Главная > Uncategorized > ҲАР ГАҲ МЕГӯЯМ, КИ ДОД…

ҲАР ГАҲ МЕГӯЯМ, КИ ДОД…

Дар Кӯлоб фоҷеа аст, бояд баробари он мардум гирист

Дар дили шаб… Кӣ медонад, кадом нафар дар хоби роҳат чӣ хоб медид…вале лашкари марг дар симои офате, ки сел ном гирифта, дар як мижа задан на кӯдаки ширхора гуфту на наварӯс, на ҷавони ба тӯи арӯси омодаю на модари зори дар интизори писари дар мардикорӣ будааш, на мӯйсафеди дар сари ҷойнамоз, ба умеди пайвастани дили шабу дили инсону дили «Қуръон» рӯй ба қибла нишаста… Ҳамаро бо орзую умед якҷоя шуста бурд…

Эҳтимол, онҳои дар рахти мулоим, рӯйи болиштҳои пари қудор хоб буда, тарсида бедор шуда бошанд. Охир… охир… Он маблағҳо… Маблағҳои барои мардум пешбинӣ шуда, барои бехатарии онҳо нигарондашуда…Онҳо болои ин маблағҳо хоб мекунанд, ба ин маблағҳо савор шуда мегарданд, зери ин маблағҳо паноҳ бурдаанд…

Танҳо кас оҳ аз ҷигар мекашаду дигар чора надорад. Худро бо ҳамон нафаре ки дар дохили селоба чанде дасту по мезанаду боқӣ тан ба тақдир дода, ба селоба мепайвандад, ҳамқисмат медонад. Бо  мардуми бепаноҳ, ки дар баробари ғурриши сел оҷизу ночор мондаанд, шарик меҳисобад.

Ин танҳо фоҷиаи Кӯлобу минтақаи гирду атрофи он нест. Ин фоҷиаи тамоми Тоҷикистон аст. Дар дигар маҳалҳо ҳам тоҷикон бо сар задани офати табиӣ ҷони худро мебозад. Вале касе ба он аҳамият намедиҳад. Агар салоҳ донанд, як бор мегӯянд, агар не …Фоҷиаи Кӯлоб  бори дигар собит намуд, ки ноӯҳдабароӣ хосаи ҳукумати мо гардидааст. Пеши назар оред, ки дар ду-се соли гузашта, офати табиӣ чи пасомаде аз худ гузошт. Ҳодисаҳои таги тарма мондани мусофирон дар Майхура, омадани сел дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ,  Варзоб, Қумсангир,  Душанбе, Хуросон,  Восеъ, Панҷакент, Ғончӣ ва инак, чандин ноҳияи минтақаи Кӯлоб ва худи шаҳр.Тасаввур кунед, ки  соатҳо мардум дар дами марг метапид ва касе ба имдодаш намерасид,  зери тарма мемонаду Ҳукуматдорон боз худсафедкунӣ менамоянд. Вақте ки ин ё он ҳодисаи табиат ба вуқӯъ меояд касе  онро пешгӯӣ карда  наметавонад,вагарна ин селу тармафароиву сӯхтору обхезиву заминҷунбиҳо дар имрӯз бе ҳеҷ ваҷҳ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда намебуд. Маҳз ба ҳамин хотир КҲФ-ву дигар созмонҳои ёридиҳанда таъсис дода шудаанд, то ки дар вақти ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳолатҳо, мардумро зудтар наҷот диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон ҳамеша изҳори нигаронӣ аз созмонҳои наҷотдиҳанда, аз он ҷумла КҲФ худ як масъалаи ҳалталаб аст. Дар кулли фоҷеаҳое, ки дар кишвар рӯй медиҳанд ва ба КҲФ тааллуқ доранд, ҳамеша изҳори норозигӣ дида мешавад. Қумитаи ҳолатҳои фавқулоддае, ки барои наҷотдиҳии мардум ақаллан як чархбол надорад, пас войи чунин кумита ва худи онҳоро наҷот додан лозим аст.Агар техникаи Пойгоҳи низомии 201-и Русия намебуд, имкон дошт шумораи фавтидагон дар ин минтақа ба маротиб афзояд.

Раиси  шаҳри Кӯлоб, Ҳомид Абдуллоев рӯзи 9-уми май шцмораи қурбониёнро 9 нафар ва гумшудагонро 38 тан хондааст.Баъдтар маълум гардид, ки шумораи қурбоншудагону беномунишон гардидагон хеле зиёд аст.Айни замон шумораи фавтидагонро 23 нафар ва беному нишон гардидагонро 37 нафар мегӯянд. Вале тибқи гуфтаи нафаре, ки нахост ному насабашро ошкор намоем, шумораи зиёди одамон бо ҳаёт падруд гуфтаанд ва ҷасадҳои онҳоро пайдо карда, бе ягон бақайдгирӣ дафн намуда истодаанд. Беш аз 2000 хонаро хароб ва 12 кӯпрук ва 2500 гектар замини киштро шустааст.

Кас намедонад, чаро шумораи қурбоншудагонро кам нишон медиҳанд? Оё нафаре, мақомоте ба тариқи дақиқ муайян кардааст, ки дар як сол чанд кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар офатҳо ба ҳалокат мерасанд? Наход ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон барои мансабдорони Тоҷикистон аҳамияте надошта бошад? Аксар фалокатҳои дар чанд соли охир рух дода ба таври ҷиддӣ таҳқиқ намешаванд.Касе намепурсад, ки чаро, барои чӣ ин одам мурду сабабгори ин ҳалокат кист

Чизи дигаре, ки метавонад аламовар бошад, ин аз телевизионҳои давлатии кишвар намоиш надодани чунин офатҳост. Масалан, як моҳ пештар чунин ҳодиса дар мавзеи Майхӯра ба амал омад ва ҷони  нафарони зиёдеро  марг ба коми худ фурӯ бурд. Аз ин ҳодиса ғайр аз чанд сомонаи интернетӣ ва рӯзномаҳо, дигар ягон расонае аз ҳисоби  шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон,ҳатто як хабарчае надоданд. Аз фоҷеаи дар шаҳри Кӯлоб ба амал омада,  телевизионҳои давлатӣ то он даме, ки Президенти кишвар ба маҳалҳои офатзада дидан накард, иттилое надоданд. Ҳоло он ки ҳодиса аз рӯзи сафари сарвари давлат 2 рӯз пеш ба амал омада буду аллакай телевизиони К+ аз он наворҳои фоҷиавореро нишон дод. Охир ин фоҷеае, ки дар шаҳри Кӯлоб рӯй дод, ҳатто «дили сангин»-и президенти Ҷумҳурии ӯзбекистонро ба сӯз оварду ӯ вагонҳои боздоштшудаи Тоҷикиситонро озод намуд…

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди 4 рӯз сипарӣ шудан аз ин ҳодиса ҳанӯз ҳам ёриҳои башардӯстона, ба ҷуз аз хаймаҳои муваққатӣ, дигар ҳеҷ чиз  тақсим нашудаанд. Тавре раиси шаҳри Кӯлоб, Ҳамид Абдуллоев гуфтааст, мақомот баъди ба охир расонидани рӯйхати зарадидаҳо ёриҳои башардӯстонаро тақсим хоҳанд кард. Аз рӯйи як хабари ғайрирасмӣ гӯё маводи барои кӯмак ҷудо шуда дар бозорҳои шаҳри Душанбе савдо шуда истода бошад. Агар воқеан чунин бошад, пас ӯ кист ки дар рӯзи сахти мардум ба тороҷи офатзадагон машғул аст. Бесабаб нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаврии ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин чиз ишорае кард.

Шояд пас аз ин ишораи Президент мақомоти дахлдор дар баробари ба куҷо рафтани кӯмакҳои башардӯстона, оид ба чӣ тавр сарф кардани маблағҳои барои ҷилавгирӣ аз  офати табии дар ин минтақа ҷудо шуда, санҷише гузаронанд. Мегӯянд, ки аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳанӯз чанд моҳ пеш аз ин фоҷиа ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардаанд, ки сойи Тебалай  тоза карда шавад, зеро сангу гили зиёде  онро пур кардааст ва дар ҳоли омадани сел  наметавонад нақши обпарто ё селравро бозӣ кунад. Гуфта мешавад, барои тозакунии  рӯдхона маблағ ҷудо шудааст, вале худи поккорӣ сурат нагирифтааст. Пас он куҷо рафтааст? Барои соҳилбандии дарёи  Панҷ дар соли 2008 зиёде аз 11 миллион доллар (асосан аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва қисман буҷаи давлат) сарф шудаанду  боз  обхезии Панҷ чандин деҳаро аз байн бурд.

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: