Главная > Uncategorized > Кӣ «об»-ро лой мекунад: ҷавобгар ё судяҳо?

Кӣ «об»-ро лой мекунад: ҷавобгар ё судяҳо?

Қиссаи он ки чӣ тавр барои рӯёнидани зарари моддиашшаҳрванд се сол боз сарсону саргардон аст.

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев.

Мегӯянд, ки инсонро лафзаш ҳалол аст. Агар дар асл чунин мебуду барои кулли одамон арзиши якхела медошт, эҳтимол  имрӯз мо сари ин масъала баҳс намекардем.Он на танҳо бо дахолати Воситаи ахбори оммавию судкашиҳо, балки кайҳо бо роҳи гуфтушуниди ду тараф роҳи ҳалли худро меёфт…

Санаи 29-уми майи соли 2007 тахминан соатҳои 12-30 дақиқа  автомашинаи ГАЗ 27-05 «Газел» таҳти идораи С. Д Шарипов қарор дошта, аз самти ҳаракати худ баромада, ба тарафи муқобили роҳ гузашта, ба мошини тамғаи «Мерседес- бенс-S-240», ки аз Ф. Азизов буд, бармехӯрад. Дар натиҷа мошини «Мерседес- бенс-S-240» зарари ҷиддӣ мебинад.

Пас аз гузаштани лаҳзае дар ҷои ҳодиса падари С. Д. Шарипов- Д. С. Шарипов пайдо гардида, аз Ф.Х.Азизов хоҳиш ва илтимос менамояд, ки ба ӯ маблағи автомашинаашро баргардонида медиҳад.Дар ҳамон ҷо дар ҳузури дигарон Д. С. Шарипов забонхат медиҳад, ки аз дорандаи мошини  «Мерседес- бенс-S-240» 12 ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтаст ва онро то 29-уми июни соли 2007 бармегардонад.Дар ҷои ҳодиса калидҳои мошини «Мерседес»- ро аз Ф.Азизов гирифта,ба К.Бобоназаров дода, хоҳиш менамояд, ки мошини ба садама гирифтор шударо  ба хонааш (хонаи Д.С.Шарипов) бурда монад. Аз рӯи гуфтаи шоҳиди дигари ҳодиса С.Азизов баъди садама худи С.Д.Шарипов ӯҳдадорӣ гирифтааст, ки маблағи зарари расондашударо дар ҳаҷми 12 ҳазор доллари амрикоӣ ба ҷои писараш мепардозад.Тибқи гуфтаи ин шоҳид касе С.Д.Шариповро барои додани забонхат маҷбур накардааст. Номбурда бо ташаббуси худ забонхат менависад.

Онҳо ба идораи нотариалии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омада, шартномаи қарзро мебандад, ки он дар феҳрести № 9Д-939 аз 29.05.2007 сол аз қайд гузаронида шудааст. Мувофиқи ин шартнома гӯё Ф. Азизов ба ҷавобгар С.Д. Шарипов 12 000 доллари ИМА мутаносибан бо маблағи миллӣ 41 280 сомонӣ ба мӯҳлати то 29-уми июни соли 2007 додаст. Ҳамзамон Д. С Шарипов. аз рӯи ин шартнома ӯҳдадорӣ гирифтааст, ки  маблағи қарзиро дар мӯҳлати муайянкардаи шартномаи қарз бе фоиз бармегардонад.

Пардохти маблағи зарари расондашударо як сӯ гузошта, ба ҳодисаи ҳамон рӯз рух дода бармегардем.Аниқтараш, ба маводҳои дар ҳамон рӯзи воқеа тартиб додашуда ва нишондоди бевоситаи шоҳидон рӯй меорем.Аз нақшаи садама, ки онро мутахассис, шоҳидон ва ронанда С.Д.Шарипов имзо гузоштаанд, маълум мегардад: ронанда аз роҳи худ баромада, ба тарафи муқобили роҳ гузашта, ба шаҳрванд Ф. Азизов зарари моддӣ расондааст. Яъне, мошини шахсии ӯро корношоям кардааст. Ҳамон рӯз ба унвони сардори ШКД-и ноҳияи Рудакӣ С.Д.Шарипов баёнот навишта қайд мекунад, ки ба тарафи шаҳри Душанбе мерафту дар назди «Сентр-Камаз» тормозро зер кард, тормоз нақапид. Худашро гум карду рафта ба мошини «Мерседес» бархӯрд.Ба унвони прокурори ноҳия бошад, менависад, ки як мошини «Зил» аз пешаш баромаду ӯ тормозро зер кард. Вале тормоз нақапиду рафта, ба «Мерседес» бархӯрд. Дар қарори «Дар бораи даст кашидан аз оғози кори ҷиноятӣ» аз 15-уми июли соли 2007, ки онро бозраси БДА тартиб додаасту сардори ШКД тасдиқ намудааст, С.Д.Шарипов баёнот додааст, ки аз пеши ӯ мошини ҶИП баромадаасту ӯ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобил ҳаракат кардааст ва ба мошини «Мерседес» бархӯрдааст.Дар асоси ҳамин қарор бинобар дар рафтори С.Д.Шарипов набудани таркиби ҷиноят мавод қатъ карда мешавад.

Намедонем, чаро ва барои чӣ  як ҳолати рух додани садамаро  С.Д.Шарипов се хел нишондод додаст. Мебоист мақомоти дахлдор он вақт сабаби ин масъаларо муайян мекарданд.  Чун салоҳ надонистаанд, мо ҳам ба он таваҷҷӯҳ намекунем. Зеро ҳадафи мо дигар аст. Ин ҷо дар рафтори С.Д.Шарипов набудани аломати ҷиноят маънои онро надорад, ки ӯ ягон қонуншиканӣ накардааст.Тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуноҳе содир накарда бошад ҳам, вай қоидаи ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаасту ба шаҳрванд  зарари моддӣ расондааст.Пас тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазифадор аст, ки онро ҷуброн намояд.Чӣ хеле ки дар боло қайд намудем, падар ба ҷои писар ӯҳдадорӣ мегирад, ки ин зарарро ҷуброн менамояд

Дар мӯҳлати муқараргардида Д.С.Шарипов маблағи зарари расондашуда ва ба ӯҳда гирифтаашро барнамегардонад.Ф.Азизов ба Суди ноҳияи Рӯдакӣ ариза оид ба  беэътибор донистани шартномаи қарз ва рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ, талаб карда гирифтани амволаш аризаи даъвогӣ менависад.Cудяи Суди ноҳияи Рудакӣ Э. Алиев аризаро аз рӯи даъвои Ф. Азизов. Нисбат ба С. Д. Шарипов ва Д.С.Шарипов ва аризаи муқобили даъвогии Д.С Шарипов. С. Д. Шарипов нисбат ба Ф Азизов мавриди баррасӣ қарор медиҳад.Дар рафти баррасии парванда ҷавобгар  аз додани маблағи дар шартнома нишондодашуда саркашӣ намуда, талаб менамояд, ки мошинро таъмир карда медиҳад. Ташхиси судӣ-техникӣ гузаронда мешавад.Ҷавобгар ризо намешавад ва бо дархости ӯ ташхиси такрории судӣ-техникӣ гузаронда мешавад.Ташхиси такрорӣ муайян менамояд, ки зарари расондашуда зиёд аст. Ҷавобгар боз талаб менамояд, ки дар ҳайати комиссия ташхис гузаронда шавад.Ташхиси судии комиссионӣ муайян менамояд, ки арзиши қисмҳои эҳтиётӣ 66 107 сомониро ташкил медиҳад.Судя пас аз баррасӣ даъворо қисман қонеъ мекунад.Шартномаи қарзии қаблан басташударо бекор намуда, ҳал мекунад, ки аз ҳисоби С.Д.Шарипов ва Д.С.Шарипов ба манфиати Ф.Азизов 66 107 сомонӣ зарари моддӣ ва 6 000 сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда шавад.Автомашинаи «Мерседес- бенс-S-240», ки дар манзили истиқоматии ҷавобгарон қарор дорад, ба даъвогар баргардонда дода шавад.

Ба ин ҳалнома ризо нашуда С.Д.Шарипов ва Д.С.Шарипов ба зинаи кассатсионии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи кассатсионӣ менависанд.

Санаи 6-уми октябри соли 2008 судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.К.Тураев бо таъиноти худ парвандаро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди марҳилаи назоратӣ ирсол менамояд.Дар бораи ин таъинот зиёд намеистем. Танҳо аз баъзе «далел»-ҳо ки судя барои баргардондани парванда истифода кардааст, таваҷҷӯҳ менамоем. Аз таъинот, айнан:  «Аммо чуноне, ки аз маводҳои парванда  дида мешавад, гунаҳкории Шарипов С. дар расонидани зарар  бо тартиби муқаррар карда шуда муайян карда нашудааст. Хулосаи суди зинаи аввал оиди он ки ҳолати аз тарафи Шарипов С. расонидани зарари моддӣ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти руй додаст, бо нишондоди ҷавобгарон, шоҳидони дар мурофиаи суди пурсидашуда, расмҳои автомашинаи осебдидаи тамғаи «Мерседес-Бенс-С-240″ ва хабарномаи БДА- и ноҳияи Рудакӣ тасдиқи худро ёфтаанд, беасос мебошад, зеро дараҷаи гунаҳкории Шарипов С. ва Азизов Ф. дар содиршавии садама ба таври дахлдор маълум карда нашудааст.

Ҳалли дурусти баҳс ба муайян намудани ин ҳолат вобаста мебошад, зеро тибқи  талаботи моддаи 1099 КГ ҶТ, зараре, ки дар натиҷаи қасди ҷабрдида расонида шудааст, ҷуброн карда намешавад, ё агар беэҳтиётии худи ҷабрдида боиси ба миён омадан ё афзоиши зарар гардида бошад, дар чунин сурат вобаста ба дараҷаи гуноҳи ҷабрдида ё зараррасон андозаи ҷуброн кам карда мешавад. Аммо суди марҳилаи якум ин ҳолатро мавриди санҷишу баҳодиҳии дуруст қарор надодааст».

Вақте ин хулосабарориро мехонеду ба маводҳои парванда муқоиса менамоед, ҳайрон мешавед.Охир, гунаҳкории С. Шарипов дар садамаи нақлиётӣ бо нишондоди ҷавобгарон, шоҳидони дар мурофиаи судӣ пурсидашуда, расмҳои автомашинаи осебдидаи тамғаи «Мерседес-Бенс-S-240» ва хабарномаи БДА- и ноҳияи Рудакӣ тасдиқи худро ёфта, нодуруст бошанд, пас далели нодурустии онро судяи Суди олӣ Р.К.Тураев дар асоси кадом санад, кадом нишондоди шоҳид, кадом далел собит мекарда бошад?! Ҷавобгар С.Шарипов самти ҳаракаташро дигар намуда, ба тарафи муқобил баромада, боиси садама мегардад.  Худ нишондод медиҳад, ки тормоз нақапиду мошинро идора карда натавонист.

Ғайр аз он моддаи 1099 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда мешавад, ки ба ин масъала умуман иртиботе надорад. Чунки ҷавобгар барои ба ӯ расонда шудани зарар ягон қасд накарда буд, дар роҳи худ мерафту омада ба мошини ӯ бархӯрда зарари моддӣ расонданд.

Дигар ваҷҳҳои дар таъинот овардашуда ҳам чунин бесарунӯганд.Дар асоси ҳамин таъинот ва қарори  коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои граждании Суди олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 15-уми октябри соли 2008 парванда барои баррасӣ ба ҳамон суду дар ҳайати дигар ирсол карда мешавад.

Парванда муддати зиёде дар Суди ноҳияи Рудакӣ беҳаракат меистад. Ниҳоят Ф.Азизов ба унвони раиси Шӯрои адлия ва раиси Суди ноҳияи Рудакӣ ариза навишта хоҳиш менамояд, ки парванда нисбат ба даъвои ӯро бе ягон асоси қонунӣ муддати зиёде судяи ноҳияи Рудакӣ С.Давлатов нигоҳ дошта, мавриди баррасӣ қарор намедиҳад.Даъвогар дар аризааш қайд мекунад, ки нисбат ба ин масъала муовини раиси Суди  ноҳияи Рудакӣ С.Давлатов манфиатдор аст.

Дар бораи таъмини даъво якчанд маротиба Ф.Азизов ба Суди ноҳияи Рудакӣ муроҷиат менамояд, ки ҷавобгар моликияташро ба дигар шахсон фурӯхта, ё ба номашон гузаронда истодаанд.Бинобар дархост менамояд, ки ба моликияти ӯ ҳабс гузошта шавад.Аризаҳои ӯ дар бораи таъмини даъво аз моҳи июни соли 2007 бенатиҷа меистанд.Вале танҳо санаи 1-уми октябри соли 2009 бо таъиноти худ судя Ш.Мирзомудинов ба моликияти Д.С.Шарипов ва С.Д.Шарипов ҳабс мегузорад. Аз рӯи гуфти даъвогар то ин дам қисми зиёди моликияташонро ба номи дигарон гузарондаанд.

Судяи Суди ноҳияи Рудакӣ Ш.Мирзомудинов парвандаро дар маҷлиси кушоди судӣ санаи 15-уми октябри соли 2009 мавриди баррасӣ қарор дода, ҳал мекунад, ки аз ҳисоби С.Д.Шарипов ва Д.С.Шарипов ба манфиати Ф.Азизов 66 107 сомонӣ зарари моддӣ ва 6 000 сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда шавад.Дар ин мурофиаи судӣ Д.С.Шарипов даъворо кисман эътироф намуда, аз судя хоҳиш менамояд, ки ба ӯ мӯҳлат диҳанд, то ки дар рӯзҳои наздик  чунин мошин харида  ба даъвогар диҳад.

Ҳалнома ба ҷавобгарон С.Д.Шарипов ва Д.С.Шарипов санаи 5-уми ноябри соли 2009 супорида шудааст.Тибқи талаботи Кодекси мурофиавӣ граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо ва шахсони манфиатдор метавонанд, дар мӯҳлати як моҳ пас аз гирифтани нусхаи ҳалнома ба тариқи кассатсионӣ тавассути ҳамон Суди ҳалнома қабул намуда, ба Суди зинаи болоӣ ариза нависанд. Вале ин нишондоди қонунро ҷавобгарон риоя накарда, ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи касатсиониашонро бурда месупоранд. Маблағи боҷи давлатиро бошад дар бонки ноҳияи Рудакӣ. Тааҷубовар аст, ки чӣ хел аризаро бо гузаштани мӯҳлати пешниҳоди аризаи кассатсионӣ ва ба Суди дахлдор вобаста набуда қабул кардаанд.Шикояти кассатсионии С.Д.Шарипов ва Д.С.Шариповро бо имзои муовини аввали раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.И.Юсупов барои барқарор намудани мӯҳлати шикояти кассатсионӣ ва баррасии аризаи кассатсионӣ ба Суди ноҳияи Рудакӣ ирсол карда мешавад.Дар ҳоле ки бинобар гузаштани мӯҳлати шикояти касатсионӣ санаи 10-уми ноябри соли 2009 судя барои иҷрои ҳалнома  варақаи иҷро бароварда барои иҷроиш мефиристад.

Судя Ш.Мирзомудинов бо таъиноти худ санаи 3-уми феврали соли 2010 мӯҳлати аризаи касатсионии С.Д.Шарипов ва Д.С.Шариповро гузарондашуда эътироф намуда,аризаро оид ба барқарор намудани мӯҳлати пешниҳоди шикояти касатсионӣ бинобар  беасос буданаш рад мекунад.

Даъвогар Ф.Азизов гумон мекунад, ки пас аз ин қадар сарсониҳо ниҳоят маблағи мошинашро мегирад. Вале ба ӯ нусхаи таъиноти судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.Ҳакимоваро оид ба боздоштани иҷрои ҳалнома иҷрочии Суди ноҳияи Рӯдакӣ месупорад.Баъди гузаштани чанде аз номи ин судя таъинот оид ба ирсол намудани парванда ба суди марҳилаи назоратӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан супорида мешавад.

Дар асоси талаботи қонун ҳангоми барасии баҳси шаҳрвандӣ  ба тарафҳо нусхаи шикоятҳо пешниҳод ва огоҳ карда мешавад. Вале ба даъвогар Ф.Азизов нусхаи  шикоятро надода, танҳо таъинотро мефиристанд.Дар ин таъинот ваҷҳҳое оварда мешаванд, ки ба асли воқеа ягон алоқамандӣ надорад. Оид ба мавҳуми «хатари калон» сухан меравад, ки он ба садамаи нақлиётӣ вобастагӣ надорад.Далел оварда мешавад, ки  суди зинаи аввал дар асоси хулосаи ташхиси судии Маркази ҷумҳуриявии санҷишгоҳи судӣ-криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зарари расондашударо қонеъ кардааст, ки он дар асоси журнали «Автомагазин 2002» ва нархномаи ҶММ «Мобил-сервис» гирифта шудааст.Таъкид бояд намуд, ки ин нархнома дар асоси дархости ҷавобгарон пешниҳод карда шудааст, на даъвогар. Ғайр аз он ба ҳама маълум аст, ки сол то сол арзиши қисмҳои эҳтиётӣ боло рафта истодааст.Агар арзиши қисмҳои эҳтитиро  дар соли 2002 неву баъдтар ҳисоб намоем, боз маблағи зарар зиёдтар мешавад.

Ниҳоят, маълум нест, ки дар марҳилаи назоратии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр ба ин масъала баҳо медиҳанд. Дарвоқеъ, аз рӯи гуфтаи даъвогар Ф.Азизов дар Суди олӣ нафароне ҳастанд, ки ба ин масъала бевосита дахолат карда истодаанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд «обро лой» кунанд.Намедонем, кӣ ва чӣ тарз ба ин ҳодиса таъсир мерасонад. Танҳо як чиз мусаллам аст, ки  Д.С.Шарипов ӯҳдадорӣ гирифтааст, ки маблағи зарари расондашудаи бо айби писараш рухдодаро мепардозад.Пас чӣ қадаре «тоб» диҳанд ҳам, хоҳу нохоҳ маблағи зарари расондашударо баргардондан лозим меояд. Даъвогар Ф.Азизов бошад, ҳайрон аст, ки барои гирифтани товони зарари ба ӯ расондашуда, боз чанд соли дигар аз дари як суд ба дари дигараш равад…

Парвонаи Ҳамдам, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: