Главная > Uncategorized > Акаи Ҷалил дар самалоти беқанот

Акаи Ҷалил дар самалоти беқанот

Сутуни хонатон тилло, додарҳои ҷони ака, ҳамон хеле гуфтам, фашиста мекуфтаму мекуфтам, лекин душман омадан дошту кам шудан не. Як рӯз шинак шишта, фашистҳоро якта-якта нишон мегирифтам, ки касе ба китфам тап-тап зад. Гашта бинам акаи Сталин.

Қучоқ гирифта, вар хӯрдем, сахт ҷуқидем.

— Джалилҷан, нос дорӣ?,- пурсид акаи Сталин.

Кадуи носа дароз кардам. Як кашиданӣ носа таги забонаш партофта, мазза карду баъд гуфт:

— Биё ҳамроҳ хати фронта тамошо мекунем.

Камтар дурдар аз акопи мо самалоте мора интизор буд. Савор шудему болои хати фронт парвоз кардем. Азбаски акаи Сталин ҳам мисли ман нотарс буд, ба лётчик фармид, ки аз болои фашистҳо парвоз кунад.

Аз тор тамошо кардани ҳаракати танку тӯпу ҷумбуҷули аскари душман бисёр аҷоиб тофт. Акнун фикр мекардам, ки агар тамошора бас кунему ба замин фуроем, аз акаи Сталин хоҳиш мекунам, ки ҳамин самалота ба ман супораду ман очаи фашиста дар чашмаш нишон диҳам. Ҳамин фикр аз хиёлам гузашта буд ё не, ки фашистҳо аз поин самалоти мора диданд. Яке ки сар шуд тирпарронӣ аз тамоми афтамату пушкаву танкаи доштагишон. Лекин мо натарсида пеш мерафтем. Оқибат як снаряд ба як қанати самалот расида, ҷудош кард. Самалот яктефа шуду яктирева рафтан гирифт. Қаноти будагӣ вазнинӣ мекард, ки он тарафи самалота суни замин мекашид. Лётчик чӣ кор карданша намедонист. Ман ҳам ки дидам вазъият шӯхӣ надорад, аз ҷойи он тефи кандагии самалот як дастма берун баровардам. Самалот гӯё қанат баровард, ки боз парвозша пештара ворӣ давом дод. Чанду чанде ҳаракат карда будем, ки фашистҳо қанати дуюма нӣ зада ғалтонданд. Акнун ҳайрон будам: самалот аз ҳар ду тефаш халос шуд ва агар дастма кашида бигирам, чӣ мешуда бошад? Лекин боз тездар дар сарам фикре зад, ки мабодо самалоти беқанот мисли лаблабӯ суни замин саркалапо нашавад. Агар ин қанати падарлаънат даркор намешуд, созандаҳош ба самалот намечаспондандаш! Ин фикри олӣ зуд мара маҷбур кард, ки боз як ғайрати рустамона бикунам: даррав дасти дигарма аз ҷойи қанати дуюм баровардаму боз парвози самалот ҷошда омад.

Зӯрира бубинед, ки дар ҳамин самалоти бетефмон боз дар болои душман парвоз дорем. Фашист аз ин сахтҷониву нотарсии мо сахт гизала шуду боз орам кард тиру снаряди бисёрера тарафмон. Ин марта чархҳои самалота нӣ зада ғалтонданд.

Акаи Сталин, ки аз корҳои ман фақат машаи ханда мекард, пас аз ғалтидани чархҳои самалот гуфт:

— Джалилҷан, дараки қанатша ёфтӣ, лекин чӣ хел ба замин мешинем? Ин тарафша фикр кардӣ?

— Парво накун, акаи Сталин,- гуфтам ман,- ҳамин ки ба замин наздик шудем ман пойҳома аз поин мебарораму бемалол ба замин мешинем.

Ҳамин хел ҳам шуд. Вақте дар як аэропорти худмон ба замин шиштем, касе бовар намекард, ки мо дар ҳамин самалоти беқаноту бечарх парвоз кардаву боз сиҳату саломат ба замин фуромада бошем. Лекин ҳақиқат ки ҳақиқат аст, то ҳозир ҳич кас натонистаст, ки ӯра дар ҷое пинҳон кунад, ранге ки меган офтоба нӣ ба доман пӯшонда намешавад.

Лекин дилам ба ҳамон самалот сӯхт, ки акнун ба осмон бароварданаш ҳиҷ илоҷ надошт. Мани содда орзу карда будам, ки бо ӯ аз болои фашистҳо парвоз карда, мисли пашшае, ки дар гӯши фил медарояд, душмана ҷонсараку саршапу безор аз ҷон мекунам. Лекин боз худма тасалло додам, ки агар рафту самалот самалот мемонду бо он парвоз мекардам, акопу пали гашничу пиёзу шакаровхӯрии ман чӣ мешуд? Дар тори ҳаво пали гашнич аз куҷо? Бодхӯрак ворӣ фақат шамол мехӯриву парпар карда мегардӣ чор тараф.

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: