Главная > Uncategorized > Нома ба зиндон ва ё зодрӯз муборак!

Нома ба зиндон ва ё зодрӯз муборак!

Ёқуб ту барои ман мисли Юсуф дар зиндонӣ! Ва мо яъқубиён дар фироқи ту аз кулбаҳои эҳзон берун нахоҳем рафт.  Ҳар боде,ки мевазид Яъқуб истишмом намуда, бӯйи Юсуфро меҷуст. Вале аз сӯйи ту ҳатто боде намевазад. Ва боди модарзодиат аст, ки ҳар 20-уми май мевазад ва табрикат мехонад. Ин санаи такрорист, ки дар зиндагониат боди хунуки зиндонро ба ту тақдим мекунад…

Намедонам, суханамро аз чӣ оғоз намоям.Чунки андешаҳои печида азобам медиҳанд.Аслан ҳар гоҳ, ки маводҳои дар бораи Ёқуб Салимов нашршударо аз Воситаҳои ахбори омма мехонам, мактубҳои имдодхоҳонаи модарашро такрор ба такрор ҳиҷҷа менамоям, бештар чун мӯйи дар оташ афтида ба худ мепечаму беихтиёр гуфтаи шоире гиребонамро мегирад:

Ҳамин дамро ғанимат дон, ки ин гардуни гарданда,

Зи ту созад шаҳаншоҳе ва ё чун мурғи парканда…

Мазмуни ин гуфтаро дар ҳаёти гузарони ашхосе, аз ҷумла Ёқуб Салимов, баръало дидан мумкин аст. Дар як мижжа задан уқоби қавиболро паси панҷара кашиданд. Акнун дар хонаи тангу тор, ки наметавонад, болафшонӣ кунад, малулу парешонхотир тан ба тақдир дода, интизори вазидани насими неки озодӣ мебошад.Умедвор аст, ки кардаҳои ӯ, гузаштаашро дар мизони ақл баркашида, дар тарозуи адолат гузошта баҳогузорӣ менамоянд.

Таърих гувоҳ аст,ки Ёқуб чӣ корнамоиҳое барои ободии ватан ва сулҳ дар Тоҷикистон кардааст. Намедонам, ин ҳама некиҳо мисли наворе ҳар лаҳза дар «камера»-и торикаш қалби ӯро рӯшноӣ меандозад ва рӯҳбаландаш мекунад. Дар ВАО  хонда будам, ки Ёқуб ба мардум муроҷиат карда буд, ки «агар ман хатокор бошам халқ тақдири маро ҳал кунад».  Ва ҳамин некномии Ёқуб аст, ки рӯзноманигорон дар борааш менависанд ва аз корнамоиҳояш қисса мекунанд. Ёқуб ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор дорад ва хоҳад дошт!  Мӯҳтарам ҳайати эҷоди «Пайкон».Умедворам, ин номаи хонандаи доимиатонро ба дасти нашр медиҳед. Имрӯз бояд мо тамоми фарзандони фарзонаи миллатро маънаван дастгирӣ намоем.Мегӯянд, ки

Кам бувад амри ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,

Ҳар ки дасти мо бигирад, эй Худо дасташ бигир.

Боварӣ дорам, ки номаи маро нашр мекунед.

Ёқуб ту барои ман мисли Юсуф дар зиндонӣ! Ва мо яъқубиён дар фироқи ту аз кулбаҳои эҳзон берун нахоҳем рафт.  Ҳар боде,ки мевазид Яъқуб истишмом намуда, бӯйи Юсуфро меҷуст. Вале аз сӯйи ту ҳатто боде намевазад. Ва боди модарзодиат аст, ки ҳар 20-уми май мевазад ва табрикат мехонад. Ин санаи такрорист, ки дар зиндагониат боди хунуки зиндонро ба ту тақдим мекунад…

Шояд ҷойе ки ту қарор дорӣ ба мисли Юсуф нурро ворид насохтаӣ, зеро «шунавандагонат» ғайр аз чор девори битонӣ, чизе набошад. Ва ҳар дам хобҳои дидаатро таъбир мекунӣ. Ёқуб хобе дидаӣ, ки таъбираш озодӣ бошад? Оё боре пеши назар овардаӣ, ки баробари дастони ларзони модарат тамоми модарони дигар, ки фарзандонашон ба ноҳақ равонаи зиндон гардидаанд, дасти дуо мебардоранд? Аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамоям, ки ҳар чӣ тезтар ту озод гардӣ!

Мӯйсафедоне, ки мудом дасти имдод сӯяшон дароз менамудӣ, дар намозҳояшон саломатию озодии туро аз Офаридгор талаб менамоянд. Ягон маротиба тарафи ноҳақро нагирифтӣ пуштибони ҳақиқат будӣ!

Ёқуб ту ҳамон будӣ, ки «барда»-ҳоро таом медодӣ ва онҳоро озод менамудӣ!

Дар бораи ту суханро ба дарозо намекашам, дар қатори ҳазорон нафар гуфтаниям:

Зодрӯзат муборак бод!

Чун зодрӯзи ту ба рӯзи мавлуди маҳбубтарин шоири муосир Лоиқ Шералӣ рост меояд,дар хотима рубоиеро аз ӯ гӯё аз номат гуфта бошад, таъкид менамоям:

Шумо бузургиманишинон маро чӣ медонед!?

Шумо шикастабаҳоён маро чӣ медонед!?

Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй

Шумо гурезаи майдон маро чӣ медонед!?

Авранги Содиқ, сокини шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Джамшед
    Август 1, 2010 в 8:23 дп

    Гунохи Ёкуб Салимов чист? инро хеч кас намедонад. Пас чи сирест, ки уро хабс карданд? У шояд тамоми сири давлат ва рохбаронро медонист…..

  2. джамшед
    Август 5, 2010 в 4:34 пп

    Мо мардуми точик оддат кардагием, аввал кахрамони миллатро хоин мебарорем, сарашро мехурем, ва бади маргаш ба кадри он мерасем. ба монанди Шириншох Шохтемур, Нусратулло Махсумов ва дигару дигархо.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: