Главная > Uncategorized > Дардрезаҳои диёри ғурбат…

Дардрезаҳои диёри ғурбат…

Қиссаи як мурдафурӯш

Ҷавоне аз ноилоҷиву бори сангини зиндагӣ  сарсону ҳайрон қатори дигар ҳамватанон роҳи Русияро пеш гирифт. Дар рӯзҳои аввал сахт азоб кашид. Аз бепулӣ  на ҳуҷҷати иҷозати кор гирифту на дар хонаи иҷора зист. Дар як деҳаи дурдасти шаҳри Питер ба кори сохтмонӣ  оғоз кард. Гоҳҳо заминро побел мекарду дар сардиҳои зимистон заминро аз ях тоза менамуд. Ҳаминҷо дар вагони кӯчаку бадбӯйе хоб мерафт. Ду моҳ пас маоши ночизе мегирифт. Аммо ба ҳаминаш ҳам шукр карда,  қаноатманд буд. Хуршед он нисфирӯзӣ  болои боми як сарватманди чечениро таъмир мекард. Ногаҳ телефони мобилиаш занг заду  гӯшакро гирифт. Модари зору пазмон аз он тараф гуфт:

-Бачаҷон созӣ, гушнаву ташна нестӣ. Зодрузат муборак бошад! Илоҳо кору борат хуб шаваду омада як зани нозанин гирӣ. Аммо ин замон Хуршедро пояш тоб хӯрду  пуштнокӣ  фитод рӯйи ях. Садои модари зор то тамом шудани вақти телефон дар ҳавои сард баръало садо медод. Хуршед лағжида- лағжида ба рӯйи як оҳани дароз, ки ду тарафаш  тез буд, фитода сахт дармонд. Марги новақт ҳатто нагузошт ки ӯ бо модар сухани вопасине бигӯяд.

Шаҳри мардум шаҳри зард,

Шаҳри мардум шаҳри сард.

Шаҳри мардум шаҳри дард,

Шаҳри мардум шаҳри гард

Ҷасади Хуршеди 19 соларо ба майитгоҳ (морг) бурданд. Рӯзи тавлидаш ба рӯзи маргаш табдил ёфт. Вақте ки ҷавонмарди хайрхоҳ Неъмат Бобоҷонов ин ҷасадро мешуст ашк аз дидагонаш беист ҷорӣ  мешуданд. Охир ин ҷасади бечора тӯли ду моҳ қариб боиси «пулкоркунӣ » гашта буд. Тоҷикони «ватанхоҳе» пайдо шуданд,  ки аз ҳисоби ин ҷасад доллар кор карданӣ  шуданд. Онҳо чечени сарватмандро ба суд дода аз ӯ ба маблағи 50000 доллар товони ҷони ҷавонро талаб карданд. Чечен бар зиддӣ онҳо адвокат гирифта исбот карданӣ мешуд,  ки дар рух додани ин воқеаи нохуш ӯ заррае гунаҳгор нест. Аммо то ин вақт ин тоҷикони нав намегузошатнд,  ки ҷасад ба Ватан фиристода шавад. Ҳол он ки рӯҳи ӯ сарсон дар диёри ғариб мӯҳтоҷи дуову фотиҳа буд. Неъмат Бобоҷонов дигар ба ин ҳама бузбозиҳо тоқат накарда мурдаро ба Ватан фиристод.

Фиреби ҳамватан

Фотима аз хешу наздикон дарак ёфт,  ки шавҳарашро дар мулки мардум барои авбошиаш ба ҳабс гирифтаанд. ӯ замини наздиҳавлигиашро арзону таъҷилӣ  фурӯхта ба Питер омад.Баъди мулоқоту дидорбинӣ бо шавҳари ӯ  аз пайи ёфтани додгустарӣ донову таҷрибадор шуд. Тасодуфан бо як ҷавони ҳисорӣ  шинос шуд. Ҷавон худро «крутой» вонамуд карда ваъда кард,  ки шавҳари ӯро мебарорад. Вале барои ин аввал ба 8000 доллар лозим аст. Фотимаи содаи деҳотӣ ба суханони ӯ бовар карда аз шиносҳо боз пул ҷамъ карда оварда ба дасти ӯ ҳамин миқдор пулро медиҳад. Ҷавони найрангбоз пулҳоро гирифта гурехта ба Тоҷикистон меравад. Фотима то имрӯз саросону ҳайрон дар кӯчаҳои Петер он  ҷавонро кофта гаштааст.

Шаҳри мардум шаҳри «қанд»,

Шаҳри мардум шаҳри фанд.

Шаҳри мардум шаҳри нур,

Шаҳри мардум шаҳри кӯр

Калҳои хунхур

Ҷамол оҳиста-оҳиста қадам зада ба тарафи хобгоҳашон рафтан гирифт. ӯ бехабар буд, ки ин дақиқаҳо аз пасаш як гурӯҳ калҳои скинхэд поида омада истодаанд. Ҳушу хаёлаш ба падари пиру танҳомондааш банд буд.

ӯ миёни кӯчаи тангу хилват расиду қадамашро тезтар кард. Ногаҳ чизи сахте ба паси каллааш бархӯрд. Баргашта нигарист, вале чашмонашро сиёҳӣ пахш кард. Чор нафар калҳои хунхур ӯро зери шаттаву занҷирҳои худ гифта буданд. Ба гӯшаш расид»смерть не русскым». Ҷамол фақат калима гардонд..Ҳангоме ки дар беморхона ҳанӯз зинда буд гуфт:

-Ин калҳои одамхӯр фақат муҳоҷирони танҳоро таги чашм мекардаанд. Як орзу дорам, ки мурдаамро ба Ватан баранд.

Вақте ки телефонӣ  хабари марги Ҷамолро ба волидайн расониданд, модар якумра фалаҷ шуда дигар аз пой нахест. Боз як тобути ғӯрамарги тоҷик рафт ба Ватан. Шабона ҳангоме ки ҳавопаймо ба парвоз даромад, мусофирон эҳсос карданд, ки дохили ҳавопаймо кимчи хеле мағшушу вазнин аст. Рӯҳи номурод гӯё фиғон дошт:

Шаҳри мардум дидаи зор,

Шаҳри мардум оҳи бисёр.

Шаҳри мардум шаҳри бедор ,

Шаҳри мардум шаҳри фирор.

Муҳоҷирони ӯзбек нархро мефароранд

Имсол аз соли гузашта дида ба Питер муҳоҷирони ӯзбек хеле зиёд омаданд. Як нафар прораби тоҷик ба сохтмон рафта бо маблағи 600 ҳазор рубли русӣ маоши муҳоҷиронро таъин кард, аммо баъди дурӯз соҳиби корхонаи сохтмонӣ занг зада гуфт, ки муҳоҷирони ӯзбек ҳамин корро ба ивази 300000 рубли русӣ сохт намедиҳанд. Шартномаро бекор кард. Ё ин ки дар тарабхонаву каҳвахонаҳо ӯзбекзанҳои муҳоҷир ба ивази 500 рубли русӣ  корҳои вазнинтаринро дар шароити ғайрисанитарӣ  ба душ мегиранд. Нархи мардикору ҳаққи хидмати сохтмончиёни қатори имсол бо ҳамин сабаб хеле паст фаромад

Шаҳлои Наҷмиддин,

аз  шаҳри Санкт Петербург махсус барои Пайкон

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: