Главная > Uncategorized > «Хабар доред оё, Ҳазрати Лоиқ?»

«Хабар доред оё, Ҳазрати Лоиқ?»

Чанд моҳ қабл нафаре ба идораи нашрия занг зада суол дода буд, ки магар бо каси вафоткарда сӯҳбат карда мешавад? Посух додам, ки не. Гуфт, ки пас чаро корманди шумо бо шоири чанд сол вафоткарда сӯҳбат намудаааст. Мухбир ба он дунё рафта буд, ё шоир аз он дунё омад? Чизе нафаҳмидаму пурсидам, ки кушодтар ҳарф занад. Нақл кард, ки тасодуф навиштаи чанд сол қаблро бо имзои Ҷумъаи Толиб дар бораи Лоиқ Шералӣ хондааст. Дар он мавод зери мавҳуму гуфтугӯ бо Лоиқ ба каси «мурда» 10 савол дода мешаваду боз посухи ӯро овардааст. Чӣ, магар ин масхарабозӣ нест?! Он нафари зангзада таъкид намуд, ки дар ин масъала «фелетон»-е навишта истодаасту онро дар ҳафтаномае нашр мекардааст.

Чизе нагуфтаму он маводро пайдо карда хондам. Кунун, дар зодрӯзи Лоиқ онро бори дигар манзури хонандагон менамоям. Намедонам он даъвогар «фелетонаш»-ро нашр кард ё не. Ман бошам, ба ӯ ва дигарон таъкид намуданиям: «Бузургон марг надоранд… Агар ба онҳо бо чашми сар не, бо чашми дил нигарӣ«…

Фазлиддин АСОЗОДА

Матлаъ

Дӯстам пур табли холӣ мезанӣ,

Нашнавад арзи диле гӯши карат.

Дӯстам, бар қулла чун туф мекунӣ,

Худ чун пастӣ, боз ояд бар сарат. Лоиқ

Ривоят

Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш,

Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?

Ҳофиз

Ривоят мекунанд, ки рӯзе ҳазрати Мӯсо ба кӯҳи Тур рафта, бо офаридгор дар роз нишасту гуфт:

— Холиқу рӯздиҳии оламиён, ҳамаро ба ҳар сурат офаридӣ, вале аз як чиз дар шигифтам. Чаро ба расулонат мартабаи якгуна неву якеро бар дигаре афзалият додӣ? Вай аз дил номи Расули акрамро гузаронид.

Бо амри воҷибулвуҷуд, рӯҳи яке аз умматони Расули акрам, Муҳаммади Ғаззолӣ ҳозир шуд ва дар муқобили Ҳазрати Мӯсо дар муколама нишаст. Сари мавзӯи ниҳоят хурде чунон ба тафсил ҳарф зад, ки ҳазрати Мӯсо ангушти ҳайрат газида, нидо намуд:

— Худовандо, донотарини доноҳо ту ҳастӣ ва дуруст аст, он чи дар замину осмон якеро бар дигаре афзалият додӣ.

Хитоба

Куҷоӣ ту?! Куҷоӣ, ки ба суолҳои тангназарон посух гӯйӣ? Шояд табассуми ширине бо ҳамон салаботу ҳамон тамкини шоирона мекардиву хомӯш мемондӣ? Эҳтимол шеъре мегуфтӣ?

Чандест ҳиссиёте азобам медиҳад. Вуҷудамро месӯзонад. Давое мекобам, таскине намеёбам. Аниқтараш, ба он андешаҳо, аз гуфтаи худат беҳтар посухе наёфтам. Имкон дорад, имрӯз даъво пеш оранд, ки Рӯдакӣ ҳамшаҳриат буд, бинобар ба дифоаш хестӣ. Ҷавобат «Баъд аз ҳазор сол …» ном дорад. Ҳарчанд ба ҳасудони Рӯдакӣ бахшида шудааст, гӯё ба бадгӯёни имрӯзаат нидо кардаӣ:

Шумо, эй худбаҳоёни муғамбир,

Шумо савдогарони шеъру оҳанг.

Шумо эй нотавонбинони каҷдил,

Шумо ҳаннотҳои илму фарҳанг.

Шумо вомондагони роҳи эҷод,

Ҳама гандумнамойи ҷавфурӯшед.

Чунон дар ҳарфбофӣ гашта устод,

Ки ҳарфи кӯҳнаро чун нав фурӯшед.

Агар шоир бувад чашми замона,

Шумо кӯред, кӯри беасоед!

Агар шоир бувад фарзанди айём,

Шумо ё нохалаф, ё носазоед.

Қисса

Эй булҳавасон! Ба гарди ошиқ нарасед,

Содиқ, ки наед, аз раҳи содиқ нарасед.

Мо даъвии ҳамсарӣ накардем, вале,

Билло, ки шумо ба пойи Лоиқ нарасед. Гулназар

Дар солҳои Шӯравӣ, ки ҳама роҳҳо кушода буданд, чанд маротиба дар  базмҳои тоҷикони  Ҷумҳурии ӯзбекистон,  хусусан деҳоти  ҳудуди Бойсун ширкат доштам. Он солҳо Лоиқ Шералӣ дар авҷи камолоти шоирӣ буду шеъри ӯ, матлаю ҳусни баёну мақтаи тӯйҳои он мардум. Ҳар гоҳ, ки аз шеъри Лоиқ ёдовар мешуданд, ҳатман мафҳуми «Ҳазрат»-ро ба номи шоир ҳамроҳ мекарданд. Боре аз як ровии базм пурсидам, ки  чаро нисбат ба Лоиқ ин қадар самимият доранд ва дар зинда буданаш Ҳазрати Лоиқ мегӯянд.

— Шеъри муосирро ба чунин равонӣ боз кӣ гуфта метавонад?,- бо ҳаяҷон гуфт ӯ. Дар олами шеър Лоиқ Ҳазрат не, балки аз он болотар аст.

Пас аз чанде ҳамон базм, дар асоси шеъри Лоиқ чунон ба васфи тоҷикон гузашт, ки монандие надошт.

Чаро?

Беҳунар бигзар ту аз ғаввосии баҳри сухан,

Барнаояд дурри мақсуд аз даруни ҳар садаф. Туғрал

Аҷаб одати тоҷикона дорем. Ба гуфте, агар айбе наёбем, ҳатман эрод мегирем: «думи сагат каҷ». Ҳарчанд ин  таомули  мо дар ҳама самт реша давонида, бештар дар байни аҳли зиё рӯшантар аён мегардад. Хусусан, шоирону адибону санъаткорон дастовардҳои ҳамдигарро чашми дидан надоштанд. Мардона иқрор намешаванд, ки фалониро аҳсанаш бод, дар ҷодае қуллаеро фатҳ намуд.

Вале, берун аз мо, аз одати тоҷиконаи кунунӣ олами дигаре ҳаст. Дар бораи Ҳофизи Шерозӣ Шиблии Нӯъмонӣ мегӯяд:

Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан,

Бандагии Ҳофизи Шероз мебоист кард.

Бале, дар олами сухану дунёи ғазал яккатоз будани Ҳофизи Шерозӣ далели  бебаҳс аст. Аммо  худи Хоҷа Ҳофиз таъкид менамояд:

Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо,

Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Ҳоҷӯ.

Бубинед, бо чунин бузургӣ Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз худро аз пайравони Ҳоҷӯи Кирмонӣ медонад…

Ё ин ки Низомии Ганҷавӣ бо як меҳри хосае дар сӯгвории Хоқонии Шервонӣ гуфта буд:

Ҳамегуфтам, ки Ҳоқонӣ дареғогӯйи ман бошад,

Дареғо, ман шудам охир дареғогӯйи Ҳоқонӣ.

Нисбат ба ин меҳру садоқат, пирию муридии соҳибназарони олами адаби гузашта далелҳо зиёданд, вале «мушт намунаи хирвор» гӯён, ба ҳаминаш иктифо мекунем.

Чаро имрӯз пас аз  маргаш ба сӯйи шоире, ки бо маънои томи вожаи «шоир» буд, ба сӯйи Лоиқ санг меандозем? Ҳадаф чист? Ҳар як образи шеърӣ, ҳар як мисраву байт дар кадом ҳолат, шароит набошад, бозгӯю довари ҳаёти Лоиқ ҳастанд ва чун афсарони мағлубнопазир саф оростаанд:

Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,

Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.

Шеър чисту шоир кист?

Сифлагон, Туғрал, ба шеър оғӯштаанд,

Нанг меояд маро аз шоирӣ. Туғрал

Лаҳзае истед, сар ба рӯйи каф гузореду каме ба олами андешаи шеъру шоирӣ равед ва иқрор шавед, агар Лоиқ шоири миллат набошад, пас шоир барои кӣ шеър мегӯяд? Агар Гулназар шоир набошад, пас киро  шоир гӯем? Ё шоириро ҳам тавассути овоздиҳию фармоишот ба расмият дарорему сипас шоир номем?!

Имрӯз чунон «шоирон» зиёд шудаанд, ки навиштаҳои онҳоро мехонию дилат ба ҳоли вазну қофияву радиф фишурда мешаваду аз исрофи варақу рангу хизмату маблағ ба фарёд меояд.

«Қаҳ!

Қаҳ!

Қаҳ!

Эй кавдан!

Эй сагдаҳан!»

«Ту шоирӣ ё Лоиқ?

Ту шоирӣ ё Бозор,

Гулрухсор?

Ё Гулназар ё Фарзона»

Афсона

Дар деҳа дӯсте дорам, номаш Абдураҳмон. Модараш аз олам гузашту пас аз дафн хост сари қабри модараш санге гузорад. Пурсид, ки барои санги мазор ягон байте навишта диҳам. Ба ӯ як байтеро аз Лоиқ пешкаш намудам. Ба шаҳри Хуҷанд барои тайёр намудани санг рафту холӣ баргашт. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки навиштаро ба сангтароше додааст. Сангтарош байтро мехонаду ба дӯстам нигариста, мепурсад, ки шеър аз кист? Посух медиҳад, ки намедонам. Сангтарош коғаз дар даст, навиштаро чанд маротиба зери лаб хонда, рӯ-рӯйи устохонааш қадам задааст. Ба гуфти дӯстам, аз рухсораш чакраҳои ашкро тоза намуда, хоҳиш мекунад, ки аввал муаллифи шеърро пурсида биёяд, баъд сангро  тайёр мекунад. Вай ноилоҷ ба қафо баргаштааст. Ба рафиқам гуфтам, ки байт аз Лоиқ Шералист. Пагоҳаш боз ба шаҳри Хуҷанд рафту ҳамон рӯз баргашта, нақл намуд, ки ба сангтарош  шеъри Лоиқ буданашро гуфтааст. То рафтани ӯ кайҳо сангро омода кардааст. Сангтарош аз рафиқам на пули сангу на ҳаққи хизматашро гирифтаасту фақат гуфтааст:

— Ин шеър санги хороро ба сухан гуфтан моил мекунад. Ва ягон арзиш ба ин байт баробар шуда наметавонад, рӯҳи модарат шод боду Лоиқ дар амон. Ҳамаашро бахшидам.

Он байт чунин буд:

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам.

Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.

Гуфтугӯ

Эй нӯш карда нешро, бе хеш кун бохешро.

Бохеш кун бехешро, чизе бидеҳ дарвешро. Рӯмӣ

Даҳ савол ба Лоиқ

— Модар дар эҷодиёти Шумо мавқеи хоса дорад. Шеърҳои ниҳоят зиёде ба ин сарчашмаи зиндагӣ бахшидаед. Оё аз навиштаҳоятон қонеъ ҳастед?

— Гар шоирони олам як ҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад, андар санои модар.

— Ба ишқу ошиқӣ сахт часпидаед. Шеърҳои дар ин мавзӯъ гуфтаатон ҳавову ҳавас ҳастанд ё ягон нияти дигаре доред?

— Ишқ меварзам, ки аз ман дур бигрезад аҷал,

Ишқ то бо ман ситезад, ҳеҷ настезад аҷал.

— Мегӯянд, ки ба Шумо бисёр таҳдид мекунанд, намегузоранд осудаю ором бошед…

— Тирборон кардани мо кӯшиши беҳуда аст,

Ҳар кӣ моро мекушад, бо шеърборон зинда бод.

— Дар шеърҳоятон чунон бо сӯзу гудоз дар васфи маъшуқаатон ҳарф мезанед, ки касро ба ваҷд меорад. Аз ӯ чӣ дархост доред?

Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, дар ғами ман гиря кун,

Бо ҳазорон нолаю фарёду шеван гиря кун.

Бе аҷал куштӣ муҳаббатҳои ширини маро,

Бар сари ин зиндагӣ то рӯзи мурдан гиря кун.

— Нигоҳи Шумо ба зиндагӣ чи гуна аст?

— Зиндагӣ! Ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам,

Ман туро чун сарнавишти худ дигар мекунам.

— Аксар вақт сархуш мегардед. Баъзеҳо норозиёна иброз менамоянд, ки аз худ рафтаед…

— Мо меравем аз худ, то хешро биёбем,

Эй ноширони ғайбат, кори шумо набошад.

— Зиндагӣ бе орзу ширин нест. Орзуи Шумо?

— Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,

Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд даме.

— Дар маҳфилҳои шеъру шоирӣ хеле камнамоед. Мухлисон пазмонатон шудаанд…

— Агар сад сол ҳам ҷӯйӣ, маро дигар намеёбӣ,

Шабу рӯзон худо гӯйӣ, маро дигар намеёбӣ.

— Инсон миранда аст. Агар рӯзе аз ин олами фонӣ реҳлат намоед, пеш аз марг чӣ гуфтание доред?

Ҳама бӯҳтоннависонро кунам огоҳ пеш аз марг,

Шумо имрӯз мемиред, ман фардои дил дорам…

— Мегӯянд, ки озими сафари дури дуре ҳастед. Кай бармегардед?

— Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунанд,

Аз баъди ҳазор сол, меоям боз.

ЛОИҚЕ ЧУН ЛОИҚЕ

Сарв аз бесамарӣ хилъати наврӯзӣ ёфт,

Ҷигари хеш махӯр, гар самаре нест туро. Соиб

Дар муқаддимаи китоби Гулназар — «Лоиқе чун Лоиқе» омадааст: «Ин рисолаи илмӣ ё таҳқиқотӣ нест, балки назарияи як эҷодкор ба эҷодиёти шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералист». Дар ҳамин маҷмӯа шаш мақола ё нуқтаи назари Гуназар ва шеърҳои Лоиқ ба маҳорати ӯ дар гуфтани жанрҳои алоҳидаи шеърӣ дохил шудааст, ки дар пешгуфтори китоб «ба ҷойи охирсухан» дар мақолае навишта будам: «Дар мақолае навишта будам, ки ман ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат мекунам. Бурду бохти Лоиқ бурду бохти адабиёт аст ва омӯхтани танқидии навиштаҳои ӯ ба рушду камоли наҷибтару шоистатари шеъри тоҷик мусоидат хоҳад кард».

Магар дар бораи эҷодиёти нафаре гуфтану нуқтаи назари худро иброз доштан нораво бошад?! Охир дар навиштаҳои Гулназар, дар баъзе ҳолатҳо нуқси шеърҳои Лоиқ нишон дода шудааст-ку! Мегӯянд, ки «бедалел эътироз намудан дар зинаи пасттарини хирад будан аст». Биёед, аввал як маҷмӯаи шабеҳи «Лоиқе чун Лоиқе» нисбат ба кадом  шоир ё адибе набошад, офарему сипас дар паҳлӯйи дигари тарозу ниҳода, нидо кунем: «Ана дар бораи эҷодиёти шоир, лаҳзаҳои ҳаёти ӯ ин хел менависанд, ёд гиред…».

Гадои нозболин

Дар «дили шаб» хонуме шавҳарашро аз хоб бедор намуда:

— Хунук хӯрдам,- гуфт бо оҳанги аҷибе.

Мард аз ҷой хеста ба болои занаш боз як кӯрпа мепартояд.

Муддате нагузашта, боз хонум гуфт:

— Гарм шудам.

Шавҳараш аз болои ӯ болопӯшро гирифта, тирезаро кушод.

Пас аз чанде боз садои зан баланд шуд.

— Дилам гум мезанад, мард мехоҳам!

— Барои гум задани дилат «валидол» ҳаст. Вале дар ин ними шаб аз куҷо мард меёбам? (Аз халқ)

«- Ба ҳурмати оне, ки ба номаш савганди ишқу ошиқӣ, сидқу вафо ёд намудем. Барои дар пастию баландии зиндагӣ баҳри ба фарозу нишебаш тоқат кардану дар роҳи тӯлонии умр ҳамсафар гардидан, бори зиндагиро якҷоя кашидан аҳд баста будем, лаҳзаҳоеро ба хотират оварданиам. Дар ёд дорӣ? Гуфта будем, ки хутбаи никоҳамон шеъри Лоиқ ҳасту ҳеҷ гоҳ онро намешиканем. Имрӯз, ки рафтӣ, хонаи дилам, тамоми манзилам холиву сард аст. Бовар кун:

Дар дили шабҳо дилам гум мезанад.

Ман туро мехоҳаму нози туро». (Порае аз номаи маҳрамона)

Ҳасрат

«Шояд маро нафрат хонӣ, ба он ҳақ ҳам дорӣ. Чӣ илоҷ? Гардиши айём бо майли ману ту нест. Тақдиру тақдирнавис чунин навишта ва онро тадбир карда намешавад. Барои ҳамааш маро бубахш. Хостам бароят чанд варақи сафедро, ки чун рамзи ишқамон пок аст аз эҳсосоти нисбат ба ту дошта пур намоям. Вале аз гуфтаи Лоиқ беҳтару пурарзиштар гуҳари бозгӯйи рози дилам наёфтам:

Акнун ту дар таровату тасвири ман бимон,

Чун нақши норизоии тақдири ман бимон.

Домодию арӯсии мо дер шуд дареғ,

Эй наварӯси шеъри ман, дар шеъриман бимон. (Аз дафтари хотираи АҶИТ)

Истеъдод

«Маьлум нест, ки истеъдоди одам аз куҷо пайдо мешавад. Маълум нест, бахшоиши замин аст ё осмон. Шояд зодаи замину осмон бошад? Инчунин маълум нест, ки  истеъдод дар куҷои одам маъво гирифтааст: дар дил, дар хун, дар мағзи сар? Оё истеъдод аз рӯзи ба дунё омадани  одам дар дили кӯчаки вай лона мекунад? Вайро чи бештар ғизобахш аст: муҳаббат ё нафрат, шодӣ ё ғам, ханда ё  гиря? Ё баҳри инкишофу қувват гирифтани он ин ҳама зарур аст? Оё истеъдод меросист, ё одам онро дар натиҷаи ин ҳамаи дидаву шунида, хондаву навишта идрок намуда  ва аз  сар гузаронидаҳои  худ тадриҷан ҳосил мекунад?

Натиҷаи меҳнат аст он ё хандаи табиат? Ранги модарзоди чашм аст он, ё мушакҳои бозу, ки одам бо машқи ҳаррӯза фузун мегардонад? Ниҳоли себест он, ки ба ҷидду ҷаҳди боғбон ба воя расидааст, ё себе, ки аз шохи дарахт рост ба кафи бача афтодааст?

Истеъдод чунин муаммост, ё баъди кашфи тамоми асрори замин, гузаштаю ояндаи он, баъди кашфи тамоми асрори офтобу ахтарон, оташу рангҳо, ҳатто баъди кашфи тамоми асрори одамон, дар навбати охирин дарк хоҳанд кард, ки истеъдод чист, аз куҷо пайдо мешавад, дар куҷо маъво дорад ва чаро маҳз насиби ҳамин шахс мегардад, на каси дигар».

Расул Ғамзатов

Худованд ба Лоиқ Шералӣ чунин неъмати бебаҳою бекаронро арзонӣ дошт, ки онро дар ҳама ҷо офариду ба ҳама кас надод. Ҳеҷ махлуқе ин бахшоиши қисматро, ки номаш истеъдод аст, аз ӯ ситонида наметавонад.

Мақтаъ

То чанд баланд мепарӣ, эй нокас,

Ҷурми ҳамагон мешуморӣ, эй нокас.

Худро бифурӯхтӣ, харидор намонд,

Моро ки фурӯшӣ, чи харӣ, эй нокас. Лоиқ

Ҷумъаи ТОЛИБ, аз ҳафтаномаи «Фараж», аз 15-уми феврали соли 2008

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: