Главная > Uncategorized > КОРРУПСИЯ… Кӣ БА БОЗОРИ «ПАНҶШАНБЕ» ЧАШМ АЛО ДОРАД?

КОРРУПСИЯ… Кӣ БА БОЗОРИ «ПАНҶШАНБЕ» ЧАШМ АЛО ДОРАД?

Дар Суди олии иқтисодӣ будаму воқиф гардидам, ки баҳсе вобаста ба бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд рафта истодааст. Гумон кардам, ки баҳс байни ягон соҳибкору маъмурияти бозор будагист. Чандон аҳамият надодам. Вале баъдтар дар сайти «Азия плюс» маводеро мутолиа намудаму ҳисси кунҷковии касбӣ боло гирифт ва ба тадқиқоти масъала шурӯъ намудам.

Бозори «Панҷшанбе» солҳои шастeм сохта шуда, ҳамчун маркази тиҷорат дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии сокинони вилоят нақши назаррас дорад. Эҳтимол, ҳар рӯз садҳо нафар барои эҳтиёҷоташонро баровардан, маҳсулоташонро фурӯхтан вориди ин бозор гарданд. Қариб 40 сол таъмиру тармим нашудани бинои бозор барои истифодаи ояндааш хавфи зиёд дошт.

Дар давраи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ҳолати он боз харобтар мегардад. Воситаҳои ахбори омма дар солҳои 1998-1999 оид дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бозор бонги изтироб бардошта, масъулинро ҳушдор медоданд, ки агар Худо накунаду ягон заминҷунбӣ шавад, имкон дорад, ин иморат ба заминларза тоқат накарда, фурӯ раваду ҳазорон нафар зери бино монанд…

Вақте ки бинои бозор дар чунин ҳолати вазнин қарор дошт, бо имзои раиси ҳамонвақтаи  вилояти Суғд — Қ.Р.Қосимов санаи 27-уми октябри соли 1998 дар бораи иҷроиши чорабинии Ҳукумати вилоят вобаста ба иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 1100-солагии давлатдории Сомониён, 7 солагии Истиқлолият ва 90 солагии академик Бобоҷон Fафуров, ба унвони раиси Раёсати Иттифоқи матлуботи вилоят мактуб ирсол гардида, дар он таъкид мешавад, ки бинои бозори «Панҷшанбе» то арафаи ҷашн аз ҳисоби маблағҳои худи Иттифоқи матлубот пурра таъмиру тармим карда шавад. Гурӯҳи мутахассисони ба ин соҳа алоқаманд ҳисоб мекунанд, ки танҳо барои таъмири як қисми (то 10 фоизи), бино ба ҳисоби миёна 200 миллион рубл лозим аст.

Аз Қарори Раёсати Иттифоқи матлуботи вилоят (№ 118, аз 31.12.1998.), ки протоколи комиссияи кории Иттифоки матлуботи вилоятро (аз 2-уми ноябри соли 1998) мавриди баррасӣ қарор додааст, маълум мегардад: «…барои корҳои таъмиру тармим ва ободонии бозорро аз ҳисоби маблағҳои худӣ иҷро намудан, камаш 8- 10 сол интизор шудан лозим аст».

Пас аз ин масъалаи ба фурӯш мондани бинои бозори «Панҷшанбе» ба миён меояд.

То пайдо шудани масъалаи фурӯши бинои бозори «Панҷшанбе», байни Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд ва ҶСП «Фортуна» ҳамкорӣ мавҷуд буда, Созишномаи генералӣ (аз соли 1998) баста шудааст. Роҳбарияти ҷамъияти «Фортуна» аз нақшаи фурӯши бозор огоҳ гардида, аввал ба унвони раиси раёсати Иттифоқи матлуботи вилоят, пас ба раисони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо тариқи расмӣ муроҷиат намуда, омодагии ҷамъияташро барои харидани бинои бозори «Панҷшанбе» ва то санаи ҷашнҳои миллӣ пурра аз таъмири капиталӣ баровардан, изҳор менамояд. Ҳукуматҳои вилоятию шаҳрӣ  барои фурӯхтани бино розигӣ медиҳанд ва Нақшаҳои комплексии генералии ҷамъияти «Фортуна» -ро оид ба гузаронидани тадбирҳои таъмири капиталӣ, азнавбарқароркунӣ ва пуриқтидорсозии вазъи техникии бинои бозори марказии «Панҷшанбе» — ро пурра ҷонибдорӣ менамоянд.

Раёсати Иттифоқи матлуботи вилоят «Оид ба иҷозат додан ба фурӯши бозори «Панҷшанбе», қарори худро (таҳти № 118 аз 31-уми декабри соли 1998) ба тавсиб расонида, аз раёсати «Тоҷикматлубот» дархост мекунад, ки  Қарорро дастгирӣ намоянд. Раёсати  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо қарори худ (таҳти № 2 аз 11-уми январи соли 1999) бо назардошти вазъияти гарони баамаломада дархостро ҷонибдорӣ намуда, барои фурӯхтани бинои бозор, бо таври истисно иҷозат медиҳад. Қарори мазкур танҳо барои гирифтани пеши роҳи талафоти ҷонӣ (аз ҳодисаҳои табиӣ, хусусан заминларза) қабул шудааст ва иборат аз риояи як талабот аст: Нархгузорӣ дар асоси Низомнома, ки бо Қарори Раёсати Иттифоқи матлуботи Тоҷикистон, (аз 23.01.1998 с., таҳти №14) .

Маҷлиси якҷояи Раёсати бозорҳои иттифоқи матлубот ва роҳбарияти Иттифоқи матлуботи вилоят санаи 14-уми январи соли 1999 барои бинои бозорро ба ҶСП «Фортуна»  ба маблағи 260 миллион рубл фурӯхтан ризоият медиҳад. Рӯзи дигараш шартномаи хариду фурӯш байни идораи бозорҳои вилоят ва ширкати бисёрсоҳавии «Фортуна» ба имзо расида, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Ҳамчунин санаи 15-уми январи соли 1999 байни «фурӯшанда» ва «харидор» Шартномаи иловагие ба тавсиб мерасад, ки бар ивази маблағ «фурӯшанда» ба «харидор» бояд  равғани растанӣ диҳад.  Шояд ин ҷо суоле пайдо шавад, ки чаро маблағ неву равғани растанӣ дода шудааст? Ҳар нафари он солҳоро пеши назар оваранда, бо осонӣ дарк мекунад, ки  мардум ба маводи хӯрока,  хусусан ба равған чӣ қадар эҳтиёҷ доштанд. Дар дасти халқ «талон»-ҳо буданду, дар мағозаҳо чизе набуд. Ҳамин чизро ба инобат гирифта салоҳ донистанд, ки мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоянд.

Мувофиқи санади тартибдодашуда  (аз 18-уми марти соли 1999) маълум мегардад, ки ҳамаи шартҳои шартнома иҷро шудааст ва ҷамъияти «Фортуна» соҳибмулки бинои бозори «Панҷшанбе» арзёбӣ гардидааст.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ду маротиба) Ширкати ҳуқуқии «Контракт», Прокуратураҳои генералӣ ва Хуҷанд, кумитаи идоракунии амволи давлатии Ҳукумати вилоят, Ширкати байналхалқии ҳуқуқии «Контракт», комиссияи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо хулосаҳои худро оид ба тибқи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба тавсиб расидани шартномаю соҳибмулкии бинои бозор будани ҶСП «Фортуна»-ро таъкид намудаанд.

Ҳуҷҷатҳои расмии муҳандисӣ — сохтмонӣ дар хусуси он, ки ба корҳои ободонии биноҳои бозори марказии «Панҷшанбе» ва ҳудуди он, нисбат ба арзиши фурӯши бозор аз тарафи ҷамъияти «Фортуна» чанд маротиба зиёд маблағ сарф шудааст, шаҳодат медиҳанд.

Санади муайянсозии ҳолати техникии бозор, ки аз тарафи комиссияи қабули давлатӣ тартиб дода шудааст (аз моҳи январи соли 1999), аз вазъи ногувори бинои бозори «Панҷшанбе» гувоҳӣ медиҳад.

Санади ҳолати техникии бозор, ки баъди аз ҷониби ҷамъияти «Фортуна» гузаронида шудани корҳои таъмирию тармимӣ ва ободонӣ тавсиб гардидааст, оиди ба куллӣ беҳтар ва бехатар шудани шароити техникии бинои бозор, дарак медиҳад (аз моҳи августи соли 1999).

Баъди гузаштани 8(!) сол, санаи 20-уми марти соли 2006 аз ҷониби Идораи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  санади муфосилавӣ оид ба санҷида баромадани ҳолати хусусигардонии бозори марказии «Панҷшанбе гузаронида шудааст. Аз санад айнан: «Аз тарафи ман мутахассиси идораи кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исоев Ҳабибулло, дар асоси шаҳодатномаи идора таҳти № 35 аз13.03.2006 сол, дар асоси мактуби раёсати Вазорати амният дар вилояти Суғд таҳти № 6/638 аз 21.02.2006 сол бо хабардошти раиси раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд Қосимов Н.С. ва иштироки бевоситаи сардори идораи ҳисобот, молия ва назорати Иттифоқи матлуботи вилоят Набиев А. санҷиш гузаронида шуд».

Пеш аз он, ки дар бораи санад маълумот диҳем, аввал диққати хонандаро ба ҳамин қисмати айнан овардашуда ҷалб намуданием. Аввалаш кумитаи назорати давлатии молиявӣ ба моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ чӣ алоқамандӣ дорад? Баъд, раёсати Вазорати амният дар вилояти Суғд ба масъалаи ҳолати хусусигардонии бозори марказии «Панҷшанбе» чаро таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст?! Агар моликияти давлатӣ мебуду ба ягон шаҳрванд ё ташкилоти хориҷӣ фурӯхта мешуд, мегуфтем, ки манфиати давлат мавҷуд мебошад ва ё ягон сирри давлатӣ ҳаст. Маълум аст, ки бозори «Панҷшанбе» бо воситаи маблағҳои бозорком (идораи бозорҳои колхозӣ) сохта шудааст ва дар ин хусус бо Қарорҳои комиҷроияи депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Ленинобод (№ 43,77, 3, 434 солҳои 1951-1965) исбот мешаванд ва он моликияти кооперативӣ мебошад. Дарвоқеъ, аз 15-уми январи соли 1999 бозори «Панҷшанбе» ҳамчун моликияти ҶСП «Фортуна ба ҳисоб меравад ва пас чаро ҳангоми санҷиш соҳибмулкро огоҳу ҷалб накарданду раёсати Иттифоқи матлуботи вилоятро, ки кайҳо ин бино аз тавозунаш бароварда шудааст ва ба бино ягон алоқамандӣ надорад?!

Санади тартибдодашуда аз 11 саҳифаи чопӣ иборат буда, қисми аввали он ба зикри  мактубу санадҳо, хулосаҳо дар бораи тибқи меъёрҳои Қонун ба ҶСП «Фортуна» фурӯхта шудани бинои бозори «Панҷшанбе» меравад. Мо ба қисмати дигари он таваҷҷӯҳ менамоем. Айнан аз санад: «Аз руйи ҳуҷҷатҳои вобаста ба хусусигардонии бозори марказии «Панҷшанбе» бармеояд, ки ҳамаи амалиётҳои хусусигардони пурра ба қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар рафти санҷиш ва шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои ибтидоии дар Итифоқи матлуботи вилоят буда, маълум сохт, ки аз тарафи роҳбарияти ҳамонвақтаи идораи бозорҳои вилоят Баҳоваддинов Б. ва раиси Иттифоқи матлуботи вилоят Ахмедов А.С. ба баъзе нофаҳмиҳо роҳ дода шудааст».

Дар қатори «нофаҳмиҳои роҳдодашуда» агар ба рақами тартиби гузоштаи собиқ сардори бозорҳои вилоят аҳамият диҳем: санаи 30 октябри соли 1998 таҳти № 37 ба раёсат муроҷиат кардааст. Директори навтаъиншуда Б. Баҳоваддинов бошад таҳти № 53 мактуб менависад. Маълум мегардад, ки мактуб пас аз ба вазифа таъин шудани Б. Баҳоваддинов омодаю имзо карда шудааст. Танҳо ҳангоми гузоштани сана, эҳтимол дорад, хатогии техникие роҳ ёфта бошад. Санҷишгарон дар мавриди ин мактуб  ақида доранд, ки он санаи 27-уми январи соли 1999 тартиб дода шудааст. Чунки дар як кунҷи мактуб гӯё қайди воридот бо қалам дар Иттифоқи матлубот аз 27-уми январи соли 1999 таҳти №12/4 будааст.

Касе ки аз оддитарин масъалаи коргузорӣ огаҳӣ дорад, медонад, ки бо фаро расидани соли нав тартиби мактубҳои воридотию содиротӣ ҳам аз нав оғоз карда мешавад. Чӣ хел дар як моҳ 53 мактуб навишта мешудааст, ки ҳамин идора аз аввали соли 1998 то 30 октябри соли 1998 (мактуби М.Тоҳиров) ҳамагӣ 37 мактуб содир карда будааст?! Fайр аз он санҷишгарон, ба дигар санадҳои қабулшуда, дар мавриди хариду фурӯши бино, ки арзиши ҳуқуқиашон аз ин мактуб ҳазорҳо маротиба болотар меистад, аҳамият надодаанд.

Далели дигари дар ин санад оид ба «нофаҳмиҳо роҳ додашуда»  он аст, ки гӯё тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқи матлуботи вилоят, ки дар анҷумани VI-и кооператсияи матлуботи вилоят қабул шудааст, молу мулки иттифоқи матлубот фақат бо қарори Шӯрои Иттифоқи матлубот ба тариқи беподош ё ройгон супурда мешавад». Намедонам, санҷишгарон чаро ин нишондоди Оинномаро ба худ «дастгирак» карданӣ ҳастанд. Дар ҳоле, ки бинои бозори «Панҷшанбе» ба касе беподош ё ройгон супурда нашудааст. ҶСП «Фортуна» бо воситаи маблағи худ ин иншоотро харидорӣ намудааст.

Метавон сари ҳар як «нофаҳмиҳои роҳ додашуда»-ю «ошкоргардида» ба чунин тарз ибрози ақида намоӣ. Вале барои ба дарозо накашидани мавзӯъ охири санадро айнан меорем: «Ҳамин тариқ, аз ҳисоби кам ҳисоб намудани арзиши бозори марказии «Панҷшанбе» бо айби роҳбарияти ҳамонвақтаи Иттифоқи матлубот ва идораҳои бозорҳои Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод ба соҳаи Иттифоқи матлубот ба маблағи 43 ҳазору 939 сомонию 03 дирам зиён оварда шудааст».

Барои мисол, гуфтем санад дуруст аст ва маълум мегардад, ки дар ин ҷо давлат ягон фулус ҳам зарар надидааст. Чунки санҷишгарон худ таъкид менамоянд, ки Иттифоқи матлубот  зарар дидааст.

Ба номгӯйи кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (фақат калимаи «кумита» ба «агентӣ» иваз карда шудааст) ва ба ӯҳдаи ӯ вазифаи мубориза бо коррупсия зам гардидааст, яъне имрӯз он чун Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия арзёбӣ мегардад. Дар моддаи  3 сархати 2, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид мешавад: Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла … «хифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад». Дар сархати 4 ҳамин модда бошад омадааст: «амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Аз ин нишондоди Қонун бармеояд, ки бояд масъулини Агентӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкоронро ҳимоя кунанд. Дарвоқеъ, тамоми мардуми Ҷумҳурӣ огоҳ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои телевизион борҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақомотҳоро таъкид намуда буд, ки ба фаъолияти соҳибкорон дахолат накунанд. Ҳамин тадбир, яъне дастгирии соҳибкорон аз ҷониби сарвари кишвар буд, ки Қонун «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорони хурду миёна» ба имзо расид. Тибқи ин фармон ягон мақомот ҳуқуқ надорад, фаъолияти соҳибкоронро  то 30-уми июли соли 2010  мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳарчанд ба ибрози масъала хеле пеш меравем, нуктаеро аз изҳори назари ба Суди олии иқтисодӣ навиштаи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, ки ба масъалаи «Моратория» ва сабаби санҷиш бахшида шудааст, меорем: «Мувофиқи санади санҷишии Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд аз 4 декабри соли 2009 фаъолияти ҶСП «Фортуна» санҷида нашудааст, ки дар санад ин ҳолат дарҷ гардидааст. Аз тарафи Агентӣ дар асоси мактуби РКДАМ дар вилояти Суғд дар Раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд фақат масъалаи қонунӣ будани хусусигардонии бозори «Панҷшанбе» санҷида шуда, санад тартиб дода шудааст». Гуфтем, ки фаъолияти ҶСП «Фортуна»-ро не, балки дар Раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд қонунӣ будани хусусигардонии бозори «Панҷшанбе» санҷиданд, магар Раёсати Иттифоқи матлубот субъекти соҳибкорӣ нест? Fайр аз он маълум мегардад, ки маротибаи дуюм ҳам дар асоси мактуби РКДАМ дар вилояти Суғд санҷиш гузаронда шудааст.

Санаи 4-уми декабри соли 2009 аз тарафи  АНДМ ва МК дар вилояти Суғд санҷиши мавзӯӣ дар бораи дурустии хариду фуруши бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд гузаронда мешавад. Айнан: «Дар асоси фармони АНДМ ва МК дар вилояти Суғд таҳти № 171 аз 20.11.2009 сол ва № 173 аз 23.11.2009 сол аз тарафи мо мутахассисони пешбари ШНДМ Раёсат Холиқова Б.А. ва Fоибов С. бо хабардошт ва ризогии раиси раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд Эгамбердиев Е.Э. ва иштироки бевоситаи сармуҳосиби раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд Абдуллоев А.А. санҷиши қонуни хусусигардонии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд гузаронда шуд».

Оид ба як мақомот ҳисоб шудани Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва Агентӣ дар боло маълумот додем. Вале меросхурӣ будан, маънои онро надорад, ки аз гузашта нусхабардорӣ намоӣ. Дар ихтиёр нусхаи ҳар ду санад ( 20-марти соли 2006) ва 4-уми декабри соли 2009-ро дорем. Санади баъдина расо баъди 3 солу 8 моҳу 15 рӯз аз санади аввала бо хатогиҳои услубиву имлоӣ бо каме илова рӯйбардор карда шудааст. Санадҳо «дугоник» буда, хулосабарориҳои мусбиаш, ки оиди қонунӣ будани хариду фурӯши бозори марказии «Панҷшанбе»- ро исбот кардаанд, ба санади охирон бо мақсадхои маълум рӯйбардор карда нашудаанд. Шояд, ба гуфтаи мо бовар накунанд. Дар изҳори назарашон ба Суди олии иқтисодӣ кормандони раёсати АНДМ ва МК дар вилояти Суғд менависанд: «…гӯё санади санҷишӣ аз 4-уми декабри соли 2009 ба санади санҷишии аз 20.03.с.2006 дар баъзе мавридҳо шабоҳат дорад, ки ин дуруст аст».

Мо ин санадро таҳлил намекунем. Танҳо нафаҳмидем, ки «санҷиши қонуни хусусигардонии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд» чӣ маънӣ дорад?! Чӣ хел «санад» бошад, ки барои дигарон дастрас нест?…

Аз ин  санад ҳам маълум мешавад, ки на давлат, балки Иттифоқи матлубот зарар дидааст. Чизи ҷолиби дар ин санад таъкид шуда он аст, ки бозори «Панҷшанбе» то соли 1987 дар  сохтори Вазорати савдои РСС Тоҷикистон будааст ва бо қарори КМ ҲК ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 1987 таҳти № 117 аз мансубияти моликияти давлатӣ ба моликиятӣ ҷамъиятӣ гузашта, ба ихтиёри ҷамъияти кооператсияи вилояти Ленинобод ройгон дода шудааст. Кас намедонад, дар ин маврид чӣ гӯяд. Охир, худашон далел меоранд, ки бозори «Панҷшанбе» моликияти давлатӣ нест, боз чӣ лозим бошад?!

Дар бораи ба ҷамъияти «Фортуна» гузаштани бозори «Панҷшанбе» Мақомоти Олии Қонунгузор — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш гузаронда (Хулосаи ҳуқуқӣ аз 11.12.2008 с.), таъкид менамояд: «ҳамаи амалиётҳо оид ба хариду фурӯши бинои бозори мазкур дар доираи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст ва мӯҳлати даъво нисбати амалиётҳои анҷомдодашуда мутобиқи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонун назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурорҳои тобеи он дар доираи салоҳияти худ тадбиқ мекунанд. Санаи 13-уми январи соли 2010 Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала  чунин хулоса додааст: «хариду фурӯши бозори номбурда ба талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, мӯҳлати овардани даъво низ гузаштааст».

Вале АНДМ ва МК бо аризаи даъвогӣ  манфиати давлатро баҳона карда, ба суди олии иқтисодӣ (на ба суди зинаи поён!!!) оид ба ҷавобгарии Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон, ҳамҷавобгарии Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд, ҶСП «Фортуна» дар асоси ҳамон санади «соҳаи Иттифоқи матлубот зарар диданаш» муроҷиат намуда, бекор намудани шартномаи хариду фуруши иншоот ва беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти давлатӣ муроҷиат карда,  пурсидааст, ки бинои бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ба мувозинаи давлат баргардонда шавад. Аз тарафи Агентӣ далел оварда шудааст, ки соли 1963 бинои бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Вазорати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои давлатӣ сохта шудааст. Дар асоси қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 1987 таҳти № 117 аз сохтори Вазорати савдои РСС Тоҷикистон бароварда шуда, беподош ба ихтиёри ташкилоти кооператсияи матлубот дода шудааст. Бори дигар таъкид менамоем, ки магар худи ҳамин ваҷҳ аз соҳибмулк будани Иттифоқи матлубот дарак намедиҳад?! Агар не, пас кай ва дар асоси кадом санад қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 1987 таҳти № 117 бекор карда шуду, бинои бозори «Панҷшанбе» ба ҳолати аввалааш, яъне моликияти давлатӣ баргардонда шуд?! Агар бозори «Панҷшанбе» воқеан ҳам моликияти давлатӣ мебуд, пас чаро санҷишгарон дар «санад»-ашон «давлат зарар» дид гӯён хулоса накарданд?!

«Далел»-и дигари таъкидшуда, ҳамон мактуби собик директори бозорҳои вилоят М. Тоҳиров ва пеш аз ба вазифа таъин шуданаш мактуб навишстани  Б. Баҳоваддинов  мебошад, ки дар боло ёдрас намудем. Ҳамин чизро асос намуда таъкид менамоянд, ки шартномаи хариду фурӯш қалбакист. Ҳол он ки, боз таъкид менамоем, ин мактуб ягон арзиши ҳуқуқӣ ва ба шартномаи хариду фурӯш алоқамандӣ надорад.

Ҳамзамон, дар мактуб дар ҳолати дарёфт нагардидани маблағи зарурӣ барои тадбирҳои мазкури ободонӣ, пас оиди фурӯши он ҳамагӣ таклифу пешниҳод шудааст, ки чунин таклифҳоро Баҳоваддинов Б. метавонист, бо таври шифоҳӣ хабар диҳад.Дар боло нишастагон агар норизо мебуданд, пас садҳо чунин мактубҳоро ба инобат намегирифтанд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки фурӯши бино бояд тибқи Низомномаи «Тоҷикматлубот» сурат мегирифт. Агар ба қарори Раёсати «Тоҷикматлубот»  аз 11-уми январи соли 1999 таваҷҷӯҳ намоем, дар он таъкид мегардад: «бо тарзи истисно». Пас маълум мегардад, ки Раёсати «Тоҷикматлубот»  дигар илоҷе надошт ва бинои дар ҳолати садамавӣ қарор доштаро ба ҷамъияти «Фортуна», ки аз ӯҳдаи корҳои таъмирию тармимӣ, устуворкунӣ мебаранд ва дар ин ҷода «Нақшаи комплексии гузаронидаи тадбирҳои таъмири капиталӣ, барқароркунии биноҳои бозори марказии «Панҷшанбе» ва ҳудуди он»- ро дошт, бо мақсади аз вайроншавӣ нигоҳ доштани бозор, фурӯхт.

Дар аризаи даъвогӣ оиди нархгузории бозор гуфта шудааст, ки гӯё арзиши фурӯши он аз меъёр камтар аст. Қонунӣ будани нархгузориро ғайр аз Комиссияи Иттифоқи матлубот, инчунин Кумитаи идоракунии амволи давлатии Ҳукумати вилояти Ленинобод бо Хулосаи экспертиза (аз 14.01.1999 с.) тасдиқ кардааст.

Бояд  қайд кард, ки калимаи «тарзи истисно» (в порядке исключение) ба қабулкунанда (Раёсати Тоҷикматлубот) ҳуқуқи комил медиҳад, то ин ки ӯ вазъияти гарони пайдошударо ба инобат гирад ва сарфи назар аз талаботҳои Низомномаҳову Қоидаҳо ва Оиннома амал кунад, дар акси ҳол вазъияти метавонад ба оқибатҳои вазнинтарин оварда расонанд.

Дар аризаи даъвогӣ барои тақвият ягон далел, санади тахассусӣ оварда нашудааст. Дарвоқеъ, аз 30-уми декабри соли 2009 дар «Хулоса оид ба таъмини риояи Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба фурӯши бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд», ки он аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дода шудааст, таъкид мегардад: «Арзёбии иншооти бозор дар асоси талаботи бандҳои 7 ва 7.4 Низомномаи қайдгардида (Тоҷикматлубот) бо назардошти ҳолати фарсудагӣ ва таъмирталаб будани он бо истифода аз коэффисентҳои азназаргузаронии воситаҳои асосӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04.1993 сол, №12 ва аз 12.01.1996 сол, №42 тасдиқ гардидааст ва коэффисенти баландкунӣ (бозорӣ) ба андозаи 4,7 амалӣ гардидааст, ки ин нархгузорӣ ба қонун мутобиқ аст». Яъне, оиди қонунӣ будани нархи фурӯши бинои бозор, аз ҷониби кумитаи марбута баҳоҳои мусбии ҳуқуқӣ (ҳам соли 1999 ва ҳам соли 2009) дода шудаанд.

Даъвогар ваҷҳ овардааст, ки ҳангоми ба ҶСП «Фортуна» додани бозори «Панҷшанбе», талаботи замимаи 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (28-уми августи соли 1997 таҳти № 388) вайрон карда шудааст, яъне, гӯё ёдгориҳои таърихӣ хусусӣ карда намешаванд. Дар ин Қарор  бошад сухан танҳо дар бораи объектҳои давлатӣ меравад. Бинои бозори марказии «Панҷшанбе» объекти ҷамъиятӣ аст. Fайр аз он — қонун «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият» (аз 19.07.78 с.) Дар моддаи 4 чунин таъкид шудааст: «Ёдгориҳои таърих ва маданият  моликияти давлат, инчунин моликияти колхозҳо, дигар ташкилотҳои кооперативӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва моликияти шахсии гражданинҳо мебошанд». Бояд қайд кард, ки азбаски бозори марказии «Панҷшанбе» то соли 1999 моликияти ҷамъиятӣ (матлубот) буд ва он ба ҷамъияти «Фортуна» гузаронида шудааст ин тадбирро Қонуни мазкур пурра ҷонибдорӣ мекунад.  Ҷамъияти «Фортуна» аз лаҳзаи оғози мутасаддиёташ (нисбати бозори марказии «Панҷшанбе»), бо Комиссияи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ (аз 18.01.1999 с.). Шартномаҳои муҳофизӣ ва ӯҳдадориҳои муҳофизӣ дорад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», аз 03.03.2006  (таҳти № 178)  чунин таъкид шудааст (моддаи 24): «Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, метавонанд, моликияти давлатӣ ва хусусӣ бошанд».Дар асоси моддаи 24 ҳамин қонун, Қонун «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият» (аз 19.07.78 с.), аз эътибор соқит карда шудааст. Яъне, қонуни мазкур аз соли 1978 то 03.03.2006 с. (дар давоми 28 сол) эътибори комили қонунӣ дошт;

Дар аксар маврид мавҳуми «хусусигардонӣ» истифода бурда мешавад, ки гӯё бозори «Панҷшанбе» хусусӣ гардонда шуда бошад. Дар асл он хусусӣ гардонда нашудааст, аз моликияти як ҷамъият ба  ҷамъияти дигар гузаштаасту халос. Далел меоранд, ки бозори «Панҷшанбе» дар асоси музояда фурухта нашудааст. Инсоф кунед! Тибқи талаботи қонун танҳо моликияти давлатӣ дар асоси музояда фурӯхта мешаваду халос.

Fайр аз он, соҳаи Иттифоқи Матлубот ҳазорҳо объектҳои худро фурӯхтааст ва бояд қайд кард, ки Тоҷикматлубот дар таърихи зиёда аз 90 солаи ҳастии худ Низомнома ё худ ягон дастур ё Қоидаеро оиди музояда надошт ва то имрӯз надорад. Аз ин лиҳоз саволе ба миён меояд: Тоҷикматлубот, ки ташкилоти ғайридавлатӣ аст, дар асоси кадом қоидаю қонун моликияташро бо таври музоядавӣ фурӯшад?

Дар аризаи даъвогӣ таъкид мегардад, ки  ин қонунвайронкуниҳо дар соли 1999 содир гардидааст. Вале мақомоти Агентӣ аз ғайриқонунӣ фурӯхта шудани бозори «Панҷшанбе» дар моҳи декабри соли 2009 огоҳ гардидаанд. Агар он «санадҳои санҷишӣ» (санаи 20-уми марти соли 2006 ва аз 04 декабри соли 2009 ) намешуданд ва мутахассисони Агентӣ иқрор намешуданд, ки санади санҷишӣ аз 4-уми декабри соли 2009 бо санади санҷишии аз 20.03.с.2006 қариб  якхела аст, кас ба ин даъво бовар мекард. Чӣ хел аз санади қариб 4 сол қабл тартибдодашуда истифода мекардаанду аз «қонуншиканӣ» нав огоҳ мешудаанд? Дар  масъалаи мӯҳлати даъво ба банди 2-и моддаи 224 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон такя карда шуда, таъкид мекунанд, ки «мӯҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон шудани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз меёбад». Бале, дар мавриди баҳси шаҳрвандӣ чунин аст. Ин ҷо бошад, сухан на дар бораи шаҳрванд, балки дар бораи ду шахси ҳуқуқӣ меравад. Дар илми адабиётшиносӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»… мегӯянд. Дар илми ҳуқуқ ҳам ҳар як Кодекс низому меъёрҳои ҳамон самтро муайян мекунад. Мӯҳлати даъво тибқи моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси ҳуқуқӣ 3 сол муайян карда шудааст.

Вале масъалаи хариду фуруши бозори «Панҷшанбе» пас аз гузаштани 12 сол мавриди муҳокимаи судӣ қарор дода шудааст. Дар ҳоле, ки масъалаи хариду фурӯши бозори «Панҷанбе» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи моликияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» № 271 аз 16.05.2007 сол қонунӣ гардонда шудааст.

Ба «арши аъло» расидани қонунишиканиро бинед, ки ҳатто Суди олии иқтисодӣ, талабот, таъкид ва «Қонун»-и Мақомоти Олитарини худро — Пленуми Суди олии иқтисодиро дағалона вайрон  мекунад: «Тибқи моддаи 229 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати даъво байни шахсони юридикӣ барқарор карда намешавад. Судҳои иқтисодӣ дар вақти баррасии парвандаҳо набояд сабабҳои гузарондани мӯҳлати даъворо муҳокима намоянд».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» (аз 16.05.2007 с., № 271), ки дар асоси он Комиссияи давлатӣ бо Қарори худ (аз 14.07.2008 с., таҳти рақами 286) ба ҶСП «Фортуна» додани «Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк»-ро (нисбати амволаш: — бинои бозори марказии «Панҷшанбе») муносиб ва қонунӣ ҳисобидааст. Қонуни мазкур (моддаи 11, қисмҳои 1,2) ба баъзе камбудиҳоеро, ки агар мабодо дар ҷараёни ҳуҷҷатгузории ин ё он амвол аз тарафи соҳибмулк роҳ дода шудаанд, дар асоси моддаҳои 259-263,269,292,293 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17 (ҳабдаҳ)  моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, авф намудааст ва амволи авфгардидаро дигар мавриди баҳс қарор додан мумкин нест.

Вале судяи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.М.Ширинҷонова санаи 2-уми апрели соли 2010 аризаи даъвогиро мавриди баррасӣ карор дода, аризаи даъвогиро қисман қонеъ намуда, санадҳои оид ба хариду фурӯши биноро беэътибор дониста, бинои бозори «Панҷшанбе»  — ро ба ихтиёрдории Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамчун «лӯхтак» ба баргардонидан ҳидоят мекунад. Ҳалномаро мехондаму бори дигар андешаам дар хусуси «мустақилиятии судҳою танҳо ба қонун итоат карданашон» — ро бод ба водии нестӣ мебурд……

Дар бораи ҳалнома ҳоло чизе намегӯем. Чун ки роҳбарияти ҶСП «Фортуна» ба зинаи аппелятсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навиштааст ва ин ҳалнома ҳоло қувваи қонунӣ надорад. Танҳо таъкид карданием, ки имкон дорад, чунин ҳалнома дар қатори рекордҳои ҷаҳонии судӣ дохил шавад. Дар куҷо дидаед, ки моликиятро аз «ҳамҷавобгар» гирифта ба «ҷавобгар» диҳанд?

Дар баррасии парванда ҳам намояндагони Тоҷикматлубот аз чунин сурат гирифтани ҳол саргаранг шуда, (пештар давраи карахтӣ буд, ҳоло бошад давраи гарангӣ ҳукм фармо аст. Муаллиф) аризаи даъвогиро эътироф накарда, иброз намудаанд, ки шартномаи хариду фурӯши дар асоси тартиби муқаррар намудаи қонун сурат гирифта, нисбат ба ҶСП «Фортуна» ягон даъво надоранд.

Хостем дар ин масъала нуқтаи назари раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»- ро фаҳмем. Вале, мушкилиамонро мусоҳибаи доир намудаи раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» С. Х. Валиев, ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» санаи 5 -уми ноябри соли 2009 нашр шуда, ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн гардидааст, осон намуд. Дар ин мусоҳиба  С.Ҳ. Валиев, аз ҷумла дар бораи  бозори «Панҷшанбе» дахолат намуда чунин посух додааст: «Бозори «Панҷшанбе»-и Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд то соли 2005,  то анҷумане, ки ман ба фаъолият шурӯъ кардам, фурӯхта шудааст ва ин бозор бо Қарори раёсати матлуботи вилоят ва Иттифоқи матлуботи ҷумҳурӣ тасдиқи худро ёфтааст. Бозори мазкур дар асоси талаботи қонуну оинномаи «Тоҷикматлубот» пешниҳод шуда буд. Фурӯши бозор қонунӣ сурат гирифтааст».

Ниҳоят, дар ин ҷо ба  масъала то баррасии аппелятсионии он нуқта гузошта, аз номи шоир гуфтанием:

Дареғ, Ибни Ямин ҷое, ки онҷо,

Дусад доно, ба нодоне наарзад…

Ҷумъаи  ТОЛИБ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: