Главная > Uncategorized > Бизнес бо марги мардум

Бизнес бо марги мардум

Ба ҳисоби кӣ бештар мешавад эътимод кард: Ҳукумати Тоҷикистон, мардум, ё хориҷиҳо?

Масъулини Ҳукумати Тоҷикистон хисороти пешакии аз офатҳои табиӣ расидаро 600 миллион доллар ҳисоб кардаанд ва барои дархости кӯмак аз Созмони Милали Муттаҳид ҳамин миқдор маблағ талаб доранд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти расмӣ, талафоти ҷонӣ ҳамагӣ 16 нафар гуфта мешавад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои шоҳидони айнӣ ин рақам хеле кам нишон дода шудааст ва шумораи фавтидагон ба маротиб зиёд аст. Теъдоди фавтидагонро масъулини мақомоти давлатӣ дар ҳоле кам нишон медиҳанд, ки аз СММ дархости кӯмак карданиянд ва бо ин рақами сабтшуда ба андешаи баъзе таҳлилгарон эҳтимол меравад, ки нисфи маблағи талабкардаашонро ҳам шояд ба даст оварда натавонанд. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои хориҷӣ шумораи фавтидагон аз ҳодисаи Кӯлобро даҳҳо маротиб бештар аз нишондоди расмии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Аммо СММ ба ҳарфи кӣ эътимод кунад? Ба телевизионҳои Тоҷикистон ё шабакаҳои хориҷӣ? Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки шояд дар дархости ба СММ равона мешуда ҳисоби масъулин ба таври дигар, яъне «воҳима» нишон дода шудааст? Вақте факти расмиро телевизиону дастгоҳҳои таблиғоти давлатӣ андак нишон медиҳанду асли воқеаро аз мардуми хеш мехоҳанд пинҳон доранд ва дар дархост ҳисоби дигар пешниҳод мегардад, аз ин сохтакориҳо магар СММ огоҳ намешавад?

Аз сӯйи дигар, муҳим нест, ки СММ огоҳ мешавад ё не. Зеро мардуми бечораву камбағали тоҷик асири марг гаштаасту аз маблағи додаи СММ намешавад онҳоро дубора зинда кард. Танҳо аз виҷдони мақомоти дахлдор вобастагӣ дорад, ки омори дурустро пешкаш кунанд, то соҳибони мурда муддатҳои тӯлонӣ интизори зинда ё мурда ёфтани ҷасади наздиконашон нашаванду шаҳидони ҳодисаро бо ҷанозаву дуо гӯронанд. Агар аз тарси он ки ифшои дурусти ҳалокгаштаҳо «воҳима»-ро ба бор меорад, ҳақиқатро пинҳон доранд, хоҳ — нохоҳ, як рӯз не як рӯз теъдоди воқеии фавтидагон ба наздиконашон маълум хоҳад шуд ва он гоҳ ин кирдори масъулин нобахшиданист. Зеро ба хотири танқиду танбеҳ нашунидан аз мардум рақамҳои аслиро пинҳон медоранд ва онро кам нишон медиҳанд, лекин «офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Билохира, ин ҳам бар зарари мардум, ҳам бар зари ҳукумату давлат анҷом хоҳад ёфт. Зеро аз кам будани талафоти ҷониву хисороти молӣ пул ҳам камтар ҷудо мегардад ва бештари мардуми ҷабрдида аз кӯмак бенасиб мемонанд. Агар рақамҳои воқеӣ ошкор гардад, шояд кӯмак ба мардум бештар расад.

Ақл чизи дигару мадраса чизи дигар аст


Гоҳе даъвоҳо мешавад, ки мо дар ҷангҳои иттилоотии хориҷ аз марз бояд нуфуз пайдо кунем. Аммо дар замоне, ки иттилои фавриро дар дохили ҷумҳурӣ расонаҳои хориҷӣ ба гӯши мардум пештар мерасонанд, дар ҷангҳои иттилоотӣ на танҳо ҳифзи манфиатҳо дар хориҷ, балки дар дохилро зери суол бурдаем. Вақте баъзе аз мардум воқеиятро бо чашми худ диданд, аммо гузоришгарон дидаю дониста ширро сиёҳ мегӯянд, ин ҷо салла ҷойи калларо иваз мекунад. Аз ин гуна муллоҳои мадрасаро хатмкарда чӣ меомӯзанд, вақте ки ақл надошта бошанд? «Амре аз маъруф» мекунаду «наҳйе аз мункар», лекин «куфу суф»-и вай боис мешавад, ки бемор ҳам мемираду худаш ҳам аз пули «табаррукӣ» бенасиб мемонад. Шояд ҳамин гузоришҳои қолабӣ боис шавад, ки на мардум аз ҳақиқати ҳол пурра огоҳӣ пайдо кунанд ва на ҳукумат кӯмаки заруриро дастрас намояд. Имрӯз шумораи умумии одамони аз ҳодисаҳои табиӣ фавтидаро 40 нафар мегӯянд, аммо интизоранд, ки 600 миллион доллар кӯмак меояд. Аз рӯйи инсоф, замоне ба таври фаврӣ мақомоти дахлдор одамонро наҷот дода натавонистанд, бояд сари вақт иттилои дурустро пешкаши аудитория менамуданд. Дар ин ҳол масъулияти ҷамъиятии онҳо то андозае иҷрогашта маҳсуб мешуд.

Аз ҳар калла як садо

Аз рӯйи гуфтаи мардум, дар минтақаи Кӯлоб тақрибан соатҳои 1-2-и шаб сел омадааст, ки бештари сокинон дар хоб будаанд ва огоҳӣ надоштанд, то худро аз чанги сел наҷот диҳанд. Ба гуфтаи иддае аз ҷабрдидаҳо, агар техникаҳои зарурӣ ва чархбол мебуду сари вақт мерасид, имкони наҷот додани теъдоди бештаре аз ҳалокгаштаҳо мавҷуд буд. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Точикистон мегӯяд, ки намояндагони онҳо дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд ва аз ҷараён огоҳ мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, то соати 7-и субҳ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукумати вилоят касе ҳузур надошт. Мардум ҳам аз омадани намояндагони ҳукумат чандоз розӣ набуданд. Вале дар ҳамин ҳол Дӯстмурод Забиров, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гуфт, ки тариқи радиову матбуот ҳамин хел масъалаҳоро бисёр мебардоранд, ки ҷойи тааҷҷуб аст. — Соати сеи шаби оғози ҳодиса зиёда аз 16 нафар кормандони ситоди КҲФ-и шаҳри Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва тахминан баъд аз 30 дақиқа қувваҳои иловагӣ аз вилоят сафарбар гаштанд. Ҳайрон мешавем, ки чаро мардум фақат ба газетаву радио муроҷиат мекунанду ба мо не, ки барои чӣ дер кардед? Тариқи телевизион нишон доданд ва ҳамаи мардум дида истодаанд,- иброз дошт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки як ҷабрдида аз Кӯлоб дар навори видеоӣ изҳори нигаронӣ мекард, ки наҷотдиҳандагон дер омаданд. Агар тезтар ҳозир мешуданд, имкони наҷот додани одамони зиёд мавҷуд буд. Вале бо вуҷуди он ки дер ҳозир шуданд, аз даромадан ба дохили об худдорӣ мекарданду мегуфтанд, ки либосҳояшон лойолуд мешавад.

Ваъдаҳо ваъда мемонанд…

Маблағе, ки аз СММ барои зарардидагон дархост карда шуд, то куҷо ба таври бояду шояд ва аз рӯйи адолат ба мардуми зарардида расонида мешавад, ё то чӣ ҳад барои корҳои сохтмонӣ истифода карда мешавад? Ба гуфтаи баъзе офатзадаҳо, масъулин ваъдаҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ медиҳанд. Ҳасан, як зарардида аз офати табиӣ дар ноҳияи Панҷакент мегӯяд, ки соли 2008 сел манзилашро хароб кард ва аз масъулини мақомоти шаҳр омада бо чашми худ ҳодисаро дида буданд. Онҳо ваъда доданд, ки барояш замин ҷудо менамоянд ва кӯмак хоҳанд кард, то манзилашро ба дигар ҷо кӯчонад. Аммо ду сол сипарӣ мешаваду ваъдаҳо амалӣ намешаванд.

Ҳоло умедвор шудан мумкин аст, ки маблағи барои зарардидагон ҷудогашта аз рӯйи адолат тақсим хоҳад шуд ё дар ин ҷо ҳам аз марги одамон сӯйистифода мешавад ва бизнеси «инсофдорон» авҷ мегирад? Зеро ба гуфтаи коршиносон дар гузашта барои тоза кардани сой ва манзилҳои хатарзои дар Кӯлоб мавҷудбуда маблағ ҷудо мешуд, аммо кори назаррасе ба сомон намерасиду маблағ «списат» мешуд, то дар натиҷаи сели дигар аз нав кӯмакпулӣ дархост кунанд. Ҳоло натиҷа ин шуд, ки офат бо марги даҳҳо нафар анҷом ёфт. Бо марги одамон тиҷорат кардан на ба шариат рост меояду на аз рӯйи одамгарист.

Ба умеди оши ҳамсоя турб тарошем?

«Гоҳо мешавад, ки мо ба умеди оши ҳамсоя турб тарошида ноумед ҳам мешавем, ки бе таоми шом мондем. Саховат ҳам ҳадду канор дорад охир». (Раҳим Ҷалил)

Дар ҳодисаи рӯзи якуми Кӯлоб техникаи дивизияи 201-ум барои кӯмаки мардум сафарбар карда шуд, ки дар даруни обу лой то қадри имкон мардумро наҷот медод. Мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва КҲФ назора мекарданд, ки чӣ тавр одамонро техникаи русҳо наҷот медиҳад. Ҳангоми туғёни сел дигар коре аз дасти онҳо барнамеомад. Баъдан барои кӯмаки дивизияи 201-ум мақомоти Тоҷикистон расман изҳори сипос баён карданд. Воқеан ҷойи нигаронист, вақте давлат наметавонад аз мардумаш ҳимоят кунад ё барои ҳифзи ҷони онҳо кореро анҷом диҳад, лекин танҳо назорат менамояд, ки одамон чи тавр ҷон медиҳанду дигарон чи тавр ба наҷоти онҳо мешитобанд. Дар ин маврид наҷотдиҳандаро сипосгузорӣ кардан қобили қабул аст. Аммо иддае аз коршиносон дар ин бора андешаи дигар доранд. Файзулло Файзиев, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки базаи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон муфт хӯрда гаштааст. Барои иҷора маблағ намесупорад. Аз ин рӯ, дар ҳолатҳои фавқулодда бояд кӯмак ба зарардидагонро вазифаи худ ҳисобад.

Дар ҳамин ҳол чизи дигаре боиси нигаронист, ки як давлати мустақил барои наҷот як чархбол надорад. Ин дар ҳолест, ки дар дохили Тоҷикистон баъзе афрод тайёраи шахсӣ ҳам доранд. Як давлат баробари як шаҳрвандаш оё тавони молӣ надорад? Агар не, пас барои харидани чархбол низ кӯмакпулӣ талаб кардан зарур аст, то дар оянда дар ҳолати фавқулодда имкони наҷотдиҳӣ пайдо гардад.

Аз ҷониби дигар, маблағи умумии хисороте, ки мақомоти кишвар ҳисоб кардаанд ва аз СММ дархости кӯмак намудаанд, танҳо баҳри барқарор кардани зарар мебошад. Вале барои чораҳои пешгирӣ ва тадбирҳои судманд, ки дар оянда эҳтимоли хатарро камтар кунад, маблағ дархост нашудааст. Тасаввур кунед, ки барои зарардидагон хонаву дар сохтанд, бо озуқаворӣ то андозае таъмин намуданд, лекин боз ҷойи селгузар ва мавзеъҳои хатарнок таъмири пурра надид, тақдири минбаъдаи ҳаёти одамон ва хонаву дари навашон чӣ мешавад? Боз талафоти ҷониву хисороти молӣ ва дархости кӯмак? То кай интизор бошем, ки кӯмаки 201-ум двизияву «помош»-и ӯзбекистон мерасад? Барои таъмиру таҷдиди пурра ва ҳамчунин харидории чархболу паст кардани эҳтимоли хатар бояд маблағи бештаре талаб кард.

Банда бо умед…

Танҳо барқарор кардани хисорот роҳи ҳал буда наметавонад. Агар зарар барқарор шаваду чораҳои пешгирӣ дар ҳоли пешина боқӣ монад, пас эҳтимоли сел омадан, вайрон кардани хонаҳо ва куштаҳоро ба ҷо гузоштан аз байн нахоҳад рафт. Дар ҳоле, ки бунгоҳҳои тиббӣ дар Тоҷикистон бе ин ҳам намерасид ва ҳоло теъдодаш тамоман кам шудааст. Мардум ба бемории сил, домана ва дигар дардҳои хурӯҷкунанда гирифтор буданд, ки акнун шумораи ин гуна бемориҳо дар натиҷаи шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ, экологиву санитарӣ меафзояд. Барои ин ҳам маблағ талаб карда шудааст? Ба умедем, ки ин бадбахтӣ ба сари халқ намеояд. Аммо баъди кор аз кор гузаштан илоҷ меҷӯем. Дар мо илоҷи воқеа баъди вуқӯъ аст?

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: