Главная > Uncategorized > «Нимкосаи зери коса»-ю

«Нимкосаи зери коса»-ю

журналистқимобони  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд

Баробари  боло рафтани нархи  шартнома дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Сиддиқов,  донишҷӯйи соли сеюми факултаи ҳуқуқшиносӣ, шӯъбаи ғоибонаи ин  донишгоҳро  ба ташвиш овард. Таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ва адолатхоҳӣ ин донишҷӯйро   водор кард, то аз болои қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба Прокуратураи вилоят, Вазорати маориф,Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар вилояти Суғд, Раиси вилояти Суғд ва дигар мақомотҳои давлатӣ муроҷиат кунад. Мақомоти прокуратура аризаи ӯро ҳаматарафа дида баромада, нисбат ба қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  эътироз оварданд.

Ҳуқуқшиноси донишгоҳи зикргардида  Гадобой Аҳмадов  бошад иброз дошт, ки гӯё пеш аз эътирози прокурори вилоят ягон хел аризаи даъвогӣ ба суд ворид нагардидааст. Вале дар баъзе аз хабаргузориҳо гуфта шудааст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва  сиёсати Тоҷикистон алайҳи қарори Шӯрои олимони ин донишгоҳ даъво кардаанд. Аммо маълум гардид, ки танҳо  як нафар тариқи расмӣ  даъво кардаасту халос. Ба гуфтаи У. Сиддиқов  бошад, аксари донишҷӯён аз ин қарори Шӯрои олимони донишгоҳ  розӣ нестанд, вале дар оянда аз фишор овардани устодон  метарсанд. :»Падару модарон ҳам дар ин масъала   нигаронанд»-иброз дошт ӯ.  Ҳамчунин У.Сиддиқов бар ин назар  аст, ки пас аз мулоқоти роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо президенти мамлакат ин қазия ҳалли худро ёфт, вале овозаҳое ҳаст, ки ҷониби донишгоҳ тайёр аст, ба суди зинаи  кассатсионӣ муроҷиат кунад. Қарори Шӯрои олимони донишгоҳро У. Сиддиқов бар хилофи моддаи 41-и Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон донист. Ба андешаи  ӯ  ин  қазия  ҳал мегардад: «Боварӣ  дорам, ки  қонун ҳаст. Бозор нест, ки нарх гузорем. Агар ин ҷо ҳал нашавад, ба Суди олӣ муроҷиат мекунем»-афзуд  У. Сиддиқов.

Санаи  панҷуми майи соли равон, судяи Суди шаҳри Хуҷанд Инноятулло Ғуломов, қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ донист.

Аммо ҷониби донишгоҳ аз ҳалномаи баровардаи судяи Суди  вилояти Суғд то андозае норизоӣ кардаанд. Гадобой Аҳмадов гуфт: «Аз ҳалномае, ки қабул кардаанд, розӣ нестем»  ва афзуд, ки «пас аз гирифтани нусхаи ҳалнома  ба зинаи касатсионӣ оид ба баррасиии парвандаҳои шаҳрвандии Суди вилояти Суғд шикоят кардан ё накарданашонро муайян мекунанд».

Хостем оид ба ин қазия ба чанд нафар аз устодони донишгоҳи номбурда  муроҷиат карда нуқтаи назарашонро фаҳмем. Вале  бо ҳар баҳона аз посух канораҷӯйӣ карданд. Ба телефони ҳамроҳи  Ҷамшед Юнусов занг зада, аз эшон пурсон шудем. Посух доданд, ки бале он кас ҳастанд. Вақте худро шинос намудему  саволро пешниҳод кардем, дар як мижа задан аз номашон рӯй гардонданду посух доданд, ки он кас  Ҷамшед  не, Ҷаҳонгир ҳастанду аз ин масъала огаҳӣ надоранд.

Барои оид ба ин масъала маълумоти бештаре гирифтану рӯшанӣ андохтан ба садорати факултаи  дипломатияи донишгоҳ занг задем, гӯшаки телефонро котибаи декан бардошт, худро шиносонидем, »  декан ҳастанд, як лаҳза»-гуфта овоз баланд, кард:  «-Муаллим аз газетаи «Пайкон», бо Шумо сӯҳбат кардан мехоҳанд». Мутаасифона, аз гӯшаки телефон овози ғур-ғури мардона шунида шуду котиба «Декан набудаанд»-гуфт. Ба ӯ гуфтем, ки ҳозир посух додӣ, ки декан ҳастанду чӣ хел  мегӯйӣ, ки нестанд? «Дар ин ҷо дигар муаллим буд»,- ҷавоб дод котиба. Гуфтем, ки ба мо муҳим нест, ки кадом муаллим ҳузур дорад, шахсе лозим аст, ки масъаларо шарҳ диҳад. Котибаи декан  ҷавоб дод, ки дар ин ҷо муаллим буду  баромада рафт.

Ба Назруллоҳ Ахмедов  декани факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи номбурда  низ дар  ин маврид сӯҳбат кардан хостем, то ӯ дар ин бора маълумоти дақиқро ба мо диҳад, вале ҳангоме ки тамос гирифтем гӯшаки телефонро бардошта: «Не ман декани факултаи ҳуқуқшиносӣ нестам»-гуфту гӯшакро гузошт.

Намедонем чаро аз додани маълумот  канораҷӯйӣ мекунанд?  Тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ роҳбарон  вазифадоранд, ки  маълумоти заруриро ба рӯзноманигорон диҳанд.  Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби бархе мансабдорони  мо чунин вазифаи масъулиятнок  ҳис карда намешавад. Тибқи иттилои гирифтаамон  дар соли 2005 дохил шудан ба гурӯҳҳои шартномавӣ 200 доллари амрикоиро ташкил медодааст. Дар соли 2007 якбора ин маблағ 100 фоиз зиёд карда шудааст. Бо вуҷуди ҳамаи он аз   моҳи апрели соли 2009 аз ҷониби  Шӯрои олимони донишгоҳ дар бораи баланд бардоштани нархи шартномаи солонаи донишҷӯён қарор қабул мегардад, ки ин боиси баланд гардидани сару садоҳои зиёде дар байни донишҷӯёни донишгоҳ ва падару модарон  мешавад. Вале ғайр аз У. Сиддиқов дигар ҳеҷ кас ба таври  расмӣ ба мақомотҳои марбута муроҷиат накардааст.  Хусрав, сокини  шаҳри Истаравшан ва собиқ донишҷӯйи ҳамин муассисаи олӣ   дар бораи   Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  чунин навиштааст: «… Ман ҳам донишҷӯйи ин донишгоҳ будам ва монанди шумо дар ин ҳолат дар соли охири таҳсил дучор шуда будам. Вале мо дар он давра ҳеҷ кор карда натавонистем. Ва  бо чи азобу уқубат маблағи таҳсилро супоридам, тасаввур карда наметавонед. … Магар маблағи таҳсил аз  450 сомонӣ яку якбора  ба 860 сомонӣ мебарояд ? Инсоф надоранд ?»

Доир ба ин қазия бо ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд З.Гиёев ҳамсӯҳбат гардидем, ӯ  дар ин бора чунин ибрози ақида кард: » Донишгоҳ қарори Шӯрои олимонро тасдиқ  кардааст, ки бояд аз ҳисоби донишҷӯён бинои нав созанд. Дар ҳақиқатан барои насли наврас бинои нав сохтан даркор. Чунки насли ояндаи мо бояд таҳсил кунад. Лекин на аз ҳисоби донишҷӯён. Мувофиқи оинномаи донишгоҳ ин масъалаҳо бар дӯши муассиси донишгоҳ ва Вазорати маорифи ҶТ водор карда шудааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами  № 210 аз моҳи майи соли 1999 баромада буд, ки барои мо қонун аст.  Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад қарори Ҳукумати ҷумҳуриро вайрон кунад. Аз  он ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати  Тоҷикистон».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ин ҷо дар «таги коса нимкоса»-е истодааст.  Шояд, ҷониби донишгоҳ  дар бораи он, ки аз ҳисоби донишҷӯён бинои нав  сохтаниянду, ин сирро пӯшонида бо ҳар баҳона  аз ошкор кардани  муаммои сарбастаи донишгоҳ  худдорӣ карданӣ  бошанд?  Дар   хусуси фишор овардан ва ё наовардани устодони донишгоҳ У.Сиддиқов мутмаин аст, ки аз тарафи омӯзгорон ҳеҷ гуна фишороварӣ  нахоҳад шуд, зеро  ӯ мегӯяд, мо мехоҳем қонунҳои ҷумҳурӣ дидаву дониста зери пой намонанд. Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар  У.Сиддиқов дар шӯъбаи рӯзона таҳсил мекард, шояд аз тарафи устодони донишгоҳ ягон хел фишорорӣ мешуд, азбаски , ӯ дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунад, то ҳол ба вай ягон хел фишор наовардаанд. Аммо коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Суғд Тилав Расулзода бар ин назар аст, ки ҳеҷгоҳ аз тарафи устодон ва Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба У.Сиддиқов ва умуман он нафароне ки аз раёсати донишгоҳ маблағашонро талаб мекунанд ҳеҷ гуна фишор оварда намешавад.  Тилав  Расулзода  оид ба  ин масъала  чунин ибрози назар кард: «Аввалан  устодони донишгоҳ андеша мекунанд. Агар аз тарафи онҳо ба донишҷӯ (У.Сиддиқов) фишор оваранд вай метавонад, ки  боз ба додгоҳ муроҷиат кунад. Ин қазия албатта дар он сурат ранги дигар мегирад. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки агар худи донишҷӯ довталабона тарки донишгоҳ накунад, аз тарафи муаллимони донишгоҳ ва Шӯрои олимони он  ҳеҷ гуна фишоре ба донишҷӯёни дигаре,  ки маблағашонро талаб мекунанд,  нахоҳад шуд». Ба андешаи ин коршинос дар сурати муроҷиати Шӯрои олимони донишгоҳ ба зинаи суди кассатсионӣ  парванда ҳамаи марҳалаҳоро низ тай хоҳад кард. Расулзода мутмаин аст, ки ин дафъа низ суд ба  манфиати донишҷӯён ҳал хоҳад шуд. «Як қисми донишҷӯён имсол хатм мекунанд. Он маблағе, ки то соли 2010 пардохт кардаанд, метавонанд бозпас гиранд. Ин дарси хубе барои Шӯрои олимони донишгоҳ ва донишҷӯён хоҳад шуд»- мегӯяд Тилав  Расулзода. Агар ин гуфтаҳои ҷаноби Расулзода амалӣ гарданд, боварии донишҷӯён,  падару модари  онҳо эътиқодашон нисбат ба судя,  суд ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ зиёд хоҳад шуд. Агар  сафи чунин донишҷӯёне, ки барои  дифоъ аз ҳуқуқи хеш бо як ҷуръати сиёсӣ ба майдони баҳс мебаромадагӣ зиёд гардад, дар ҷомеаи Тоҷикистон поймол кардани ҳуқуқи  ҳамдигар кам хоҳад шуд. Вале дар мавриди паст нашудани обрӯйи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  судҳои минбаъда ба манфиати донишгоҳ ҳал гардад, пас он вақт боварии донишҷӯён,  падару модари онҳо ва  мардуми одӣ низ нисбати судя ва умуман қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ шубҳа пайдо шуда, дигар ба адолати судӣ  бовар намекунанд.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: