Главная > Uncategorized > Кабоба бой хӯраду дудаша камбағал!

Кабоба бой хӯраду дудаша камбағал!

Ҳар гоҳе ба бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мерафтам, шоҳид мешудам, ки савдогарон аз дуди кабобпазон ба дод омада, дудаста сарҳояшонро меқапиданд. Ҳатто баъзан эътирози мардум ба гӯшам мерасид, аммо паст-паст. Шояд аз тарс маҷоли гуфтори буррову баланд надошта бошанд.

Ҳақиқатан дар бозори «Панҷшанбе»-и маркази шаҳри Хуҷанд дуди кабоб димоғро месӯзонад. Худсарии кабобпазон ба ҷойе расидаву касеро аз ин парвое нест. Ин дуд хусусан аз роҳи нафас ба коми савдогароне меравад, ки дар наздикии кабобпазон ба савдо машғуланд.

Нафаре, ки нахост номаш ифшо шавад, зимни сӯҳбат ба мо чунин иброз дошт: «Чандин сол аст, ки аз ноилоҷӣ ба савдогарӣ машғулам. Аз таъсири дуди ин кабобпазҳо чандин бор дар беморхона бистарӣ шудам. Бовар кунед, ман аз ин дуд ба дод омадаам. Аммо чӣ илоҷ, ки замин сахту осмон баланд!?». Ба саволи мо перомуни муроҷиат кардан ба маъмурияти бозор ин шахс чунин ҷавоб дод: «Агар ба раёсати бозор муроҷиат кунем, ҷойи расидагӣ намудан ба арзамон, аз мо талаб мекунанд, ки «ҷойро холӣ кун!». Мо бошем, аз тарс дам ба дарун задаем».

Ҳарчанд кӯшиш кардем, ки директори бозорро пайдо намоем (ба ростӣ, ақаллан номи шарифи ин шахсро наёфтем, худашон онтараф истанд,- М. Ю.), муяссар нашуд.

Дигар савдогарон низ аз амали кабобпазон норозӣ буданд. Аммо аз ин норозигиҳо чи фоида, вақте касе ба арзу доди онҳо намерасад?

Аммо ин ҷо як чиз барои мо муаммост. Магар раёсати бозор наметавонад ҷойи он, ки занҳои ширу ҷурғотфурӯшро аз як нуқта ба нуқтаи дигар меронад, барои кабобпазон ҷойи махсуси муносиберо муҳайё кунад? Барои чӣ бечора савдогарҳои камбағалро мавриди азобу шиканҷаи зиёд қарор медиҳанду ба кабобпазон коре надоранд? Ё дар ин ҷо сирре ҳаст? Ё ба маъмурияти бозор дуди ғализи кабобпазон писанд аст?

Намедонем ин саволҳои мо то куҷо посух меёбанд. Аммо дар охир барои фароғати маъмурияти бозори «Панҷшанбе» (онҳо ҳам одаманд-ку, аз кори «пурмасъулият»-и роҳбарӣ хаста мешаванд,- М. Ю.) латифаеро пеш меорам:

Марди камбағале, ки дар кисааш ба ғайр аз се-чор танга дигар чизе надорад, ҳар рӯз ба назди кабобпаз омада, дуди кабоби ӯро ба димоғ мекашад. Оқибат ӯ ба дили кабобпаз мезанад. Кабобпази беинсоф он мардро наздаш хонда, мегӯяд:

— Ту ҳар рӯз аз дуди кабоби ман нафас мекашӣ ва бояд маблағи онро пардозӣ!

Он марди бечора тангаҳои кисаашро бароварда, наздикии гӯши кабобпаз мебараду тангаҳоро ба ҳам соида мегӯяд:

— Бӯйи дуди кабоби ту мисли овози тангаҳои ман аст.

Муллораҷаб ЮСУФӣ,махсус барои «Пайкон»

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: