Главная > Uncategorized > Нашъабар испанӣ, миёнарав африкоӣ, тарзи суд тоҷикӣ…

Нашъабар испанӣ, миёнарав африкоӣ, тарзи суд тоҷикӣ…

Судяи ноҳияи Шоҳмансур С. С. Раҳмонов бо ҳукми худ аз 16-уми феврали соли 2009 Соибҷон Қурбоновро дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) ва 32, қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят), 289, қисми 2 (контрабанда) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда, гунаҳкор намуда, ба мӯҳлати 15 сол бо адои ҷазо дар коллонияи ислоҳотии низоми пурзӯр равонаи зиндон менамояд. Коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Ф. Додометов, М. Шамсиддинова, Х. Маҷидова аризаи кассатсионии маҳкумшуда ва адвокати ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳукми Суди зинаи аввалро бетағйир гузоштаанд.

С. Т. Қурбонов барои он маҳкум карда мешуд, ки гӯё 21-уми сентябри соли 2008 бо шаҳрванди Испания Валерий Василевич Гаврешук вохӯрда, оид ба ғайриқонунӣ ба шаҳри Мадриди Испания интиқол додани воситаи нашъадор маслиҳати пешакӣ намуда, дар назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе ба номбурда дар ҷомадон 8 адад бастаҳои селофании дар дохилашон воситаҳои нашъадор дошта додааст. Баъд бо воситаи автомашинаи тамғаи «Чанху» рақами давлатиаш ВО 48-56 РТ 01 В. В. Гавришук бо воситаҳои нашъадори дар ҷомадон пинҳон кардааш барои гуселонидан ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе бурдааст.

Ин хулосабарориро мехонеду суолҳои зиёде турнасо қатор мешаванд. С. Т. Қурбонов ин бастаҳои селофаниро аз кӣ гирифт, бо кадом арзиш харид? Ё «бастаҳои селофанӣ»-ро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе кошта мондаанд? Пас аз ба В. В. Гавришук додани ин «ашёи гаронбаҳо» чанд сомонӣ ва ё чанд доллар гирифт? Кӣ тасдиқ мекунад, ки «он хоки ватан»-ро С. Т. Қурбонов ба марди испанӣ дод? Дар куҷо, кай онҳо бо ҳам вохӯрданду «маслиҳати пешакӣ» карданд? Чи хел дар ҳаракати С. Т. Қурбонов нишонаҳои контрабанда ҳаст? Вай ба воситаи кадом сарҳад ин «сафедӣ»-ро гузарондан мехост?

Амсоли ин суолҳо моро водор намуд, ки рӯй ба масъала орем. Аввал ба ҳодисаи рухдода мутаваҷҷеҳ мешавем. Аз ҳукмнома маълум мегардад, ки В. В. Гавришук 22-юми сентябри соли 2008, соати 3-ю 30 дақиқа ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе расида, ҳангоми гузаштани қайди чиптаҳои хатсайри №1345-и самти Душанбе — Истанбул — Мадрид, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ба шубҳаи интиқоли воситаҳои нашъадор дастгир карда мешавад. Вақти азназаргузаронии бағоҷи В. В. Гавришук аз дохили ҷомадонаш 8 адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон маводҳои хокаи сафеди зардчатоб будааст, меёбанд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ таҳти рақами №37, аз 26-уми сентябри соли 2008 маводҳои аз ҷомадони В. В. Гавришук ёфта гирифташуда воситаи нашъадори навъи «героин» буда, вазнашон 3000 граммро ташкил медодааст.

Дар мурофиаи судӣ В. В. Гавришук бо айби ба ӯ эълон намуда худро гунаҳкор наҳисобида, нишондод додааст, ки соли 2001-ум аз Ҷумҳурии Украина ба Испания муҳоҷират намуда, дар он ҷо кору зиндагӣ мекардааст. Ҳар моҳ 1200 евро моҳона мегирифтааст. Зиндагиаш мушкил буда, маошаш ба зиндагиаш намерасидааст. Як зани испанӣ бо номи Роза ӯро бо шахси африкоии синну солаш тахминан 35-сола шинос мекунаду он шахси африкоӣ, ки ному насаб ва ҷойи зисташро намедонистааст, ба ӯ таклиф менамояд, ки аз Мадрид ба воситаи Истамбули давлати Туркия ба шаҳри Душанбе рафта, аз он ҷо як ҷомадонро, ки кадом боре дорад, барои ӯ биёрад ва баъди ин В. В. Гавришукро ба ягон кори хубтаре таъмин мекунад. Санаи 18-уми сентябри соли 2008 ҳамроҳи он марди африкоӣ бо автобус то шаҳри Мадрид меояду аз он ҷо ба Истамбул парвоз карда, 19-уми сентябри соли 2008 ба шаҳри Душанбе меояд ва дар меҳмонхонаи «Пойтахт» ҷой  мегирад. Дар шаҳри Душанбе ӯ «симкорт» харида, ба Мадрид ба он африкоӣ телефон карда, рақами телефони худашро гуфтааст. Баъди ин марди африкоӣ гуфтааст, ки шахсе ҷомадонеро оварда ба ӯ дар ҷойи муайяне медиҳад ва рақами телефони он шахсро гуфтааст. В. Гавришук ба он рақами телефони додаи марди африкоӣ телефон кардааст, вале чунин рақами телефон вуҷуд надоштааст. 21-уми сентябри соли 2008 шахсе бо ӯ вохӯрда, худро бо номи Саид муаррифӣ кардааст. В. В. Гавришук пай бурдааст, ки он нафари гуфтаи африкоӣ ҳамин Саид мебошад. Аз Саид пурсидааст, ки тӯҳфаҳои гуфтаи марди африкоӣ тайёр ҳастанд ё  не, чунки шабона билети самолёт дораду парвоз мекунад. Саид гуфтааст, ки то он вақт тӯҳфаро тайёр мекунаду бо мошини худаш шабона оварда медиҳад. В. В. Гавришук тахминан соатҳои 02:40 дақиқаи санаи 22-юми сентябри соли 2008 чизҳояшро ҷамъ намуда, ҳуҷраи меҳмонхонаро супорида, ба берун баромаданӣ мешавад. Посбонони меҳмонхона ба ӯ мошини кирокаш пешниҳод мекунанд. Посух медиҳад, ки барои ӯ меоянд. Дар назди бинои меҳмонхона Саид пайдо мешаваду ба ӯ ҷомадонеро дода, мефармояд, ки либосҳояшро болои он гузорад. В. В. Гавришук мепурсад, ки «тӯҳфа» дар куҷост? Саид посух медиҳад, ки дар дохили ҷомадон.

Азбаски ӯ рӯзона бо Соҳибҷон Қурбонов тасодуфан шинос шуда, маслиҳат намуда буданд, ки шабона ӯро то фурӯдгоҳ омада мебарад, дар мошини С. Қурбонов нишаста, то фурӯдгоҳ рафта, дар он ҷо ҳаққи хизмати С. Қурбоновро 10 ё 20 сомонӣ дода, чизу чораашро аз мошин гирифта, ба дохили толори фурӯдгоҳ бо мақсади азқайдгузаронӣ медарояд. Кормандони милиса ӯро дастгир карда, ба ШКД-и фурӯдгоҳ мебаранд. Баъди 4-5 соат гузаштан бо иштироки холисон ҷомадони ӯро кушода, аз дохилаш маводи нашъадор — «героин» дарёфт намуданд, ки аз ӯ ин хабардор набуд.

С. Т. Қурбонов бошад, дар хатсайри «Саховат-Садбарг»- и шаҳри Душанбе бо автомашинаи кироя — тамғаи «Чанху» рақами давлатиаш ВО 48-56 РТ 01 ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Рӯзи 21-уми сентябри соли 2008 аз самти бозори «Саховат» мусофиронро гирифта, то  назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе оварда мефурорад. Дар назди меҳмонхонаи шахси ношиноси ба хориҷиҳо монандро мебинад. Азбаски мошинаш холӣ будааст, ба он шахс муроҷиат карда мепурсад, ки ба хизмати таксии арзон эҳтиёҷ дорад ё не. Он шахс бо забони русӣ ҷавоб додааст, ки то назди «Опера ва балет» рафтанаш лозим. То ба назди «Опера ва балет» рафтан бо он шахси хориҷӣ шинос шудааст ва фаҳмидааст, ки ному насабаш Гавришук Валерий будааст. Дар вақти аз мошин фаромадани В. В. Гавришук таклиф намудааст, ки кадом вақте хизмати таксӣ лозим шавад, тайёр аст хизмат кунад. В. В. Гавришук гуфтааст, ки соатҳои 02-и шаби 21-ум ба 22-юми сентябр ба фурӯдгоҳ рафтанаш лозим аст ва пеш аз ин ба ӯ телефон кунаду вақти рафтанашро ба хотираш биёрад. Баъд ба назди меҳмонхонаи «Пойтахт» омада, бо мошинаш ӯро то фурӯдгоҳ барад. Тахминан соатҳои 21:00 С. Қурбонов бо мошинаш аз назди меҳмонхона гузашта, шахсеро ба Гавришук монанд дидааст ва тавассути телефон бо ӯ гап задааст, ки мошин лозим аст ё не. В. Гавришук бошад, ҷавоб додааст, ки дар меҳмонхона аст ва таксӣ барои ӯ соатҳои 01 ё 01:30 дақиқа барои ба фурӯдгоҳ рафтан лозим мешавад. Баъди ин дар вақти таъиншуда С. Т. Қурбонов бо мошинаш ба назди меҳмонхонаи «Пойтахт» рафта, ба В. Гавришук телефон карда гуфтааст, ки барои ба фурӯдгоҳ бурдани ӯ омадаасту дар поён нигоҳ дорад. В. Гавришук аз меҳмонхона ба зудӣ набаромадааст ва С. Т. Қурбонов як муддате дар мошинаш хоб кардааст. Баъди чанде бедор шуда дидааст, ки В. Гавришук бо як сумкаи хурде дар гардан овезон ва дар дастонаш як сумкаи калонтару як ҷомадон аз меҳмонхона баромадааст. В. Гавришук омада, ба мошини ӯ нишаста, то фурӯдгоҳ рафта, ҳаққи хизматро 20 сомонӣ дода, сумкаҳову ҷомадонашро, ки чархдорак будааст, гирифта тарафи дари даромадгоҳи фурӯдгоҳ рафтааст. С. Т. Қурбонов бошад, ба хонааш баргаштааст.

Таъкид менамоем, ки нишондоди ин ду маҳкумшуда аз ҳукм ва аризаҳои адвокат гирифта шудаанд. Чун дар рафти баррасии парванда ширкат надоштем, аз ибрози ҷузъиёти он худдорӣ менамоем.

Оид ба шиносоиаш В. Гавришук ҳамон гуфтаи Соҳибҷон Қурбоновро иброз намудааст. Гавришук дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки шахси худро Саид муаррифӣ намуда, ба ӯ ҷомадон оварда дода Соҳибҷон Қурбонов нест. Он шахс калонсолтар буда, мӯйҳои сараш сафед буданд. С. Қурбонов бо ӯ дар масъалаи оварда додани ягон ҷомадоне ва маводи нашъадор гуфтугӯй ё маслиҳате накардааст. ӯ танҳо ронандаи таксӣ буда, ӯро як маротиба аз назди меҳмонхонаи «Пойтахт» то назди фонтанҳои «Опера ва балет» бурда, бори дигар шабона боз аз назди меҳмонхонаи номбурда ба фурӯдгоҳ бурдааст. Нишондоди дар тафтишоти пешакӣ додаашро нисбат ба С. Қурбонов инкор намуда, арз мекунад, ки кормандони милиса ва муфаттиш ӯро фишор оварда, фиреб карданд, ки агар тӯҳмат кунаду гӯяд, ки ронандаи мошини ӯро то фурӯдгоҳ оварда соҳиби маводҳои нашъадор мебошад, пас ӯро ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ, ӯ дар рафти тафтишоти пешакӣ Соҳибҷон Қурбоновро худи ҳамон «Саид» муаррифӣ карда, дар нишондодҳояш ва рубарӯкунӣ тӯҳмат намуд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ ба Соҳибҷон Қурбонов танҳо дар асоси нишондоди тӯҳматомезонаи В. В. Гавришук айб эълон мекунанду суди зинаи аввал хулосаи тафтишоти пешакиро пайравӣ мекунад.

Ба ақидаи адвокати С. Қурбонов, бинобар тафтишоти пешакӣ бармаҳал ва бе асосҳои кофӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудану чораи пешгирии ҳабсӣ интихоб кардан, минбаъд барои расидан ба ҳадафҳои худ афсонаеро эҷод кардаанд. Гӯё он марди африкоие, ки Гавришукро ба шаҳри Душанбе фиристода будааст, тавассути телефон ба шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Зоир супориш додаасту Муҳаммад Зоир дар навбати худ ба С. Қурбонов гуфта бошад, ки ба назди В. В. Гавришук ба меҳмонхонаи «Пойтахт» рафта, ба охирон маводи нашъадор супорад.

Пас кӣ гувоҳ буда метавонад, ки шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Зоир чунин супориш додааст? Агар Муҳаммад Зоир чунин «супориш» дода бошад, пас маълум мегардад, ки «сафедӣ» аз ӯст?! Ин «далел»-ро аз гуфтаи кӣ гирифта бошанд? Дарвоқеъ дар ҳукм нишондоди ҳамсари  Муҳаммад Зоир Н. Ҳалимова оварда шудааст, ки номбурда аз афғон кӯдаке доштаасту шавҳараш бо С. Қурбонов дӯстӣ доштааст. Агар воқеан масъала чунин бошад, пас чаро мақомоти тафтишот ва ё дар маҷлиси судӣ тавассути Н. Ҳалимова макони зисти Муҳаммад Зоирро  муайян накарданду даъват карда напурсиданд?

Агар В. В Гавришук дар тафтишоти пешакӣ дигар нишондоду дар маҷлиси судӣ гуфтаҳои қаблиашро тағйир дода бошад, пас С. Қурбонов дар тамоми рафти тафтишот ва мурофиаи судӣ нишони якхела дода, худашро айбдор нашуморида, иброз намудааст, ки ба ҷинояти содирнамудаи В. В. Гавришук ягон алоқамандӣ ва муносибат надорад. Бо В. В. Гавришук дар бораи воситаҳои нашъадор маслиҳат накарда, аз маром ва мақсади В. В. Гавришук оиди ба даст овардану интиқоли маводҳои нашъадор бехабар буд.

Суди зинаи аввал нишондоди С. Қурбоновро ба инобат намегирад. Дар қисми хулосавии ҳукм таъкид шудааст, ки ҳарчанд судшаванда бо айби нисбаташ эълоншуда худро гунаҳкор надонад ҳам, айби ӯ бо далелҳои зерин собит карда мешаванд: нишондоди В. В. Гавришук дар тафтишоти пешакӣ, протоколи муайян кардани шахсият, протоколи рӯбарӯкунӣ, нишондоди В. В. Гавришук дар ҷойи ҳодиса, нишондоди шоҳидон (шахсони холису кормандони милиса, ки маводи мухаддирро аз ҷомадони В. В. Гавришук дарёфт кардаанд) гузориш дар бораи дарёфти мавод, протоколи азназаргузаронии далели шайъӣ, хулосаи ташхиси судӣ-кимиёвӣ, рӯйхати (таблограма) соатҳои гуфтугӯйи байни В. В. Гавришук бо С. Қурбонов.

Дар ин ҷо ғайр аз нишондоди дар тафтишоти пешакӣ додаи В. В. Гавришук, рубарӯкунӣ, ки номбурда дар маҷлиси судӣ онро инкор кардааст, дигар ягон ҳолате нест, ки аз дар ҷиноят шарик будани С. Қурбонов дарак диҳад. Агар тафтишоти пешакию суд муайян мекарданд, ки С. Қурбонов ба В. В. Гавришук маводи нашъадори навъи «героин»-ро аз куҷо оварда доду аз кӣ гирифт, аҳсан мегуфтем. Сарчашмаи бадастории он маводҳои нашъадорро маълум мекарданд. Бо кадом нарх фурӯхтани 3 кг «героин»-ро ба Гавришук В. В. аниқ мешуд.Маблағ дар кадом шаклу бо кадом намуди асъор пардохт шуданаш муайян мегардид. Агар ройгон дода бошад, сабаби он маълум мешуд. Муносибати марди африкоӣ бо шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Зоирро дар мусоидат намудан барои бадастории маводҳои нашъадор возеҳ мекарданд. Супориши Муҳаммад Зоирро ба С. Қурбонов барои ба Гавришук В. В. додани маводҳои нашъадор бо далелҳои қатъию боварибахш исбот менамуданд. Мутаассифона, ин ҳолатҳоро сарфи назар кардаанду боз мегӯянд, ки бо «маслиҳати пешакӣ» В. В. Гавришук ва С. Қурбонов ҷиноят содир кардаанд. Магар ҳангоми дар Мадрид будани В. В. Гавришук С. Қурбонов бо ӯ маслиҳат карда, даъват намуда буд, ки ба шаҳри Душанбе биёяду маводи мухаддир барад? Аз рафти воқеа, ки дар ҳукм оварда шудааст, байни онҳо ягон хел «маслиҳати пешакӣ» нест. Зеро онҳо танҳо вазифаи иҷрокунандаро адо намудаанд. Чизи дигар, агар гуноҳи С. Қурбонов дар ин амал пурра собит гардад ҳам, ҳол он ки тасдиқи худро наёфтааст, дар ҳаракаташ, ба фикри мо, нишондоди моддаи 32 (тайёрӣ) ва 289 (контрабанда) нест. Зеро ӯ агар дода бошад, танҳо маводро ба каси дигар додаст… Агар мақомоти тафтишоту суд ҳолатҳои дар боло таъкидшударо муайян мекарданд, он вақт имкон дошт дар ҳаракатҳои С. Қурбонов нишондоди ин модда бошад.

Дар моддаи 36-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарикони ҷиноят» таъкид шудааст: ташкилкунанда, таҳриккунанда, ёрдамчӣ ва иҷрокунанда. Дар ин масъала, аз рӯйи гуфтаи В. В. Гавришук, ташкилкунанда — афғон, таҳриккунанда — африкоӣ, иҷрокунанда — В. В. Гавришук. Дар бораи дар ин қисса кӣ будани С. Қурбонов бигзор мақомоти дахлдор андеша кунанд. 15 соли зиндон, 15 соат ва ё 15 рӯз нест. Таъкид мекунем, агар гуноҳашро бо далелҳои раднопазир собит мекарданд…

Ин ҷо расидаму воқеае, ки як рафиқам нақл карда буд, ба хотирам расид. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар тӯйе менишастаанду чанд тани аз кайфи маводи мухаддир бехуд аз ҳофиз боисрор талаб мекунанд, ки суруди «сафедӣ»-ро хонад. Сароянда ҳайрон мешавад, ки кадом сурудро хонад. Қариб кор ба тирпарронӣ мерасаду сароянда аз рафиқам илтимос мекунад, ки рафта ақаллан як мисраъ аз суруди «сафедӣ»-ро пурсад. Яке аз онҳо як мисраъ «Сафед, сафед рӯяки зебои ту» мегӯяд. Сароянда умуман ин сурудро намедонистааст. Ноилоҷ ба хондан оғоз мекунад: «Сафед, сафед, рӯяки зебоӣ ту»… Онро шунида ҳама аз кайф сархуш ба рақс медароянду киссаҳои сароянда пур мешавад ва такрор ба такрор ҳамин мисраъро хондан мегирад…

Меандешам, ки боз нашавад, нафаре кунҷи зиндон ҷой дошта бошаду дар ин амал даст доштагон зери оҳанги «Сафед, сафед, рӯяки зебоӣ ту» дар озодӣ кайфу сафо карда гарданд…

Парвонаи ХАМДАМ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: