Главная > Uncategorized > «…Муш агар китоб хӯрад»

«…Муш агар китоб хӯрад»

(Мактуби кушода ба Сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби доктор Х. Зиёев»

Ҷаноби доктор Зиёев. Аз рӯзи маҷлиси судӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе (30.03.2010 сол) муддат сипарӣ шуда истодаву, аммо аз хотираи «бандаи беунвон» таъсири як суоли шумо зудуда нашуд. Он рӯз аз шумо шарҳи муроди суолатонро хоста будам, аммо ҷасорататон барои чашм ба чашм сухан гуфтан кифоят накард. Ин рӯз ба Шумо расман аз тариқи матбуот шарҳи он суолро мехоҳам. Вале то он ки ҷаноби шумои доктори илм ҳарф занед, мавриди тахмини дарёфтаи худ нисбати муроди суолатон назари хеш ифшо ва иншо кардам.

Суоли шумо ин буд: «Шумо дар Донишгоҳи байналмилалӣ чӣ вазифаро адо мекунед?». Посух додам: Сарноиби Президенти Донишгоҳ ҳастам. Суолро идома додед: Чӣ унвони илмӣ доред? Посух гуфтам: Ҳеҷ. Ва инак он чи муроди амали суолиатон буд, ба фикри бандаи беунвон ин аст: Шумои ҷаноби доктор, ки рӯзи маҷлиси судӣ дар муқобили мани беунвон ҳолати пурзаъфи баҳс доштед (он ки суд баҳсро ба манфиати шумо ҳал кард, худатон хуб медонед, ки «донишмандӣ»-и шумо ва ҳамсангарҳоятон набуда, «қудрати сиёсат» аст. Шумо худатон ба ин борҳо дар суханронӣ бо ман қоил шуда будед), хостед ба ин васила «зарбе ба ман занед». Шумо он рӯз бузургии худ ва ҳамсангарҳоятонро дар доштани унвон ҷуста, заъфи манро дар набудани он «ба намоиш» гузоштанӣ шудед. Шумо аз мақоми як доктори илм он рӯз натавонистед ба ин ҳукми ҳакимон қоил бошед: «Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд». Аслан, ботини шумо пеши ман рӯзе ошкор шуда буд, ки чун дар як маҷлиси судӣ гуфтам: «Исои Масеҳро барои худошиносиаш чормех карда буданд», шумо ба ҷои он, ки аз ин гуфтор ба андеша фурӯ равед, «ҳиқ-ҳиқ» хандида гуфтед: «Ҳоло шумо Исои Масеҳ ҳам шудед…». Ва ин ҳам ботини ҷаноби доктор Зиёеве, ки рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Баҳоуддин Валад» (писари Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ) ва рисолаи докториашро дар мавзӯи «Мавлавия ва таърихи таҳаввули он» навишта, онро дифоъ кардааст. Ростӣ соате фаҳмидам, ки шумо файласуф ҳастед ва хоса дар хати ирфон «заҳмат»-и илмӣ кашидед, ақлам ҳеҷ нагирифт, ки «як олими ирфонӣ» ба тақдири Исои Масеҳ «ҳиқ-ҳиқ» хандаду номи Иброҳими Халилро шунидан нахоҳад. Ва дар ин радиф ду ояи «Қуръон» пеши хотирам омаду як  ҳадиси паёмбар Муҳаммад (с), ки дар боби олимон фармуда. Он гӯйишҳо ин аст:

«Худо ато кунад файзи ҳикмат ва донишро ба ҳар ки хоҳад. Ва ҳар киро ба ҳикмат ва дониш расонад дар бораи ӯ марҳамат ва инояти бисёре фармуда ва ин ҳақиқатро ҷузъ хирадмандони олам мутазаккир нашаванд». (Бақара 269)

«Надидӣ ҳоли онон ки андак баҳрае аз илми китоб ёфтанд, ки харидори залолат ва гумроҳианд ва ҳамехоҳанд ки шуморо ба гумроҳӣ андозанд? (Нисо, 44)

«Илм ду навъ аст: яке он ки дар қалб ҷо гирифта, ин илм судманд аст; дигар он ки танҳо бар сари забон аст, ин барои соҳибаш ҳуҷҷати дунё аст». (ҳадис).

Ва ботини ҳамсангарҳои шуморо он рӯз барои худ кашф кардам, ки чун ман гуфтам: «Судҳое ба бехудоӣ ва бешарафӣ Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Муҳиддинов барин фарзандони содиқ ва сарсупурдаи миллату Ватанро ба хотири «нигоҳдошти курсиҳои худ» ҳукми қатл доданд ва инак номи онҳо ба сафи қаҳрамонони миллат ҷой дода шуд», ҷавобам доданд: «Аз қаҳрамонии Шириншоҳу Нусратулло чӣ суд, ки дар зиндагии нақд гирифтори сахттарин ҷазо шуданд». Ва дар ин ҷавоб аломати ҷаҳолати маънавӣ ошкор ва бебаҳс буд…

Ва аз пояи маърифати шумо он рӯз дарак ёфтам, ки рӯзе ба ДТИКТ омадед (барои бо ном «санҷиш») ректори Донишкада хостанд мактуби Донишкадаро, ки ба унвонии Хадамот фиристода шуда буд, барои «ҳайати комиссия» хонанд, гуфтед: «Хонед, аммо бе зикри номи Иброҳим…». Чун дар нома аз муқовимати Иброҳими Халил дар муқобили Фиръавн сухан рафта буд.

Хуб, ин ҳама ёддоште буд аз он чи ман дар пояи фазли Шумо ҷаноби доктори илм пайдо карда будам. Ҳоло дар ин маънӣ аз ин беш гуфтанро таҷовузи сухан медонам.

Мерасем сари баёни мурод. Ҷаноби доктор, як сол пеш ба дастам китобе  расид бо исми «Мактаби олӣ» (қисми аввал, «ИТЭС», Душанбе-2007, 526 саҳ.) Мураттибу муҳаррирони он як академик, 2 доктор, 4 номзади илм буданд (исми эшонро зикр намекунам, зеро мурод танҳо ҳушдоди шумост, чун: Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт).  Китоби зикргаштаро мутолиа кардаму ба унвони Вазорат номаи сарпӯшидаи тасҳеҳие барои ислоҳи он фиристодам. Қасдам ҳеҷ набуд, ки ин номаро рӯзе ошкор кунам. Аммо розро аввал на ман, балки ҷониби Вазорат фош кард. Ва ин ҳол аз ёддошти баёни масъалаи мавриди зикр хиҷил нестам. Дар ин китоб 81 меъёри қонун ба таври рӯбардори айнӣ дар санадҳои меъёрии таҳиянамудаи Вазорат ҷой дода шуда, 20 намуди хатоҳои имлоӣ, услубӣ, мантиқӣ, техникӣ, дар маҷмӯъ дурустнависӣ (орфографӣ) бо шумораи бештар аз 521 ҳолат мушоҳида шуд. Ибораҳое чун «Шоирони роҳбарикунандаи …» ба ҷойи «Шӯрои роҳбарикунандаи…», вожаҳое чун «маори, сохторои, таҳасилоти, ҷуб, аккредитасия, лии, шавинд, еоллеҷ ба ҷойи маориф, сохторҳои, таҳсилоти, хуб, шаванд, коллеҷ» дар китоб ба кор рафта, ки арзиши «дараҷаҳои илмӣ»-и масъулони китобро ошкор кардааст.

Шумои ҷаноби доктор дар маҷлиси судӣ басо озод ва рӯйирост тӯҳмат задед, ки гӯё Донишкада дар мактуби худ ба унвони Вазорати маориф ибораи «Вазорати бемаърифат»-ро ба кор бурдааст ва ба ин васила бо роҳи таҳқири Вазорат ҷиноят содир кардааст. Низ басо омирона ҷониби Донишкадаро ба «ваҳшат» оварданӣ шуда, эълон кардед, ки «Донишкадаро барои ин таҳқир ба суд хоҳед дод». Аммо вақто ки нусхаи мактубро дар маҷлиси судӣ пешниҳод кардем ва нишон додем, ки ибораи истифодашуда «Вазорати маърифатӣ» аст, ҳатто дар чеҳраатон осори хиҷолатро эҳсос накардам. Аҷаб мавлавишиносе…

Ва, ҷаноби доктор, шояд месазад, ки андешае чанд дар мавриди мақоми шумо дар илм ба сифати «доктор» ва мани «беунвон» санъати қиёсро ҳам ба кор барем. Барои рӯшан кардани ин иддао барои шумо худро мухтасар муаррифӣ мекунам:

Бандаи беунвон рақами аввал дар ҳунари бадеъ (адабиёт) даст дошта, соҳиби маҷмӯаи ашъори зайл ҳастам:

1. «Таронаи мурғи шабовез», Душанбе, «Оли Сомон», 1997, 166  саҳ. (бо тақризи шоир Зиё Абдулло).

2. Достони «Нома баъд аз даҳ қарн», нашриёти «Нодир», Душанбе, 1998, 96 саҳ. (бо тақризи олим ва шоир Салими Хатлонӣ).

3. «Сипарғам», интишороти «Салим», Душанбе, 1998, 96 саҳ. (бо тақризи профессор Раҳими Мусулмониён).

4. «Самандари андеша», нашриёти «Пайк», Душанбе, 2002, 96 саҳ. (бо тақризи адабиётшинос Саломи Нуриёни Баравнӣ).

5. «Меҳри ҳадис», Душанбе, «Ирфон», 2007, 203 саҳ. (бо тақризи шоир Меҳмон Бахтӣ).

6. «Эроннома», Душанбе, 2003, 132 саҳ. (бо тақризи профессор Аламхон Кӯчаров).

Ва инро ҳам гӯям, ки дар солҳои охир «ҷомеа» барои «шиками гурӯсна»-и худ шоир ва шеърро айбдор медонад. Ин бошад танҳо аломати бефарҳангӣ ва заъфи маънавист. Илло кадом шоир садди роҳи инкишофи илми табиат, кимиё, ахбор (информатика), механика ва дигар илмҳои дақиқ гаштааст?  Балки сабаб ин аст, ки барои ҷавонони соҳибзавқи ин ҷодаи илм озмоишхона нест ва озмоишхона бошад барои он нест, ки барои ташкили он маблағ лозим аст. Маблағ бошад аҷаб «ширин» аст, ки онро дастандаркорон «сахт эҳтиёт» доранд. Аммо барои «озмоишхонаи шоир» тафаккури худододӣ, як қалами шикаста ва пораи коғаз кифоят аст. Шумо барин ҷанобони доктор «соли фарҳанги техникӣ» эълон мекунеду дар дафтар (кабинет)-ҳои кории худ нишаста, бар рағми талаботи қонун барои «пӯшидан»-и  Донишкадаи технологияи инноватсионӣ «пешниҳод» менависед. Яъне, «озмоишхонаи шоир»-ро аз ӯ рабудан номумкин аст. Аттор охирин шеърашро бо хуни дил болои қум зери пойи муғул иншо кард…  Низ, ёдрас шавам, ки дар кулли ашъори банда дар тавсифи шахсиятҳои ҷисмонӣ ба ҷузъ аз исми Муҳаммад (с), 12 имоми аҳли шиъа ва 4 имоми аҳли суннат,  Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Раббонӣ ва Одинаи Ҳошим мисраъ ва ё байте аз мақоми мадҳу сано нест. Ва ҳам бигӯям, ки то имрӯз узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ нестам, агарчи чанд навқаламе, ки панҷаи шеърофаринишашонро рост кардаам, кайҳо узвияти ин мақоми расмии шеъри тоҷикро соҳиб гашта. Ба фикри шумо ҷаноби доктор, чаро?

Дар ҷодаи илм ин маҳсул самари қалами бандаи беунвон аст-дар илми ҳуқуқ:

1. Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аввалин асари тадқиқотӣ дар илми ҳуқуқи тоҷик дар ҳуқуқи меҳнат), нашриёти «Оли Сомон», Душанбе, 2005, 487 саҳ. (бо тақризи Бӯриев И. Б).

2. Ҳуқуқи нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аввалин асари тадқиқотӣ дар илми ҳуқуқи нотариалии тоҷик), нашриёти «Деваштич», Душанбе-2007, 350 саҳ.

3. Боҷи давлатӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, Душанбе, 2006, 78 саҳ.

4. Ҳуқуқи манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (аввалин асари тадқиқотӣ дар илми ҳуқуқи манзил, дар дасти чоп).

Дар илми иқтисод, ҳуқуқ ва иҷтимоъ:

-Иқтисод, иҷтимоъ ва ҳуқуқи меҳнат, Душанбе, 2006, 69 саҳ. (бо тақризи Зиёратшоҳ Акобиров).

Дар илми ҷомеашиносӣ ва сиёсат:

-«Ситораи Ҷавкандак», Душанбе, 2000, 80 саҳ.

Дар илми назарияи бадеъ (адабиёт):

-«Гар алиф нест, алифбо набувад», Душанбе, 1999, 96 саҳ.

Дар илми ҳифзи муҳити зист:

-Фарҳанги мухтасари истилоҳоти экологӣ, Душанбе, 2002, 96 саҳ.

Дар илми фалсафа:

-Фарҳанги мухтасари чаҳонбинӣ, Душанбе, 2002, 366 саҳ.

Мақолаҳои калонҳаҷми илмии дар маҷаллаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ ба табъ расида:

1. Вожаи фарҳанг дар масири тамаддун, «Хуросон» (ҶИА).

2. Фалсафаи «ҷон», «рӯҳ», «нафс» ва «равон», «Маърифати омӯзгор», №2, 2008.

3. «Оё Авесто китоби осмонӣ аст?», Маҷаллаи Академияи илмҳо «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ», Душанбе-2001.

4. Таъмини нуфуз ва волоияти қонун аз сифати эҷоди он вобаста аст, «Вароруд», Душанбе 2003.

4. Вожаи фарҳанг дар масири тамаддуни миллат, «Маърифат», №5-6, 2003.

5. Масъалаи ҳастишиносӣ дар мисоли «Ал-бароҳини Фахри Розӣ», Паёми Донишгоҳи гуманитарӣ, 2006, нашри 2.

6. «Аз фалсафа то дониш, ё аз дониш то фалсафа», Маҷмӯаи мақолаҳои илмии ДБТ, нашри 1.

7. Вазъи ҳуқуқии донишҷӯ, талабаи муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон,  Маҷмӯаи мақолаҳои илмии ДБТ, нашри 1.

Ва ҳамаи ин маҳсул бидуни харҷи як пайса аз молиёти давлат, ба ихтисори як бурда нони фарзанд ба дасти чоп расида.

Ва инак, ҷаноби доктор, то ҷое дарёфтам он чи маҳсули қалами илмии шумост, ин ду рисола, рисолаи номзадӣ ва доктории шумост.

Агар маҳсули дигаре аз ҳосили қалами шумо бошаду зикраш накардам, имкон доред дар ҷавобияи ин мақола онро зикр намоед ва азамати илмии худро ошкор созед, то бубинем аз доктории шумо то беунвонии банда чӣ тафовуте ҳаст.

Тафовутеро, ки ман аз худ то шумо ёфтам танҳо ҳамин аст, ки дар баҳсҳои судӣ дар муқобили далелҳои ҳимоявии ман ноилоҷона танҳо се шакли амал доштед: Яке, ҳисоб кардани вақти сухангӯйии ман ва ба сарфи вақт таъна задан; дигар, ҳукми дағалонаи авомона, ки «ҳама гуфтаҳои шумо дурӯғ буд» (бе зикри далели дуруғгӯӣ); сеюм, дониста ва ё нодониста ғалат шарҳ додани ҷумлаҳои матни қонун (ошкор сиёҳро сафед гуфтан).

Доно пеши сухани ҳақ ва истидлолӣ бо камоли адаб иқрор дорад. Оҳ аз баҳс бо …

Ва дар ниҳоят: Таассуф, солҳои охир дар Тоҷикистон анъана на ифтихори маҳсули илмӣ, балки «унвони илмӣ» гаштааст. Ҷое дидам «олим»-еро, ки рисолаи «защита»-ро бо чӣ рангу камоле омода карда. Дидам «рисола»-ҳоеро, ки ба ҷузъ аз «рӯнавис» ва ё «тарҷума» кори дигаре нестанд. Агар олим бо самари илмии худ олим аст, ҳақ дорам худро бо шумо қиёс накунам. Агар ин нест (воқеан ин нест), ман ба «беунвонӣ»-и худ қоил ва розӣ ҳастам. Ман розиам, ки дар илм дунболи мактаби «беунвонӣ»-и Шайх Сино, Форобӣ, Розӣ, Берунӣ, Насриддини Тӯсӣ, Айнӣ ва ҳоказо «шогирдона» қадам мезанам.

Албатта, инкор намекунам, ки дар осмони илми тоҷик ситораҳои ангуштшумори сазовори исми олим ҳастанд, аммо хеле ангуштшумор. Камина  пеши чеҳраҳое чун Файзи Нормурод, Собит Неъматуллоев, Аламхони Кӯчар, Парвонаи Ҷамшед,Акбари Турсон,Мӯсо Диноршоев, Ашӯрбой Имом, Раҳими Мусулмониён, Носир Салимов, Абдулвоҳид  Шамолов, Нодир Одилов, Мирзо Шукурзода,Ҷӯраев, Маҳмадулло Лутфуллоев,  Ҳоҷимаҳмад Умаров Ҳ. Салимов, Маҳкам Маҳмудов, М. Раҳимов, Фозил Тоҳиров баринҳо иқрори иззат ва миннати омӯзишу парваришӣ дорам (барои зикр накардани фарзонаҳое, ки эшонро намешиносам шармандаам). Вале, таассуф, бештар пайраҳаи «унвонҷӯӣ» ҷойи илмро гирифта. Як нишони олим маънавиёт ва маърифати худшиносона ва худошиносонаи вай ҳаст. Дар фазои илмии ҷомеаи маорифпарвар барои ишғоли «мақоми академик», «лауретшавӣ» ҷангу ҷадал аз матбуот то ҳуши ҷомеаро банд намекунад. Ҳангоме дар матбуот «кашмакаш»-и ду олимро зери баёнҳои «худхоҳона» вомехӯрам (ин ҷадалҳо то имрӯз кам набуданд ва нестанд), дилам ба илм месӯзад. Мақолаҳои зиёдеро дар матбуоти давр бо намунаи «Совершенно не научный труд и вредный» (Г. Кошлаков), «Авторы должны ответить перед научной обшественности» (С. Неъматуллоев, А. Ищук, А. Бобоев), «Мне стыдно за нас, или как остановить поток наукообразной макулатуры» (М. Исмоилов), «Наука погрязла в коррупцию» (Р. Диловаров), «Бозиҳои академӣ давом дорад» (Ҷ. Сафаров), «Сино академик набуд, вале илмаш ҷаҳон гирифт» (Ф. Баротзода), «Аз мукофоти амал ғофил машав.» (Ҷ. Назрӣ), «Чанд сатр дар ҷавоби ғайбатнома» (М. Илолов), «Ҳам ғариву ҳам пешхезӣ»-и М. Мунавварзод хондаву кас дармеёбад, ки дар ин бозори маърифати уламоӣ нишони маърифатӣ басо коставу шикаста. Дар баҳси илмӣ вожаву ибораҳои таҳқирии кӯчагардон, мисли «гапш қоқай», «маст ша, бача» ҳокимият пайдо карда.

Ва боз ҳам аз назари ҳадиси паёмбари ислом, ки дар боби уламо фармуда:

Уламои ин уммат ду табақаанд: яке онҳо, ки илми худододаро бе тамаъ нашр кунанд, дониши худ ба обу нон нафрӯшанд. Бар ин тоифа моҳии дарё ва ҷонвари замин ва паррандаи ҳаво истиғфор кунанд, бузургвору шафоатманд бар Худо ворид шаванд ва бо паёмбарон ҳамнишин бошанд; дуввум онҳо, ки илмро иҳтикор (ҳаннотӣ) намоянд ва бо мол мубодала кунанд. Инон дар қиёмат бо лаҷоми оташин маҳор шаванд ва касе фарёд занад: Инҳо ҳастанд, ки Худои мутаъол илмашон дода буд ва дар нашри он бухл меварзиданду онро ба баҳо мефурӯхтанд. Ин сухан то мавқеи фароғати мардум аз ҳисоб такрор шавад.

Яъне, уламо ду гурӯҳанд. Яке онҳо, ки илмро дар зоҳиру ботин ҳазм кардаанд. Ва нишони эшон ба се аломат аст. Як, он ки муносиб ба илми зоҳирӣ ва ботинии худ, дар домани тақво амал ва зиндагӣ кунанд. Ду, он ки басо фурӯтан ва хокӣ шаванд ва худро аз касе боло ва воло наёбанд. Се, он ки дар муқобили ҷаҳл ва кажӣ шамшер бошанд ва ба хотири матои дунё (на мол, на мансаб) дурӯғ нагӯянд, кин наварзанд, бад нахоҳанд ва дар муқобили ҳақ таслим шаванд ва ботилро ба хотири касе ҳақ нахонанд. Илмашон ба халқи Худо суд орад, ҷузъ барои худ.

Дуввум, онҳо ки тоҷири илманд. Эшон мақоми (дараҷаи) ҷомеавии уламоро бо роҳи хариду фурӯш, васила ва ҳилла аз худ кунанд ва ба се хӯ шинохта шаванд.

Як, он ки амалашон дар илм танҳо ба хотири суди худ бошад ва дар зарурат илмро қурбони ҷаҳл кунанд. Ду, он ки басо мутакаббир шаванд ва барои пешниҳоди худ дар дараҷа ва мақомҳо (ҷоизаву мукофот) аз ҳар амал истифода кунанд. Се, он ки аз худшиносӣ ва худошиносии ботинӣ дур бошанд ва барои матои дунё (молу мансаб) басо чоплӯсӣ кунанд. Ростиро дар зарурат қурбони ботил созанд ва аз ин хиҷолат накашанд. Илмашон барои халқи Худо суд наорад, ҷузъ барои худ дар ин дунё. Ва тоҷирони дунёро низ се хулқ аст. Як таваккал (рыск), ду, дунболи суд будан, се табдил.

Банда, ки 500 ҳадиси паёмбар (аз ҷумла ин ҳадис)-ро низ ба қалами назм кашидаам, барои хонандаи арҷманд муаррифӣ мекунам.

Дар масири даҳр аҳволи улум,

Бо ду фирқа омад андар бому бум.

Он яке, к-илмаш бурун аз озу ноз,

Баҳри фардо сабт кард андар баёз.

Пеши султоне сари худ хам накард,

Илмро паркандаву барҳам накард.

Дигар он, к-ӯ аз паи як луқма нон,

Маърифатро хор кард андар ҷаҳон.

Ҳалқабаргӯш пеши дунёдор шуд,

Даллаи бозору мори ғор шуд.

Дӣ ба шогирдаш яке сайёди пир,

Панд мегуфт аз камону гашти тир.

Гуфт: Ҷамъи ёлгардан, эй писар,

Машмар андар содаҳолӣ шери нар.

Он ки ман дар ин нома худро аз «таъна»-и доктории шумо ҳимоя кардам, иншоолоҳ такаббур нест, балки садои илм аст дар муқобили «унвон».

Боре ба чашми ҳуш назар кунед, ки имрӯз дар Тоҷикистон шумораи «унвондорҳо» ва «лаурет»-ҳо ба арш расида, аммо то ҳанӯз дар пояи як вазорати фарҳангӣ китоберо бо қабеҳтарин ҳоли дурустнависӣ (орфографӣ) ба хонанда муаррифӣ  мекунем. Ҳамин мусобиқаҳои худхоҳона барои унвонҳо ва ҷоизаҳост, ки шеърамон ба пояи бешарафии маддоҳӣ расидаву шоирамон пушти дари «саховатмандон» бо лӯлапечи қасидаи мадҳия интизори карам… Ҳамин унвонхоҳиву ҷоизахоҳист, ки қимати шоиру олим басо коставу тамасхӯри зимомдору тоҷири пулдор гашта.

Куҷо шуд Рӯдакиву Фирдавсии озодсари шеър? Куҷо шуд Синои доиратулмаориф, ки ҷойи онро олими муаллифи рисола дар боби бандаки изофии «-и» гирифтаву ин олими киромӣ аз бандаки изофии «-и» берун маърифате ҳосил надорад?  (Агар номгузории шартиам ба исми воқеие рост ояд, тасодуф аст ва пӯзиш мехоҳам) Куҷост ирқи «беунвон»-е, ки аврупоии унвондорро дунболи азамати илмаш ҷониби Самарқанду Бухоро, Марву Ҳирот, Табрезу Ҳамадон кашиду имрӯз «пасмонда»-ҳои компютери ғарбро «аз дари башардӯстӣ» гадоӣ кунад ва ангушт задан болои тугма (клавиш)-ҳои калид (клавиатура)-ро «донишмандӣ дар илми ахбор (информатика) донад?

Аз олимӣ то олимтарошӣ масофаи азимест, ҷаноби доктор Зиёев. Худо моро аз илм бебаҳра накунад ва аз олимтарошӣ дар паноҳи раҳматаш нигоҳ дорад. Ҷаноби доктор Зиёев:

Зи аҳли мадраса асбоби маърифат маталаб,

Ки нуктадон нашавад муш, агар китоб хӯрад…

Бо ин ҳама, ин мақоларо муддати чанде барои нашр пешниҳод карда натавонистам. Сабаб ин буд, ки бархӯрдҳои шахсиро ба самъи ҷомеа расонидан камоли маърифат нест. Аммо ин андеша, ки ҷавҳари ин гуфтор, аслан, на бар шахси Шумо ҷаноби Зиёев, балки ба масъалаи ҷомеавишудаи дарднок ва иллатпазир дахл дорад, онро ба чоп додам.

Агар ҷое аз ҳадди ростгӯӣ ва ростандешӣ ба иштибоҳ берун рафта бошам, Худо маро бубахшад ва аз Шумо пӯзиш металабам. Агар бадани ростиро нахарошида бошам, миннати Аллоҳи бузург бар сарам аст.

Муҳаммадалии Нуралӣ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: