Главная > Uncategorized > Афзалшо Шодиев: «Мазҳаби Лоиқ дарди миллат буд»

Афзалшо Шодиев: «Мазҳаби Лоиқ дарди миллат буд»

Лоиқ шоире буд, ки  назираш дар имрӯз ноёфтанист. ӯ дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар адабиёт бо навовариҳои эҷодиаш шӯҳрати беандозаеро касб намуд. Лоиқ шеъреро, ки  дар он тасвир ва мазмунҳои шоирона дида намешавад, на аз дигарон қабул дошта ва на худ эҷод кардааст. Шеъреро, ки  ин хусусиятҳоро дар худ доро набуд, ба андешаи устод Лоиқ на шеър, балки шиор аст ва ё сухани беҳудаест, ки гуфтанрову шунидан ва хонданро нашояд. Инак, даҳ сол мешавад, ки Лоиқ дар майдони адабиёт нест. Ба ин хотир дар арафаи зодрӯзи устод Лоиқ, сӯҳбате доштем бо яке аз шахсиятҳое, ки  бевосита ҳамдаму ҳамшини устод Лоиқ буд, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев.

— Ба фикри Шумо, чаро устод Лоиқ дар васфи миллат бо як ғуруру эҳсоси баланди ватандӯстӣ шеър эҷод кардаанд?

— Устод Лоиқ шоири нотакрор буданд ва ба монанди устод ягон кас барои тоҷик ва барои ватанаш ин қадар насӯхтааст. Устод мехостанд, ки ҳамеша тоҷикон бадард, бананг ва баномус бошанд ва воқеан дарди ҳисси миллиашон баланд бошад. Аз ҳамин хотир, он кас тавассути ашъорашон бисёр даъват мекарданд, ки мардум ватандӯстдор бошанд, миллат ва забонро дӯст доранд. Ҳеҷ гоҳ забонро хор накунанд ва дар байни сӯҳбаташон ҳамеша ба забони модарӣ вожаҳои тоза ва суханони худашонро гуфта тавонанд. Вақте ки мо пастии фарҳангу пастии ақлро мебинем, ин сарчашмадорӣ нест. Сарчашмадор бояд ҳамеша дар бораи миллаташ, ватанаш ҳамчун чашмаи тоза ҳарф гӯяд ва барои нангу номуси миллӣ ҳамеша кӯшиш кунад. Ҳамон сарсухане, ки устод Лоиқ ба китоби «Хуросон аст ин ҷо»-и Муҳаммадҷон Шакурӣ навиштаанд, худ як китоб аст. Дар ҳамаи шеърҳову китобҳое, ки устод Лоиқ навиштаанд, эҳсоси миллӣ, бузургӣ ва баландии миллатро тараннум кардаанд.

— Ба шеърҳои дар васфи Самарқанду Бухоро эҷодкардаи устод Лоиқ ҳамчун сароянда чӣ баҳо медиҳед?

— Воқеан Самарқанду Бухоро — ин кишваре ва заминест, ки шаҳрҳои тоҷикнишини ӯзбекистон мебошанд. Ҳарчанд имрӯз дар марзи ӯзбекистон ҷойгиранд, мо бояд, ки ин шаҳрҳоро воқеан дӯст дорем ва қадр кунем. Зеро дар он ҷо ҳамватанони мо ҳамчун миллати тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ба шеърҳои дар ин мавзӯъ бахшидаи Устод адабиётшиносон ҳастанд, баҳои сазовор медиҳанд. Ман ҳамчун як сароянда ҳаминро таъкид намуданиам, ки ин шеърҳо хеле дилчаспу самимӣ ҳастанд ва ман онҳоро бо як мароқи хоса месароям.

— Шуморо гоҳо ҳамчун «даъвогар»-и Самарқанду Бухоро мешиносанд. Дар ин маврид чӣ гуфтаниед?

— Ман шеърҳои дар ин мавзӯъ навишташударо ба оҳанг дароварда мехонам. Дар байни мардуми тоҷику ӯзбек ягон тафриқа намеандозем. Чунки дар Тоҷикистон қисмати зиёди ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд ва дар ӯзбекистон ҳам тоҷикони зиёде умр ба сар мебаранд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки дӯстию бародарии ин халқҳо гум нашавад. Ба умеди Самарқанду Бухоро замини тоҷикон гуфтан мардумро ба ҳам ҷанг андохтану аз ҳам ҷудо кардан ҳеҷ вақт даркор нест. Нангу номуси тоҷикӣ дар дили самарқандиву бухороӣ бошад, ҳамон забонашро дар хонааш ҳам метавонад пос дорад, дар кӯчаву бозор низ метавонад бо ҳамон забон гап занад ва адабиёту суруду фарҳангашро метавонад гум накунад. Аз ин хотир, мо мехостем, ки ҳамон мардуми тоҷикнишине, ки он ҷо ҳастанду дар ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, ба онҳо ҳеҷ вақт фишор наоранд ва чи хеле ки ӯзбекҳо дар Тоҷикистон ҳарф мезананд, онҳо низ ба забони худашон оромона ҳарф зананд, суруд гӯш кунанд ва ба забони худашон байни ҳам муносибат кунанд. Ин аст дӯстиву бародарӣ. Аз ин хотир, воқеан Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои бузургу асили тоҷикон буданду ҳастанд.

— Яке аз шахсҳои наздиктарини устод Лоиқ ва ҳамеша ҳамроҳашон будед. Лутфан мегуфтед, ки зиндагии ба сиёсат омехтаи устод Лоиқ чи гуна буд? Оё устод фарди ҳизбӣ буданд?

— Мазҳаби устод Лоиқ дарди миллат буд ва ҳар касе ки забони модариро ва миллати тоҷикро дӯст медошт, ҳамон одамро эҳтиром мекарданд. Устод Лоиқ ба ягон ҳизб аъзо набуданд. Дар замони Шӯравӣ ба Ҳизби коммунист аъзо буданд ва баъдан, ки Ҳукумати Шӯравӣ пош хӯрд, устод Лоиқ ба ягон ҳизби дигар аъзо нашуданд.

— Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аниқтараш баъди солҳои 90-ум дар зиндагии устод Лоиқ як рӯҳафтодагӣ ва дилшикастагие эҳсос мешавад. Иборае ҳам дар байни мардум машҳур аст, ки «Лоиқро дарди миллат кушт».

— Зиндагии устод Лоиқ баъди ҷангҳои шаҳрвандӣ бад набуд. Мардонагию бузургиашон дар ин буд, ки дар ҳамин солҳои вазнин, ки аксаран бузургон пароканда шуданд ва тарки ин меҳан карданд, он кас аз шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ набаромаданд. Ба ҳар ҳол, ғами миллатро хӯрданд, ки ин ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан надорад. Дилашон дар ҳақиқат ба миллат сӯхт ва ин бадбахтиҳое, ки аз тарафи дигарон ба сари миллат омад, инҳоро устод хуб медонистанду дарк карда буданд ва дар ҳақиқат устодро як андоза рӯҳафтодаву дилшикаста гардонид. Ба ҳар ҳол, устод аз дарди миллат дилшикаста буданд.

— Дар як баромадатон  зикр кардаед, ки устод Лоиқ ашъори зиёди чопнашуда доранд. Лутфан мегуфтед, ки онҳо чи гуна ашъор ҳастанд, ки то ба имрӯз нашр нашудаанд? Оё намешуд, ки дар куллиёти устод, ки пас аз маргашон рӯйи чоп омад, он шеърҳоро ҷойгир кунанд?

— Бале, шеърҳое ҳастанд, ки то ҳол чоп нашудаанд ва онҳо маҳфузанд. Мо ният дорем, ки соли оянда 70-солагиашонро ҷашн гирем ва агар насиб бошад, хеле шеърҳои навашонро чоп мекунем. Дили устод дили бузург буд. Устод марди ростқавл буданд ва дурӯягиро бисёр бад медиданд. Ҷавонмардиҳое, ки устод доштанд, имрӯз ман кам андар кам инсонҳоро мебинам, ки чунин бошанд.

— Устод Лоиқ оё ягон сирре доштанд, ки танҳо ба Шумо мегуфтанд?

— Бале суханҳои танҳо ба ман гуфтаашон ҳам ҳаст, вале сирру асрори оилавӣ. Ман, ки писархонди калонашон будам, дардҳои зиндагиву ҳаётро ба ман мегуфтанд, ки ягон каси дигар намедонист. Аз ин хотир, буданд сирҳое, ки дар зиндагиию оила худамон медонистему Худо ва дар ҳақиқат буданд сӯҳбатҳои хосае, ки байни худамон доштем.

— Устод чӣ орзую ниятҳое доштанд, ки барои амалишавии онҳо умр вафо накарду он орзуҳоро ба хок бурданд?

— Устод Лоиқ мехостанд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти барқ зудтар ҳалли худро ёбад, нерӯгоҳҳо сохта шаванд ва мардум чароғон бошанд. Ҳидояташон ҳам ҳамин буд, ки мехостанд ҳамеша барои пешрафти ватан ва ояндаи Тоҷикистон ҳар як тоҷик кӯшишу заҳмат кунад. Ва имрӯз ин ғамҳое, ки устод мехӯрданду дардҳое, ки мекашиданд, қариб 50-60 фоизаш пиёда шуданд.

— Дар оянда чӣ корҳо ҳастанд, ки барои устод Лоиқ амалӣ кардани онҳо муҳим аст?

— Мазори устод Лоиқ хеле хароб аст. Ман мехостам ғами ҳаминро хӯрем. Аз мо то роҳбарҳо кӯшиш кунем барои обод намудани қабри Лоиқ. Зеро Лоиқ шоири бузург аст, ки тасмоми дунё, Эрону Афғонистон, қисмати Ҳиндустон, Чин, давлатҳои Русия ашъори ӯро медонанду шинос ҳастанд. Одамоне, ки мазори Лоиқро барои зиёрат меоянду мебинанд, ки мазор хароб аст, ин барои миллати мо зеб надорад.

Мусоҳиб Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: