Главная > Uncategorized > Ҳама чиз пулакӣ… Инсоф чӣ?

Ҳама чиз пулакӣ… Инсоф чӣ?

Ба таваҷҷӯҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Табибон бояд одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодагон муомилаи неки инсондӯстона карда тавонанд»

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба    Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 апрели соли 2010)

Таърихи 27-уми апрели соли 2010 аз шиддати дарди дандон гурезон, ба шифогоҳи дандонпизишкии «Мармар», воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт рафтем. Одамони бисёре дар курсиҳо навбат мепойиданд. Ин замон ҷавонзани кӯдакдоре бо шавҳараш даромаданд. Ҷавонмард аз рӯйи одоб аз хилъатпӯши сафед, ки Қурбоналӣ Файзов муаррифӣ шуд, хоҳиш кард, ки бемори кӯдакдорро муоина намояд. Хилъатпӯш гуфт, ки «ҳоло навбат бисёр, ягон соат пас чарх зада биёянд». Кӯдаки ширхораи ҷавонзан якзайл мегирист. Ҳарду кӯдакро ором кунондан хоста, ба таги дарахтони рӯйи ҳавлӣ, ба ҳавои кушод баромаданд. Зану шавҳар гумон доштанд, ки онҳоро аз рӯйи навбаташон даъват мекунанд. Вале ҳайҳот!

Ақрабаки соат ба ёздаҳу ним расид. Мудири бахши пизишкон шахси мансабдореро то берун гуселонд. Ҷавонмарди корафтода аз ӯ пурсид, ки кӯдаки ширхора бетоқатӣ дорад: бимонанд ё бираванд? Хилъатпӯш чизе нагуфта, ҷониби ҳуҷраи кориаш рафт. Гиряи талхи кӯдак ба дарди ҷонкоҳи дандон ғолиб омадан дошт.

Ҷавонмард лоилоҷ ба ҳуҷраи пизишкон сар хаст. Ба умеде ки раҳмашон биёяду беморро муоина намоянд. Ҳамшираи шавқате насабаш  Алимшоева ё Нафасшоева бекор  менишаст. ӯ аз мизоҷе рӯзнома гирифта, бо баҳонаи хондан, гӯё модари кӯдакдорро надидааст!-аз мавзӯъҳои ҳархела берабт  сухан мегуфт. Боз  аз ҷавонмард мепурсид, ки «ин кас занатон мешавад?». Шахси ба танг омада, кинояомез посухаш дод, ки «Не, вай хушдоманам!»

Вақт дилгир мегузашт. Ним соати дигар дар миёна, ҳамшираи шафқат аз ҷой барнахост, пинакаш вайрон нашуд. Мудир ҳам нагуфт: «О, ҳамон модари кӯдакдорро ҷой диҳед, намешавад?» Кӯдак якзайл мегирист. Хулоса, қарибиҳои нисфирӯзӣ навбати зани кӯдакдор ҳам расид. Мудир баъди андак муоинаи дандони бемор гуфт:

-Хезед. Аввал ренген карда, баъд биёед.

Ҷавонмард пас аз интизориҳои тӯлонӣ, ҷавоби осонакро шунида, ба оҳанге норизо гуфт:

-Бародар, ҳамин  гапро пагоҳӣ мегуфтӣ, намешуд? О, модари кӯдакдора бенавбат қабул накардӣ, азиятамон додӣ…Кӯдак дар офтоб бемор шудааст. Чаро ин хел бераҳмиву беинсофӣ мекунед?..

Аз ҷои мудир  ҳамшираи шафқат айнакӣ  ба гӯшае ҳаво дода, бо фузулии хос ин  гуфт:

-Ино духтур, Шумо сразу мегӯед, ки дандона кандан даркор. Ҳама чиз пулакӣ шудагӣ. Надонам, цивилизованные люди-да?

Ҷавонмарду зани кӯдакдор аз баҳри табобат дар ин дармонгоҳи дандонпизишкии «Мармар» гузашта, навмед баромада рафтанд.

Беморони дар навбат интизор ин манзараро дидаву шунида, ангушти ҳайрат газиданд. Наход, дар шифогоҳи дандонпизишкии «МАРМАР» сарпизишк Усмон Мармарович Муродов, ки дар маркази пойтахт  солҳои зиёд фаъолият мекунанд, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро ба ин дараҷаи паст расонида бошанд? Пизишкон ку бепул табобат намекунанд, лоақал муносибати оддии инсониро риоя мекарданд. Мизоҷон, хоса занони кӯдакдор сарсону саргардон, фарсахҳо роҳро тай зада, ба умед ба назди пизишкон меоянд. Вале аз куҷо медонанд, ки ба чунин  ҳамшираҳои шафқат рӯбарӯ мешаванд? Оё ӯ бо хилъати сафед ва савганди Синоӣ, ба ҷойи хизматрасонии тиббӣ, ки ҳарчӣ-ҳарчӣ мегуфт, ранҷу азоби тифлдориву меҳру муҳаббати модариро аз сар гузаронида бошад ё на?

Аз талаботи Паёми имсолаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мантиқан бармеояд, ки пизишкони шифогоҳи дандонпизишкии «МАРМАР» ҳам раҳу рафторашонро ҳатман дигаргуна созанд ва ба аҳолии пойтахт хизмати шоиста расонанд. Ин амали савоб  солҳои наздик дар фаъолияти  эшон даст  медода бошад?

Ин суолест ба сарпизишки шифогоҳи дандонпизишкии «МАРМАР»-и шаҳри Душанбе Усмон Муродови мӯҳтарам!

Масъулини Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ сари ин мавзӯи доғи рӯз чӣ назар доранд?

М. Неъматова,сокини пойтахт

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: