Главная > Uncategorized > «Вовчику юрчик» ва салафияҳои «гизала»

«Вовчику юрчик» ва салафияҳои «гизала»

Салафия, ваҳҳобия, суннӣ, шиа ва дар ин миён миссионерҳои дини насронӣҳақ будани худро нишон медиҳанд, ё паси парда бозиҳои сиёсист?

Фаъолияти ҷараёни салафия, ки ба бовари бештари уламои ислом як навъ пайравӣ аз ақидаҳои мазҳаби ваҳҳобия, ки асосгузораш ибни Таймия ва Абдулваҳҳоб аст, мекард, дар Тоҷикистон манъ аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи намояндагони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фаъолияти ваҳҳобия манъ ё маҳкум нашудааст.

Ба андешаи бархе аз таҳлилгарон аксари мазоҳибе, ки аз хориҷ омадааст, як навъ таҳмилӣ маҳсуб мешавад. Зеро дар пушти онҳо хоҷагони хориҷӣ меистанд ва  ҳар яки ин равияҳо сиёсати вижаи худро ба дунбол доранд. Вале намояндагони мазҳабҳои гуногун иллати буду бош ва фаъолият дар кишвари бегонаро нишон додани роҳи дуруст ва ҳақиқат барои башарият арзёбӣ мекунанд ва дар тамоми давлатҳое, ки унсурҳои демократиро қабул доранд, ҳуқуқи фаъолият ба эшон дода шудааст. Аммо тибқи қонунгузориҳо фаъолияти онҳо бояд танҳо барои ҳидояти мардум нигаронида шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки намояндагони бархе мазҳабу динҳо бо додани маош ё озуқаворӣ мардумро ба ҷонибдории хеш даъват мекунанд. Мисоли рӯшани ин дини насронист, ки аз рӯйи маълумотҳои таҳлилгарон бо халтаҳои орд ва додани маблағ теъдоди пайравонашро зиёд мекунад.

Намояндагони тамоми дину мазҳаб ва равияҳо даъво доранд, ки пайравӣ аз ақидаи онҳо роҳи наҷот аст ва инсон растагор хоҳад шуд. Ба кадоми онҳо метавон эътимод кард?  Оё дарвоқеъ дар таълимоти онҳо растагории инсонҳо нақши бештар дорад ё манфиати синфиву гурӯҳие, ки аз сиёсати эшон бармеояд? Суолест, ки дар доираҳои уламо то ҳанӯз матраҳ аст ва ҳар кадоме ҳақ будани худро собит кардан мехоҳанд. Исломиҳо тамоми адёни гузаштаро мардуд мешуморанд, вале насрониву яҳудӣ баръакс худро ҳақ нишон доданиянд. Мазҳабдорони шиа «ҳақ ҷониби мост» мегӯянд, лекин салафиҳо эшонро кофиру худро растагор меҳисобанд. Сунниҳо бо далели он ки аз чор се ҳиссаи мусулмонон пайрави мазҳаби онҳоянд, ҳақро бо худ мепиндоранд. Дар ин миён ҳар яке далелу ҳадис доштанд, вале якдигарро ба баёни ҳадиси заифу носаҳеҳ муттаҳам мекарданд. Ин гуна ҳолат дар баҳсҳои салафиён бо сунниҳо дар Тоҷикистон рух дода буд, ки яке далели дигареро рад мекарду ҳадиси баёнкардаи худро дуруст меҳисобид. Дар охир кор то ҷое расид, ки дар масҷидҳо ҳини намозгузорӣ бо ҳамдигар баҳсу занозанӣ мекарданд ва билохира бо қарори ҳукумат фаъолияти салафия манъ шуд.

Ҳоло тибқи омор дар Тоҷикистон беш аз 80 ташкилоти динии ғайриисломӣ сабти ном шудааст. Вале дар ин миён мазҳабҳои исломӣ, аз қабили салафияву шиа дар солҳои ахир фаъолияташон назаррас буд, ки таблиғи салафиҳо ҳам  манъ шудааст. Иллати рушд кардани мазҳабҳои дигар дар Тоҷикистонро, ки мардумаш бештар пайравӣ аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мекунанду ақидаҳои имоми Аъзамро қабул доранд, таҳлилгарон дар он мебинанд, ки бештари ҷавонони тоҷик таҳсили исломӣ ва мазҳабӣ надошта, савияи донишашон паст аст. Аз ин хотир ба ҳар гуна таблиғу ташвиқ бовар мекунанд. Донишманди тоҷик, Масрур Абдуллоев бар ин назар аст, ки агар дар байни намояндаҳои мазҳабҳои гуногун қарор дошта бошад ҳам, аз ақидааш намегардад. Зеро дар баробари гуфтаҳои онҳо далели кофӣ ва посухи хуб дода метавонад. Аммо шахсе, ки дониши кофӣ надорад, ба ташвиқи дигарон зуд бовар хоҳад кард.

Иллати дигари рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба мазҳабҳои ғайрро коршиносон аз таҳсили улуми динии онҳо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Миср, Малайзия, Туркия, Эрон ва Покистон, ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ ва тағйир ёфтани мафкураи эшон медонанд.

Ваҳҳобиҳо кистанд, хоҷагони салафиҳо?

Ваҳҳобия як фирқаи мусулмонони суннист, ки ба номи бунёдгузори он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб номгузорӣ шудааст. Абдулваҳҳоб дар садаи 18 ба таблиғи ақидаҳои ибни Таймия пардохт ва сабаб шуд, ки тарафдорони ин ақида дар нимҷазираи Арабистони Саудӣ афзоиш ёфта, таъсири онҳо дертар ба даҳҳо кишвари дигари мусулмоннишин паҳн шавад. Меҳвари ғоявии онро тавҳид, афзалияти ислом, радди хурофоту бидъат ва мухолифат ба ҳама гуна ислоҳоту навсозӣ дар дин ташкил медиҳад.

Дар асри 18 дар Арабистони Саудӣ мазҳаби диниву сиёсии арабҳо-ваҳҳобия ба вуҷуд омад, ки то оғози асри 19 зери парчами он тамоми Арабистон ба давлати феодалии ваҳҳобияи саудиҳо муттаҳид шуд. Дар натиҷаи ғасбкориҳои амир ибни Сауд соли 1932 давлат Арабистони Саудӣ ном гирифт.

Ваҳҳобия ва сарусадо дар бораи ҳузури пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон бори нахуст дар нимаи дуввуми солҳои 80-и қарни гузашта, дар ҳоле рӯ зад, ки таъсири ин фирқа ба ҳаёти мусулмонон зиёд шуд ва талошҳои онҳо то андозае моҳияти сиёсӣ пайдо кард. Вале чаро ҷараёни салафияро, ки солҳои наздик дар Тоҷикистон худро нишон дод,  пайрави ақидаҳои ваҳҳобиён ё «ваҳҳобии модерн» маънидод карданд.

Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо далели ин ки баъзе аз ақидаву баҳси салафиҳо ба ҷараёни ваҳҳобия шабоҳат дошт, Мавлавӣ Муҳаммадҷон, рӯҳонии маъруф ва фориғуттаҳсили мадрасаи «Аҷмил»-и Ҳиндустон дар соли 1927 унвони ваҳҳобиро ба онҳо муносиб донистааст.

Маъруфулло Раҳимов бар ин назар аст, ки нахуст иддао ва баҳси ин гурӯҳи ҷавонон дар Тоҷикистон бештар ба ақидаи «Ихвоният»-и Миср наздикӣ дошт, нисбат ба ваҳҳобия. Равиши баъдинаи онҳо чеҳраи воқеияшонро зоҳир кард. Онҳо барои пайдо кардани карйера аввал масоили мазҳабиро пешорӯи халқ кашиданду масъалаи сиёсиро ба баъд гузоштанд. Пас аз карйера пайдо кардан масоили сиёсиро матраҳ намуданд,- мегӯяд ӯ.

Муовини раиси Шӯрои уламо мегӯяд, ҳоло пайравони ақидаи ваҳҳобия дар кишвар ҳузур надоранд ва дар тӯли чанд соли ахир садои онҳо шунида нашудааст. Вале ӯ мегӯяд, шакли муосири ин равия бо номи «салафия» зуҳур кардааст, ки панҷ соли гузашта дар кишвар фаъол буд. Салафия ин як шакли ба замона мутобиқгаштаи ваҳҳобия аст. Фарқ байни ин ҳар ду ҷузъист. Яъне дар асоси таълимот онҳо ягонаанд, танҳо салафия дар масоили иҷтиҳодӣ ақидаи дигаргун дорад,- мегӯяд Маъруфулло Раҳимов.

Дар ҳамин ҳол фаъолияти ҷараёни ваҳҳобия дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом нашудааст. Танҳо фаъолияти салафия маҳкум шудааст.

«Вовчику юрчик»

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ду гурӯҳ зидди ҳам қарор гирифтанд, ки мардум онҳоро бо номи «вовчику юрчик» ёд мекарданд. Яъне, исломиҳо ва коммунистҳо. Аз ин дидгоҳ гирем, ваҳҳобиҳо гуфта баъзе намояндагони имрӯза Ҳизби наҳзати исломро мардум дар назар доштанд. Аммо дар ҳамин ҳол Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, рӯҳонӣ ва фаъоли ҲНИТ унвони «ваҳҳобӣ»-ро дар баробари номи гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар солҳои ҳаштодум ва навадум «тамға»-е беш намедонад. Вай гуфт: «Аз назари банда он чизе, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон гузашт, як ҳадафи хосеро ба дунбол дошт. Ин як навъ тамға ё тӯҳмате буд ба номи ҷавонҳои тоҷик. Ҷавонҳое, ки ба хотири истиқлоли кишвар, эътирофи ҳақ ва ҷойгоҳи мардуми мусалмон дар мақомот ва дар роҳи Худо қиём карданд. Аммо замоне, ки онҳо оиди баъзе масоил бо мардум сӯҳбат мекарданд, аксарият эшонро дарк карда натавонистанд», илова кард ӯ.

Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ҳангоми сӯҳбат дар барномаи «Оини мадоро» гуфт, ки ҷавонони ба ном ваҳҳобӣ дар Тоҷикистон нахустин бор худро бо баҳсҳои марбут ба масоили динӣ, аз ҷумла, «оши сари тахта» муаррифӣ кардаанд. Дар масъалаи оши сари тахта мешавад гуфт, ки сухани онҳо ҳақ буд. Зеро мазҳаби ҳанафӣ низ оши сари тахтаро маҳкум кардааст. Вале чун расми бидъӣ дар миёни мардум ҷорӣ буд, вақте ин гурӯҳи ҷавонон мухолифи ин нукта баромаданд, бо номи ваҳҳобӣ маъруф шуданд, афзуд ӯ.

Эшони Маҳмудҷон дар ҳузури ваҳҳобиҳо ва ҳамагуна мазҳабҳои нави исломӣ дар кишвар омилҳои хориҷӣ ва дохилиро сарфи назар намекунад. Ба андешаи ӯ чунин омилҳо буданд, ки дар гузашта мардумро ба «вофчику юрчик» ҷудо карданд ва вазъро ноором сохтанд, ки билохира ба ҷанги дохилие, ки ба сари мардум бадбахтиҳои зиёд овард, гирифтор шуданд.

Дар ҳамин ҳол дар гузашта то имрӯз касе аз роҳбарони ҲНИТ иброз накардаанд, ки онҳо ё пайравонашон ҷонибдорӣ аз ваҳҳобия намудаанд.

Муллоҳои»гизала» дорем?

Фаъолияти салафиҳодар Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олӣ манъ карда шуд. Ҳоло теъдоди зиёди пайравони ин мазҳаб дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва иддаи боқимонда ақидаи худро пинҳон медоранд. Аммо аз рӯйи таҳлилҳои коршиносон эҳтимоли дар зиндонҳо зиёд шудани салафиҳо мавҷуд аст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки зиндонӣ кардани онҳо роҳи ҳал нест. Ягона роҳи ҳал ин баҳсҳои илмӣ ташкил кардан миёни ин гурӯҳ ва уламои динии Тоҷикистон аст. Аммо суоле пайдо мешавад, ки уламои мо қудрати баҳс кардан бо салафиҳоро доранд? Зеро дар гузашта таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки гаравидани ҷавонон ба мазҳабҳои ғайр аз надоштани дониши кофии динӣ ва суст фаъолият кардани уламои дин мебошад.

Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки дар кишвар эшонҳои донишманде ҳастанд, ки аз таърих ва назарияи ислом тасаввуроти кофӣ доранд ва потенсиали ақлонии онҳо имкон медиҳад, ки ба баҳс ворид шуда, раванди онро танзим кунанд.

Ҳамзамон сиёсатшинос, Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар масъалаи ваҳҳобиву салафӣ маълумоти бештар дорад ва вориди баҳс шуда метавонад.

Иддае аз таҳлилгарон ворид шудани ҳама гуна мазҳабҳои ғайрро ба Тоҷикистон сабаби ихтилофи зиёд пайдо шудан байни мусулмонони кишвар медонанд. Таълим гирифтани ҷавонҳои тоҷик дар хориҷ ва ақидаи бегонаро тарғиб кардани ӯ, фаъолияти густардаи равияҳои гуногун дар Тоҷикистон, аз ҷумла,  гурӯҳҳое чун ваҳҳобия, салафия, аҳмадия ва байъат, ки дар бештари маврид сиёсати вижаи худро пеш мебаранд, эҳтимолияти хатар ба амнияти кишварро дар худ дорад. Аммо мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон мазҳабҳо ва динҳои дигар ҳуқуқи озодона фаъолият карданро доранд. Вале ин ҷо суоле матраҳ аст, ки мақомоти зирабт оё метавонанд ғайримақсад фаъолият кардани ин гурӯҳҳоро исбот кунанд? Агар не, пас ҷавонон аз камдонишӣ ва мардуми мӯҳтоҷ ба хотири пулу мол ба динҳои ғайр гаравиданро идома хоҳанд дод.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: