ҳодисачае, ки шояд пеши саргузаштҳои дигарам ҳич аст.
Як бор то гашти рӯз ҷанг кардем. Душман тути лухӣ ворӣ мерехту мерехт. Тирҳо тамом шуданд, лекин фашист рама ворӣ меомаду меомад, ҳич мақсади ақибшинӣ ё камшавӣ надошт. Дар баталиён паника, тарсу воҳима, ки ҳозир ҳамамона зинда ба зинда мехӯранд ин фашистҳои гизала. Дидам, ки илоҷи дигар нест, як релси поезда канда, ҳуҷум кардам тарафи душман. Ба қудрати Худованд, ҳар боре, ки релса дангалчик ворӣ мепартофтам, фашистҳо малах ворӣ маҷақ мешуданду ҷо ба ҷо мемурданд. Вақте боз релса бардоштаму хостам ӯҳора бизанам, боқимондаш ҳама яроқҳора партофт, дастҳо болову рангу рӯ пуркидагӣ ба зораву тавалло даромаданд:
— Акаи Джалилҷан, мора назан, мо дар хизмати худат.
Мардака зӯраш дар ин хел ҳолат чӣ кор мекунад? Даррав аз гуноҳшон гузаштаму ҳамашона аз ҳамон ҷо ростакӣ Қазоқистон роҳӣ кардам. Як ҷойи ватани мора, ки хароб карданд, як гӯшаи дигарша обод кунанд-да! Ҳозир ҳам боқимондаи ҳамон фашистҳо дар Қазоқистон агар номи акаи Ҷалилтона шунаванд, аз ҷо рост мехезанд…
Аз чашмҳотон мебинам, ки додарҳои ҷон, қиссаҳои акатон маъқул шуданд, лекин ҳамин пиёлаҳои чойтона гиреду ман ҳам як кашиданӣ носа таги забон партому бинам, ки ҳамин ҳавои ранги кӯдаки зумкардагӣ дамаш дарун дохтагӣ дили боридан дорад ё не?

Дорои ДИЛОВАР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: