Главная > Uncategorized > Масъули сафорат: бетараф ва бепарво

Масъули сафорат: бетараф ва бепарво

Дар мавриди кишвари бузурги исломии Эрон зиёд гуфтанду навиштанду мегӯянд, аммо банда намехоҳам такрор кунам, ки чӣ пешравиҳо дораду чӣ қадар аҳоливу масоҳаташ чӣ қадар аст. Зеро ман наметавонам ин давлати абарқудратро бо Тоҷикистони кӯчаки худ дар муқоиса монам…

Ҳайати зарур нозарур

Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Теҳрон ҳарсола ба муддати ду ҳафта Намоишгоҳи бузурги байналмилалии китоб баргузор мегардад, ки дар он қариб аз ҳама кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд. Ҳамасола бо ташаббуси сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон аз ҷумҳурии мо гурӯҳи 50 ё 80-нафара иборат аз рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва устодону донишҷӯёни макотиби олӣ сафарбар карда мешуданд. Аммо имсол сафорати мазкур якбора 120 нафарро номанавис карда буд, ки дар ин ҳайат ғайр аз соҳаҳои марбут ба табъу нашр инчунин шахсони тасодуфӣ низ буданд. Онҳо яке бо мақсади тамошо, дигарӣ барои табобат ва саввумӣ барои дидани хешовандону наздикон рафта буданд.

Ин ҳам дар аввал он қадар боиси нигаронии ҳайат набуд, то вақте аз худ «дарак» надоданд. Яъне, рӯзи аввал вақте ҳайатро ба намоишгоҳи китоб мебурданд, аллакай онҳо «барнома»-и алоҳидаи худро доштанд. Аммо ин ҳайати «тасодуфӣ» низ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буданд.

Масалан, онҳое, ки барои табобату дидани ёру дӯстон омада буданд, аз ҳисоби худ мерафтанд. Гурӯҳи дигар, ки маблағ надошту мақсад тамошо кардан буд, ҳайатро ҳамроҳӣ мекарданд, вале мақсади сафарашонро дарк карда наметавонистанд.

Хатои аввалини сафорати Эрон ҳамин ва хатои дигар надоштани барномаи пешакӣ ҳамоҳангшуда буд, ки дар ҷараёни сафар байни 120 нафар нофаҳмиҳо ба миён омада, роҳбаладонро низ ба тааҷҷуб оварданд.

Албатта, олимону донишмандон ва ашхоси фарҳангии тоҷик мекӯшанд Тоҷикистонро бо ашъори бузурги адабиёт ва фарҳанги қадима дар ин сафар ошно намоянд, аммо бархе ашхоси дигар ин ҳамаро барбод медод.

Масалан, вақте бо мардуми Эрон ҳамсӯҳбат мешудем, онҳое, ки аз Тоҷикистон бохабаранд, мегуфтанд, ки тоҷикон хеле мардуми меҳрубону шеърдон ҳастанд.

Роҳбалади мо — оқои Юзон нисбати тоҷикон як эҳтироми хос дошт, аз рӯзи аввал амалӣ кардани барномаи сафарро дар ихтиёри мардум гузошт. Яъне, чун барномаи мушаххас дар дасти ҳайат набуд, ба куҷо рафтанро танҳо вақти сафар мегуфт, ки як қисми ҳайат розӣ мешуду қисми дигар не. Ин тарзи кор миёни мардуме, ки фарҳангу фаҳмишаш ва соҳаашон мухталиф ҳастанд, зиддиятро ба вуҷуд меовард.

Ҳамин буда, ки танҳо рӯзи охирини сафар ҳангоми боздид аз шаҳрҳои таърихии Кошону Қум як нафар ҳуқуқҳояшро на аз ҳайат, балки аз роҳбалад «талаб» карда, ӯро таҳдид ҳам кард. Зеро чун сафар ба ҳарду дар як рӯз гузошта шуд, бештари вақт дар сафари Кошон гузашту барои дидани Қум имкон намонд. Яъне, ҳам мардум сахт хаста шуда буд, ҳам рӯз торик ва ҳам борон меборид. Ҳамин буда, ки аксари мардум аз ин сафар даст кашиданду роҳбалади маътали ишора онро ҷонибдорӣ кард. Баъди ин, роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат шояд давраи интихоботро ба ёд овард, ки ба роҳбалад гуфт: «Инҷо бароят интихобот нест, ки дар овоз гузорӣ».

Ҳамчунин, ҳуқуқҳояшро «талаб» карда, илова кард, ки агар сафар ба Қум рад шавад, шикоят мебарад ва ту дар ин вазифаат дигар кор намекунӣ.

Ба ростӣ, пас аз даъвои ӯ ҳамон «ҳуқуқталабкунӣ»-ҳои ин қабил мардум дар замони интихобот ба ёдам расид. Маълум буд, ки ҳангоми ҳуқуқҳояшонро поймол кардан, ба «боло» зиёд шикоят бурдааст.

Роҳбалад, ки бисёр ҳам шахси бофарҳанг буд, ин «эътироз»-и ӯро оромона қабул карда, ҳатто нагуфт, ки ин суханатро ба ҳамсафаронат гӯ.

Албатта, пас аз ин гурӯҳ боварӣ дорам, ки эшон дигар роҳбарии ҳайати тоҷикистониро ба зимма намегиранд.

Роҳбалади дигари мо аз Тоҷикистон — акои Баҳриддин бошад, тамоман одами бетараф ва бепарво буданд, ки гоҳо ҳатто худро ҳимоя карда наметавонистанд, 120 нафар як сӯ истад.

Барои ҳамин, сафорати Эронро зарур аст, ки ҳангоми як ҳайатро барои иштирок дар ин ё он чорабиниҳо фиристодан вобаста ба вазифаҳову соҳаҳояшон ва ҳамчунин ба миқдори кам интихоб ва бо барномаи мувофиқашуда сафарбар кунад.

Намоишгоҳи китоб ва бозор

Рӯзи аввал вақте мо аз намоишгоҳи китоб дидан кардем, то кадом андоза бофарҳанг ва китобдӯст будани мардуми эронро ба хубӣ дарк намудем.

Мавзеи ҷойгиршавии намоишгоҳ аз бозори калонтарини мо — «Корвон» бузург буда, ҳамарӯза ба онҷо ғайр аз меҳмонҳои хориҷӣ миллионҳо нафар эрониҳо ташриф меоранд.

Масалан, рӯзи охирини намоишгоҳ тибқи иттилои муовини пуштибонӣ ва таҳаввули идораи ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Зуҳраӣ, шумораи онҳое, ки аз ин намоишгоҳ дидан кардаанд, аз панҷ миллион зиёд шудааст.

Аммо чун ба ду бозори калонтарини Теҳрон даромадем, мисоли мағозаи «Сум»-и мо озод гаштугузор кардан мумкин аст. Яъне, харидорон тамоман каманд.

Дар ҳамин ҳол мо мардум «барои харидани китоб пул надорем, буҷети оилавӣ имкон намедиҳад» мегӯем, вале вақте бозорҳоямонро мебинем, тамоми аҳолӣ дар бозор харидуфурӯш доранд. Агар волидайни тоҷик ҷое сафар кунанд, барои фарзандони худ ҳатман либосаву хӯрокворӣ тӯҳфа меоранд, ки ин албатта дар зеҳни кӯдак чизпарастиро ҷо мекунад.

Чун сухан аз бозордӯстории мардуми тоҷик рафт, бояд далел оварам, ки ин хусусияти «наҷиб»-и худро низ дар онҷо нишон доданд. Вақте дар барномаи сафар намоишгоҳи китобу ҷойҳои муқаддас ва таърихиро номбар мекарданд, садо баланд мешуд, ки «не, бозор муҳимтар аст». Ва ғайр аз он, ки расман як бор ҳамаро бозор бурданд, ҳамарӯза дар ҷараёни сафар бисёриҳо аз гурӯҳ ҷудо шуда, сӯйи бозор мешитофтанд.

Мардуми Эрон бошад, баръакс. Дар намоишгоҳи китоб онҳо бо кӯдакони хурдсол дар аробача ва як аробачаи боркашии дигар дар даст машғули китобхарӣ ҳастанд. Ин албатта барои кӯдакон заминаи хуби китобдӯсториву китобхонӣ мегузорад. Акнун дарк кардам, ки хоксорӣ, сухандонӣ ва маданияти баланди суханронӣ аз куҷо пайдо мешавад.

Дар кӯчаву бозор умуман кӯдакони сарҳую беназоратро намебинӣ. Касе бо садои баланд сухан намекунад. Дар наздикии намоишгоҳ бошад, пас аз харидории китоб ба ҳар гӯшаю канори шаҳр нигоҳ накунӣ, ҳамагӣ машғули китобхонӣ ҳастанд.

Мисоли дигар дар ин маврид муносибати хоксоронаи муовини пуштибонӣ ва таҳаввули идораи ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбати ҳайати мо мебошад.

ӯ дар Эрони бузург ҳамчун мансабдори воломақом ҳисоб мешавад, вале намояндагони тоҷикро бо як эҳтироми баланд ва муносибати хоксорона барои аз наздик шинос шудан қабул кард. Аз ҳар нафари иштирокчӣ алоҳида аз мушкилоти сафар хеле меҳрубонона пурсон мешуд. Аммо дар мо як роҳбари идорача чунон бо виқор гап мезанад, ки гуфтан гиред. Сарвазиру раиси дастгоҳи президент як сӯ истад.

«Хуррамшаҳр» ва қасри ойинабандии шоҳ

Дар ин сафар мо аз чандин ҷойҳои муқаддас, зиёратгоҳҳо ва осорхонаҳои калон дидан кардем. Нахуст ба кохи «Гулистон» рафтем. Ин қадар қасри таърихиву зеборо гумон мекунам ягон шоҳи гузаштаи давлатҳои бузург надошту имрӯз ҳам сохта наметавонанд. Ҳар як утоқи он оинабандӣ ва кандакории хеле зебо карда шудааст, ки кас аз тамошояш серӣ надошт.

Акнун баъди дидани чунин қасри ойинабандӣ фаҳмидам, ки лоиҳаи чойхонаи «Хуррамшаҳр» аз куҷо пайдо шудааст. Зеро гуфта буданд, ки назири он дар Осиёи Миёна нест.

Ҳамин гуна ҷойҳои муқаддас ва бузурги ойинабандиро дар Эрон зиёд дидан мумкин аст. Масалан, масҷиди ҳазрати Маъсума, ки дар шаҳри Қум ҷойгир аст. Вале чун аз арзиши сохтмони ин гуна як бинои ойинабандӣ пурсон шудем, гуфтанд, ки барои сохтани он маблағи хеле калон масраф мешавад.

Агар чунин аст, пас ба ин ақида розӣ бояд шуд, ки дигар кишварҳое, ки чунин иншооти гаронбаҳоро насохтаанд, пеш аз ҳама аз буҷеташон андеша кардаанд. Масалан, вақте президенти Туркманистон аз чойхонаи «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара дидан мекард, аз чеҳрааш маълум буд, ки дар ҳайрат афтодааст. Зеро кушодашавии он дар ҳоле буд, ки ҳамон шабу рӯз саҳмияфурӯшии НБО-и «Роғун» дар кишвар ҷараён дошт. Ҳайрати ӯ асос ҳам дошт. Дар ҳоле, ки барои паст намудани сатҳи қашшоқӣ дар кишвар барномаҳо қабул мекунанд ва кишварҳои сармоягузорро ҷалб месозанд, сохтани чунин чойхонаи бошукӯҳ оё боиси зиёд шудани шубҳаи сармоягузорон намешавад?

Ҳамзамон, сафари мо дар ҳамон шабу рӯзе сурат гирифт, ки дар ватан рекламаҳои ширкатҳои мобилиро аз кӯчаву хиёбонҳо мегирифтанд. Вале дар Эрон вақте мо хостем симкорти телефон гирем, ба зудӣ пайдо накардем. Чанд кӯчаи марказии шаҳри Теҳронро пурсон шудем, ҳамагӣ танҳо як нишониро мегуфтанд. Ахиран нуқтаеро аз ширкати махсус барои хориҷиён — «Ирон-кол» пайдо кардем.

Баъди ҳар бори пурсуҷӯй кардан ба худ мегуфтем, ки дар кишвари худамон беҳтар будааст. Яъне, ба ҳар куҷое, ки чашмат афтад, ҳатман фурӯши симкорти телефонҳо навишта шудааст. Бар замми ин, ҳатто метавонӣ бе шартномаву ҳуҷҷат рақам харидорӣ кунӣ.

Ҳамчунин, дастрасӣ ба интернет ҳам маҳдуд аст. Чун боре хостам аз почтаи электрониям истифода барам, на чизе гирифта мешуду на чизе равон карда мешавад.

Дар Тоҷикистон бошад, вақте нархи телефонҳои хонагиро қимат карданд, ҳама аз баҳри он гузаштанду ба телефонҳои мобилӣ рӯ оварданд.

Акнун Тоҷикистон низ агар хоҳад, ки аз алоқаи телефонӣ ба буҷаи худ фоида гирад, бояд мисли Эрон назоратро ҷиддӣ ба роҳ монад. Фаъолияти ширкатҳои телефонҳои мобилиро маҳдуд карда, нархи телефони хонагиро арзонтар намояд.

Сафорати Тоҷикистон ва ҳамсоядорӣ

Дар ин сафар чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ буд — ин фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Эрон мебошад. Зеро тӯли 8 рӯзе, ки мо онҷо қарор доштем, на аз сафорат огоҳӣ пайдо кардему на аз намояндагонаш. Тӯли 8 рӯз мо интизори он будем, ки ақаллан ба хотири дидани ҳамватанон касе ба суроғамон меояд. Вале ҳайҳот. Шояд онҳо ба ин бовар буданд, ки чун сафари моро сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, мо бе камбудиву бе мушкилӣ ҳастем. Агар ҳамин буд сабаби суроғ накарданашон, пас дуруст ҳам карданд. Зеро мо аз ҷиҳати ҷойи хобу хӯрокворӣ танқисие надоштем.

Вале ин ҳам дар ҳолест, ки агар ба Тоҷикистон аз кишваре меҳмон ояд, сафоратхонаҳояшон ё ин ки ҳадди ақал намояндае ҳамроҳияшон мекунад. Сафари ҳайати мо бошад, расмӣ ва дар доираи ҷашн буду баръакс чанд нафаре аз ин ҳайат ба дидорбинии намояндагони сафортхонаи хеш рафтанду халос.

Аммо суоли дигар ин аст, ки Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистонро чӣ зарур аст 120 нафарро аз ҳисоби худ ба Эрон бурда биёрад? Зеро монанди Тоҷикистон дар дигар кишварҳои хориҷ низ сафораташон қарор дорад, вале тавре маълумамон гашт, танҳо аз Тоҷикистон ин миқдор одамро бо ҳама хароҷотҳо аз ҳисоби худ равон карданд.

Аз дигар кишварҳо бошад, ҳар кас аз ҳисоби худ ба ин намоишгоҳ рафтааст.

Дар ин маврид вақте аз роҳбаладамон аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон — оқои Мӯҳсин пурсон шудем, эшон гуфт, ки: «Мо ҳамзабону ҳамдину ҳамфарҳанг ва умуман бародар ҳастем. Пас чаро барои бародарони хеш кореро анҷом надиҳем?».

Дар воқеъ, дар чунин ҳолат як мақоли қадима ба ёди кас мерасад, ки мегӯянд: «Аз хеши дур ҳамсояи наздик хубтар». Аммо чӣ ҷои сухан гуфтан аз ҳамсоядории кишвари ӯзбекистон, ки ҳуқуқҳои моро дар гумруку сарҳадаш поймол карда, садҳо вагонҳои пури борро манъ кардаву танҳо дар рӯзи сахт роҳи чандтои онро кушод. Яъне, «кори хайр»-е кард барои мардуми ҳамсояаш. Ва барои ин амал мардум ва раҳбарияти Тоҷикистон ба ӯ изҳори миннатдорӣ ҳам карданд.

Магар ҳамин аст расми ҳамсоядорӣ?

Ҳангоми бозгашт

Дар ҳайати мо онҳое, ки китобдӯстдору аҳли адаб буданд, бо худ китобҳои зиёде гирифтанд, ки ҳангоми аз гумрук гузаштан каме мушкилот ба вуҷуд омад. Ин манзараро дида, онҳое, ки оилавӣ танҳо барои сафар кардан рафта буданду бо худ бори кам доштанд, ҳамсафарон вақте кӯмак хостанд, гуфтанд, ки: «Чи даркор ин қадар китоб? Мо барои ҳамин нахаридем…».

Дар ҳамин ҳол, фурӯдгоҳи Эрон чӣ ки, дар фурӯдгоҳи худ мушкил бештар буд. Яъне, ҳарчанд дар фурӯдгоҳи Эрон тафтиши сахтро гузаштем, вале дар фурӯдгоҳи ватан кор то андозае бемасъулиятона аст. Ҳарчанд ҷойи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз ватанӣ ҷудост, вале ҳамаро ҳамроҳ қабул мекарданд. Чун шаҳрвандони хориҷӣ бақайдгирияшон каме ҷиддӣ аст, вақти пурқимати мусофирони ватании худро нодида мегирифтанд.

Хулоса, вақте ба сарзамини худ баргаштам, ба ин андеша расидам, ки аз кадом як фестивалу симпозиумҳои нозаруре, ки баръакс ба буҷаи кишвар ба ҷуз зарар фоидае намеорад, ё  ин ки иди асалу каду чунин намоишгоҳҳоро ба роҳ монанд, то ин ки ҳам ба фоидаи мардуми худ бошаду ҳам хориҷиён бо тамаддуни мо ошноии бештар пайдо кунанд.

Яъне, аз илмомӯзиву китобхонии зиёд мардум босавод шуда, кишвар тараққӣ мекунад, на аз донистани он ки терроризм чисту ислом чиро маҳкум мекунаду чиро не, зеро бе ин ҳам мардуми мусалмон худ ба омӯзиши дини ислом машғул аст.

Пас, зиҳӣ миллате, ки рӯ ба китобу илму фанноварӣ овардаӣ!!!

Саида ҚУРБОНОВА, 

Душанбе — Теҳрон — Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: